Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

АдабиётШеърМаориф
Аз аввал хондан

Рост гӯям, санамо, бе қади ту
Кор бе ту ҳеҷ намеояд рост,

(Хоҷу).

Дил сӯхт з-оташи ғаму пайкон ба сина банд,
Ҳам ёдгори тири ту, ҳам ёдгори дил.
Дил додамат, ки гар бувадаш бекарорие,
Аз ҷавори рӯзгор шавӣ ғамгусори дил.

(Ҷомӣ).

  1. Агар шоир калимаи аҷузи байти 1-умро дар садри байти сонӣ такроран зикр намояд, радд-ул-аҷузи ил-ас-садр ном мегирад.

Низоми миллату мулкӣ — аҷаб набошад, агар
Ба равнақ аст дар ин рӯзгор килку ҳусом1
Хусому килки ту карданд коми аъдо гум,
Рувову2 рои ту бурданд аз замона залом3
Залом бод шабу рӯзи душмани чоҳат,
Ба ком бод ҳама кори дӯстонат мудом.
Мудом, то ки бувад гардиши фалак бар ҷой,
Мутеъ бод туро давлату сипеҳр ғулом.

(«Мизон-ул-авзон»).

Ин ду намуди баргардониш аз ҷиҳати маънои калимаҳои такроршаванда боз чанд хел аст, вале мо ин ҷо 4 навъро интихоб мекунем, ки ҳар навъ ду намуд дорад:

  1. Калимаи садр дар аҷуз такроран зикр мегардад, лекин:
    а) гоҳо он калима дар вақти такрор шудан маънои худро тағйир намедиҳад:

Иҳвон4 ки зи раҳ оянд, оранд раҳоварде,
Ин қисса раҳовард аст аз баҳри дили иҳвон.

(Ҳоқонӣ).

Боварам н-ояд, ки имшаб ёр ояд дар барам,
Дар барам ояд, бубинам, то биёяд боварам.
Соғарам аз акси рӯи ёр дорад мавҷи май,
Мавҷи май ҷӯши таҷаллӣ мезанад дар соғарам.
Дилбарам ҳаргиз намеояд ба хобам дар бағал,
Дар бағал ояд ба бедорӣ зи мастӣ дилбарам.
Ганҳарам олист аз гарди ятимӣ дар назар,
Дар назар оннан ҳусни маъонӣ ганҳарам.
Камтарам донад Парӣ аз зарра, ҳуснаш месозад,
Месозад гӯям, ки ман аз камтари ӯ камтарам.

(Парии Ҳисорӣ).

б) гоҳе калимаи такроршаванда шаклан бетағйир, вале маънан дигар аст:

1 Ҳусом — шамшери тез.
2 Руво — ҳусни манзар, зебоии чеҳра, симо, обрӯ.
3 Залом — торикӣ, торикии шаб.
4 Иҳвон — бародарон.

пешина
аз 303
навбатӣ