Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

ҚИСМИ ЯКУМ
САНЪАТҲОИ БАДЕӢ

САНЪАТҲОИ МАЪНАВӢ

Чунон ки дар дебоча ишора рафт, тақрибан санъатҳои бадеӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: санъатҳои маънавӣ ва санъатҳои лафзӣ.

Санъатҳои маънавӣ дар асоси ба назар гирифтани маънои калима, ибора ва ҷумлаҳо сохта мешаванд. Аммо санъатҳои лафзӣ ба шакли калимаву ибораҳо асос ёфтаанд.

Аксари санъатҳои шеърӣ, ки дар эҷодиёти классикон мавқеи калон доштанд ва имрӯз ҳам дар асарҳои нависандагони тоҷик ба кор мераванд, санъатҳои маънавӣ мебошанд. Онҳо барои ифодаи мазмуни баланд бештар ёрӣ дода метавонанд.

Санъатро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан қатъӣ ва собит нест. Баъзе аз муаллифони санъатшинос санъатеро лафзӣ шумурда бошанд, баъзе аз онҳо он санъатро маънавӣ ҳисоб кардаанд. Инчунин як қисм аз муаллифон санъатеро ҳам ба гурӯҳи маънавӣ, ҳам ба гурӯҳи лафзӣ мансуб доштаанд.

Мо дар ин асари худ санъатҳое, ки бисёртар аз калимабозӣ, ҳарфбозии маҳз иборатанд, ба гурӯҳи лафзӣ мансуб дошта, боқимондаро ба гурӯҳи маънавӣ дохил кардем, ки дар даруни онҳо санъатҳои духӯра низ ҳастанд. Ҳамчун: луғаз, бароати истеҳсол, таъмия, ҳусни матлаъ, ҳусни мақтаъ, ҳусни тахаллус, ҳусни таълил ва дигарҳо.

Санъатҳо ба ҳамдигар таъсир мекунанд. Ҳарчанд ки саноеи лафзӣ зебоии лафз ва саноеи маънавӣ мӯҷиби ҳусни маънӣ мегарданд, мумкин аст, ки маънӣ бо таъсири ҳусни лафз некӯтар ва дилчасптар шавад ва дар навбати худ шакл бо таъсири ҳусни маънӣ то ҳадде зебоӣ, раъной касб кунад. Аз ин рӯ мегӯянд, ки мундариҷа шаклро таъин мекунад ва дар навбати худ шакл низ ба мундариҷа таъсир накарда намемонад.

Санъатҳое, ки бисёртар дар либоси пероии шеър ҷилва менамоянд, инҳоянд: ирсоли масал, уънот, тазмин, ҳусни таълил,
ҳашв, раддулкофия (такрори қофия), раддулматлаъ (зулматолез)1, суолу ҷавоб, муламмаъ, мувашшаҳ, луғаз, муаммо, мод-

1 Қасидае, ки бо чанд матлаъ давом мекунад.

пешина
аз 303
навбатӣ