Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Саволи панҷӯм:
Он ки матлуби худ ба даст орад,
Хабар аз кӯҳу аз нидо орад.

Саволи шашӯм:
Эй ҳамон кас, ки фитрате¹ дорӣ,
Сирри Ҳаммоми бодгард орӣ.

Саволи ҳафтӯм:
Дурре дорам чу тухми мурғобӣ,
Ҷуфти ӯро магар ту дарёбӣ?

Алкисса, малика Ҳуснбону аз дояи худ ин ҳафт савосро шунида бисёр хушҳол гардид ва гуфт:
— Эй модар, аз ин ҳафт саволи шумо хотирҷамъӣ ҳосил гардид.

Рӯзе малика бар болои қасри худ баромад. Нишаста буд, атрофу ҷавонибро тамошо мекард ва аз дур дид, ки дарвеше бо чиҳил ходим меояд. Қадам бар замин намениҳод. Чунончи ходимон дар зери пои дарвеш хиште аз тиллову хиште аз нуқра мегузоранд ва он дарвеш пои худро бар болои он хиштҳо гузошта роҳ меравад.
Малика пурсид, ки:
— Эй модар, медонед, ин бузургвор кӣ бошад? Бо ин ҳама таҷаммули тамоми меояд ва пой бар замин намегузорад ва бар болои хишти тиллову нуқра қадам мениҳад?
Доя гуфт:
— Эй барнои олам, ин азизро, ки мебинед, пиру муршиди Курдоншоҳ мешавад. Курдоншоҳ моҳе чаҳор маротиб омада ин азизро зиёрат мекунад ва ҳар чӣ ки азиз гӯяд, Курдоншоҳ ба сад ихлос қабул менамояд.
Аммо бисёр дарвеши шабзиндадор мегӯянд.
Малика гуфт:
— Эй модар, ин азизро дар хона талабида меҳмон бояд кард, порае назар бояд дод. Сару чашми худро ба пои ин азиз хоҳам молид.
Доя гуфт:

¹ Фират — ақли хуш.

пешина
аз 269
навбатӣ