Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Савдои ту дар сари ман сохт макарр,
Ғамҳои ту аз танам бинагзошт асар,
В-акнун дар дил орзуе ҳечам нест,
Ҷуз орзуи рӯи ту, эй зебоҳвар.

Агар касе хоҳад, ки ин қофияҳоро ба қофияи хуштаре табдил диҳад, метавонад, чунон ки мегӯяд:

Савдои ту дар сари ман сохт қарор,
Ғамҳои ту аз дилам баровард димор,
В-акнун дар дил орзуе ҳечам нест,
Ҷуз орзуи рӯи ту, эй зебобар!

Ҳамчунин бояд, ки дар алфоз ва маънии ҳар байт ба кор орад, то ки агар калимаи номуносиб омада бошад, калимаи нагзе ба ҷои аввали зикр кунад ва агар маъние ноқис ояд, пурра гардонад.

Дар ин боб шоир чун наққоши чирадаст мебошад, ки дар тақсими нақшҳо ва гирд гардонидани шоху баргҳо ҳар гулеро ба тарафе нишонад ва ҳар шоҳеро ба сӯи берун барад ва дар рангомезӣ ҳар як рангро ҷое харҷ кунад ва ҳар рангро ба гуле диҳад. Он ҷо, ки ранги сер лоиқ аст, нимсер сарф накунад ва он ҷо ки ранги равшан бояд, торик ба кор набарад.
Монанди ҷавҳари устоде мебошад, ки ба ҳусни тазлиф ва таносуби таркиб равнақи иқд (шада)-и худ бияфзояд ва ба тафовути чиниш ва бетартибии назм оби марвориди худро набарад.

Бояд ки дар фанни сухан ва услубҳои шеър чун насибу ташбиб, мадҳу замм, офарину нафрин, шукру шикоят, қиссаву ҳикоят, суолу ҷавоб, итобу истеътоб, зикри диёру русум, васфи осмону нуҷум, азҳорӣ (шукуфаҳо), анҳор, шарҳи риёҳу амтор (бодҳо, боронҳо), наъту сифат, ташбеҳи лайлу наҳор, наъти асбу силоҳ, ҳикояти разму масоф аз тариқи афзалтарини шоирон ва шоиртарини фозилон нагузарад, инчунин дар нақле аз маъние ба маъние ва гардондан аз фанне ба фанне баромади латиф ва шурӯи шоистаеро воҷиб донад.

Набояд, ки ҳеҷ олими хештандор бар радд ва айби ҳар
шоир далерӣ кунад ва дар хунукии калима, сустии маънои он
ба он дам занад, магар бовар дошта бошад, ки он шоир сухани ӯро маҳзи шафақат ва айни бехомӯӣ хоҳад шинохт, аз
он баҳравар ва раҳнамои хоҳад дид, ки дар ин аҳд ҳеҷ санъат
беқиматтар ва ҳеҷ ҳунар хортар аз шеъру шоирӣ нест, барои
он ки аз ҳар пеша, ки ҳаст, беҳтар намебошад ва ҳар ҳунаре,
ки ҳаст, аз он пиромӯзтар2 набувад, то мард муддате бар музовалати4 он мудовамат намояд ва дар он маҳорате, ки устодони

1 Макарр — қароргоҳ.
2 Хур — офтоб.
3 Пиромӯзтар — эҳтимол пуромӯзтар бошад.
4 Музовалат — чизеро бо чизе қарин кардан., кӯшидан ба чизе, расидан ба коре.

пешина
аз 303
навбатӣ