Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

худ мекард ва дар дили худ мегуфт, ки Барзахи бозаргон аҷаб соҳибдавлате будааст. Инчунин асбоб дар хонаи подшоҳе нахоҳад буд ва дар дили худҳо муқаррар карда мегуфтанд: «имшаб омада, ин ҳама асбобҳо ва зарфҳоро хоҳем дуздида бурдан».

Чун аз ақлу шурби¹ обу таом фориғ шуданд, хизматгорон дастшӯй оварда, дастҳои эшонро шӯёнданд ва меҳмонон дар ҳинни даст шустан бо якдигар чашмакҳо мезаданд ва дар дили худҳо дуздида бурдани асбобҳои маликаро нақш мекарданд.

Алгараз, вақти шом дар ҳаққи малика дуои бисӯре карда, ба тарафи хонаи худҳо озим² шуданд ва дар ватани худҳо рафта қарор гирифтанд.

Шаб ба сари чанг даромада буд, хизматгорони малика як шабу рӯз меҳнат кашиданд, хоб бар онҳо ғалаба карда буд. Ва дари хонаҳоро беқуфл монда дар хоб шуданд. Чу нимае аз шаб гузашта буд, ки дарвеш бо чиҳил ходими ҳеш омада аз дари сарои малика дохил гардид. Дид, ки ҳама посбонон ба хоби фароғат рафта ва аз ин кирдори бади эшон хабардор нахоҳанд гардид.

Алкисса, порае аз мулозимонро кушта, дасти дуздӣ ба асбобҳои малика ниҳоданд ва ҳамаи асбобу амволи ӯро ба фароғати тамом гирифта бадар бурданд. Аммо малика бо дояи хеш аз канора дида, ҳамаи дуздонро шинохт. Чунӣ ӯ бар болои чаҳордараи олӣ нишаста ибодат мекардӣ ва аз ҳама корҳои шайху муридони ӯ воқиф ва нозир будӣ.

Чун рӯз шуд, диданд, ки чанде аз хизматгорони малика аз дасти дарвешу муридони ӯ мурдаанд. Малика мулозимони худро гирифта ба дарбори Курдоншоҳ расида фарёд баровард. Шох пурсид, ки:

— Ин додхоҳ кист?

Ҳоҷибон³ ба арзи шоҳ расониданд, ки ин додхоҳ духтари Хоҷа Барзахи бозаргон аст. Мегӯяд, ки агар шоҳ марҳамат намояд, худ рафта арзи бандагӣ намоям.

Курдоншоҳ духтари бозаргонро дар назди худ талабида кайфияти ҳолро пурсид.

Малика забон ба дуо кушода гуфт:

— Эй шоҳ, умр ва давлати шуморо бақо бод. Арзи канизак ин ки имшаб дарвеши беандеш бо чиҳил ходи-

1 Ақлу шурб — хӯрдану нӯшидан.
2 Озим — омода, омодаи рафтан.
3 Ҳоҷиб — посбон, дарбон.

пешина
аз 269
навбатӣ