Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ибни Масъуд разийаллоҳу анҳу ҳамегӯяд: «Ҳалоки мард андар ду чиз аст:
уҷб ва навмедӣ». Ва аз ин сабаб гуфтаанд, ки: навмед андар талаб суст бувад ва муаҷҷаб1ҳамчунин, ки пиндорад, ки худ бе ниёз аст аз талаб. Ва Матраф гӯяд: «Ҳама шаб бихусбам ва бомдод шикаста ва тарсон бархезам, дӯсттар дорам аз он, ки ҳама шаб намоз кунам ва бомдод такаббур ва уҷб кунам». Ва Бушр ибни Мансур як рӯз намози бомдод дароз ҳамекард, яке ба тааҷҷуб андар ибодати вай нигарист, чун салом боздод, гуфт: «Ё ҷавонмард, тааҷҷуб макун, ки иблис муддатҳои дароз ибодат ҳамекард ва хотимати вай донӣ ки чӣ буд».
Ва бидон, ки аз уҷб офатҳо таваллуд кунад: яке кибр бувад, ки худро аз дигарон беҳтар донад ва дигар он, ки гуноҳони худро ба ёд наоварад ва он чӣ бо ёд оварад ба тадоруки он машғул нашавад ва пиндорад, ки худ омурзидааст ва андар ибодат шукргӯй набошад ва пиндорад, ки худ аз он бениёз аст ва офати ибодати худ бинадонад ва талаб накунад ва пиндорад, ки худ бе офат аст ва ҳарос аз дили вай бишавад ва аз макри Ҳақ таъоло эмин бувад ва хештанро ба назди Ҳақ таъоло маҳалле шиносад ба ибодате, ки он худ неъмати Ҳақ таъоло — аст бар вай ва бар хештан сано гӯяд ва тазкит кунад. Ва чун ба илми хеш маъҷуб бувад, аз касе суол накунад ва агар бо вай ба хилофи рои вай чизе гӯяд, нашунавад ва ноқис монад ва насиҳати кас нашунавад.
Ҳақиқати уҷб ва идлол
Бидон, ки ҳар киро Ҳақ таъоло неъмате дод чун илм ва тавфиқи ибодат ва ғайри он ва аз заволи он ҳаросон бувад ва ҳаметарсад, ки аз вай бозситонанд, ин маъҷуб набувад ва агар тарсон набошад ва бад-он шод бувад аз он ваҷҳ, ки неъмат ва атияти Ҳақ таъоло аст, на аз он ваҷҳ, ки сифати вай аст, ҳам маъҷуб набошад, аммо агар шод бад-он бувад, ки сифати вай аст ва аз он ғофил монад, ки ин неъмати Ҳақ таъоло аст ва аз ҳароси он холӣ бувад, ин шодӣ бад-ин сифат уҷб бошад ва агар боз он ба ҳам худро ҳаққе донад бар Худои таъоло ва ин ибодати хеш хидмате писандида донад, инро идлол2 гӯянд, ки худро доллате3ҳамедонад ва чун касеро чизе диҳад ва он азим бувад андар дили вай маъҷуб бувад ва агар бо он ба ҳам аз вай хидмат ва мукофот биюсад, идлол ин бувад. Ва расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Намози касе, ки бад-он доллат кунад, аз сари вай
1 Касе, ки вайро уҷбу пиндор аст.
2 Ба хидмат ва кори хеш фахр кардан ва нозидан.
3 Долат — дастовез ва василаи ноз.
барнагузарад». Ва гуфт: «Агар ҳамехандӣ ва ба тақсири хеш муққирӣ, беҳтар аз он, ки ҳамегирйӣ ва он коре донӣ».
Пайдо кардани илоҷи уҷб
Бидон, ки уҷб беморӣ аст, ки иллати он ҷаҳли маҳз аст ва илоҷи он маърифати маҳз аст, пас касе, ки шабу рӯз андар илму ибодат аст гӯем, ки: уҷби ту аз он аст, ки ин бар ту ҳамеравад ва ту роҳгузари онӣ ё он, ки аз ту дар вуҷуд меояд ва қуввати ту ҳосил мешавад? Агар аз он аст, ки дар ту меравад ва ту роҳгузари онӣ, роҳгузареро уҷб нарасад, ки роҳгузари мусаххаре бошад ва кор ба вай набувад ва вай андар миёна, ки бувад? Ва агар гӯӣ ман ҳамекунам ва ба қуввату қудрати ман аст, ҳеч донӣ, то ин қуввату қудрат ва иродату аъзо, ки ин амал бад-он бувад, аз куҷо овардӣ?
Агар гӯи ба хости ман буд ин амал, гӯем ин хостро ва ин доъияро кӣ офарид ва кӣ мусаллат кард бар ту ва кӣ силсилаи қаҳр андар гардани ту афканд ва фаро кор дошт, ки ҳар киро доъия бар вай мусаллат карданд, вайро муваккале фиристоданд, ки хилофи он натавонад кард ва доъия на аз вай аст, ки вайро ба қаҳр фаро кор дорад, пас ҳама неъмати Худованд аст ва уҷби ту ба хештан аз ҷаҳл аст, ки ба ту ҳеч чиз нест, бояд ки тааҷҷуби ту ба фазли Ҳақ таъоло бувад, ки бисёр халқро ғофил гардонад ва доъияи эшон ба корҳои бад сарф кард ва туро аз инояти хеш истихлос фиристод ва доъияро бар ту мусаллат кард ва туро ба силсилаи қаҳр ба ҳазрати иззати худ ҳамебарад ва агар подшоҳе андар ғуломони худ назар кунад ва аз миёни ҳама якеро хилъат диҳад бе сабабе ва хидмате, ки аз пеш карда буд, бояд ки тааҷҷуби вай аз фазли малик бувад, ки бе истеҳқоқ вайро тахсис кард на ба худ, пас агар гӯяд: малик ҳаким аст, то андар ман сифати истеҳқоқ надидӣ, он хилъати хос ба ман нафиристодӣ, гӯянд ту сифати истеҳқоқ аз куҷо овардӣ? Агар ҳама аз атои малик аст, пас туро ҷои уҷб нест; ва ҳамчунон бувад, ки малик туро асбе диҳад, уҷб наёвардӣ ва он гоҳғуломе диҳад уҷб овардӣ ва гӯи маро ғуломе дод, ки асб доштам ва дигарон надоштанд ва чун асб низ вай дода бошад, ҷои уҷб набувад, балки чунон бувад, ки ҳар ду ба як бор ба ту диҳад. Ҳамчунин агар гӯӣ: маро тавфиқи ибодат аз он додааст, к-аз вайро дӯст доштам, гӯянд ин дӯстӣ андар дили ту кӣ афканд? Агар гӯӣ дӯст аз он доштам, ки бишинохтам вайро ва ҷамоли вай биёфтам, гӯянд ин маърифат ва ин дидор кӣ дод? Пас, чун ҳама аз вай аст, бояд ки уҷби ту ба худ набувад, ба ҷуд ва фазли вай бувад, ки ин сифот дар ту биёфарид ва доъия ва қудрат ва иродат биёфарид, аммо ту дар миён ҳеч кас наӣ ва ба ту ҳеч чиз нест, ҷуз он ки роҳгузари қудрати Ҳақ таъолоиву бас.
– ФАСЛ –
(Суолу ҷавоб)
Суол: агар касе гӯяд, ки: чун ман намекунам ва ҳама вай мекунад, савоб аз куҷо биюсам ва биёбам ва бад-ин шак нест, ки моро савоб аз эъмоли мо диҳанд, ки ба ихтиёр бувад.
Ҷавобиҳақиқӣ он аст, ки: ту роҳгузари қудративу бас ва ту ҳеч кас наӣ «Ва мо рамайта израмайта ва локинналлоҳа рамо». Он чи кардӣ на ту кардӣ, ки вай кард, валекин чун ҳаракат пас аз илм ва қудрату иродат офарид, пиндоштӣ, ки ту кардӣ ва сирри ин дақиқ аст ва фаҳм накунӣ ва бошад, ки андар китоби «Таваккул ва тавҳид» бад-ин ишорате равад; аммо акнун бар ҳадди фаҳми ту маро чизе гуфта ояд, мусомеҳат карда гир ва чунон гир, ки амали ту ба қудрати туст, валекин амали ту бе қудрату иродат ва илм мумкин нест, пас калиди амали ту ин ҳар се аст ва ин ҳар се атияти Ҳақ таъоло аст. Пас, агар хазинае бошад маҳкам ва андар вай неъмати бисёр бувад ва ту аз он оҷиз, ки калид ту надорӣ, хозин калид ба ту диҳад, фаро кунӣ ва аз он неъматҳо чизе баргирӣ, пас ҳаволати ин неъматҳо бо он кас кунӣ, ки калид ба ту дод ё бо он ки ба даст фаро гирифтӣ? Бояд бидонӣ, ки чун калид ба дасти ту доданд, ба даст фаро гирифтанро бас қадре набошад, қадр онро бувад, ки калид ба ту дод ва неъмат аз ҷиҳати вай бувад, пас ҳама асбоби қудрати ту, ки калиди аъмол аст, ато аз Ҳақ таъоло аст, пас тааҷҷуб аз фазли вай кун, ки калиди хазинаи тоат ба ту дод ва аз ҳама фосиқон манъ кард ва калиди маъсият ба дасти дигарон дод ва дари хазоини тоат бар эшон бибаст, бе он ки аз эшон ҷинояте бувад, балки ба адли худ кард, бе он ки аз ту хидмате бувад, балки ба фазли хеш кард; пас ҳар кӣҳақиқати тавҳид бишинохт, ҳаргиз вайро уҷб набувад ва уҷб он, ки оқили дарвеш тааҷҷуб кунад, ки ҷоҳилро моле диҳад ва гӯяд ман оқилам чаро маро маҳрум кард ва ин қадр нашиносад, ки ақл беҳтарин неъматҳост ва он низ вай додааст, агар ҳар ду ба вай додӣ ва он дигарро аз ҳар ду маҳрум кардӣ, ба адл наздик набудӣ ва бошад, ки ин оқил, ки шикоят мекунад, агар гӯянд ақли хеш бо моли вай бадал кун, накунад ва зане некӯ дарвешзани зиштеро бинад бо пирояи бисёр, гӯяд ин чи ҳикмат аст, ки неъмат ба зиште диҳад, ки бар вай назебад? Ва ин миқдор надонад, ки он, ки ба вай додааст, беҳтар аст ва агар ҳар ду ба вай додӣ ба адл наздиктар набудӣ ва ин чунон бувад, ки подшоҳе якеро асбе диҳад ва дигареро ғуломе, тааҷҷуб кунад, ки асб ман дорам, чаро ғулом ба дигаре медиҳад? Ин аз ҷаҳл аст. Ва аз ин бувад, ки Довуд алайҳиссалом як бор гуфт: «Бор Худоё, ҳеч шаб наёяд, ки на яке аз оли Довуд то рӯз намоз кунад ва ҳеч рӯз наёяд, ки на яке рӯза дорад».
Ваҳй омад, ки эшонро аз куҷо ояд, агар тавфиқи ман набувад? Акнун туро як лаҳза ба худ боз гузорам, чун ба вай бозгузошт, он хато бирафт, ки андар ҳама умр ҳасрат ва надомати он бувад. Ва Айюб алайҳиссалом гуфт: «Бор Худоё, ин ҳама бало бар ман рехтӣ ва як зарра ҳавои хеш бар муроди ту ихтиёр накардам». Меғе ногоҳ падид омад ва аз он мунодӣ шунид ба даҳҳазор овоз, ки он сабри ту аз куҷо омад? Чун бидонист пораи хокистар бар сар кард ва гуфт: «Бор Худоё, аз фазли ту буд ва тавба кардам». Ва Ҳақ таъоло ҳамегӯяд: «Ва лав ло фазлуллоҳи ъалайкум ва раҳматуҳу мо зако минкум мин аҳадин абадан ав локинналлоҳа йузакки ман йашоъу — агар на фазли мо будӣ, ҳеч касро ба покии худ роҳ надодаме, то ба кори дигар расад». Ва расул алайҳиссалом аз ин гуфт, ки:
«Ҳеч кас ба амали хеш ба наҷот нарасид». Гуфтанд: «Ва на ту?» Гуфт: «Ва на ман, илло ба раҳмати Ҳақ таъоло». Ва аз ин бувад, ки бузургони саҳоба ҳамегуфтанд: кошкӣ мо хоке будеме ва ё худ набудеме. Пас, касе ки ин бишиносад, вай худ ба уҷб напардозад.
– ФАСЛ –
(Аҷаб ба қудрату ҷамол ва насаб ҳамоқати маҳз аст) Бидон, ки гурӯҳеро ҷаҳл ба ҷое бошад, ки уҷб оваранд ба чизе, ки он бадэшон нест ва ба қудрати эшон тааллуқ надорад, чун қудрату ҷамол ва насаб ва ин ҷаҳл аст ҳар чӣ тамомтар чи агар олиму обид гӯяд, ки илм ман ҳосил кардам ва ибодат ман кардам, хаёли ӯро ҷой ҳаст, аммо ин дигар худ ҳамоқати маҳз аст. Ва кас бувад, ки уҷб ба насаби золимон ва салотин кунад ва агар эшонро бинадидӣ, ки дар дӯзах ба чи сифат бошанд ва андар қиёмат, ки хасмон бар эшон чӣ истихфоф кунанд, аз эшон нанг дорандӣ, балки ҳеч насаб шарифтар аз насаби расул алайҳиссалом нест ва уҷб бадон ботил аст ва уҷби гурӯҳе бад-он ҷо расад, ки пиндоранд, ки эшонро худ маъсият зиён надорад ва нахоҳад дошт ва ҳар чӣ хоҳанд, ҳамекунанд ва ин миқдор надонанд, ки чун хилофи ҷад ва падари худ кунанд, насаби худ аз эшон қатъ карда бошанд; ва эшон шараф дар тақво ва дар тавозӯъ донистанд, на дар насаб ва ҳам аз насаби эшон касоне буданд, ки сагони дӯзах буванд ва расул алайҳиссалом манъ кард аз фахри насаб ва гуфт:
«Ҳама аз Одаманд ва Одам аз хок». Ва чун Билол бо он ки намоз кард, бузургони Қурайш гуфтанд: ин ғуломи сиёҳро чи маҳал бувад, ки ин вайро мусаллам бувад? Ин оят биёмад, ки: «Инна акрамакум ъиндаллоҳи атқокум»1 ва чун ин оят фурӯ омад, ки: «Ва анзир ъаширатака-лақрабайна»2. Фотимаро разийаллоҳу анҳо гуфт: «Ё духтари Муҳаммад, тадбири худ кун, ки фардо ман туро суд надорам ва Сафяро, ки аммаи вай буд, гуфт: ё аммаи Муҳаммад, ба кор машғул шав, ки ман туро даст нагирам ва агар хешонро қаробати вай кифоят будӣ, боистӣ, ки Фотимаро аз ранҷи тақво бираҳонидӣ, то хуш ҳамезистӣ ва ҳар ду ҷаҳон вайро мебудӣ». Аммо андар ҷумла қаробатро зиёдат умеде аст ба шафоати вай, валекин бошад, ки гуноҳ чунон бувад, ки шафоат бувад, ки шафоат напазирад: ва на ҳама гуноҳе шафоат пазирад, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт:
«Ва ло йашфаъуна илло лиман артазо»3 ва фарох рафтанд бар умеди шафоат ҳамчунон бувад, ки бемор эҳтимол накунад ва ҳар чиз ҳамехӯрад бар эътимоди он, ки падарам табиб устоде аст! Ӯро гӯянд беморе бошад, ки чунон гардад, ки илоҷ напазирад ва устодии табиб суд надорад, бояд ки мизоҷ чунон бувад, ки табиб онро илоҷ тавонад кард ва на ҳар кӣ ба наздики мулук маҳалле дорад, ҳама гуноҳро шафоат тавонад кард, балки касе, ки малик вайро душман дорад, шафоати ҳеч кас напазирад ва ҳеч гуноҳе набувад, ки натавонад буд, ки сабаби мақт бошад, ки Худои таъоло сахати хеш андар маъсият пӯшида бикардааст, бошад, ки он чи камтар донӣ сабаби мақти он бувад, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Ва таҳсабунаҳу ҳаййинан ва ҳува ъиндаллоҳи ъазимун — шумо осон ҳамегиред ва ба наздики Худои таъоло бузург аст». Ва ҳама мусулмонро низ умеди шафоати ҳарос барнахезад ва бо ҳарос уҷб фароҳам наёяд, «Валлоҳу аълам ва аҳкаму».

пешина
аз 176
навбатӣ