Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

— дасти вай чунон шуд, ки низ наҷунбид. Бидон, ки қиссаи иблис, ки бо ту гуфтаанд, на барои афсона гуфтаанд, валекин бад-он гуфтаанд, ки то бидонӣ, ки офати кибр то куҷо бошад, ки иблис кибр овард ва гуфт: «Ано хайрун минҳу халақтани мин норин ва халақтаҳу мин тини»1 ва кибр вайро бад-он кашид, ки бар фармони Ҳақ таъоло тараффуъ кард ва суҷуд накард, то малъуни абад шуд.
Пайдо кардани асбоби кибр ва илоҷи он Бидон, ки ҳар кӣ такаббур кунад аз он кунад, ки худро сифате донад, ки дигаронро аз он нест ва он сифати камол бувад; ва онро ҳафт сабаб аст:
Сабаби аввал — андар кибр илм аст: ки олим чун хештан ба камол ороста бинад, дигаронро дар ҳаққи худ чун баҳоим бинад ва ин бар вай ғолиб шавад ва асари ин он бувад, ки аз мардумон муроот ва хидмат ва таъзим ва тақдим дорад, агар накунанд, аҷаб дорад ва агар вай бад-эшон нигарад ё ба даъвати касе шавад, миннате донад ба наздики вай ва аз илми хештан миннате бар халқ ниҳад ва андар ҳадиси охират худро аз эшон беҳтар донад ба назди Ҳақ таъоло ва кори хеш умедвортар бинад ва бар эшон битарсад ва гӯяд ҳама ӯро худ ба дуои ман ва иршоди ман ҳоҷот аст ва аз дӯзах ба ман халос хоҳанд ёфт ва бад-ин сабаб гуфт расул алайҳиссалом: «Офату-л-уламои-л-хуйалоъа» — офати уламо бузургхештанӣ аст. Бошад, ки хатари кори охират вайро маълум кунад, борикии сироти мустақим бишиносад, мо ва ҳар кӣ он ба ҳақиқат шинохт, чунин касро ҷоҳил гуфтан авлотар аз он, ки олим; ки илми ҳақиқӣ он бошад, ки хатари кори охират вайро маълум ва борикии сироти мустақим бишиносад ва ҳар кӣ он шинохт, хештанро ҳамеша аз кибр дур бинад ва муқассир донад ва аз хатари оқибати кори хеш ва аз ҳароси он, ки илм бар вай ҳуҷб хоҳад буд, такаббур напардозад, чунон ки гуфт Абӯддардо — разийаллоҳу анҳу, ки: «Ба ҳар илме, ки зиёдат шуд, дарде зиёдат шуд».
Аммо он касоне, ки илм ҳамеомӯзанд ва кибри эшон зиёдат ҳамешавад, аз ду ваҷҳ аст. Яке он, ки илми ҳақиқӣ илми дин аст, наёмӯзанд ва он илме аст, ки бад-он худро бишиносанд ва аз ин илм дард афзояд ва шикастагӣ
1 Ман беҳтар аз ваям: маро аз оташ овардаӣ ӯро аз гил.
на такаббур; аммо чун илми тиб ва ҳисоб ва нуҷум ва наҳв ва луғат ва илми ҷадал ва хилоф омӯзанд, аз ин ҷуз такаббур наяфзояд: ва қарибтарин ва азизтарин илме илми фатовӣ бувад: чи он илми ислоҳи халқи дунёст, пас он илми дунёст, агарчи динро дар он ҳоҷат бувад, аз он хавф нахезад, балки чун бар он муҷаррад биистад ва дигар илм нахонад, дил торик шавад ва кибр ғолиб гардад ва лайса-л-хабару ка-л-муъоинаҳу1 назора кун андар ин қавм, ки чӣ гунаанд. Ва ҳамчунин илми тайёроти музаккирон ва саҷъ ва томоти эшон ва талаби суханҳо, ки халқро ба наъра оварад ва нуктаҳо, ки бад-он андар мазоҳиб таассуб кунанд, то авом пиндоранд, ки он аз роҳи дин аст; ин ҳама тухми кибру ҳасад ва адоват андар дилҳо бикорад ва дард ва шикастагӣ наяфзояд: ки боди батар ва фахр афзояд. Ва дигар ваҷҳон аст, ки бошад, ки касе илми нофеъ хонад, чун тафсири Қуръон ва ахбор ва сирати салаф ва аз ин ҷинс улум, ки дар ин китоб ва дар китоби «Эҳё»
биёвардаем: ва ҳам мутакаббир шавад — ва сабаб он бувад, ки ботини вай андар асл хабис афтодааст ва ахлоқи бад дорад ва ҳиммати вай аз хондани илм ва гуфтан дар нагузашта бувад, то бад-он таҳаммул кунад на барзидани илм — пас чун доруе, ки андар меъда афтад, пеш аз эҳтимо2 ба сифати хилти меъда гардад — ва чун обе, ки аз осмон биёяд, як сифат бувад ва ба ҳар наботе, ки ҳамерасад, сифати вайро ҳамеафзояд, агар ба талх расад, талхтар шавад ва агар ба ширин расад, ширинтар шавад. Ибни Аббос разийаллоҳу анҳу ривоят мекунад аз расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки қавме бошанд, ки Қуръон хонанд ва аз ҳанҷараи эшон баргузаранд ва гӯянд кист, ки Қуръон чун мо хонад ва кӣ донад он, ки мо донем? Он гоҳ бо асҳоб нигарист ва гуфт: «Эшон аз шумо бошанд ё аз уммати ман, эшон ҳама алафи дӯзах бошанд». Ва Умар разийаллоҳу анҳу гӯяд: «Аз ҷабборон уламо мебошед ва он гоҳ илми шумо ба ҷаҳли шумо вафо накунад». Ва Худои таъоло расулро алайҳиссалом ба тавозӯъ фармуд ва гуфт: «Ва ахфиз ҷаноҳака лиманит-табаъака мина-л-мӯъминина»3 ва бад-ин сабаб бувад, ки саҳоба бар хештан ҳаросон буданд аз кибр: то Ҳазифа як бор имомӣ кард, пас гуфт: «Имоми дигар талаб кунед, ки андар дили ман ҳамеояд, ки ман аз шумо беҳтарам». Ва ҳар гаҳ, ки эшон аз хаёли кибр тарсанд, дигарон чаро натарсанд ва чун раҳанд? Чунин олим куҷо ёбанд андар ин рӯзгор, балки азиз бошад олиме, ки бидонад, ки ин сифати мазмум аст ва аз вай ҳазар ҳамебояд кард, ки бештари халқ андар ин ғофил буванд ва низ ба такаббури хеш фахр кунанд ва гӯянд: мо фулонро
1 Шунидан кай бувад монанди дидан.
2 Парҳез, чиз нахурдан.
3 Нисбат ба мӯъминоне, ки пайравии ту мекунад, фурӯтанӣ кун.
ба кас надорем ва вазн наниҳем ва андар вай нанигарем ва амсоли ин. Пас, агар касеро аз ин маънӣ огоҳӣ бувад, сахт азиз бувад ва дидори вай ибодат бувад ва ҳама касро ба вай табаррук бояд кард. Ва агар на он астӣ, ки андар хабар аст, ки: «Рӯзгоре бибояд, ки ҳар кӣ даҳяки муомилати шумо бикунад, наҷот ёбад», бими навмедӣ будӣ, валекин андаке андар ин рӯзгор бисёр аст: чи андар дин ёвар намондааст ва ҳақоиқи дин мундарис шудааст ва ҳар кӣ роҳ равад, бештар он бувад, ки танҳо равад ва ёр надорад ва ранҷи вай музоаф шавад, пас бояд ки бо вай кифоят кунад бад-ин.
Сабаби дуввум — андар кибри зӯҳд ва ибодат аст, ки обид ва зоҳид ва суфӣ холӣ набошад аз кибр ва дигаронро ба хидмат ва зиёрати хеш авлотар бинад ва миннате бар мардумон ҳамениҳад аз ибодати хеш ва бошад, ки пиндорад, ки дигарон ҳалок шуданд ва вай омурзида аст ва бошад, ки касе вайро биранҷонад ва вайро офате бирасад, бар каромоти хеш ниҳад ва чунон пиндорад, ки барои вай аст.
Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯяд, ки: «Ҳар кӣ мардумон ҳама ҳалок шудаанд, ҳалоки вай шуда бошад», яъне ба чашми ҳақорат бар мардумон нигарад ва гуфт: «Гуноҳе тамом бошад, ки касе бародари мусулмонро ҳақир бинад»: ва тафовут миёни вай ва миёни касе, ки ба вай табаррук мекунад ва вайро беҳтар аз хеш донад ва барои Худой вайро дӯст дорад, бисёр бувад. Ва ҳар кӣ худро беҳтар аз дигарон донад, бими он бувад, ки дараҷаи вай Худой бо эшон диҳад ва вайро аз баракати ибодати хеш маҳрум кунад, чунон ки дар бани Исроил марде буд, ки аз вай обидтар набуд ва дигаре буд, ки аз вай фосиқтар набуд, ин обид нишаста буд ва пораи меғ бар сари вай истод, он фосиқ гуфт: «Биравам ва бо вай бинишинам. Бошад, ки Худои таъоло ба баракоти вай бар ман раҳмат кунад, чун биёмад ва бинишаст, обид бо худ гуфт, ки ин кист, ки дар бари ман бинишаст ва аз вай нобакортар кас нест ва аз ман обидтар кас нест, пас гуфт: «Бархезу бирав». Ва фосиқ бирафт ва меғ бо вай ба ҳам бирафт, пас ваҳй биёмад бар расули он рӯзгор, ки бигӯй, то ҳар ду корро аз сар гиранд: ки ҳар чӣ фосиқ карда, бад-он имони некӯи вай афв кардем ва ҳар чӣ обид карда буд, бад-он кибри вай ҳабта кардем. Ва яке пой бар гардани обиде ниҳод. Ӯ гуфт: «Баргир, ки Худой бар ту раҳмат накунад».
Ваҳй омад ба пайғамбари он вақт, ки вайро бигӯй, ки: эй он, ки бар ман савганд таҳким мекунӣ, ки вайро наёмурзам, балки туро наёмурзам ва ғолиб он бувад, ки ҳар кӣ обидро биранҷонад пиндорад, ки Худой раҳмат бар вай нахоҳад кард ва бошад, ки гӯяд, ки зуд бошад, ки бубинад ҷазои ин ва чун офате ба вай расад, гӯяд дидӣ, ки бо вай чи рафт, яъне ки ин аз каромоти ман буд; ва ин аҳмақ надонад, ки бисёр куффор расулро алайҳиссалом биранҷониданд, ки Худои таъоло аз эшон интиқом накард ва баъзеро мусулмонӣ рӯзӣ кард, пиндорад, ки вай гиромитар аст аз пайғамбар аз барои вай интиқом хоҳанд кард ва обидони ҷоҳил чунин пиндоранд ва зиракон чунон бошанд, ки ҳар чӣ ба халқ расад, аз бало пиндоранд, ки аз шумии гуноҳ ва тақсири эшон будааст, чун Умар разийаллоҳу анҳу бо он сидқу ихлосе ки дошт, аз Ҳазифа мепурсид, ки бар ман аз нишони нифоқ чи бинӣ, рост бигӯй ва маяндеш. Пас, мӯъмин роҳи тақво меравад ва метарсад ва обиди аблаҳ ба зоҳир амалӣ мекунад ва дил ба палидии кибру пиндор олуда ва аз он натарсад. Ва ба ҳақиқат ҳар кӣқатъ кард, ки вай аз дигаре беҳтар аст, ибодати худ бад-ин ҷаҳл ҳабта кард, ки ҳеч маъсият аз ҷаҳл азимтар нест. Ва як рӯз саҳоба бар марде сано бисёр гуфтанд, ба иттифоқ соате ин мард фаро расид он ҷо, гуфтанд: ё расулуллоҳ, он марди нек, ки ҳамегуфтем ин аст. Расул алайҳиссалом гуфт: «Андар вай нишони нифоқ мебинем». Аҷаб бимонданд ҳама, чун наздик расид, расул гуфт: «Ба Худой бар ту, ки рост бигӯй ҳеч андар хотири ту ҳамеояд, ки ҳеч кас андар ин қавм беҳтар аз ту нест?» Гуфт: «Ояд». Пас, расул алайҳиссалом ин хабис дар ботини вай бар рӯи вай бидид ба нури нубувват ва инро нифоқ хонд. Ва ин офате азим аст, уламо ва ибодро, валекин эшон андар ин бар се табақаанд:
Табақаи аввал — он бувад, ки дил аз ин холӣ натавон кард, лекин ба муҷоҳада тавозӯъ ҳамекунад ва феъли касе ҳамегӯяд, ки вайро аз худ беҳтар донад, то ҳеч бар муомилат ва забони вай пайдо наёяд: ин мард дарахти кибр аз ботин қалъ натавонад кард, аммо шохҳои вай ҷумла бизанад.
Табақаи дуввум — он, ки забон нигоҳ дорад ва изҳор накунад ва гӯяд хештанро аз ҳама кас вопастар донам, валекин андар муомилат ва афъоли вай чизҳо пайдо ояд, ки нишони кибр бошад аз ботин: чунон ки ҳар куҷо, ки бувад, садр ҷӯяд ва андар пеш равад ва он, ки олим бошад, сар бар як сӯ ниҳад, чунон ки нанг ҳамедорад аз мардумон ва он, ки обид бувад, рӯй турш дорад, ки гӯӣ бо мардумон ба хашм аст ва ин ҳар ду аблаҳ надонанд, ки илму амал на андар сар кашидан бувад ва на андар туршрӯӣ, балки андар дил бувад ва партави нури он бар зоҳир ҳама шафқат ва тавозӯъ ва кушодагӣ бошад, ки расул алайҳиссалом олимтарин ва муттақитарини ҳама халқ бувад ва ҳеч кас мутавозеътар ва кушодарӯйтар аз вай набувад, андар ҳеч кас нанигаристӣ магар ба ханда ва кушодагӣ ва бо вай хитоб ҳамеомад, ки: «Ва ахфиз ҷаноҳака». Ва ҳамегуфт: «Фа ҳозо раҳматин миналлоҳи линта лаҳум ...ал-ойа — аз раҳмати Ҳақ таъоло бар ту он бувад, ки бо ҳама кушода ва мушфиқу нарм будӣ, то аз ту ҳама нуфур нашуданд».
Табақаи саввум — он, ки бар забон низ изҳор ва тафохур ва мубоҳот кунанд ва бар худ сано гӯянд ва аҳвол ва каромот даъво кунанд: обид гӯяд фулон кист ва ибодати вай чист? Ва ман ҳамеша ба рӯза бошам ва шаб бедор бошам ва ҳама рӯз хатм кунам ва ҳеч кас қасди ман накунад, ки на ҳалок шавад ва фулон маро биранҷонд ва дид он чи дид ва мол ва фарзанди вай ҳалок шуд ва бошад, ки ин набард кунад, то агар қавмеро бинад, ки намоз шаб мекунад, вай ҷаҳд кунад, то эшон аҷз оваранд ва агар рӯза доранд, вай муддате гурусна бинишинад ва аммо олим гӯяд, ки ман чандин навъ илм донам, фулон чӣ донад ва устоди вай кӣ будааст? Ва агар мунозира кунад, андар он кӯшад, то хасмро асир орад ва агар ҳама ба ботил бувад ва шабу рӯз андар он бошад, то иборате ва саҷъе ғариб ёд гирад, то андар маҳофил бигӯяд ва бад-он хештанро андар пеши дигарон афканад, ки луғати ғариб ва алфози ахбор ёд гирад, то бар дигарон зиёдат оварад ва нуқсони эшон фаро намояд. Ва он кадом обид ва олим бошад, ки аз чунин маъонӣ холӣ бошад андак ё бисёр, пас чун ин ҳама бинад ва ҳамешунавад, ки расул алайҳиссалом ҳамегӯяд, ки: «Ҳар кӣ дар дил миқдори як ҳабба кибр аст, биҳишт бар вай ҳаром аст». Вайро ҷуз дарду бим ва андӯҳ наяфзояд ва ба такаббур напардозад ва дониста бошад, ки Худой ҳамегӯяд: «Туро назди мо қадре аст, агар наздики хеш беқадрӣ ва агар худро қадре мешиносӣ, наздики мо беқадрӣ». Ва ҳар кӣ аз ҳақоиқи дин ин фаҳм накунад, вайро ҷоҳил гуфтан авлотар аз он, ки олим.

пешина
аз 176
навбатӣ