Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Сабаби саввум — кибр ба насаб бошад: то гурӯҳе, ки алавӣ бошанд ё хоҷазода бошанд, пиндоранд, ки мардумон ҳама мавло ва ғуломи эшонанд, агарчи порсо бошанд. Ва ағлаби ин кибр андар ботини эшон бошад, агарчи изҳор накунанд ва амсоли ин. Абӯзар разийаллоҳу анҳу гуфт: «Бо яке ҷанг кардам ва гуфтам: ё ибну-с-савдои — ё сиёҳбача». Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Берун машав, ки ҳеч сафедбачаро бар сиёҳбача фазле нест». Абӯзар гуфт: «Бихуфтам ва он мардро гуфтам пой бар гардану рӯи ман неҳ бад-ин сухан, ки гуфтам бо ту, нигоҳ кун, ки чун вайро маълум шуд, ки ин кибр аст, чи тавозӯъ кард, то он кибрро бишиканад?!» Ва ду мард ба наздики расул алайҳиссалом тафохур карданд, яке гуфт: «Писари фулон ибни фулон, ту кистӣ?» Расул алайҳиссалом гуфт эшонро, ки: «Ду кас андар пеши Мӯсо алайҳиссалом фахр карданд, яке гуфт, ки: ман писари фулон ибни фулон ва то нӯҳ падар баршумурд аз меҳтарон». Ба Мӯсо алайҳиссалом ваҳй омад, ки: «Ӯро бигӯ, ки ҳар нӯҳ андар дӯзаханд ва ту даҳуми эшон!» Ва расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Касоне, ки андар дӯзах ангишт1 шудаанд, фахр бад-эшон даст бидоред, агар на хортар бошед аз гавзаре2, ки наҷосати одамӣ бинад, ҳамебӯяд ва ҳамечашад».
Сабаби чаҳорум — кибр бувад ба ҷамол ва ин миёни занон бештар равад: чунон ки Оиша занеро гуфт, ки: кӯтоҳ аст. Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт, ки: «Ғайбат кардӣ ва ин кибр бувад ба болои хеш, агар кӯтоҳ будӣ, ин нагуфтӣ».
Сабаби панҷум — кибр ба тавонгарӣ бошад, ки гӯяд: молу неъмати ман чунин аст ва ту киӣ, эй муфлис ва агар хоҳам чун ту чандин ғулом бихарам ва амсоли ин ва қиссаи он ду бародар, ки дар сураи Каҳф аст, ки гуфт: «Ано аъазза минка молан ва валадан» аз ин ҷумла аст.
Сабаби шашум —такаббур бошад ба қувват бар аҳли заиф, чунон ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд, ки: «Қувват на он аст, ки касе дигареро бияфканад, қувват он аст, ки нафсу ҳаворо қаҳр кунад».
Сабаби ҳафтум — такаббур ба табаъ ва шогирду ғулом ва чокару мурид ва дар ҷумла ҳар чӣ касе онро неъмат шиносад ва бад-он фахр орад, он кибр бувад ва чизҳо ҳаст, ки агарчи неъмат набошад ҳам фахр кунанд, то муханнас низ ба асбоби муханнасӣ бо дигар муханнасон фахр оварад.
Ин аст асбоби такаббур; аммо сабаб он, ки зоҳир гардад, адоват бувад ва ҳасад: ки ҳар гаҳ одаме вайро душман дорад, хоҳад, ки бар вай такаббур ва фахр кунад; ва бошад, ки сабаби риё бувад: ки андар пеши мардумон такаббур кардан гирад, то ба чашми некӯ ба вай нигаранд ё бо касе мунозира кунад, ки донад, вай фозилтар аст ва андар ботин муттавозеъ бошад, валекин ба зоҳир такаббур кунад, то мардумон надонанд. Акнун чун ин асбоб бидонистӣ, илоҷ бибояд шинохт, ки илоҷи ҳар иллате ботил кардани сабаби вай бошад.
Пайдо кардан илоҷи кибр
Бидон, ки ҳар иллате қадри як ҳабба аз вай роҳи саодат бибандад ва аз биҳишт маҳҷуб кунад, илоҷи он фарзи айн бувад ва ҳеч кас аз ин беморӣ холӣ нест. Ва илоҷи он ду навъ аст: яке бар ҷумла ва дигар бар тафсил.
(Илоҷ бар ҷумла)
Аммо илоҷ бар ҷумла мураккаб аст аз маъҷуни илму амал:
1 Ангишт бо касри гоф зуғол аст.
2 Ҷонваре аст.
Аммо илмӣ — он аст, ки Ҳақ таъолоро бишиносад, то бидонад, ки кибриё ва азамат ҷуз вайро насазад ва худро бишиносад, то бидонад, ки аз вай ҳақиртар ва хортар ва залилтар ва нокастар ҳеч чиз нест ва ин мусаҳҳале бувад, ки беху моддати иллат аз ботин биканад, агар касе ба тамомӣ ин бидонад, ӯро як ояти Қуръон кифоят бувад, ин ки гуфт:
«Қутила-л-инсону мо акфараҳу, мин аййу шайъин халақаҳу фақаддараҳу, сумма-с-сабили йасарраҳу, сумма амотаҳу фа ақбараҳу сумма изо шоъа аншараҳу»1. Ҳақ таъоло вайро қудрати хеш таъриф кард ва аввалу охир ва миёнаи кори вай бо вай бигуфт: Аммо аввал он, ки гуфт: «Мин аййу шайъин халақаҳу?» Бояд ки бидонад, ки ҳеч чиз ночизтар аз вай нест ва набошад ва вай нест бувад, ки вайро на ном бувад на нишон, андар катми адам бувад андар азал, илло азал то ба вақти офариниш, чунон ки гуфт:
«Ҳал ато ъала-л-инсони ҳинун мина-д-даҳри лам йакун шайъан мазкуран»2. Пас Ҳақ таъоло хокро биёфарид, ки аз вай хортар нест, нутфа ва алақа, ки пораи об аст ва хун аст, биёфарид ва аз вай палидтар ҳеч нест ва вайро аз нест ҳаст кард ва асли вай обу хоки залил ва хуни палид сохт ва пораи гӯшт буд, на самъу на басар ва на нутқу на қувват ва на ҳаракат, балки ҷамоде буд аз худ бехабар, то ба чизи дигар чи расад, пас вайро самъу басар ва завқу нутқ ва қуввату қудрат ва пову чашм ва ҷумлаи аъзо биёфарид, чунон ки ҳамебинад, ки аз ин ҳеч чиз на андар хок ва на андар нутфа ва на андар хун. Андар вай чандин аҷоибот ва бадоеъ биёфарид, то ҷалол ва азамати Офаридгор бад-он бишиносад на бад-он такаббур кунад, ки на аз ҷиҳати худ овардааст, то бад-он такаббур кунад, чунон ки гуфт: «Ва мин ойоти ан халақакум мин туробин сумма изоҳамтун башарун танташируна»3 аввали кори вай ин аст, нигоҳ кун, то ҷои кибр аст ё ҷои он, ки аз худ нанг дорад. Ва аммо миёнаи кори вай он аст, ки вайро андар ин олам овард ва муддате бидошт ва ин қувватҳо ва ин андомҳо ба вай дод, агар кори вай ба дасти вай кардӣ ва вайро бениёз кардӣ, раво будӣ, ки андар ғалат афтодӣ, ки касе аст, ин низ накард, балки гуруснагиву ташнагӣ ва сармову гармо ва дарду ранҷ ва сад ҳазор балои мухталиф бар вай муаллақ биёвехт, то андар ҳеч соат бар хештан эмин набувад, ки бошад, ки бимирад ё кар гардад ва кӯр шавад ва девона шавад ё бемор ё афгор шавад ё аз гуруснагиву ташнагӣҳалок шавад ва манфиати вай дар доруҳои талх кард, то агар суд кунад, дарҳол ранҷур
1 Кушта бод инсон, ки чи носипос аст: аз чӣ чиз ӯро офарид! Ӯро аз нутфа офарид ва роҳро барои ӯ ҳамвор сохт, Пас ӯро меронд ва дар гӯр кард ва ҳар гоҳ, ки бихоҳад ӯро бармеангезад.
2 Муддате аз рӯзгор бувад, ки дар он аз одамӣ ному нишоне набуд.
3 Ва аз оёти ӯ яке ин аст, ки шуморо аз хок офарид, то мардуме шудед ва дар ҷаҳон пароканда гаштед.
шавад ва зиёни вай андар чизҳои хуш ниҳод, то агар лаззате ёбад, ранҷи он бозкашад ва ҳеч чиз аз кори вай ба дасти вай накард: то он чи хоҳад, ки бидонад ва он, ки хоҳад, ки фаромӯш кунад натавонад ва он чӣ хоҳад, ки наяндешад, бар дили вай ғалаба ҳамегирад ва он чӣ ки хоҳад, ки бияндешад, дили вай аз он ҳамегурезад ва бо ин ҳама аҷоиби сунъу ҷамол ва камол, ки вайро биёфарид, чунон оҷизаш гардонанд, ки аз вай мудбиртар1 ва нокастар ва дармондатар ҳеч чиз набошад.
Ва аммо охири кори вай он аст, ки бимирад, на самъ монаду на басар ва на қувват ва на ҷамол ва на тан ва на аъзо, мурдоре ганда шавад, ки ҳама аз вай бинӣ фаро гиранд ва наҷосате шавад андар шиками кирму ҳашароти замин, он гоҳ ба охир хоке шавад хор ва залил ва агар бад-ин бимондӣ, суд кардӣ ва бо чаҳорпоён баробар будӣ, ин давлат низ наёфт, балки вайро ҳашр кунанд ва андар қиёмат андар мақоми ҳайбат бидоранд: осмонҳо бинад шикофта ва ситорагн фурӯ резида ва офтобу моҳтоб гирифта ва кӯҳҳо чун пашм ғунда2 шуда ва замин ба дил гардонида ва забония каманд ҳамеандозанд ва дӯзах ҳамеғуррад ва малоика саҳифаҳо андар даст як як ҳамениҳанд, то ҳар чӣ андар ҳама умр карда бошанд аз фазоеҳ ва расвоиҳо, ҳамебинанд ва як як ҳамехонанд ва ташвир ҳамехӯранд ва ҳамегӯянд: биё ҷавоб деҳ, то чаро гуфтӣ ва чаро хӯрдӣ ва чаро нишастӣ ва чаро хостӣ ва чаро нигаристӣ ва чаро андешидӣ? Пас, агар ва-л-ъиёзу биллоҳу аз ин берун натавонад омад, вайро ба дӯзах андозанд ва гӯяд кошкӣ ман хуке будаме ё саге ё хоке, ки ин ҳама аз ин ҳол растаанд, касе, ки мумкин аст, ки ҳоли вай аз ҳоли сагу хук батар бошад, вайро чи ҷои такаббур бувад ва чи маҳали фахр бувад, ки агар ҳама дарҳои осмону замин навҳаи мусибати идбори вай кунанд ва маншури фазоеҳ ва расвоиҳои вай хонанд, ҳанӯз муқассир бошад ва ҳаргиз дидӣ, ки подшоҳе якеро ба ҷинояте бигирифт ва андар зиндон кард ва андар хатари он буд, ки вайро бар дор кунанд ва наколе гардонанд ва вай андар зиндон ба тафохур ва кибр машғул шавад? Ва ҳама халқи дунё андар зиндони Подшоҳи оламанд ва ҷиноят бисёр доранд ва оқибат намешиносанд, чӣҷои кибру фахр бувад бо чунин ҳол!
ҳар кӣ худро чунин бишинохт, ин маърифат мусаҳҳали вай бошад, ки бехи кибр ба куллият аз ботини вай биканад ва ҳеч касро аз худ нокастар набинад, балки хоҳад, ки хоке будӣ, ё мурғе будӣ, ё ҷамоде будӣ ва андар ин хатар набудӣ.
Аммо амалӣ — он аст, ки роҳи мутавозеъон гирад андар ҳама аҳвол ва
1 Бадбахт.
2 Пашмзарра ва ҳаллоҷишуда.
афъол: чунон ки расул алайҳиссалом нон бар замин хӯрдӣ ва такя назадӣ ва гуфтӣ: «Ман бандаам, чунон нишинам ва чунон хӯрам, ки бандагон хӯранд». Ва Сулаймонро гуфтанд: ҷомаи некӯ андар пӯш. Гуфт: «Бандаам, агар рӯзе озод шавам, андар охират аз ҷомаи нав андар намонам». Ва бидон, ки яке аз асрори намоз тавозӯъ аст, ки ба рукӯъ ва суҷуд ҳосил ояд:
ки рӯе, ки азиз аст, бар хок ниҳанд, ки залилтар аст, то кибр бияфканад ва дар араб чунон буд, ки пушт хам надодандӣ; пас ин саҷда қаҳре азим аст бар эшон ва бояд, ки ҳар чӣ кибр фармояд, хилофи он кунад ва кибр бар сурат ва бар забон ва бар чашм ва бар пушт ва бар ҷома ва бар ҳама ҳаракот ва сакинот пайдо ояд, бояд ки ҳама аз хештан дур кунад ба такаллуф, то табъ гардад. Ва осори кибр бисёр аст: яке он, ки хоҳад, ки танҳо фаро наравад, то касе бо вай набошад, бояд ки аз ин ҳазар кунад.
Ҳасани Басрӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — ҳар кӣ бо вай рафтӣ, бинагузоштӣ, гуфтӣ: «Дил бо ин бар ҷой бинамонад». Ва Бӯзар ҳамегӯяд:
«Чандон ки бо ту бештар ҳамераванд, ту аз Худои таъоло дуртар ҳамешавӣ». Ва расул алайҳиссалом андар миёни қавм рафтӣ, гоҳ будӣ, ки эшонро дар пеш карда. Ва дигар он, ки хоҳад, ки мардумон дар пеши вай биистанд ва аз баҳри вай бар пой хезад ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам кароҳият доштӣ, ки касе пеши вай бар пой хостӣ. Ва амирулмӯъминин Алӣ — карамаллоҳу ваҷҳаҳу — мегӯяд: «Ҳар кӣ хоҳад, ки дӯзахиро бинад, гӯ андар марде нигар нишаста ва дигаре бар пой истода пеши вай». Ва Суфёни Саврӣ ба Макка расид, Иброҳими Адҳам вайро бихонд, ки биё, то моро ҳикоят кунӣ, Суфён биёмад, Иброҳими Адҳам гуфт: «Хостам, ки боз намоям тавозӯъи вайро». Ва дигар он, ки нахоҳад, ки дарвеше пеши вай бинишинад ва расул алайҳиссалом даст ба дарвеше додӣ ва то дарвеш даст бинадоштӣ, вай ҳамчунон мебудӣ ва ҳар кӣ бемору афгор будӣ, ки дигарон аз вай ҳазар кардандӣ, бо вай нон хӯрдӣ, дигар он, ки дар хонаи худ кор накунад ва расул алайҳиссалом кор бикардӣ. Ва Умари Абдулазиз меҳмоне дошт, чароғҳамебимурд, меҳмон гуфт: «Равған биёварам?» Гуфт: «На, ки хидмат фармудан меҳмонро аз мурувват нест». Гуфт: «Ғуломро бедор кунам?» Гуфт: «На, ки пешин хоб аст, ки бихуфтааст». Пас худ бархост ва дабба биёвард ва равған андар кард, меҳмон гуфт: «Худ биёвардӣ, ё амирулмӯъминин?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё