Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

додӣ бо санои халқ? Ҳеч кас наздики ту аз Ҳақ таъоло хортар набувад, ки ризои ҳама биҷустӣ ва ба хати вай бок надоштӣ, чун оқил аз ин фазиҳат бияндешад, донад, ки санои халқ бад-ин қиём накунад хосса, ки бошад, ки он тоат, ки ҳамекунад, сабаб риҷҳони каффаи ҳасанот хоҳад буд, чун ба риё табоҳ гардад, сабаб руҷҳони каффаи саййиъот шавад: агар ин риё накардӣ, рафиқи анбиё ва авлиё хостӣ буд, акнун бад-ин риё андар дасти забония1 афтод ва рафиқи маҳҷурон шуд ва ин ҳама ба ризои халқ кард ва ризои халқҳаргиз худ ҳосил наёяд, ки то яке хушнуд шавад, дигаре нохушнуд гардад ва агар яке сано гӯяд, яке мазаммат кунад ва он гоҳ, агар ҳама сано гӯянд ба дасти эшон на рӯзии вай аст ва на умри вай ва на саодати дунё ва саодати охират, ҷаҳле тамом бувад, ки дили худ андар ҳол пароканда кунад ва андар хатари иқоб ва мақт афканад барои чунин ғараз ва амсоли ин бояд, ки бар дили худ тоза ҳамедорад. Ва аммо тамаъро бадон, ки гуфтаем андар китоби дӯстии мол илоҷ кунад ва бо хештан тақдир кунад, ки ин тамаъ вафо накунад ва агар кунад, бо мазаллат ва миннат бувад ва ризои Ҳақ таъоло фавт шавад ба нақд ва дилҳои халқ мусаххар нашавад, илло ба машияти Ҳақ таъоло, чун ризои Ҳақ таъоло ҳосил кунад, вай дилҳоро худ мусаххари вай гардонад. Ва чун ризои Ҳақ таъоло ҳосил накунад, фазиҳати вай ошкоро шавад ва дилҳо низ нуфур гардад ва аммо илоҷи мазаммат бад-он кунад, ки бо хештан гӯяд: агар ба наздики Ҳақ таъоло сутуда бувад накӯҳиши халқ вайро зиён надорад ва агар накӯҳида бувад, санои халқҳеч суд надорад ва агар роҳи ихлос гирад ва дил аз парокандагии халқ пок дорад ҳама дилҳоро Ҳақ таъоло ба дӯстии вай ороста кунад ва агар накунад худ зуд бувад, ки риё ва нифоқи вай бишиносанд ва он мазаммат, ки аз он ҳаметарсад, ба вай расад ва ризои Ҳақ таъоло фавт шавад ва чун дил ҳозир кунад ва як ҳиммат ва як андеша шавад андар ихлос ва аз мурооти дили халқ халосӣ ёбад, анвор ба дили вай пайваста шавад ва латоифу мадади иноят мутавотир шавад ва роҳи ҳаловат ва лаззати он бар вай кушода шавад; Аммо илоҷи амалӣ — он бувад, ки хайроту тоъоти хешро ҳамчунон пинҳон дорад, ки касе фавоҳиш ва маъосӣ пинҳон дорад, то одат кунад ба қаноат кардан андар тоат кардан ба илми Ҳақ таъоло ва ин андар ибтидо душвор бувад, валекин чун ҷаҳд кунад, бар вай осон шавад ва лаззати ихлосу муноҷот биёбад ва чунон шавад, ки агар халқ низ бинанд, вай худ аз халқғофил бошад.
Мақоми дуввум — таскини хотири риёст. Чун хотири риё падид ояд, агарчи ба муҷоҳидат чунон кард, ки тамаъ аз моли халқ ва аз санои халқ
1 Фариштагони азоб дар дӯзах.
бибурид ва ҳама андар чашми вай ҳақир шуд, валекин шайтон андар миёни ибодат хотираҳои риё андар пеш овардан гирад: аввал хотир он бувад, ки бидонад, ки касеро иттилоъ афтод ё умед он аст, ки иттило афтад; дуввум рағбате бошад, ки андар нафс падид ояд, ки бидонанд, ки вайро манзалате бувад наздики эшон; саввумқабули ин рағбат бувад, то азм кунад, ки таҳқиқ гардонад ва ҷаҳд бояд кард, то аввал хотирро дафъ кунад ва бигӯяд, ки иттилоъи халқ чӣ кунам, ки холиқ муталлеъ аст ва маро иттилоъи вай кифоят аст ва кори ман ба дасти халқ нест, агар хотири дуввум андар рағбати қабул биҷунбад, он чӣ аз пеш бар хештан тақдир кардааст, бо ёд оварад, ки қабули эшон бо радду мақти Ҳақ таъоло чи суд? То аз ин андеша кароҳияте падид ояд андар муқобилаи он рағбат, пас он шӯҳрат вайро ба қабули халқҳамехонад ва ин кароҳият вайро манъ ҳамекунад ва он ки ғолиби вай кароҳият бувад, нафс мутеъи вай гардад, пас андар муқобилаи он се хатар, се кори дигар бошад:
Яке маърифати он, ки дар лаънату сахати Ҳақ таъоло хоҳад буд, дуввум кароҳияте, ки аз ин маърифат таваллуд кунад, саввум бозистодан ва дафъ кардани хотири риёро ва бошад, ки шаҳвати риё чунон заҳмат кунад, ки андар дил ҷой намонад маърифат ва кароҳиятро ва фаро дидор наёяд, агарчи пеш аз он бисёр бар худ тақдир карда бошад ва чун чунин бувад, дасти шайтонро бувад ва ин ҳамчунон бувад, ки хештанро бар ҳалим рост биниҳад ва офати хашм бо хештан тақдир кунад, чун фаро он вақт расад чашм ғалаба гирад ва ҳама фаромӯш кунад ва бошад, ки маърифати хотир шавад ва бидонад, ки ҳама риёст, валекин чун шаҳват қавӣ бошад, кароҳият падид набошад ва бошад, ки кароҳият низ бувад, валекин бо он шаҳват барнаёяд ва дафъ натавонад кард ва ба қабули халқ майл кунад; ва бисёр олим бувад, ки сухан ҳамегӯяд ва ҳамедонад, ки ба риё ҳамегӯяд ва он хисрони вай аст ва тавба таъхир ҳамекунад. Пас, дафъи риё ба миқдори қуввати кароҳият бошад ва қуввати кароҳият ба миқдори қуввати маърифат бувад ва қуввати маърифат ба миқдори қуввати имон бувад ва мадади ин аз малоика бошад; ва риё ба миқдори қуввати шаҳвати дунё бошад ва мадади он аз шаётин шуда ва дили банда миёни ду лашкар мутанозеъ бувад ва вайро ба ҳар яке шубҳате аст, чун як шубҳа бар вай ғолибтар бувад, асар вайро қобилтар бувад ва майл ба вай беш кунад ва ин шубҳа аз пеш фаро гирифта бошад: ки банда пеш аз намоз бо хештан чунон карда бувад, ки ахлоқи малоика бар вай ғолибтар бошад, ё чунон ки ахлоқи шаётин бар вай ғолибтар бошад, пас андар миёни ибодат чун хотири риё андар расад, он падид омадан гирад ва тақдири азал варои ин ҳама вайро ҳаметозанд, то бад-он ҷо, ки насиби вай омадааст аз қисмати азалӣ аз ғалабаи шубҳаи малоика ё шубҳаи шаётин.
– ФАСЛ –
Роҳи аз байн бурдани васвасаи риё
Чун мутақозии шаҳвати риёро хилоф кардӣ ва ба дил онро кореҳ будӣ, агар андар табъи шаҳват васвасаи он бимонад, то бад-он маъхуз набошӣ:
ки он табъи одамӣ аст ва туро нафармудаанд, ки табъи хешро ботил кун, балки фармудаанд, ки вайро мағлуб ва мақҳур ва зери даст бикун, то туро андар ҳовия наяфканад, чун қудрати он ёфтӣ, ки он чӣ фармуд, накардӣ далел аст, ки вай мақҳур ва зери даст аст; ин кифоят бошад андар гузордани ҳақ таклиф ва кароҳияту мухолифати ту он шаҳватро каффорати он шаҳват аст, ба далели он, ки саҳоба расулро алайҳиссалом гуфтанд, ки: моро хотирҳо ҳаме андар ояд, ки агар моро аз осмон бияндозанд, бар мо осонтар бувад аз он ва мо онро кореҳем. Расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳон, ёфтед ин ҳол?» Гуфтанд: «Оре». Гуфт: «Он сареҳи имон аст ва он хотирҳо андар Ҳақ таъоло будааст ва сареҳи имон кароҳияти он аст на он, чун кароҳият онро каффорат мебуд», пас он чӣ ба васвоси халқ тааллуқ дорад, авлотар, ки ба кароҳияти маҳв афтад; аммо шайтон, ки касеро бинад, ки қуввати мухолифати нафс ёфт ва мухолифати шайтон андар васваса, шайтон вайро ҳасад кунад ва ба вай намояд, ки салоҳи вай андар он аст, ки ба муҷодила бо шайтон машғул бувад, андар ин васваса ва он дилмашғулӣ лаззати муноҷотро бибарад ва ин хатост ва ин чаҳор дараҷа бошад: яке он, ки ба муҷодила бо вай машғул бошад ва ин рӯзгор ба турд: дуввум — он, ки бар ин иқтисор кунад, ки вайро такзиб кунад ва дафъ кунад ва ба асари муноҷот шавад; саввум — он ба такзиб ва дафъ низ машғул нашавад, ки донад, ки он низ баъзе рӯзгор бибарад, ҳам ба вай илтифот накунад ва андар муноҷот ҳамеравад; чаҳорум —он, ки зиёдат ҷаҳде ва ҳирсе бар ихлос фаро пеш гирад, ки донад, ки шайтонро аз он хашм ояд ва ба вай худ илтифот накунад ва тамомтарин ин аст, ки шайтон чун аз вай ин бидонад, тамаъ аз вай бибарад. Ва мисли ин чун чаҳор кас бувад, ки ба талаби илм ҳамешаванд, ҳосиде андар роҳи эшон биистад ва якеро манъ ҳамекунад ва вай фармони ӯ набарад, валекин бо вай ба ҷанг истад ва рӯзгор бад-он ҳамебарад ва он дигарро манъ кунад, вай дафъ кунад ва ба хусумат бинаистад ва он саввум худ ба дафъ низ биистад, ҳамчунон меравад, то ҳеч рӯзгори вай нашавад ва он чаҳорумро манъ кунад ва ӯ худ ба вай илтифот накунад ва ҳамчунон меравад ва машғул нашавад; балки илтифот накунад ва ба шитоб рафтан гирад, ин ҳосид аз дуи аввал чизе аз муроди худ ҳосил кард ва аз саввум ҳеч мурод ҳосил накард ва аз чаҳорум бо он, ки мурод ҳосил накард, зиёдат чизе вайро ҳосил шуд ва агар аз ҳама пушаймон нашавад, аз манъи ин бозпасин пушаймон шавад ва гӯяд, кошкӣ накардаме. Пас, авлотар он бувад, ки андар васваса ва мунозираи он то тавонад, наовезад ва ба зудӣ бо сари муноҷот шавад.
Пайдо кардани рухсат андар изҳори тоат Бидон, ки андар пинҳон доштани тоат фоида он аст, ки аз риё халос ёбад ва андар изҳор фоидаи бузург аст ва он иқтидои халқ аст ба вай ва таҳрики рағбати халқ аст андар хайр ва барои ин аст, ки Ҳақ таъоло бар ҳар ду сано гуфтааст, ки: «Ин тубду-с-садақоти фаниъиммоҳи ва ин тухфуҳо ва тутуъҳо-л-фуқароа фаҳува хайрун лакум», гуфт: «Агар садақа ошкоро диҳӣ, некӯст ва агар пӯшида кунӣ, некӯтар». Ва як рӯз расул алайҳиссалом моле мехост, ансорие сурраи1 зар биёвард? Чун мардумон бидиданд, мол овардан гирифтанд, расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар кӣ суннате некӯ биниҳад, ки вайро бад-он мутобеат кунанд, вайро ҳам музди худ бувад ва ҳам музди мувофиқати дигарон». Ва ҳамчунин касе, ки ба ғазв хоҳад шуд ё ба ҳаҷ хоҳад шуд, бештар сози он бикунад ва берун ояд, то мардумон ҳарис шаванд ва ё чун ба шаб намоз кунад, овоз бардорад, то дигарон бедор шаванд. Пас, ҳақиқат он аст, ки агар аз риё эмин бувад ва изҳор сабаби иқтидо ва рағбати дигарон бошад ин фозилтар ва агар шаҳвати риё ҳаракат хоҳад кард, вайро рағбати дигарон суд надорад, пӯшида доштан авлотар, пас ҳар кӣ ибодат зоҳир хоҳад кард, бояд ки ҷое изҳор кунад, ки мумкин бувад, ки касе ба вай иқтидо кунад: ки касе бошад, ки аҳли вай ба вай иқтидо кунад ва аҳли бозор накунанд ва кас бошад, ки аҳли бозор кунанд ва аҳли вай накунанд ва дигар он, ки дили хешро муроқибат кунад: ки бештар он бошад, ки шаҳват андар ботин пӯшида бошад ва вайро ба узри иқтидои дигарон фаро изҳор кардан дорад, то ҳалок шавад ва мисли ин чун касе бошад, ки сабоҳат2 надонад ва ғарқа хоҳад шуд, дигареро низ даст гирад, то ҳар ду ҳалок шаванд ва мисли марди қавӣ чун касе бошад, ки устод бувад ва ба сабоҳати худ бираҳад ва дигаронро низ бигузоранд; ва ин дараҷаи анбиё ва авлиёст ва набояд, ки касе бад-он ғарра шавад ва ибодате, ки пинҳон тавон дошт, надорад ва аломати сидқ андар ин он бувад, ки тақдир кунад, ки агар
1 Киса, ҳамён.
2 Шино.
вайро гӯяд ту тоати хеш дор, то мардумон бад-он обиди дигар иқтидо кунанд ва музди ту ҳамчун музди изҳор бошад, агар андар хештан рағбате ёбад андар изҳор, он аст ки манзалати хеш ҳамеҷӯяд, на савоби охират.
Тариқи дигар андар изҳор он бувад, ки пас аз фароғ он тоат бигӯяд, ки чӣ кардаам ва аз ин низ нафсро лаззат ва шурб бошад ва бошад, ки зиёдат ҳикоят кунад ва аҷаб бошад, ки забон нигоҳ дорад ва изҳор накунад, то он гоҳ, ки мадҳ ва замми халқ наздики вай баробар бувад ва қабулу радди эшон яксон шавад ва он гоҳ чун донад, ки андар гуфтан таҳрики рағбат хайр аст андар дигарон бигӯяд ва чунин бисёр гуфтаанд бузургоне, ки аҳли қувват будаанд: Саъд ибни Муоз — разийаллоҳи ъанҳу — гуфт: «То мусулмон шудаам, ҳеч намоз накардаам, ки андар он нафси ман ҳадисе кардааст, ҷуз он ки бо вай гуфта ояд андар охират ва вай хоҳад гуфт андар ҷавоб ва ҳеч чиз нашунидаам аз расул алайҳиссалом, ки на яқин донистам, ки ҳақ аст». Ва Умар разийаллоҳу анҳу гуфт: «Бок надорам, ки бомдод бархезам, корҳо бар ман душвор бувад ё осон бувад, ки надонам хайри ман дар кадом аст»; ва Ибни Масъуд гуфт разийаллоҳу анҳу: «Ба ҳар ҳол, ки бомдод бархезам, орзу накунам, ки бар хилофи он бошад»; ва Усмон разийаллоҳу анҳу гуфт: «То байъат кардаам бо расул алайҳиссалом авратро ба дасти рост напармосидаам ва суруд нагуфтаам ва дурӯғ нагуфтаам». Бӯсуфён разийаллоҳу анҳу ба вақти марг гуфт: «Магирйед бар ман, ки то мусулмон шудаам, ҳеч гуноҳ накардаам». Ва Умар ибни Абдулазиз — раҳматуллоҳи алайҳи — гуфт: «Ҳеч қазо накард Худои азза ва ҷалла бар ман, ки хостаме, ки накардӣ ва ҳеч шодӣ намондааст маро, магар дар он чи Ҳақ таъоло тақдир карда бошад». Ва ин ҳама суханҳои аҳли қувват аст ва набояд, ки зуъафо бад-ин ғарра шаванд.

пешина
аз 176
навбатӣ