100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Барои ғалаба бар ҷаҳони капиталистӣ давлати нерӯманди сотсиалистӣ бунёд кардан лозим буд. Мақсади бузург ҳар воситаро мепазируфт. Сталин бо тарзи диктаторӣ шаҳрҳои зиёд, корхонаҳои бузурги саноатӣ, заводу фабрика, колхозу совхозҳо бунёд кард.
Нахустин бор соли 1929 дар матбуот «Зери роҳбарии ҳирадмандонаи доҳии аъзам Сталин» барин сарлавҳаҳо падид омаданд. Баъди соли 1933 ягон мактаб, шахта ё идорае набуд, ки он ҷо сурати Сталин овезон набошад.
Пас аз муборизаҳои шадид дар съезди XVII ҳизбӣ (1934) Сталин ҳокими мутлақ шуд. Куштори Киров бошад оғози амалиётҳои бузургҳаҷм гардид. Онҳое, ки зидди усули зӯроварӣ буданд, «душмани халқ» ном гирифта ба қатл ва ё ҳабс маҳкум мегаштанд. Дар байни ҳизбиён ва ходимони давлатӣ «тоза кардан»-и кадрҳо шурӯъ ёфт. Бухарин, Зиновев, Каменев барин ҳамсафони Сталин суд ва ба қатл маҳкум шуданд. Солҳои 1937-1938 репрессия характери оммавӣ гирифт. Қариб 43 ҳазор афсари Армияи Сурх (55 фоизи қумондонҳо ва кормандони сиёсӣ) ба ҳабс афтод.
Якшанбеи 22 июни соли 1941 ҷанг бо Олмони гитлерӣ оғоз ёфт. Сталин аз Москва ба Кунсево рафт. Чанд рӯз он ҷо монд. Муроҷиатнома ба халқи шӯравӣ баҳри зарба задан ба душман аз ҷониби Молотов қироат шуд.
Моҳи якуми ҷанг 175 ҳазор километри мураббаъ хоки муқаддаси шӯравӣ ба дасти душман гузашт. Дар 15 ҳафтаи ҷанг зиёда аз 3 миллион нафар афсару аскари Армияи Сурх кушта шуд ва ба асирӣ афтод. Вале Гитлер хато кард. Сиёсати нобудсозии славянҳо муқовимати сахти партизаниро ба вуҷуд овард. Аз ин Сталин моҳирона истифода бурд. Ӯ ба халқ чунин муроҷиат намуд: «Ҳамватанони азиз, бародарон ва хоҳарон...»
19 август Сталин Сарфармондеҳи Олӣ таъин мешавад. Ғалаба хеле гарон ба даст омад. Дар ин ҷанг қариб 27 миллион шӯравӣ ҳалок гашт. Аммо мардум ҳамоно ба доҳии худ ихлоси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё