Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Эй маликаи олам, бисёр хуб аст.
Малика дарҳол ғуломи соҳибэътибори худро фармуд, ки рафта он бузургворро ба ин ҷониби кулбахона таклиф намой. Ғулом ба фармоиши малика рафта ба дарвеш салом кард. Дарвеш ҷавоби салом дода пурсид, ки:
— Эй ҷавон, чӣ матлаб дорӣ?
Ғулом гуфт:
— Ё азиз, малика Ҳуснбону мегӯяд, ки ҳазратам ба ин ҷониби кулбахонаи канизашон қадам ранҷа намоянд.

Дарвеш қабул карда фармуд, ки фардо бар сари хони малика Ҳуснбону хоҳам рафт.
Ғулом ба хизмати маликаи худ омад ҷавоби дарвешро арза намуд.
Малика хушҳол шуда фармуд, ки таомҳои рангину меваҳои гуногун аз барои дарвеш муҳайё созанд.

Дарҳол мулозимон ҳамаи гуфтаҳои маликаро бекамукост тайёр намуданд. Ва нӯҳ тӯққуз парчаи бирешимӣ ва ҳафт хон аз зарри сурху ҳафт хон аз зарри сафед тайёр намуданд.

Алкисса, шаби торики зулмонӣ аз сари даст гузашта, офтоби ҷаҳонтоб дар ин олам тулӯъ намуда буд, ки дарвеш бо чиҳил ходими хеш бар дари сарои малика расид. Дарвеш зоҳири худро бо либоси сабзу аммомаи сабзу ридои сабзу асои сабз ороста буд.

Чун маликаро аз омадани дарвеш хабар шуд, мулозимони худро гуфт:
— Пойандозҳои зарбофт дар зери қадами дарвеш паҳн созед.
Мулозимон аз дарвоза то ба пойгоҳи хона пойандозҳои зарбофт андохтанд.

Чун дарвеш дар болои кӯрпачаҳо гузашта нишаст, ҳафт хон ки пур аз зарри сурху сафед буд, оварда ҳадя гӯён дар назди дарвеш ниҳоданд. Баъд аз он фаррошон1 офтобаву ташти аз тиллову нуқра оварда, дарвешро бо ходимонаш даст шӯёниданд. Сипас дастархонҳои зангорӣ дар пеши шайх фарш карда нонҳои обию равғанӣ дар пеши онҳо гузоштанд. Баъд аз он хонҳои таом бо сарпӯшҳои тиллову нуқра дар пеши онҳо гузоштанд.

Дарвеш бо ходимон даст ба таом бурда нӯши ҷони

1Фаррош — ин ҷо ба маънои дастархончӣ.

пешина
аз 269
навбатӣ