Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Дасти ӯро абр чун хонию он ҷо соика!
Табъи ӯро кон чаро гӯию он ҷо эҳтибос².

Ва абёти аввалро ҷамъу тафрик хонанд ва байти Анвариро ташбеҳи тафзил. Барои он ки эшон ба зикри кулоҳ ва қабо фарқи миёни рӯй ва қади дӯст ва миёни моҳу сарв зоҳир гардонидаанд ва Анварӣ ваҷҳи мазият (имтиёз) ва тафзил (афзалият)-и дасту табъи (мамдӯҳро) бар абру кон боз намуда»³.

Аз ин рӯ, мо ин санъати ҷамъу тафрикро як намуди ташбеҳи баргашта ва тақсимро як намуди санъати лаффу нашр медонем. Аз тарафи дигар, санъати тафсир, шумур, инчунин лаффу нашр аз ҷиҳати моҳият ва сохт ба ҳамдигар бисёр наздиканд. Бинобар ин, лаффу нашр, шумур ва ҳатто як қисм аз порчаҳорон доир ба санъати суолу ҷавоб низ яке аз намудҳои тафсиру табъин мебошанд. Агарчи мо ин ҷо ҳамаи инҳоро дар таҳти унвони як санъат (тафсиру табъин) ҷамъ накунем ҳам, як ҷо паси ҳам зикр намудем.

Ҷамъу тафрик

Шоир монанд кардани ду чизро дар як маънӣ ҷамъ мекунад ва боз дар миёни онҳо ба ду сифати мутағоир ҷудой меандозад:

Ману ту ҳарду аз гули зардем,
Чун ман аз рангаму ту аз бӯй.
(«Ҳадоиқ-ус-сеҳр»).

Ҷамъу тақсим

Шоир дар байти нахустин чизҳоро ба як маънӣ ҷамъ мекунад, сонӣ тақсим мекунад:

Ду чизро ҳаракоташ ҳаме ду чиз диҳад:
Улумро дараҷоту нуҷумро аҳком.
(Унсурӣ).

Дар ин байт ҳаракати мамдӯҳро миёни ду чиз дар диҳиш мутлақ ҷамъ кардааст ва пас тақсим намудааст.

Ҷамъу тафрику тақсим

Шоир аввало чанд чизро ба як маънӣ ҷамъ мекунад, боз дар байнашон тарҳ мекунад ва боз гашта тақсим менамояд:

1 Соика — чақмоқ — чароғак.
2 Эҳтибос — ҳабс, ба қайду банд гирифташавӣ.
3 Ал-мӯъҷам, саҳ. 354 — 355.

пешина
аз 303
навбатӣ