Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва илоҷи илмӣ ин аст.
Аммо илоҷи амалӣ ду аст: яке он, ки вайро ҷоҳ бувад, бигурезад ва ҷои дигаре шавад, ки вайро нашиносанд ва ин тамомтар бувад, чи агар андар шаҳри хеш узлат гирад, чун мардумон донанд, ки вай тарки ҷоҳ бигуфт аз он шарре бо вай гардад ва нишони он бувад, ки чун андар вай қадаҳе кунанд ё гӯянд ин нифоқҳамекунад, ҷазаъе ва ранҷе андар дили вай падид ояд ва агар вайро ба ҷурме нисбат кунад, узри он талаб кардан гирад — агар ҳама ба дурӯғ бувад, то халқ андар вай эътиқоди бад накунанд ва вайро ҳама далел он бошад, ки ҳубби ҷоҳ бар ҷои хеш аст. Илоҷи дигар он бувад, ки роҳи маломат сипарад ва чизе кунад, ки аз чашми халқ биафтад, на он, ки ҳаром хӯрад, чунон ки гурӯҳе аз аҳмақон фасод ҳамекунанд ва хештан маломатӣ ном кунанд, балки чунон ки зоҳиде бувад, ки амири шаҳр ба саломи вай шуд, то ба вай табаррук кунад, чун амир аз дур пайдо омад, зоҳид нону тара хост ва ба шитоб хӯрдан гирифт ва луқмаи бузург ҳамекард, чун амир вайро бидид ва он шараҳи вай, эътиқод андар вай табоҳ кард ва бозгашт, дигареро андар шаҳр қабуле падид омад ва халқ рӯй ба вай ниҳоданд, як рӯз аз гармоба ба дар омад ва дасте ҷомае некӯ аз дигаре дарпӯшид ва берун омад ва ҷое истод, то вайро бигирифтанд ва ба санге бизаданд ва ҷома бозситаданд ва гуфтанд: ин тарроре аст, яке дигар шаробе ба ранги хамр андар қадаҳ кард ва ҳамехӯрд, то пиндоранд, ки хамр аст, илоҷи шикастани шараҳи ҷоҳ ин аст ва амсоли ин.
Пайдо кардани илоҷи дӯстии сано ва ситоиши халқ ва кароҳияти накӯҳиши халқ Бидон, ки кас бошад, ки бар санои халқҳарис бувад ва ҳамеша номи некӯ талаб кунад, агарчи андар коре бувад, ки бар хилофи шаръ бошад ва накӯҳиши халқро кореҳ бувад, агарчи бар коре бошад, ки он ҳақ бувад ва ин низ бемории дил аст ва илоҷи вай маълум нагардад, то сабаби лаззат ва алам дар дили мардум, дар мадҳу мазаммат маълум шавад. Бидон, ки лаззати мадҳро чаҳор сабаб аст:
Сабаби аввал — он, ки бигуфтем, ки одамӣ камоли худро дӯст дорад ва нуқсони худро душман ва сано далели камол кунад ва бошад, ки андар камоли худ ба шак бошад ва лаззати вай тамом набувад, чун аз касе бишунавад яқин гардад, то бад-он майл ва ором гирад ва он лаззати вай тамом шавад, ки аз хештан бӯи камол ёфт, асари рубубият хештан бидид ва рубубият маҳбуб аст ба табъ ва чун мазаммат шунавад, огоҳӣ аз нуқсони худ биёбад ва бад-ин сабаб ранҷур шавад; пас агар сано ва накӯҳиш аз касе шунавад, ки доно бувад ва газофгӯ набошад, чун устоди мунсифи олам, лоҷарам огоҳии беш ёбад аз ранҷу роҳат ва чун бебасират гӯяд, он лаззат набошад, ки яқин ба қавли вай ҳосил нашавад.
Сабаби дуввум — он, ки сано далолат мекунад, ки дили гӯянда малик ва мусаххари вай аст ва андар дили вай мардро маҳалле ва ҷоҳе аст ва ҷоҳ маҳбуб аст, пас агар мӯҳташаме гӯяд: аз сано лаззат беш бувад, ки қадри малик бар дили вай тамомтар бошад ва агар хасис гӯяд, он лаззат набошад.
Сабаби сеюм — он, ки сано ӯро башорате бошад бад-он, ки дилҳо дигар сайди вай хоҳад шуд: ки чун вай сано ҳамегӯяд, дигарон низ эътиқод ҳамекунанд ва он сироят ҳамекунад, пас агар бармало бувад ва аз касе бувад, ки сухани ӯ бипазиранд, лаззати он бештар бувад.
Сабаби чаҳорум — он, ки далел бувад бар он, ки саногӯянда мақҳури вай аст, ба ҳукми ҳишмат ва ҳишмат низ маҳҷуб аст, агарчи беҳтар бувад, ки агарчи донад, ки он чи ҳамегӯяд, эътиқод надорад, валекин ҳоҷатманд аст вайро ба сано гуфтан бар вай, дӯст дорад ва аз камоли қудрати хеш донад, пас агар дар сано чизе бигӯяд, ки донад, ки дурӯғҳамегӯяд ва кас қабул нахоҳад кард ва аз дил намегӯяд ва аз бим низ ҳамегӯяд, балки ба сухра ҳамегӯяд, ҳеч лаззат намонад, ки он сабабҳо бархост. Акнун чун сабабҳо сабаби ин бидонистӣ, илоҷи осон бидонӣ, агар ҷаҳд кунӣ: аммо сабаби аввал он аст, ки камоли хеш эътиқод накунӣ ва бояд, ки андеша кунӣ, ки агар ин сифат, ки вай ҳамегӯяд, чун илм ва вараъ рост ҳамегӯяд, шодии ту бад-ин сифатҳо бояд, ки бувад ва бад-он Худой, ки туро ин дод, на ба қавли ӯ, ки ба қавли ин зиёдат ва нуқсон нашавад; ва агар сано бар ту ба тавонгарӣ ва хоҷагӣ ва асбоби дунё ҳамегӯяд, ин худ шодие наярзад ва агар арзад, шодӣ бад-он бувад на ба мадҳ, балки олим низ агарчи илм ва вараъи хеш донад, ба шодӣ напардозад аз бими хотимат, ки он маълум нест ва то ин маълум нашавад, ҳама зоеъ бувад ва касеро, ки ҷой дӯзах хоҳад буд, чи ҷои шодӣ вайро; ва аммо агар он сифат донад, ки дар вай нест чун, вараъ ва илм, чун бад-он шод бувад, ҳамоқат бошад ва масали вай чунон бувад, ки касе вайро гӯяд, ки: ин хоҷа марде азиз аст ва ҳама аҳшои вай атру мушк аст ва вай донад, ки наҷосат ва кабид ва таҳол аст — ва шод ҳамебуд бад-ин дурӯғ, ин айни ҷунун бошад; ва аммо аз сабабҳои дигар, ки ҳосили он ҷоҳу ҳашмат ва дӯстии он аст, илоҷ гуфта шуд ва аммо агар касе туро мазаммат кунад, ранҷур шудан ва хашм гирифтан бо вай ҳама аз ҷаҳл бувад: чи агар вай рост ҳамегӯяд, фаришта аст ва агар дурӯғ мегӯяд ва медонад, ки дурӯғ мегӯяд, шайтон аст ва агар намедонад, ки дурӯғ мегӯяд, харе ва аблаҳест, бад-он, ки Худои таъоло касеро масх гардонид, то харе шавад ё шайтоне ё фариштае, чаро бояд, ки ту ранҷур шавӣ? Пас, агар рост ҳамегӯяд, ранҷур бад-он нуқсон бояд буд, ки андар ту аст, агар нуқсон динӣ аст на аз сухани вай аст ва агар дунёӣ аст, худ ба наздики аҳли дин ҳунар бувад, на айб; ва дигар илоҷ он бувад, ки андеша кунӣ, ки он чӣ гуфт, аз се ҳол холӣ нест: агар рост гуфт ва ба шафқат гуфт, он гуфт аз вай миннат бояд дошт, агар касе туро гӯяд, ки андар ҷомаи ту море аст, миннат дорӣ ва айб, ки андар дин бувад аз мор батар бувад, ки аз вай ҳалоки охират бошад ва агар андар наздики подшоҳе ҳамеравӣ, касе туро ҳамегӯяд, эй палидҷома бештари ҷома пок кун. Нигоҳ кунӣ, ҷома пурнаҷосат бошад ва агар чунон пеши подшоҳ шудӣ, андар хатари уқубат будӣ, аз он миннат бояд дошт, ки аз он хатар растӣ ва агар ба қасди таъаннут гуфт, ту фоидаи хеш ёфтӣ, чун рост гуфт ва таъаннути вай ҷинояте аст, ки бар дини худ кард, пас чун туро манфиат аст ва вайро мазаррат аст, хашм андар вай шарт нест; аммо агар дурӯғ гуфта бошад, бояд андеша кунӣ, ки ин айб бо бисёр айби дигар дорӣ, ки вай ҳаменадонад, пас ба шукри он машғул шав, ки Ҳақ таъоло парда бар дигар айби ту фурӯ гузошт ва вай ҳасаноти худ ба ту ҳадя кард ва агар сано буд, ҳамчун куштани ту будӣ, чаро ба куштан шод шавӣ ва ба ҳадя ранҷур шавӣ? Ва ин касе кунад, ки аз корҳо сурат бинад, на маънӣ ва рӯҳ ва ҳар кӣ ақл дорад, аз беақл бад-ин пайдо шавад, ки ӯ аз корҳо ҳақиқат ва рӯҳ бинад, на зоҳир ва сурат ва андар ҷумла то тамаъ аз халқ бурида нашавад, ин беморӣ аз дил барнахезад.
Пайдо кардани дараҷоти мардон андар мадҳу зам Бидон, ки мардумон андар шунидани мадҳу замми хеш бар чаҳор дараҷаанд:
Дараҷаи аввал — умуми халқанд, ки ба мадҳ шод шаванд ва шукр гӯянд ва ба мазаммат хашм гиранд ва ба мукофот машғул шаванд ва ин бадтарин дараҷот аст; Дараҷаи дуввум — он порсоён бувад, ки ба мадҳ шод шаванд ва ба зам хашмгин шаванд, валекин ба муомилат изҳор накунанд ва ҳар дуро ба зоҳир баробар доранд, валекин ба дил якеро дӯст доранд ва якеро душман; Дараҷаи сеюм — дараҷаи муттақиён аст, ки ҳар дуро баробар доранд, ҳам ба дил ва ба забон ва аз мазаммат ҳеч хашм андар дил нагиранд ва модеҳро қабул накунанд зиёдат, ки дили эшон, на ба мадҳ илтифот кунад ва на ба зам. Ва ин дараҷаи бузург аст, гурӯҳи обидон пиндоранд, ки бадин расидаанд ва хато кунанд ва нишони он бувад, ки агар зам гӯӣ, наздики вай бештар нишинад бар дили вай гаронтар аз модеҳ набошад ва агар дар коре аз вай муованат хоҳад, бар вай душвортар набувад аз муованати модеҳ ва агар ба зиёрат камтар расад, талаб ва тақозои дили вайро камтар аз тақозои модеҳ набувад ва агар бимирад, андӯҳ ба марги вай камтар аз дигар набувад, ки бимирад ва агар касе вайро биранҷонад, ҳамчунон ранҷур шавад, ки модеҳро ва агар модеҳ зиллате кунад, бар дили вай бояд ки сабуктар нашавад ва ин сахт душвор бувад ва бувад, ки обид худро ғурур диҳад ва гӯяд, ки хашми ман бо вай аз он аст, ки вай бад-ин мазаммат, ки кард осӣ аст ва ин талбиси шайтон аст, ки андар ҳоли бисёр кас аст, ки кабоир ҳамекунад ва дигаронро низ мазаммат ҳамекунад, чаро он кароҳият набояд дар хештан, ки дар ҳаққи дигарон?
Ки он хашми нафс аст, на хашми дин ва обид, ки ҷоҳил бувад, ба чунин дақоиқ бештар ранҷи вай зоеъ бошад.
Дараҷаи чаҳорум — дараҷаи сиддиқон аст, ки модеҳро душман гиранд ва накӯҳандаро дӯст доранд, ки аз вай се фоида гирифтанд: яке айби худро аз вай бишуниданд, дигар он, ки вай ҳасаноти худ ба ҳадя бо эшон фиристод; ва эшонро ҳарис кард бар онки талаби покӣ кунанд, аз он айб ва аз он чи монанди он аст. Ва андар хабар аст, ки расул алайҳиссалом гуфт: «Вой бар рӯзадор ва бар он, ки намоз шаб кунад ва бар он, ки суф1 пӯшад, магар он, ки даруни вай аз дунё гусаста бошад ва мадҳро душман дорад ва мазамматро дӯст дорад». Ва ин ҳадис, агар дуруст аст, коре саъб аст, ки ба чунин дараҷа расидан сахт муттаъаззир аст, балки ба дараҷаи дуввум расидан, ки ба зоҳир фарқ накунад — агарчи ба дил фарқ кунад — ҳам душвор аст, ки ғолиб он бувад, ки коре биафтад ва ба ҷониби мурид ва модеҳ майл кунад ва ба муомилат низ ва нарасад бад-ин дараҷаи бозпасин, илло касе, ки вай чандон адоват варзида бувад бо нафси хеш, ки молида шуда бошад, чун аз касе айби вай
1 Пашм, порчаи пашмӣ.
шунавад, шод шавад ва зиракиву ақли он кас эътиқод кунад, чунон ки аз касе айби душмани хеш бишавад, ки бад-он шод гардад ва ин нодир бувад, балки агар касе ҳама умри хеш ҷаҳд кунад, то модеҳ ва зам ба наздики вай баробар шаванд, ҳанӯз бад-ин душвор тавон расид. Ва бидон, ки ваҷҳи хатар андар ин он аст, ки чун фарқ падид ояд, миёни мадҳу мазаммат талаби мадҳ бар дил ғолиб гардад ва ҳилати он сохтан кунад ва бошад, ки ба ибодат ё кардан гирад ва агар ба маъсият бад-он тавонад расид, бикунад; ва ин ки гуфт, расул алайҳиссалом, ки: вой бар рӯзадор ва намозкун аз ин гуфта бошад, ки чун бехи ин аз дил канда нашавад, зуд ба маъсият афтад; аммо кореҳ будан мазаммат ва дӯст доштан мадҳро андар нафси хеш ҳаром нест, чун ба фасодӣ адо накунад ва сахт баъид бувад, ки адо накунад! Ки бештар маъосии халқ аз ҳубби мадҳ ва буғзи зам аст, ҳамеша андешаи халқ бо ин омадааст, ки ҳар чӣ кунанд, ба рӯ ва риёи халқ кунанд ва чун ин ғолиб шуд, ба корҳо адо кунад, ки он ношоист бувад, вагарна дили халқ нигоҳ доштан ва бад-он илтифот кардан, ки на бар сабили риё бошад — ҳаром нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё