Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
нандаи даҳҳо арбобони демократия, ҷаллод генерал Зангина гузошта шуда буд):
«Гурез, роҳ кушо!» —
Медиҳад пулис овоз,
Ба карруфар генерал меравад зи «кӯчаи худ».
Аз он раҳе, ки басе солҳо мушарраф буд
Ба номи номии Фирдавсии суханпардоз.
Ба ҷони шоири даҳ аср — котили гузаро!..
Магар ба ақл писанд аст ин мубодила?
На!
Кӣ буд шоири «Шоҳнома»?
Кист Зангина?..
«Бубин, тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо!»
Шумо гурӯҳи ҷанобони маърифатбезор,
Ки номи неки вӣ аз кӯча тарошондед,
Гумон баред, ба каф офтоб пӯшондед?
На хайр, мусю
муҳол аст инҷунин кирдор!
«Гузашт шавкати Маҳмуду дар замона намонд
Чуз ин фасона, ки нашнохт қадри Фидавсӣ».
Ту ҳам, ки хор кунӣ ин суханвари Тӯсӣ,
Ҷаҳон ба ҷоҳилист ҳукми ақл хоҳад хонд,
Касе, ки номи баландаш ҳазорсола шудааст,
Касе, ки дар дили миллионҳост ӯро ҷой,
Куҷо ҳақир шавад аз ҳақорати ду-се паст?
Ки қадри дурр нашавад паст аз расидани лой!
Ин ҷо мисраи охири банди дуюм аз Ҳофиз ва байти аввали банди чорум аз Ҷомист. Азбаски А. Деҳотӣ таҳқиркунандагони номи Фирдавсиро мазаммат карда истодааст, ба хотир овардани инҳо, хусусан байти Ҷомӣ қувваи шеъри ӯро хеле афзуд аст. Зеро Ҷомӣ Султон Маҳмуди Ғазнавиро дар нашинохтани қадри Фидавсӣ сахт сарзаниш карда буд. Шоири шӯравӣ ба ҳамон суханҳои шоири бузург бар таҳқиркунандагони имрӯзаи номи Фирдавсӣ лаънат хондааст.
Гоҳе мақол, зарбулмасал, ҳатто ибораҳои барҷастаи машҳуре, ки мансуб ба фолклор аст, аз тарафи шоирон дар мавриди муносиб айнан ва гоҳ бо каме дигаргунии шаклӣ ҳамчун далили равшан ва бурҳони қотеъ ва ё ба таври ирсоли масал тазмин мешаванд. Мо ин ҷо ба таври намуна чанд мисол нишон медиҳем.
Аз ҷумла Низомӣ зарбулмасали машҳури «Кӯза ба лаби чӯй то кай дуруст рафта меояд»-ро ба таври ирсоли масал чунин тазмин кардааст:
Набояд ки моро шавад кор суст,
«Сабӯ н-ояд аз об доим дуруст».
Ё ки зарбулмасали «душманро ба шакар куштаанд»-ро ҳам Низомӣ чунин моҳирона тазмин намудааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё