Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин ҷо ҳаминро низ қайд кардан лозим аст, ки шоир ва адиб дар муносибат додани сухан бояд аз ҷодаи самимият ва тариқи табиият берун наравад. Вале гоҳо дида мешавад, ки баъзе аз шоирони пешина ва имрӯза аз доираи самимият берун мешаванд. Дар чунин байтҳое, ки аз миён, даҳон ва дигар аъзои маҳбуба сухан меравад, аз ҳадди табиӣ мелағжанд: миёнро ба мӯй ташбеҳ мекунанд, даҳон ва миёнро ҳеҷ меноманд. Дар атрофи ин тасвир мӯшикофии аҷиби бадеӣ, суханбозӣ, нуктапардозӣ бисёр ба амал омадааст. Пас, агар даҳони ёр аз ҳеҷ иборат бошад, оё ба чунин натиҷа омадани хонанда мумкин нест, ки ёри бедаҳон ё ёре, ки миёнаш мисли мӯест, чӣ зебоӣ дорад? Оре, хонанда ҳақ дорад чунин суоле диҳад. Вале шоирони мо тасвирро ба нуктаи аъло расонида доди сухансароӣ медиҳанд, нуктасанҷиҳои ҳайратангез ба кор мебаранд, дар натиҷа қисман болои ин гуна айбҳо пӯшида мешавад, ва бо ин восита шеър хонанда ва шунавандагонро ба худ мафтун мегардонад.

Бо вуҷуди ин дар давраҳои охир баъзе нависандагони тоҷик ба муқобили ин гуна тасвироти ғайриреалӣ баромаданд. Дар адабиёти дигар халқҳо (масалан, Озарбойҷон ва Эрон) низ адибони пешқадам аз ин хусус садои эътироз баланд карданд. Дар адабиёти тоҷик хусусан пас аз Инқилоби Октябр ки барои ба ҳаёт бештар наздик кардани адабиёт муборизаи собитқадамона сар шуд, аксарияти шоирон аз бисёр суханпардозиҳои ғайриреалӣ ва ташбеҳу истиораҳои ғайритабиии обшуста ба куллӣ даст кашиданд ва аз паи ҷустуҷӯи воситаҳои нави тасвир афтоданд.

Ин муборизаи шоирони шӯравӣ аҳамияти хеле калон дошт. Барои ин ки аҳамияти он то андозае маълум шавад, аз такаллуфоти шоирони гузашта як-ду мисол меорем:

Касе будем, чун фикри даҳонат пеши мо омад.
Надонад ҳеҷ кас, то кас нагӯяд ҳеҷ кас моро.

Шоир гуфтан мехоҳад, ки мо кас ба ҳисоб мерафтем, вале вақте ки фикри дарёфти даҳони танги ту дар назди мо монда шуд, ҳеҷ кас ба ҳақиқати даҳони ту нарасидагӣ барин моро ҳам ҳеҷ кас ҳисоб набояд кард. Ин ҷо шоир калимаи ҳеҷро ба эътибори даҳони ҳеҷи ёр бозӣ медорад: даҳон — ҳеҷ, ҳеҷ кас, мо — ҳеҷ.

Ё аз Камоли Хуҷандӣ:

Нури маҳз аст узори ту, ҷабин низ чунин,
Сирри ғайб аст даҳони ту, миён низ чунин.

Яъне рӯи ту аз нури маҳз иборат буда, ҷбини ту низ монандӣ он аст; даҳони ту аз сирри ғайб иборат буда, миёни ту низ ҳамон хел аст. Миёни калимаҳои ҷабин ва чунин аз рӯи алифбои арабӣ таҷниси хат (мусаҳхаф) мавҷуд аст ва миёни

пешина
аз 303
навбатӣ