Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Як лафз н-ояд аз дили ман в-аз даҳони ту,
Як мӯй н-ояд аз тани ман в-аз миёни ту.
Шояд бад-он, ки ояд ҷуфти камони сахт,
З-ин хам гирифта пушти ману абрӯвони ту.
Ширу шабах надодам-мушкин сиёҳу кир
Монанди рӯзгори ману зулфакони ту.
Моно, ақиқ н-орад ҳаргиз кас аз Яман
Ҳамранги ин сиришки ману ду лабони ту.
Ду мисоли дигар аз Мантиқӣ:
Наздики ақл ҳар ду зи як аслу ҷавҳаранд
Лафзи ҳаётбахши туву дурри шоҳвор.
Даҳони танги ту омӯхт тангӣ аз дили ман,
Вуҷуди ман зи миёни ту лоғарӣ омӯхт.
Абдулвосеи Ҷабалӣ гуфтааст:
Пушти хамдидаи ман ҳамнасаби ҷаъди1 вай аст,
Ҷаъди шӯридаи ӯ ҳамсифати ҳоли ман аст.
Гарчӣ кардӣ ба танам нисбати он мӯйи миён,
Бингараш к-аз ғами ин нанг чӣ лоғар кардӣ.
(Камол)
Ташбеҳи измор.
Маънои луғавии измор нуҳуфтан ва дар замир гирифтан мебошад. Нависанда чизеро ба чизе ташбеҳ мекунад, аммо зоҳиран чунон менамояд, ки мақсадаш на ташбеҳ, балки чизи дигар аст ва ҳол он ки дар замир ҳамон ташбеҳ дар назар гирифта шудааст.
Мунҷик гуфтааст:
Шӯрида шавам чу ман, биҷунбонӣ зулфайн,
Девона бишӯрад, чу биҷунбонӣ занҷир.
Муиззӣ гуфтааст:
Гар нури маҳу равшании шамъ турост,
Пас коҳиши сӯзиши ман аз баҳри чирост?
Гар шамъ туӣ, маро чаро бояд сӯхт?
В-ар моҳ туӣ, маро чаро бояд кост?2
Аз Салмони Совачӣ:
Ошиқ агар манам, чаро ғунча дарида пираҳан?
Кушта агар манам, чаро лола бувад ба хун кафан?
Гар сарв туӣ, чарост поям дар гил?
В-ар лола туӣ, бар дили ман доғ чарост3?
1 Ҷаъд — мӯи пурпечутоб, мӯи чингила.
2 Ин мисолҳо дар айни замон мисоли санъати тааҷҷуб низ мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё