Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

буд. Коба дар тарғибу ташвиқи идеяи марксистӣ саҳм гирифт, солҳои 1906-1907 дар Закавказе чанд маротиб ба амалиёти мусодираи маблағҳо роҳбарӣ намуд. Соли 1912 Ленин ӯро ба Австрия даъват кард ва Сталин яке аз роҳбарони Кумитаи Марказӣ интихоб мешавад ва дар ин ҷо ба навиштани асари «Марксизм ва масъалаҳои миллӣ» мепардозад.

Дар ин ва дигар асарҳояш Сталин догмаҳои диниро васеъ истифода бурда, ақидаашро одӣ, равшан, мушаххас ва фаҳмо иброз доштааст. Аслан, дар ҳамаи асарҳои ӯ амиқии фикру андешаҳо ба назар намерасад.

Моҳи феврали соли 1913 дар асоси хабари махфии ҷосус Малиновский ӯ дар Петербург ҳабс мешавад ва ба кишвари Туруханск бадарға мегардад. Ана дар ҳамин давра вай таҳаллуси Сталинро мегирад. Ӯ аз бадарға 12 марти соли 1917, пас аз инқилоби моҳи феврал баргашт. Дар конференсияи апрелӣ бо дастгирии Ленин Сталин узви КМ интихоб шуд. Дар конференсия Сталин оид ба масъалаи миллӣ маърӯза кард. Аммо дар инқилоби октябрӣ нақши назаррас набозид.

Дар ҳукумати нав Сталин комиссари халқӣ оид ба масъалаҳои миллӣ таъин мегардад. Аллакай дар иҷрои ҳамин вазифа вай сифатҳои диктатории худро намоиш медиҳад. Бисёриҳо дағалӣ ва тоби танқид надоштани Сталинро зикр месохтанд (масалан, коммунистони Гурҷистон). Айни замон бори нахуст Сталин дар хусуси принсипҳои сохтори давлати Шӯравӣ бо Ленин ба як хулоса намеояд. Вай ба ақидаи Ленин дар бобати принсипҳои федеролии давлатдорӣ розӣ намешавад ва бо қатъият тарзи давлатдории мухториятро талқин месохт.

Ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ Сталин имкон меёбад, ки лаёқати сарварии худро пурра ошкор намояд. Кумитаи Марказии ҳизб ӯро ба Саритсин барои таъминоти хӯрока мефиристад. Вай дар ин шаҳр масъалаҳои ҳарбиро низ сомон мебахшад. Ӯ, ки мутахассиси ҳарбӣ набуд, бо зӯрӣ, дӯғу дарангу таҳдид ба мақсад мерасад. Аллакай ҳамон солҳо бо фармони вай бисёр мутахассисони

пешина
аз 424
навбатӣ