Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Солу фолу молу холу аслу наслу тахту бахт
Бодат андар ҳар ду гети барқарору бардавом.
Соли хуррам, фоли некӯ, моли вофир, холи хуш,
Асли собит, насли боқӣ, тахти олӣ, бахти ром.
Дар мисраи аввали ин қитъа ҳашт исм қатор омадааст, ки охирин ҳарфҳошон ҳамҷинс буда, мисоли таҷниси хат мебошанд. Вале ҳамин исмҳо дар байти соӣ бо сифати муносибе эзоҳ ёфтаанд, ки мисоли барҷастае барои санъати тафсир низ мешавад.
ИШТИҚОҚ
Иштиқоқ дар луғат ба маънои шикофтан (шикастан) аст.
Санъати иштиқоқ он аст, ки нависанда якчанд калимаеро зикр менамояд, ки ҳуруфи онҳо дар гуфтан ба ҳам наздик ва ҳамҷинсанд, ё ки ҳамаи ин калимаҳо аз як калима гирифта шудаанд. Баъзе аз санъатшиносон инро санъати ҷудогона ҳисоб накарда, яке аз намудҳои таҷниси хат шуморидаанд. Вале онро як санъати мустақил ҳисоб кардан лозим аст. Чунончи:
Гар заррае аз баҳри қабулат ба ман расад,
Дар сарват1 аз саро2 ба Сурайё3 барад маро.
(Хусрави Деҳлавӣ).
Дар ин байт калимаҳои «сарват», «саро», «Сурайё» аз як реша гирифта ва бо «с»-и сенукта ( ث ) навишта шудаанд:
Дар ин байти Низомӣ:
Наҳанги ҳаданг аз камини камон
Наҳсуд бар як замин як замон.
Калимаҳои «қамину камон» ва «замину замон» аз як реша на бошанд ҳам, аз хусуси ҳуруф (ҳамсадоҳо) якранганд. Пас иштиқоқ ду қисм мешавад: якумӣ калимаҳои аз як реша гирифташуда, дуюмӣ калимаҳои алоҳидарешае, ки ҳарфҳошон (ҳамсадоҳошон) якранганд.
Мисол барои навъи якуми иштиқоқ:
Чу лаҳте сухан ронд бар ҷони хеш,
Раҳоварди оварда овард пеш.
(Низомӣ).
Роҳати рӯҳ аз азоби ҷаҳл дар илм аст, з-онк Чуз ба илм аз ҷони кас райҳони роҳат нашкуфид.
(Носири Хисрав).
1 Сарват ثروة бисёрии мол.
2 Саро ثرا хок.
3 Сурайё ثریا Парвин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё