Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Дар ин ҷо шоир лабро ба ангубин (асал), бари ёрро ба гули ёсуман, дилашро ба оҳан, рӯяшро ба моҳ ва қоматашро ба сарв аз ғайри зикри адамоти ташбеҳ ба таври пӯшида монанд кардааст.

Ё ки ин байти Мусъибӣ:

Шаккаршикан аст ё сухангӯи ман аст,
Анбарзакан аст ё суманбӯи ман аст.

Дар калимаҳои мураккаби «анбарзакан» ва «суманбӯй» ташбеҳи пӯшида ҳаст, дар асл шоир гуфтан мехоҳад, ки ёри ман закане дорад, ки монандӣ анбар хушбӯй ва ё дорои бӯи хуши ҳамчун анбар аст.

Чунин ташбеҳоти пӯшида, ки аз ду ва зиёда аз ду калима таркиб ёфтаанд, ташбеҳи таркибӣ номида мешаванд.

  1. Ташбеҳи мураккаб. Гоҳо аз ғайри ёридиҳанда дар сурати кулл ба калимоти мутаносиби худ якҷоя ҷумлаи дуюмӣ ба ҷумлаи якумӣ ва мисраи дуюмӣ ба мисраи якумӣ ва ё баръакс, мисраъ ё байти якумӣ ба мисраъ ва ё байти дуюмӣ монандкунанда шуда меояд. Ин гуна ташбеҳоти пӯшидаро ташбеҳи мураккаб меноманд.

Мисол аз Мулҳам:

Ман, ки дур аз сӯҳбати он гулбадан афтодаам,
Булбули маҳҷурам, аз чашми чаман афтодаам.

Шоир аз сӯҳбати ёр дур афтодани худро ба ҳолати булбули аз чаман берунмонда монанд мекунад, яъне шоир худро ба булбул ва аз сӯҳбати ёр дур афтодани худро ба ҳолати булбули маҳҷур (аз чаман берунмонда) монанд кардааст. Бинобар ин «ман» монандшаванда буда, «булбули маҳҷур» монандкунандаи он аст. Ғайр аз ин «сӯҳбати он гулбадан» низ монандшаванда буда, монандкунандаи он «чаман» аст. Вале дар байни ин монандкунандаҳо ёридиҳандаи монандӣ наомадааст.

Калимаҳои «дур афтодан» ва «чашм» аз калимаҳои мутаносиби монандшаванда ва монандкунанда мебошанд.

Умуман дар ин байт тамоми мисраи якум монандшаванда буда, мисраи дуюм монандкунанда аст. Зеро аз сӯҳбати он гулбадан дур афтодани ошиқ монандӣ он аст, ки булбули маҳҷур аз чашми чаман афтодааст. Яъне ҳодисае, ки дар мисраи якум тасвир шудааст, монандӣ ҳодисаест, ки дар мисраи дуюм баён ёфтааст. Пас байни мисраи якум ва дуюм калимаҳои «монанди ин ки», «гӯё ки» ва ғайраро монем, маънои байт вайрон намешавад ва ҳол он ки ин калимаҳо адоти ташбеҳ мебошанд.

Дар ин байти Мулҳам:

Асар то дар вуҷудам ҳаст, як ҷо нест оромам, Сипанди мичмари1 шавкам, ки оташ зери по дорам.

1 Мичмар — майқал.

пешина
аз 303
навбатӣ