Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
як шоир лозим ва хатмист1. Низомии Арузӣ китоби «Канз-ул-қофия»-ро, ки доир ба илми қофия мебошад, аз таълифоти ӯ мешуморад ва Авфии Бухороӣ китоби «Хуҷастанома»-ро, ки оид ба илми арӯз аст, низ ба вай нисбат медиҳад.
Боз аз ҷумла Абӯабдуллоҳ Фӯшӣ (Кӯрашӣ) мебошад, ки доираи мунъакисаро, ки яке аз доираҳои сегонаи ихтироъкардаи арӯзиёни Аҷам аст2, ӯ эҷод кардааст.
Дигар олими адабиётшинос Имом Ҳасани Каттон мебошад, ки аз пешвотарин алломаҳои Хуросон ва муосири Рашиди Ватвот аст. Ду шаҷараи аҳрам ва аҳрабро дар арӯз ӯ эҷод кардааст, ки барои осон ёфтани вазнҳои 24-гонаи рубоӣ ба кор меравад.
Аксарияти ин таълифот аз байн рафтааст ва асарҳое, ки пурра дастраси мо гардидаанд, фақат «Тарҷумон-ул-балога»-и Родуёнӣ ва «Ҳадоиқ-ус-сеҳр»-и Рашиди Ватвот мебошад.
Аммо дар асри XIII дар адабиётшиносии форс-тоҷик асаре ба майдон омад, ки дар асоси муваффақиятҳои пештараи назариявӣ навишта шуда, гуфтан мумкин аст, ки ҷони ҳамаи он асарҳоро гирифт. Ин асари пуркимат «Ал-мӯҷҷам фӣ маоёр-ил-ашъор-ил-Аҷам» ном дошта, ба қалами олими номӣ Шамсиддин Муҳаммад бини Қайси Розӣ тааллуқ дорад. «Ал-мӯҷҷам» ба арӯз, қофия ва бадеъ оид буда, олими Эрон Муҳаммади Қазвинӣ дар бораи аҳамияти калони он дар сарсухани худ чунин мегӯяд1: «Бо камоли ҷуръат метавон даъво кард, ки аз аввали таълифи ин илм ба забони форсӣ баъд аз ислом то ҳол ҳеҷ як асар бе истисно ба ин камоли таҳқиқ ва танқеҳ ва пуррагӣ дар илмҳои сегона таълиф нашудааст ва агар таълиф шуда бошад ҳам, дастраси мо нашудааст».
Қайси Розӣ дар вақти таълифи «Ал-мӯҷҷам» аксарияти китобҳоеро, ки дар боло номбар шуд, дар даст доштааст, вале сарчашмаи асосии ӯ «Ҳадоиқ-ус-сеҳр»-и Рашиди Ватвот будааст. Дар қисми сеюми «Ал-мӯҷҷам», ки оид ба илми бадеъ аст, бисёри матолиб ва мисолҳо аз «Ҳадоиқ-ус-сеҳр» айнан нақл ёфтааст. Бо ҳамаи инҳо «Ал-мӯҷҷам» нисбат ба «Ҳадоиқ-ус-сеҳр» аз чанд хусус афзалият дорад: «Ал-мӯҷҷам» ба ҳамаи илмҳои сегонаи шеър — арӯз, қофия ва нақдушшеър (назмшиносӣ) шомил аст, аммо «Ҳадоиқ-ус-сеҳр» танҳо қисми охириро дар бар мегирад; «Ҳадоиқ-ус-сеҳр» бисёр мӯҷчазу мухтасар, аммо «Ал-мӯҷҷам» пурра ва батафсил буда, Ватвот дар зикри мисол танҳо бо як ё ду баййти матлуб қаноат мекунаду бас, аммо Шамси Қайс қасидаҳои дароз, қитъа ва ғазалҳои пурра меорад.
Шамси Қайси Розӣ аслан аз шаҳри Рай (наздикиҳои Тӯх-
1 Ал-муқаддимаи Абдулваҳҳоби Қазвинӣ, саҳ. «ч».
2 Муаллифи «Ғиёс-ул-луғат» танҳо доираи шашумро ихтирои арӯзиёни Аҷам ҳисоб кардааст.
3 Ал-мӯҷҷам, муқаддимаи Абдулваҳҳоби Қазвинӣ, саҳ «а».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё