Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
дидабонаш агар рағбат кардӣ, бӯса бар лаби ӯ додӣ. Бо самакӣ гардун мусовӣ ва самокайн мувозӣ».
ОИД БА ТАНОСУБИ КАЛОМ
Асоси ҳамаи санъатҳои бадеӣ бар таносуби сухан аст. Риояи муносибати сухан ва алоқаву робитаи мафҳумҳо асоси мантиқии образи бадеиро ташкил намуда, моҳияти ғоявии онро ба хонанда мерасонад.
Шоир дар як байт калимаҳоеро зикр мекунад, ки ба эътибори маъно ба ҳамдигар алоқадор бошанд ва зикри яке зикри дигареро лозим медорад; масалан агар дар як байт моҳ зикр ёбад, хиргоҳ (ҳола), доғ, шаб ва мисли инҳо низ оварда мешавад; агар дарё зикр ёфта бошад, албатта яке ё чанде аз калимаҳои қаринагии «қаър», «дурр», «садаф», «марҷон», «ғаввос», «киштӣ», «мавҷ» ва монандӣ онҳо ҳам зикр мешавад; агар гул баён ёбад, лозим аст, ки булбул, хор, чаман, гулистон ё рангу бӯ зикр ёбад; ё ки сарв оварда шуда бошад, қумрӣ, фохта, сарсабзӣ, қади ёр, ростӣ барин калимаҳои муносиб ва алоқадор зикр меёбанд ва ҳоказо.
Яъне калимаҳое, ки дар байт омадаанд, бояд байни худ муносибати том дошта бошанд, ба якдигар сахт вобаста бошанд.
Ин гуна риоя шудани муносибати суханро санъати таносуб меноманд.
Дар осори гузаштагон дар ягон байт ягон калимаи бемавқеъ зикр наёфтааст. Барои мисол ҳамин байти Мулҳами Бухороиро гирем, ки дар он ягон калима бе муносибат наомадааст; агар ягон калимаро гирифта, ба ҷояш калимаи дигаре монда шавад, маъно халал меёбад. Ҳамаи калимаҳо ба ҳам маҳкам вобаста буда, боиси афзоиши салосат ва балоғати каломи бадеӣ шудааст:
Ба фикри зулфу гирдоби хами ӯ мӯ ба мӯ рафтам, Шудам обу ба худ печидаму аз худ фурӯ рафтам.
Инак, дар ин байт калимаҳои зулф, фикр, гирдоб, ҳам, мӯ ба мӯ, об шудан, ба худ печидан, аз худ фурӯ рафтан байни худ муносибати комил доранд, барои тақвияти ҳамдигар хизмат мекунанд ва ба таъбири дигар ҳамаи калимаҳо алоқамандадона ба зулф равона карда шудааст. Шоир зулф ва печу хами онро ба гирдоб монанд кардааст ва ҳамаи калимаҳо, ки дар ин байт ҳастанд, бо ҳамин се калима (зулф, ҳам ва гирдоб) муносибате доранд: «мӯ ба мӯ» ба зулф алоқа дорад, зеро зулф аз торҳои алоҳидаи мӯ иборат аст; «об» ва «фурӯ рафтан» ба
1 Самак — моҳӣ, аз рӯи таълимоти динӣ номи моҳиест, ки ба пушташ гове ва бар шохи он гов замин меистад.
2 Самокайн — номи ду ситора, ки якеро Симоки Аъзол ва дуюмиро Симоки Ромеҳ меноманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё