Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

АСЛИ ҲАШТУМ
Андар илоҷи риё дар тоат ва ибодат аст Бидон, ки риё кардан ба тоатҳои Ҳақ таъоло аз кабоир аст ва ба ширк наздик аст ва ҳеч беморие бар дили порсоён ғолибтар аз ин нест, ки чун ибодате кунанд, хоҳанд, ки мардумон аз он хабар ёбанд ва бар ҷумла эшонро порсо эътиқод кунанд ва чун мақсуд аз ибодат эътиқоди мардумон бувад, худ ибодат набувад, ки парастидани халқ бувад ва агар он низ мақсуд бошад, бо парастидани Ҳақ таъоло, ширк бувад ва дигареро бо Ҳақ таъоло шарик карда бошад, андар ибодати хеш ва Ҳақ таъоло ҳамегӯяд «Фа-ман кона йарҷу илқоъа раббиҳи фа-л-йаъмал ъамалан солеҳан ва ло йушрик биъибодати раббиҳи аҳадан — ва ҳар кӣ ба дидори Ҳақ таъоло умед дорад, гӯ андар ибодати Ҳақ таъоло ҳеч ширкат маяфган». Ва Худои таъоло ҳамегӯяд: «Фавайлун лил-мусаллина, аллазина ҳум ъан салотиҳим соҳуна, аллазина ҳум йароъуна ва йамнаъуна-л-моъуна
— вой бар касоне, ки эшон намоз бо шаҳват ва риё кунанд». Ва яке пурсид аз расул алайҳиссалом, ки: растагорӣ андар чист? Гуфт: «Андар он, ки тоати Худои таъоло дорӣ ва риёи мардумон накунӣ». Ва гуфт: «Рӯзи қиёмат якеро биёваранд ва гӯянд, чи тоат дорӣ?» Гӯяд: «Ҷони худ андар роҳи Ҳақ таъоло фидо кардаам, то андар ғазо маро бикушанд». Гӯянд:
«Дурӯғ гӯӣ, барои он кардӣ, то гӯянд фулон мард мардона аст», бигиред вайро ва ба дӯзах баред; дигареро биёварданд ва гӯянд: «Чи тоат дорӣ?»
Гӯяд: «Ҳар чӣ доштам ба садақа додам». Гӯяд: «Дурӯғ гӯӣ барои он бикардӣ, то гӯянд фулон мард сахӣ аст», бигиред, вайро ба дӯзах баред; дигареро биёварданд ва гӯянд: «Чи тоат дорӣ?» Гӯяд: «Илму Қуръон биёмӯхтам ва ранҷи бисёр бурдам», гӯянд: «Дурӯғ гӯӣ барои он омӯхтӣ, то гӯянд фулон мард олим аст», бигиред вайро ва ба дӯзах баред. Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Аз уммати хеш аз ҳеч чиз чунон натарсам, ки аз ширки кеҳин», гуфтанд: «Он чист ё расулуллоҳ?» Гуфт: «Риё». Ва гуфтанд рӯзи қиёмат Ҳақ таъоло гӯяд: «Ё мароиён, наздики он касоне шавед, ки ибодат барои эшон кардед ва ҷазои худ талаб кунед». Ва гуфт: «Ба Ҳақ таъоло паноҳ кунем аз ҳуббулҳазан», яъне ғори андӯҳ. Гуфтанд: «Ё расулуллоҳ, ҳуббулҳазан чист?» Гуфт: «Водие аст андар дӯзах, сохта барои қуррои муроъӣ». Ва гуфт: «Ҳақ азза ва ҷалла ҳамегӯяд: ҳар кӣ ибодате кард ва дигареро бо ман ширкат дод, ман аз шарик бениёзам, ҷумла бад-он ҳамбоз1 додам». Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Худой напазирад кирдоре, ки андар вай як зарра риё бувад». Муоз ҳамегирист, Умар гуфт: «Чаро ҳамегирйӣ?» Гуфт: «Муроиро рӯзи қиёмат нидо кунанд ва овоз диҳанд: ё муроъӣ, ё нобакор, ё ғаддор, кирдорат зоеъ шуд ва муздат ботил шуд, бирав ва музди он кас талаб кун, ки кор барои вай кардаӣ».
Шаддод ибни Авс гӯяд, ки: расул алайҳиссаломро дидам, ки ҳамегирист, гуфтам: «Ё расулуллоҳ, чаро ҳамегирйӣ?» Гуфт: «Ҳаметарсам, ки уммати ман ширк оваранд: на он, ки бут парастанд ё моҳу офтоб, лекин ибодат ба рӯву риё кунанд». Ва гуфт: «Андар зилли арш — он рӯз, ки ҳеч зилл набошад — ҷуз он марде нахоҳад будан, ки ба дасти рост садақа бидод ва хост, ки аз дасти чап пинҳон дорад». Ва гуфт: «Чун Ҳақ таъоло заминро биёфарид, биларзид, кӯҳро биёфарид, то вайро фурӯ гирифт». Малоика гуфтанд: «Ҳеч чиз наёфарид Ҳақ таъоло, қавитар аз кӯҳ», пас оҳанро биёфарид, то кӯҳро бибурид, гуфтанд: «Оҳан қавитар аст», оташ биёфарид, то оҳанро бигудохт, пас обро биёфарид, то оташро бикушт, пас бодро бифармуд, то обро бар ҷой бидошт2, пас малоика хилоф кардан ва гуфтанд: «Бипурсем аз Ҳақ таъоло, ки чист аз офаридаҳои ту, ки ҳеч чиз аз он қавитар нест». Гуфт: «Одаме, ки садақа бидиҳад ба дасти рост, ки дасти чапи вай хабар надорад, ҳеч офарида қавитар аз вай нест ва наёфаридаам». Ва Муоз ҳамегӯяд, ки расул
1 Шарик, анбоз.
2 Яъне сард кард, то бар ҷои худ баста ва мунҷамид шуд.
алайҳиссалом гуфт, ки: ҳақ азза ва ҷалла ҳафт фаришта пеш аз офаридани осмонҳо биёфарид, пас аз он осмонҳо биёфарид ва ҳар якеро кард муваккал бар осмоне ва дарбонии он осмон ба вай дод, чун фариштагони замин, ки кирдори халқ нависанд ва онон ҳафазаанд1
—
амали банда, ки аз бомдод то шаб карда бошад, рафъ кунанд, то осмони аввал баранд ва бар тоати вай санои бисёр гӯянд ва чандон ибодат карда бошад, ки нури вай чун нури офтоб бувад, он фаришта, ки муваккал буд бар осмони аввал, гӯяд: ин тоат бибаред ва бар рӯи вай боззанед, ки ман нигоҳбони аҳли ғайбатам, маро Ҳақ таъоло фармудааст, ки ҳар кӣғайбат кунад магузор, ки амали вай бар ту бигузорад, пас амали дигаре рафъ кунанд, ки ғайбат накарда бошад, то ба осмони дуввум, он фаришта гӯяд:
бибаред ва бар вай боззанед, ки ин барои дунё кардааст ва андар маҷолис бар мардон фахр кардааст ва маро фармудаанд, ки амали вайро манъ кунам; пас амали дигаре рафъ кунанд, ки андар вай садақа бошад ва рӯза ва намоз ва ҳафаза аҷаб бимонда бошанд аз нури вай ва чун ба осмони сеюм расад, он фаришта гӯяд, ки: ман муваккалам ба кибр, ки ман амали мутакаббиронро манъ кунам ва вай бар мардумон такаббур кардӣ, пас амали дигаре рафъ кунанд, то ба осмони чаҳорум, он фаришта гӯяд, ки ман муваккали аҷабам ва амали вай аҷаб набудӣ, нагузорам, ки амали вай аз ман даргузарад, пас амали дигаре рафъ кунанд ва он амал чун арӯсе бувад, ки ба шавҳар таслим хоҳанд кард, то ба осмони панҷум баранд, он фаришта гӯяд, ки: он амал бар рӯи вай боззанед ва бар гардани вай ниҳед, ки ман муваккали ҳасадам, ҳар кӣ дар илму амал ба дараҷаи вай расидӣ, ӯро ҳасад кардӣ, пас амали дигаре рафъ кунанд ва ҳеч манъ набувад, то ба осмони шашум, он фаришта гӯяд, ки: ин амал бибареду бар рӯи вай боззанед, ки вай бар ҳеч кас, ки вайро балое ва ранҷе расидӣ, раҳмат накардӣ, балки шодӣ кардӣ ва ман фариштаи раҳматам, маро фармудаанд, то амали бераҳм манъ кунам, пас амали дигаре рафъ кунанд, ки нури вай чун нури офтоб бувад ва бонги он дар осмонҳо афтода бошад ва ҳеч кас манъ натавонад кард, чун ба осмони ҳафтум расад, он фаришта гӯяд: ин амал бар рӯи вай боззанед, ки вай бад-ин амал Худойро нахост, балки мақсуди вай ҳишмат буд наздики уламо ва ному бонг буд андар шаҳрҳо ва ҳар чӣ чунин бувад, риё бошад ва Худои таъоло амали муроъӣ напазирад, пас амали дигаре рафъ кунанд ва аз осмони ҳафтум баргузаронанд ва андар вай ҳамаи халқи некӯ бувад ва зикру тасбеҳ ва ҳама фариштагони осмон гувоҳӣ диҳанд, ки ин амал пок аст ва ба ихлос аст, Ҳақ таъоло гӯяд: шумо нигоҳбони амалед ва ман
1 Нигоҳбонон.
нигоҳбони дил, вай ин амал на барои ман кардааст ва андар дил нияти дигар дошт. Лаънати ман, ки Худоям бар вай бод, фариштагон ҳама лаънат гӯянд ва гӯянд лаънати ту ва лаънати мо бар вай бод ва осмонҳо гӯянд: лаънати мо бар вай бод, ҳафт осмон ва ҳар чӣ андар ҳафт осмон аст, бар вай лаънат кунанд. Ва амсоли ин андар риё бисёр омадааст.
Осор: Умар разийаллоҳу анҳу мардеро дид, сар дар пеш афканда яъне, ки ман порсоям. Гуфт: «Эй Худованди гардани каж рост боз кун, ки хушӯъ андар дил бувад, на андар гардан». Бӯимома якеро дид, ки дар масҷид ҳамегирист, андар суҷуд, гуфт: «Чун ту, кӣ будӣ, агар ин ки андар масҷид ҳамекунӣ, андар хона кардӣ?!» Алӣ разийаллоҳу анҳу гӯяд, ки: «Муроиро ду нишон аст: чун танҳо бувад, коҳил бувад ва чун мардумонро бинад, ба нишот бувад; ва чун бар вай сано гӯянд, андар амал афзояд ва чун накӯҳанд, камтар кунад». Яке Саъиди Мусайбро гуфт: «Яке, ки моле бидиҳад барои музди Ҳақ таъоло ва барои санои халқ, чӣ гӯӣ?» Гуфт:
«Ҳамехоҳад, ки Ҳақ таъоло вайро душман гирад?» Гуфт: «На». Гуфт: «Пас чун коре кунад, ҷуз барои Ҳақ таъоло набояд кард». Умар разийаллоҳу анҳу якеро ба дарра бизад, пас гуфт: «Биёву қассос кун ва маро боззан».
Гуфт: «Ба ту ва ба Худой бахшидам». Гуфт: «Ба коре наёяд ё ба ман бахш, то ҳаққи он бишиносам ё ба Худой бахш бе ширкат». Фузайл гӯяд: «Вақте бад-он чӣҳамекарданд, риё ҳамекарданд ва акнун бад-он чӣ намекунанд, риё мекунанд». Қатода гӯяд: «Чун банда риё кунад, Худои таъоло гӯяд бинигаред, ки бандаи ман маро чӣ гуна истеҳзо мекунад».
Пайдо кардани корҳо, ки бад-он риё кунанд Бидон, ки ҳақиқати риё он бувад, ки хештан ба порсоӣ фаро мардумон намояд ё хештан ба наздики халқ ороста кунад ва андар дили мардумон қабул гирад, то вайро ҳурмат доранд ва таъзим кунанд ва ба вай ба чашми некӯ нигаранд ва ин бад-он бувад, ки чизе, ки далели порсоӣ ва бузургӣ аст андар дин барояшон арза мекунад ва ҳаме фаро намояд; ва ин панҷҷинс аст:
Ҷинси аввал — сурати тан аст, чунон ки рӯй зард кунад, то пиндоранд, ки ба шаб нахусбад ва хештан низор ҳамекунад, то пиндоранд, ки муҷоҳадати азим кунад ва рӯӣ гирифта дорад, то пиндоранд, ки аз андӯҳи дин чунон аст ва мӯй ба шона накунад, то пиндоранд, ки худ фароғати он надорад ва аз худ ё дунё вирд ва сухан оҳиста гӯяд, то пиндоранд, ки андар дили вай виқори дин аст ва лаб ҳавосида1 дорад, то пиндоранд, ки
1 Лабе, ки аз ташнагӣ камхуну хушкида бошад.
рӯза дорад; ва чун ин ба сабаби пиндори мардумон кунанд, нафсро андар изҳори ин шурбу лаззат бувад ва бад-ин гуфт Исо алайҳиссалом: «Чун касе рӯза дорад бояд, ки мӯй ба шона кунад ва сурма андар чашм кашад ва лаб ба равған олуда кунад, то кас надонад, ки рӯзадор аст»; Ҷинси дуввум — риё бошад ба ҷома, чунон ки суф пӯшад ва ҷомаи дурушт ва кӯтоҳ ва шухгин ва дарида дорад, то пиндоранд, ки зоҳид аст ва ҷомаи кабуд ва саҷҷода ва мураққаъи сӯфиён, то пиндоранд, ки сӯфӣ аст, боз он, ки аз маънии сӯфиён бо вай чизе набошад ва ё изор ба сар дастор андар гирад1 ва ҷураби адим2 дорад, то пиндоранд, ки андар таҳорат муҳтот аст ва набошад ва ё дуроъа3 ва тайласон4 дорад, то пиндоранд, ки донишманд аст ва набошад. Ва муроиён андар ҷома ду гурӯҳ бошанд:
гурӯҳе, ки қабул наздики омиён ҷӯянд ва ҳамеша ҷомаи дарида ва кӯҳна пӯшанд ва агар касе эшонро илзом кунад, то ҷомаи тузӣ5 ва хаз, ки ҳалол бувад, андар пӯшанд аз ҷон кунад, нишони сахттар ояд, ки он гоҳ мардумон гӯянд аз зоҳидӣ пушаймон шуд ва гурӯҳе, ки қабул ҳам наздики авом ҷӯянд ва ҳам наздики султон ва ғайри эшон, касе, ки аз ин табақа бошад, агар ҷомаи кӯҳна пӯшад, андар чашми султон ҳақир намояд ва агар таҷаммул кунад, андар чашми авом ҳақир намояд, пас ҷаҳд кунад, то суфҳои борик ва фӯтаҳои6 банақш ба даст оварад, чунон ки ранги ҷомаи аҳли салоҳ бувад, то авом бад-он нигаранд ва қимати ҷома ба қимати ҷомаи тавонгарон бошад, то султонон ба ҳақорат нанигаранд ва агар якеро аз ин қавм гӯянд, ки ҷомаи хаз ва ё тузӣ андарпӯш, агарчи ба қимат камтар аз фӯтаи вай бошад, баробари сахтии ҷон кандан бувад бар вай ва дар ҷумла ҷомае, ки андарпӯшад, ки мардумон пиндоранд, ки вай пушаймон шуд аз зоҳидӣ, тоқати он надорад ва он аблаҳ чун андар хештан ҳамебинад, ки ҷомае, ки ҳалол бошад; ва аҳли дин он доштаанд, андар натавонад пӯшид, ин миқдор надонад, ки бад-ин халқро ҳамепарастад ва бошад, ки донад, валекин бок надорад!

пешина
аз 176
навбатӣ