Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Сабӯкашон1 ҳама дар бандагии бӯи қамар,
Вале аз тарфи кулаҳ ҳайка бор савғо зад.
Сабӯ зарф буда ба ҷои май, ки мазруф аст, зикр ёфта, май ирода шудааст. Яъне сабӯкашон ба маънои майкашон аст.
б) Зикри мазруф — иродаи зарф аст, ки гоҳе мазруф ба ёд ёфта зарф ирода мешавад. Чунончи, мегӯем: «Мурабборо пӯшонда мон, магас нанишинад». Ва ҳол он ки ғараз аз мурабборо пӯшондан рӯи зарфи мурабборо пӯшондан мондан аст, яъне ин ҷо бо зикри мазруф зарф ирода шудааст.
Ин гуна маҷозҳо, ки зикри зарф — иродаи мазруф ё зикри мазруф — иродаи зарф аст, одати зарфият — мазруфият меноманд.
II. а) Зикри умум — иродаи хусус, ки умумро гуфта, хусусро мурод кардан аст. Масалан, агар гӯем, ки маҷлис қарор кард, яъне аъзоҳои маҷлис қарор кардаанд, гуфтан аст. Ин ҷо маҷлис умум, аҳли маҷлис хусус аст. Ё ки нисбати он ба палаҳ, нисбати мева ба ангур, нисбати ғалла ба гандум ва монанди инҳо низ аз ҳамин қабил аст, ки зикри умум (масалан, мева) иродаи хусус (масалан, ангур) мебошад.
б) Зикри хусус — иродаи умум, ки хусус (хос)-ро баён намуда, аз он умумро мақсад карда гирифтан аст. Масалан гӯем: нон сабаби идомаи ҳаёти инсонист. Ин ҷо нон хусус буда ба ҳамаи хӯрданиҳо шомил аст. Ин маъниро Лоҳутӣ чунин адо кардааст:
Бе заҳмату ранҷ нон намебояд хӯрд,
Яъне луқма ба ройгон1 намебояд хӯрд.
Нон, ки бувад зоскии ранҷи дағаром,
Гар ҷон барананд, аз он намебояд хӯрд.
Дар ин ҷо мақсади шоир аз «нон» фақат нон набуда, балки умумиризку рӯзӣ ва воситаи зиндагист, яъне хусусро анкр карда умумро ирода намудааст. Ин гуна маҷоз, ки зикри умум — иродаи хусус ва ё зикри хусус иродаи умум аст, — ҳар ду инчунон одатии умумият — хусусият номида мешавад.
III. а) Зикри кулл — иродаи ҷузъ, яъне кулл баён ёфта, ҷузъ ирода мешавад: масалан дар ин порчаи Р. Ҷалил:
«Даста ба ҳаракат омад. Вой гарду чанги кӯчаро ба осмон дакка занонда равон шуд». Мақсад аз даста фидоиён ва аскарони сурх аст, ки аз ҷузъ иборатанд.
б) Зикри ҷузъ — иродаи кулл, яъне бо баёни ҷузъ кулл ирода мешавад. Масалан гӯем: Агар сар амон бошад, тоқӣ ёфт мешавад. Мақсад аз сар тамоми аъзои бадан аст, пас сар — ҷузъ буда, ба ҷои кулл, ки тамоми аъзои бадан аст, зикр ёфтааст, ё ки дар ин байти Камоли Хуҷандӣ:
1 Сабӯ — кӯзаи май.
2 Ройгон — муфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё