Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва бидон, ки Худои таъолоро андар корҳо таъбирҳост, ки касе бад-он роҳ надорад ва андар зери ҳар шарре хайрот аст, ки мо бад-он роҳ набарем ва андар риё бисёр хайрот аст халқро, агарчи ҳалок муроъӣ аст: ки бисёр кас ба риё корҳо кунанд, ки дигарон пиндоранд, ки ба ихлос ҳамекунанд ва бадэшон иқтидо кунанд. Ва ҳикоят кунанд, ки андар Басра бомдод чунон будӣ, ки ба ҳар гӯе, ки фурӯшандӣ овози Қуръон ва зикр шунидандӣ ва бад-он рағбат зиёдат ҳамешудӣ, пас яке китобе кард андар дақоиқи риё ва он ҳама даст бидоштанд ва рағбатҳо бад-он сабаб фотир1 шуд ва гуфтанд, ки кошкӣ ин китоб накардӣ! Пас, муроъӣ фидои дигарон бошад: ки вай ҳалок мешавад ва дигаронро ба ихлос ҳамехонад.
Пайдо кардани рухсат дар пинҳон доштани маъсият
1 Сусту заиф.
Бидон, ки зоҳир кардани ибодат бошад, ки риё бувад, аммо маъсият пинҳон доштан ба ҳама вақте раво бувад ба сабаби ҳафт узр:
Узри аввал — он, ки Худои таъоло фармудааст, ки фисқу маъсият пинҳон доред ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар кӣ чизе аз фавоҳиш бар вай биравад, бояд ки пардаи Ҳақ таъоло бар он нигоҳ дорад».
Узри дуввум — он, ки чун дар ин ҷаҳон пӯшида бимонад, башорате бувад, ки умеди он бошад, ки андар он ҷаҳон низ пӯшида бимонад.
Узри саввум — он, ки тарсад, ки аз маломати мардумон дили вай машғул шавад ва бар вай ибодат бишӯлида гардад ва дили вай пароканда гардад.
Узри чаҳорум — он, ки дил аз маломат ва мазаммат ранҷур шавад ва ин табъи одамӣ аст ва ранҷур будан аз маломат ва ҳазар кардан аз вай ҳаром нест ва баробар доштани мазаммату маҳмадат аз ниҳояти тавҳид аст ва ҳар кас бад-он нарасад, аммо тоат кардан аз бими мазаммат раво набувад, ки тоат бояд, ки ба ихлос бошад ва сабр кардан бар он, ки ҳамду сано набошад, осон бувад, аммо сабр кардан бар мазаммат душвор бувад.
Узри панҷум — он, ки тарсад, ки ба вай қасд кунанд ва вайро биранҷонанд ва шаръ бад-ин рухсат додааст, ки агар ҳад низ бар вай воҷиб бувад, пинҳон дорад ва тавба кунад, пас аз шарри дигар ҳазар кардан раво бошад; Узри шашум — он, ки шарм дорад аз мардумон ва шарм маҳмуд аст ва аз имон аст ва шарм дигар аст ва риё дигар.
Узри ҳафтум — он, ки тарсад, ки чун изҳор кунад фосиқон ба вай иқтидо кунанд ва дар маъсият кардан далер шаванд: чун бад-ин ниятҳо пӯшида дорад, маъзур бошад ва агар нияташ он бувад, то халқ пиндоранд, ки вай марде бо вараъ аст, ин риё бошад ва ҳаром бувад, аммо агар касе чунон бувад, ки зоҳир ва ботини вай баробар бувад, ин дараҷаи сиддиқон аст ва ин бад-он бошад, ки андар ботин ҳеч маъсият накунад, аммо чун карда бошад, агар гӯяд, ки ҳар чӣҳақ азза ҷалла медонад, гӯ халқ низ медон, ин аз ҷаҳл бувад ва нашояд, балки сирри Ҳақ таъоло доштан воҷиб бувад.
Пайдо кардани рухсати даст бидоштан аз хайрот аз бими рибо Бидон, ки тоат бар се дараҷа аст: яке он аст, ки ба халқ тааллуқ надорад, чун намозу рӯза, яке он аст, ки ба халқ тааллуқ дорад, чун хилофат ва қазо ва вилоят, яке он аст, ки ҳам дар халқ асар кунад ва ҳам андар омил чун ваъз ва тазкир.
Қисми аввал, ки ба ҳақ тааллуқ дорад, чун намозу рӯза ва ҳаҷ, нашояд даст бидоштан аз бими риё аслан, на фариза ва на суннат, валекин хотири риё, агар ибтидои ибодат андарояд ё андар миёна ҷаҳд кунад, то дафъ афтад ва нияти ибодат тоза кунад ва ба сабаби дидори халқ андар ибодат наяфзояд ва накоҳад, магар ҷое, ки нияти ибодати худ ҳеч намонад ва ҳама риё бувад, он гоҳ ин худ ибодат набувад, аммо то асли ният ҳамемонад, нашояд, ки ибодат даст бидорад. Фузайл мегӯяд: риё бошад, ки аз ибодат даст бидорад аз бими назари халқ, аммо чун ибодат кунад барои халқ он ширк бувад ва бад-он, ки шайтон он хоҳад, ки ту ибодат накунӣ ва чун оҷиз ояд, туро гӯяд: мардумон ҳаменакарданд ва ин риёст на тоат, то ба талбис туро аз итоат боздорад, агар бад-ин илтифот кунӣ ва бигурезӣ ва ба масал андар зери замин шавӣ, ҳам ин бигӯяд, ки:
мардумон ҳамедонанд, ки бигурехтаӣ ва зоҳид шудаӣ ва ин на зӯҳд аст, ки ин риёст, пас тариқ он бошад, ки бо вай гӯӣ дил бо халқ доштан ва ба тарки тоат бигуфтан ба сабаби эшон ҳам риёст, балки дидан ва нодидани халқ баробар аст, ҳамон одат, ки доштаам, ҳамекунам ва ангорам, ки халқ намебинанд, чи даст бидоштан аз бими халқ чунон бувад, ки касе гандум ба ғуломи худ диҳад, ки пок кун, вай бинакунад ва гӯяд тарсидам, ки агар пок кардаме софӣ натавонистаме кардан, гӯянд эй аблаҳ, акнун асли даст бидоштӣ ва дар ин низ ҳам пок кардан ҳосил наёмад. Пас, бандаро ба ихлос фармудаанд, чун аз амал даст бидорад, аз ихлос даст бидошта бувад, ки ихлос андар амал бувад. Аммо он чӣ аз Иброҳими Нахаъӣҳикоят кардаанд, ки: Қуръон ҳамехондӣ, чун касе даршудӣ мусҳаф фароҳам кардӣ ва гуфтӣ набояд, ки бибинанд, ки мо ҳамвора Қуръон мехонем, ин аз он буда бошад, ки дониста бошад, ки чун касе андар ояд, сухан бояд гуфт ва аз Қуръон хондан даст бибояд дошт, пас пӯшида доштан авлотар дида бошад. Ҳасани Басрӣҳамегӯяд, ки касе будӣ, ки чун ӯро гиристан фурӯ омадӣ, бипӯшидӣ, то мардумон вайро нашиносанд ва ин раво бувад, ки гиристани зоҳир бар нигоҳ доштани гиристан андар ботин фазилате надорад, ки на ибодате бошад, ки даст бидошта бувад ва мегӯяд, ки: касе будӣ, ки хостӣ, ки чизе аз роҳ баргирад1 ва барнагирифтӣ, то вайро ба порсоӣ нашиносанд ва ин ҳикояти ҳоли заифе бошад, ки бар хештан тарсида бошад, ки халқ вайро бидонанд ва ибодатҳо бар вай бишӯлида шавад, аммо аз ин ҳазар кардан аз бими шаҳват на нек бошад, балки бибояд кард ва риёро дафъ кард; магар касе, ки заиф бошад ва
1 Мақсуд санг ё соири чизҳоест, ки дар раҳгузар асбоби заҳмати мардумро фароҳам месозад.
салоҳи худ андар он донад ва ин сифат нуқсон бувад.
Қисми дуввум — он бувад, ки ба халқ дорад чун қазо ва вилоят ва хилофат ва ин аз ибодати бузург аст, чун ба адл ороста бувад ва чун бе адл бувад, аз маъосии бузург аст, ҳар кӣ бар хештан эмин набувад, ки адл тавонад кард бар вай ҳаром бошад қабул кардан: ки офат андар ин азим аст, на чун намозу рӯза ва садақа, ки андар он лаззате нест, ки лаззати ин андар он бувад, ки мардумон бибинанд, аммо вилоят ронданро, ки лаззате азим аст ва нафс андар вай парварда шавад, касеро шояд, ки худ имон бувад. Аммо агар касе хештанро озмуда бошад, пеш аз вилоят ва амонат барзида1 бувад андар корҳо, валекин тарсад, ки чун ба вилоят расад, мутағаййир шавад, аз бими азл мудоҳанат кунад андар ин хилоф аст. Гурӯҳе гуфтаанд: қабул кунад, ки ин гумоне беш нест, чун хештан озмудааст эътимод бар он бошад ва дурусттар ба наздики мо он аст, ки набошад қабул кардан, ки нафс он гоҳ, ки ваъда диҳад, ки ба инсоф хоҳад буд, бошад, ки ин ишва бувад ва чун ба вилоят расад, бигардад ва чун аз пеш тараддуд ҳаменамояд, ғолиб он бувад, ки бигардад, ҳазар авлотар бувад ва вилоят ҷуз кори аҳли қувват набошад. Ва Абӯбакр разийаллоҳу анҳу фаро Рофеъ гуфт, ки: ҳаргиз вилоят қабул макун ва агар ҳама бар ду кас бувад; пас чун Сиддиқ вилояти хилофат қабул кард, Рофеъ гуфт: «На маро наҳй кардӣ ва акнун худ қабул кардӣ?!» Гуфт: «Туро ҳанӯз наҳй мекунам ва лаънати Худой бар он бод, ки адл накунад». Ва масали эътирози заиф чунон бувад, ки марде фарзанди худро манъ кунад аз он, ки ба канори об шавад ва худ миёни об шавад, ки сабоҳат донад, пас агар кӯдак низ ҳамон кунад, ҳалок гардад ва ҳар гоҳ, ки султон золим бувад, андар қазо адл натавонад кард ва мудоҳанат лозим ояд, нашояд қазо қабул кардан ва на ҳеч вилояти дигар ва агар қабул кунад, бими азл узр набувад андар мудоҳанат, балки адл бояд кард, то азл кунанд, ба азл шод бояд буд, агар вилоят барои Ҳақ таъоло мекунад.
Қисми саввум — ваъз ва фатво ва тадрис ва ривояти ҳадис ва андар ин низ лаззати азим бувад ва риё бад-ин бештар аз он роҳ ёбад, ки намозу рӯза ва ин ба вилоят наздик аст ва ин миқдор фарқ аст, ки тазаккур ва ваъз ва ахбор, чунон ки шунавандаро суд дорад, гӯяндаро низ суд дорад ва бадин даъват кунад ва аз риё боздорад ва вилоят чунин набошад, пас агар касеро дар ин риё пеш ояд, дар даст бидоштан аз ин назар аст ва гурӯҳе низ аз ин бигурехтаанд: бештари саҳоба, ки аз эшон фатво пурсидандӣ, бо дигаре ҳаволат кардандӣ ва Бушри Ҳофӣ чандин қамтара ҳадис зери хок кард ва гуфт: «Шаҳвати муҳаддисе мебинам дар худ, агар надидаме, ривоят
1 Варзида.
кардаме». Ва чунин гуфтаанд салаф, ки: ҳадди сано бобе аст аз бобҳои дунё ва ҳар кӣ гӯяд ҳадди сано гӯяд, ки маро дар пешгоҳ нишонад. Ва яке аз Умар разийаллоҳу анҳу дастуре хост, то бомдодон мардумонро панд диҳад, ӯро манъ кард ва гуфт: «Тарсам, ки бод андар хештан афканӣ, ки Бушри порсӣ». Иброҳими Тимӣҳамегӯяд: чун шаҳвати сухан байни сухан магӯ ва хомӯш бош ва чун шаҳвати хомӯшӣ бинӣ, сухан гӯй, пас ихтиёр наздики мо он аст андар ин, ки муҳаддис ва музаккир андар дили худ назар кунад: агар ҳеч нияти тоати Ҳақ таъоло ба гуфтор дар дили хеш мебинад бо хотири риё ба ҳам, даст бинадорад ва ҳамегӯяд ва ин ният дуруст андар дили худ тарбият ҳамекунад, то қавитар ҳамешавад ва ҳукм ин ҳукми намоз аст ва навофил бувад, ки ба хотири риё даст бинадорад, агар асли нияте ҳамеёбад, ба хилофи вилоят, ки чун омехта шуд андешаи гурехтан аз он авлотар бошад, ки нияти ботил зуд ғолиб шавад ва барои ин бувад, ки Бӯҳанифа — раҳматуллоҳи алайҳи — аз вилоят бигурехт ва қазо ба вай ҳамедоданд. Гуфт: «Ман инро нашоям». Гуфтанд: «Чаро?» Гуфт:
«Агар рост ҳамегӯям, ки нашоям худ нашоям ва агар дурӯғҳамегӯям, дурӯғзан қазоро ҳам нашояд ва вай аз таълим ва таъаллум нагурехт ва даст бинадошт». Аммо агар дар дил ҳеч нияти тоат ва ибодат наёбад ва боиси вай ҳама риё ва талаби ҷоҳ аст, бар вай фариза бувад, даст бидоштан, аммо чун аз мо пурсанд, ки чи кунем, нигоҳ кунем: агар андар сухани вай халқро фоидае набувад, чун касе, ки тазкири вай аз ҷинси томот ва саҷъ ва нукат ва суханҳо бувад, ки халқро ба ваъдаи раҳмат бар маъсият далер кунад ё таълими вай барои ҷадал ва хилоф ва мунозира бошад, ки тухми ҳасад ва мубоҳот андар дил бирӯёнад, вайро аз он манъ кунам, чи манъи вай хайре бузург аст андар ҳаққи вай ва андар ҳаққи мардумон ва аммо агар сухани вай нофеъ бувад халқро ва бар қоидаи шаръ бувад ва мардумон вайро мухлис шиносанд ва таълими вай андар улуми динӣ нофеъ бувад, вайро рухсат надиҳем, ки даст бидорад: барои он ки андар эърози вай хисрони дигарон аст ва эшон бисёранд ва андар гуфтани вай хисрони вай беш нест ва моро наҷоти сад тан бузургтар аз наҷоти як тан, пас вайро фидои дигарон кунем, ки расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Худои таъоло ин динро нусрат кунад ба қавме, ки эшонро аз он ҳеч насибе набувад ва ин мурод аз он қавм бошад, боре беш аз ин наяфзоем, ки гӯем даст бимадор ва ҷаҳд кун, то аз риё дур бошӣ ва нияти дуруст бикунӣ ва аз ваъзи хештан бештар ту панд пазирӣ ва аз Ҳақ таъоло битарсӣ, он гоҳ дигаронро тарсонӣ».

пешина
аз 176
навбатӣ