Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
дар як байт ва ё якчанд байт навъе мепӯшонад, ки аз ғайри фикру мулоҳизаи борик ва диққати амиқ шикофтан муҳол буда, асосан кушодани он мавқуф ба донистани қоидаҳои маълуми муаммост.
Дар аввалҳо шоирони пешина муаммо ва чистонро як чиз фаҳмидаанд. Баъд рафта-рафта онҳо ҳамчун мафҳумҳои ҷудогона аз ҳам ҷудо шудаанд. Анварӣ порчаи зеринро, ки чистони пиёз аст, муаммо номидааст:
Чист он, турфа қалъаи бедар?
В-андар он қалъа қалъаи дигар?
Гоҳ бошад мисоли байза сафед,
Гоҳ бинӣ чу лолаи аҳмар.
Гоҳ бинӣ зумуррадин аламе,
К-аз гиребони ӯ барорад сар.
Ҳар кӣ бикшояд ин муамморо,
Қатраи об оидаш ба назар.
Маълум мешавад, ки чистон қадами нахустин дар соҳаи тафаннуноти адабӣ, яъне бозии ҳарф ва калима мебошад ва баъд аз тадриҷ шакли мураккаб гирифтааст. Чистон шакли соддаи ибтидоӣ ва муаммо шакли мураккаб мебошад. Тахминан аз асри XV шакли соддаи муаммои пешинагон шакли пуртакаллуфе гардид.
Шоири маъруф Абдураҳмони Ҷомӣ, муосири ӯ Мулло Мирҳусайни Муаммой, Мулло Шаҳобуддини Ҳақири Муаммой, Муҳташами Қошӣ, Зайнуддини Восифӣ ва дигарҳо саромади муаммосароён ва муаммошикофонанд. Ҷомӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ» мегӯяд:
Ба қасди касонд шудам тезгом,
Баромад ба назми муаммом ном.
Ҷомӣ ҳатто дар муаммо рисолае таълиф карда, қоидаҳои муаммо ва шарҳу эзоҳи онро баён кардааст.
Аз соддатарин муаммоҳои Ҷомӣ, ки ба фаҳми ҷавонони имрӯза наздиктар аст, якчандторо ин ҷо зикр мекунем.
Ба исми Ҳорун:
Берун ор аз муаммо, — гуфт, — номи он бути мавзун, Ҳаминҳо буду бас он дам, ки омад номи ӯ берун.
Номи маъшуқ дар вақти бе «рун» омадан танҳо ҳамин «ҳо» буд, ки агар «ҳо»-ро ба «рун» ҳамроҳ намоем, исми Ҳорун ҳосил мегардад.
Ба исми Тоҳир:
Кай равад номи он бут аз хотир,
К-аз яке нукта мешавад зоҳир.
(Ҷомӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё