Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
ҳунаре ба маърифати шеър шӯҳрат ёфт ва наздики донишмандони суханвар ба нақди шеър (шеършиносӣ) ҳукм ёфт, ангуштнамо шуд, сухани ӯро дар радду қабули ҳар як калима ва маънӣ, ки гӯяд насси сареҳ3 ӯшиносад ва ӯро дар он муҷтаҳиди (соҳибиҷтиҳоди) айбӯб донад ва ҳар чи гӯяд, аз вай ҳуҷҷате қотеъ ва иллате возеҳ наталабад, ки бисёр чизҳо бошад, ки ба завқ тавон ёфт ва аз он иборат (гузар) натвон кард.
Бояд донист, ки нақди шеър — донистани сусту қавӣ, табоҳӣ, дурустии он ба шеъри нек гуфтан тааллуқ надорад. Басо шоир ҳаст, ки шеърро пухта мегӯяд ва (аммо) нақди шеър чунон ки бояд, натавонад. Ва басо нокиди шеър (мунакқид) мебошад, ки шеърро некӯ наметавонад гуфт. Аз яке фозилон ва умарои калом пурсиданд, ки «чаро шеър намегӯӣ?». Гуфт: «аз баҳри он ки чунон ки мехоҳам ки ояд, намеояд ва он чи фароз меояд, намехоҳам».
Бештари шоирон ба ин фикр ҳастанд, ки нақди шеърро шоирон муайян мекунанд ва ҷуз онҳо наметавонанд, ки дар радду айби он сухан гӯяд. Ин мулоҳиза ғалат аст, аз баҳри он ки масали шоир дар назми сухан ҳамчуи устоди бофанд аст, ки ҷома (матоъ)-хон маҳкам мебофад, накшу нигорро мухталиф, шоҳу баргҳои латиф ва гузоришҳои дақиқ ва давол (тасма)-ҳои ширин дар он ба вуҷуд меорад, аммо баҳои онро ба ғайр аз симсорон (даллолон) ва баззозон, ки ҷомаҳои бешбаҳо аз ҳар нарх матон ҳар вилоят аз дасти эшон бисёр мегузарад, наметавонанд ва ҷуз эшон намедонанд, ки лоиқи хазинаи подшоҳ ва шоистан хилъат ва навъе аз табақоти бузургон кадом аст.
Ҳеҷ кас ба бофанд намегӯяд, ки баҳо кун. Бофанд агар баҳои ҷомаи худ кунад, аз ҳисоби ресмон ва абрешим, зарришта ва муддати амали худ гузашта наметавонад. Лутфи ҷома, ширинӣ, зебонии онро наметавонад донист, магар ки баззозӣ карда, ҷомашинос шуда бошад. Пас сухани ӯро агар шунаванд, аз ҷиҳати баззозию симсорӣ мешунаванд, на аз рӯи бофандгӣ. Чин ҳар кас, ки чизро ба ҳайати иҷтимоӣ мебинад ва истеъмолкунандаи он ҳайат буда бошад, хубӣ ва пастии онро беҳтар аз пардозандаи он медонад, ки ба таркиби муфрадоти (ҷузъиёти) он онро аз қувват ба феъл овардааст.
Инчунин шоир назми суханро ба хоҳиши табъи худ мекунад ва шеър бар мувофиқати ҳочат ва лоиқи сурати воқеа мегӯяд ва нокид ихтиёри онро барои некӯии лафз ва маънӣ мекунад.
Фарқ бисёр аст миёни он чӣ ба хоҳишу хушомад металабанд ва чӣ барои некӯӣ ва сутудагӣ хоҳанд. Ва шеър фарзанди шоир аст, ҳар чӣ байте чанд гуфт, ҳар чӣ гуна ки омад, агарчӣ донад, ки камтар аз абёти дигар афтадааст, аз хештан наёбад, ки гуфта ва пардохтаи хеш ботил кунад. Ва бузургон гуфтаанд: «Ал-маръу мафтунун би ақлиҳӣ ва шеъриҳӣ ва ибниҳӣ»— яъне мард фитна ва мағрури ақли хеш ва шеъри хеш ва писари хеш бошад, ки ба писанди ақл ва шеъри фарзанди хеш мубтало бувад. Аммо нокидро дил насӯзад бар шеъри дигарон, ки ӯ на хотир сӯзонидааст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё