Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дар энциклопедия ва луғатҳои тафсирӣ низ ба масъалаҳои назарияи адабиёт ва поэтика мавқеи муҳим дода мешуд. Чунончи, Муҳаммад Ғиёсиддин низ дар «Ғиёс-ул-луғот» доир ба аруз ва санъатҳои шеърӣ маълумоти муфассал додааст. Муҳаммад Ғиёсиддин аз китобҳои гуногуни назарӣ маълумот ҷамъ кардааст ва бар хилофи дигар муаллифҳо, ҳамеша манбаи маълумоти худро зикр мекунад.
Ҳамаи китобҳое, ки дар боло номбар шудаанд, асосан ба поэтика доиранд ва муаллифони онҳо муҳокимаи масъалаҳои умумии назарияи адабиётро мақсади асосии худ қарор надодаанд. Вале китобҳое ҳам ҳастанд, ки муаллифони онҳо дар бораи санъатҳои бадеӣ ва арузу қофия не, балки асосан оид ба масъалаҳои умумии эҷодиёти бадеӣ, шартҳои шеъру шоирӣ сухан рондаанд. Масалан, Кайковус дар «Қобуснома» (асри XI), Низомии Арузии Самарқандӣ дар «Чор мақола» (асри XII) дар хусуси адабиёти бобҳои алоҳида кушода, талаби худро аз шеър ва шоир баён кардаанд, ки асари бадеӣ бояд чӣ гуна бошад, нависанда дар эҷодиёти худ кадом шартҳоро бояд риоя кунад ва ҳоказо.
Дар талабҳои ин муаллифон низ шароити замон ва манфиатҳои синфии онҳо инъикос ёфтааст, вале бо вуҷуди ин барои фаҳмидани сайри таърихии назарияҳои адабӣ аҳамияти калон доранд.
Мо дар ин ҷо ҳамаи он асарҳоеро, ки доир ба назария навишта шудаанд, номбар накардем ва ҳоло ҳамаи онҳоро номбар кардан ҳам мумкин нест. Мо фақат ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки ин гуна рисолаҳо хеле бисёранд ва илми поэтикаи форс-тоҷик таърихи қадимӣ ва пурсарвате дорад.
Вазифаи мо аз тартиб додани ин асар, ки ҳоло ба диққати хонандагон тақдим мешавад, тамоман дигар аст.
Чунон ки маълум аст, дар бораи саноеи адабӣ, ки як қисми муҳими поэтикаи классикии мост, то ҳол бо хати имрӯзаи тоҷикӣ ягон китоби соддаи оммафаҳм чоп нашудааст, то ки талаботи ҳаваскорони адабиёт қаноат кунонида шавад.
Аз ҳамин сабаб мо лозим донистем, ки ин асар ба ёрии донишҷӯён ва муаллимон пешкаш шавад. Мақсади мо аз ин маҷмӯа фақат андаке ёрӣ додан ба адабиётдӯстону муаллимон ва оид ба баъзе санъатҳои бадеӣ чанде материяли адабиёти классикию шӯравиро дастраси онҳо намудан аст. Мо асосҳои илмии воситаҳои тасвироти бадеиро баён кардани нестем. Аз нуқтаи назари илми адабиётшиносии марксистӣ муайян кардани моҳияти санъатҳои гуногуни бадеӣ низ вазифаест, ки ҳалли онро ба оянда мавқуф бояд гузошт. Мо фақат таърифи мухтасари санъатҳои бадеии анъанавиро медиҳем ва барои ҳар як санъат аз саромадони сухан чанд мисол зикр мекунем.
Адади санъатҳои адабӣ дар «Тарҷумон-ул-балога» ба 124 мерасад. Дар «Ҳадоиқ-ус-сеҳр» ва «Матлаъ-ул-улум» то як дараҷа ба таври мухтасар зикр шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё