Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Ба боғу роғ нигар, боду абр додастанд,
Ба тӯда анбари нобу ба ришта дурри хушоб.
Аз Асадии Тӯсӣ:
Суроҳӣ ба гӯши қадах бурда сар,
Бад-ӯ рози сарбаста гуфтӣ магар.
Надонам чӣ гуфтӣ, чӣ ангехтӣ,
Ки гуфтӣ-ю аз дида хун рехтӣ.
Аз Саъдӣ:
Агар ту рӯй ба ҳам баркашӣ чу нофаи мушк,
Гумон мадор, ки бӯи хушат ниҳон монад.
Аз Ҳофиз:
Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд,
Чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд.
МАЪНОИ АСЛӢ ВА МАҶОЗИИ КАЛИМАҲО
Калимаҳо дар нутқ на танҳо ба маънои аслии худ, балки ба маънои маҷозӣ низ истеъмол мешаванд. Агар калима ба маъно ва мафҳуми аслии худ кор фармуда шуда бошад, онро маънои аслӣ меноманд. Дар нутқ ҳолатҳое дида мешавад, ки калимаҳо дар сурати маънои аслиро ифода кардан маъноҳои дигарро низ ифода мекунанд. Масалан, агар дар ҷумлаи «сагони шикорӣ навъе аз ҷинси саг буда, барои шикор омӯхта мешаванд» — таркиби «сагони шикорӣ» ба маънои аслии худ кор фармуда шуда бошад, дар ҷумлаи «Қозӣ Сафӣ аз ҳамин қонуни истифода бурда, сагони шикории худ — мулозимонашро ба канори рӯди Чилвон баровард, ки онҳо молҳои луқӯтаро ёфта ба даст дароваранд» (С. Айнӣ), таркиби «сагони шикорӣ» ба маънои дигар, яъне ба маънои одамони ғоратгари давраи амирӣ, ки чун саг тез бӯй ҳис мекунанд, кор фармуда шудааст.
Ё ки агар ҷумлаи «Гург аз ҳайвоноти дарранда аст»-ро гирем, калимаи «гург» ба маънои аслии худ — навъе аз ҳайвоноти дарранда кор фармуда шуда бошад, аммо дар байти поёнӣ:
Душмани камбағалон боз ба пеш омадааст,
Гург ин мартаба дар ҷомаи меш омадааст.
калимаи «гург» ба ҷуз маънои аслии худ маънои дигар, яъне одамони ҳамчун гург ғоратгару даррандаро низ ифода кардааст. Ин тавр дар ғайри маънои аслии худ омадани калимаҳо маҷоз ном дорад.
Маҷоз яке аз муҳимтарин воситаҳои каломи бадеист. Вай на танҳо ба мухтасарбаёнӣ, инчунин барои пурра ва ҷозибаноктар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё