Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Гуфт: «Оре, бишудам Умар будам ва бозомадам ҳамон Умарам». Дигар он, киҳавоиҷ баргирад, ки бо сарой барад ва расул алайҳиссалом чизе баргирифта буд ва ҳамебурд, яке хост, ки аз вай фаро ситонад, нагузошт ва гуфт: «Худованди коло ба-ин авлотар». Ва Бӯҳурайра ҳезум бар пушт ниҳода буд, ҳамешуд андар бозор ва ҳамегуфт: «Амирро роҳ диҳед андар он вақт, ки амир бувад». Умар разийаллоҳу анҳу андар бозор ҳамешуд, гӯшт андар дасти чап даровехта буд ва дарра андар дасти рост. Дигар он, ки берун нашавад, то ҷома ба таҷаммул набувад. Умарро разийаллоҳу анҳу диданд андар бозор ва чаҳордаҳ пора бари изори вай дӯхта баъзе аз адим. Ва амирулмӯъминин Алӣ разийаллоҳу анҳу ҷомаи мусаххар дошт, бо вай итоб карданд, гуфт дил бад-ин хошеъ шавад ва дигарон иқтидо кунанд ва дарвешонро фаро дили хеш бувад. Товус ҳамегӯяд: «Чун ҷома бишӯям, дили худро бознаёбам ба чанд рӯз то шӯхгин шавад, яъне руъунате ва кибре ёбам андар дили хеш». Умари Абдулазизро пеш аз хилофат ҷомае харидандӣ ба ҳазор дирам, гуфтӣ: «Сахт некӯст, валекин нармтар аз ин мебоист». Ва пас аз хилофат ҷомае харидандӣ ба панҷ дирам, гуфтӣ: «Некӯст, валекин аз ин дурушттар мебоист». Пас аз вай суол карданд, ки ин чист? Гуфт: «Худои таъоло маро нафсе додааст чашанда ва ёзанда1, ҳар чӣ бичашад, ба дараҷаи дигар ёзад варои он, то акнун, ки хилофат ёфт, варои ин ҳеч мартаба нест, акнун ба подшоҳии абадӣ меёзад ва он талаб ҳамекунад». Ва гумон мабар, ки ҷомаи некӯҳама аз такаббур бувад: ки кас бошад, ки некӯӣ андар ҳама чиз дӯст дорад ва нишони он бувад, ки андар хилват низ дӯст дорад ва кас бошад, ки такаббур ба ҷомаи кӯҳна кунад, ки хештанро ба зоҳиде фаро намояд. Исо алайҳиссалом гуфт: «Чист, ки ҷомаи раҳбонон пӯшидаед ва ботинҳо ба сурати гург кардед, ҷомаи мулук андар пӯшед ва дил аз бими Худои таъоло нарм гардонед». Умар разийаллоҳу анҳу ба Шом расид ва ҷомаи халақ дошт. Гуфтанд: «Ин ҷо душманонанд, агар ҷомаи некӯтар пӯшӣ, чӣ бошад?» Гуфт: «Худои таъоло моро ба ислом азиз кардаст, андар ҳеч чизи дигар изз талаб накунем».
Ва андар ҷумла ҳар ки хоҳад, ки тавозӯъ биёмӯзад, сирати пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бибояд донист ва ба вай иқтидо кардан:
Бӯсаид Хадарӣҳамегӯяд, ки: «Расул алайҳиссалом сутурро алаф додӣ ва шутур бибастӣ ва хона бирӯфтӣ ва гӯсфандро бидӯшидӣ ва наълайн бардӯхтӣ ва ҷомаро пора барзадӣ ва бо ходими хеш нон хӯрдӣ ва чун ходим монда шудӣ аз дастос кардан вайро ёрӣ додӣ ва аз бозор чизе харидӣ ва андар гӯшаи изор ба хона бурдӣ ва бар дарвешу тавонгар ва хурду бузург ибтидо кардӣ ба салом ва даст фаро эшон додӣ ва миёни бандаву озод ва сиёҳу сапед андар дин фарқ накардӣ ва ҷомаи шабу рӯз ҳар ду яке доштӣ ва ҳар бишӯлида ва хоколудае, ки вайро ба даъват хондӣ, аҷобат кардӣ ва ҳар чӣ пеши вай ниҳодандӣ — агарчи андак будӣ
— ҳақир надоштӣ ва таоми шаб бомдодро наниҳодӣ; некӯхӯ буд ва
1 Ёзанда: ҳаво ва майли шадид ба чизе дар сар доштан.
каримтабъ ва некӯмуошир буд ва кушодарӯй буд бе ханда ва андӯҳгин буд бе туршрӯӣ, мутавозеъ буд бе мазаллат ва бо ҳайбат буд бе дуруштӣ, сахӣ буд бе исроф, раҳим буд бар ҳамгинон ва тангдил1 буд, ҳамеша сар андар пеш афканда доштӣ ва ба ҳеч кас тамаъ надоштӣ». Пас, ҳар кӣ саодат хоҳад ба вай иқтидо кунад ва аз ин бувад, ки Ҳақ таъоло бар вай сано гуфт: «Ва иннака лаъало хуулқин ъазимин»2
.
(Илоҷи батафсил)
Аммо илоҷи батафсил он аст, ки нигоҳ кунад, то такаббур ба чи мекунад: агар ба сабаби насаб ҳамекунад, бояд ки насаби хеш бидонад, ки Ҳақ таъоло баён кардааст ва гуфта: «Ва абадаъа халақа-л-инсони мин тинин, сумма ҷаъала наслаҳу мин сулолатин мин моъин маҳинин», гуфт:
«Асли ту аз хок аст ва насаб аз нутфа, пас нутфа падар аст ва хок ҷад ва аз ин ду хортар нест, агар гӯи охир падар андар миён аст, миёни ту ва падари ту нутфа ва алақа ва музға ва бисёре расвоиҳост, чаро андар ин нанигарӣ?» Ва аҷибтар он, ки падарат агар хок бехтӣ3, ё ҳиҷоме кардӣ, ту аз вай нанг доштӣ, ки ӯ даст ба хоку хун кардааст ва ту худ аз хоку хунӣ, чаро фахр ҳамекунӣ?! Ва чун ин бишинохтӣ, масали ту чун касе бувад, ки пиндорад алавӣ аст, ду гувоҳ гувоҳӣ диҳанд, ки ӯ банда аст ва фарзанди фулон ҳаҷҷом аст ва вайро равшан гардонанд, ки чунин аст, чун ин бидонист, дигар такаббур накунад ва низ натавонад кард. Ва дигар он, ки ҳар кӣ ба насаб нозад ба дигаре нозанда бувад ва фазл бояд ки дар ту бошад, ки агар аз бавли одамӣ кирме хезад, вайро афзал набувад аз кирме, ки аз бавли асб хезад.
Ва агар кибр ба сабаби ҷамол мекунад, бояд ки ҳар гаҳ ба ҷамоли хеш фахр мекунад, андар ботини хеш нигарад, то фазоеҳ бинад ва нигоҳ кунад, ки андар шиками вай ва андар масонаи вай ва андар раги вай ва андар бинии вай ва гӯши вай ва андар ҳама аъзои вай чӣ расовиест, ки ҳар рӯз ба дасти хеш бишӯяд аз хештан, ки на тоқати он дорад, ки он ба чашм бинад ва бӯи он бишунавад ва ҳамеша ҳаммоли он аст! Ва он гоҳ нигоҳ кунад, ки офариниши вай аз хуни ҳайз ва нутфа аст ва ба роҳгузари бавл гузарад, то андар вуҷуд ояд. Товус якеро дид, ки ҳамехиромид, гуфт: «Ин рафтани касе нест, ки донад, ки андар шиками худ чӣ дорад». Ва одамиро агар як рӯз хештан нашӯяд, ҳама мазбалаҳо аз вай покизатар бошад ва андар мазбала ҳеч палидтар аз он нест, ки аз вай бияфтад ва он гоҳҷамоли
1 Нозукдил, рақиқулқалб.
2 Хулқу хӯи ту бузург аст.
3 Бехтан: ғирбол кардан, мақсуд аз хок бехтан элакӣ кардан аст.
сурати вай на ба вай аст, то бад-он фахр кунад ва зиштии дигарон бадэшон нест, ки бар-эшон айб кунад ва ҷамоли вай низ эътимодро нашояд, ки ба як беморӣ табоҳ гардад ва обила вайро аз ҳама зишттар бикунад, бад-ин заъифӣ кибр нашояд овард.
Аммо он, ки такаббур ба қувват кунад, андеша кунад, ки агар як раг аз вай бидарад, хезад ҳеч кас аз вай оҷизтар набошад ва агар магасе чизе аз вай андар рабояд, аз вай оҷиз ояд ва агар пашшае андар гӯши вай шавад, оҷиз шавад ва бими он бувад, ки ҳалок шавад ва агар хоре дар пои вай шавад, бар ҷой бимонад ва он гоҳ, агар бисёре қувват дорад, гов ва шеру пил аз вай қавитар бувад ва чи фахр бувад ба чизе, ки гову хар андар он сибқат дорад?
Аммо агар такаббур ба тавонгарӣ ва чокару ғулом ва ба вилояти султон кунад, ин ҳама чизе бувад, ки аз зоти вай берун бувад; агар мол дузд барад ва вайро аз вилоят азл кунанд, ба дасти вай чи бошад? Ва он гоҳҷуҳуд бувад, ки мол бештар аз вай дорад ва бисёр бе ақл бувад чун турку курд ва аҷлофи1 мардум, ки даҳчанди ӯ вилоят дорад.
Ва дар ҷумла ҳар чӣ ба ту набувад, аз ту набувад ва ҳар чӣ аз ту набувад, такаббур ва фахр бад-он зишт бувад, ин ҳама орият бошад ва аз ин ҳеч чиз ба ту нест ва он чӣ аз ҷумлаи ин асбоб ба вай такаббур тавон кард андар зоҳир, илм ва ибодат аст ва илоҷи ин душвортар аст, ки ин камоле аст ва илм назди Худои таъоло азиз ва азим аст ва аз сифоти Ҳақ таъоло аст, пас душвор бувад бар олим, ки ба хештан илтифот накунад ва ин ба ду ваҷҳ осон шавад.
Ваҷҳи аввал он, ки бидонад, ки ҳуҷҷат бар олим азимтар аст ва хатари вай бештар аст, ки аз ҷоҳил корҳо фурӯ нагузоранд ва ҷинояти олим фоштар ва ахборе, ки андар хатари олим омадааст, то амал бибояд кард, ки андар Қуръони Ҳақ таъоло олимро, ки андар илм муқассир бувад, ба харе монанд мекунад ва мегӯяд: «Хирворе китоб дар пушт дорад — камисли-л-ҳимори йаҳмалу асфоран». Ва ҷои дигар ба саг монандӣ мекунад ва ҳамегӯяд: «Камисли-л-калби: ин таҳмил ъалайҳи йалҳас, ав татрукҳу йалҳасу», яъне агар: донад ва агар надонад, табъи хеш нагузорад; ва аз сагу хар чӣ хасистар бувад? Ва ба ҳақиқат ҳар кӣ андар охират наҷот нахоҳад ёфт, ҷумла ҷимодот аз вай фозилтар, то ба ҳайвонот чӣ расад! Ва бад-ин бувад, ки аз асҳоба яке мегуфт: «Кошки ман мурғе будаме». Ва яке ҳамегуфт: «Кошки гӯсфанде будаме». Пас хатари хотимат агар бидонад, парвои такаббур набувад: то агар касе бинад аз хештан ҷоҳилтар, гӯяд: вай надонист, андар маъсият маъзур аст ва вай аз ман беҳтар; ва агар касе
1 Мардумони паст.
бинад, ки аз вай олимтар бувад, гӯяд: вай чизе донад, ки ман надонам ва вай аз ман беҳтар ва агар пиреро бинад, гӯяд: вай Ҳақ таъолоро тоат аз ман беш кардааст ва вай аз ман беҳтар; ва агар кӯдакеро бинад, гӯяд: ман гуноҳ бисёр дорам, ӯҳанӯз кӯдак аст ва чандон, ки ман гуноҳ надорад ва аз ман беҳтар аст, балки агар кофиреро бинад, такаббур накунад ва гӯяд: бошад, ки мусулмон шавад ва оқибат некӯ ёбад ва маро хотимат куфр бувад. Чи бисёр кас умрро дид пеш аз ислом, ки бар вай такаббур ва он такаббур андар Худои таъоло хато буд. Пас, чун бузургӣ андар наҷоти охират аст ва он ғайб аст, бояд ки ҳар касе ба хавфи он машғул бошад, то ба такаббур напардозад.
Ваҷҳи дуввум — он, ки бидонад, ки кибр Худойро расаду бас: ҳар кӣ бо вай мунозиат кунад, Худой вайро душман дорад, ки ҳар касеро гуфт, ки туро аз наздики ман қадр он вақт бувад, ки ту худро қадр нашиносӣ; агар оқибати хеш ҳамедонад, ки саодат хоҳад буд ба мисл, бад-ин маърифат ҳам кибр аз вай бишавад ва бад-ин бувад, ки анбиё алайҳимуссалом мутавозеъ буданд, ки донистанд, ки Ҳақ таъоло кибрро душман дорад.
Ва аммо обид, бояд ки бар олим — агарчи обид набувад — такаббур накунад ва гӯяд, ки: бошад, ки олим шафеъи вай бошад ва сиёати вай маҳв кунад. Ва расул алайҳиссалом ҳамегӯяд: «Фазли олим бар обид чун фазли ман аст бар яке аз асҳоби ман». Ва агар ҷоҳил бошад ва ҳоли вай мастур бошад, гӯяд: бувад, ки ӯ худ аз ман обидтар аст ва хештан машҳур накардааст ва агар муфсиде бошад гӯяд: бисёр гуноҳ аст, ки бар дили ман равад аз васвос ва хавотир, ки он аз фисқ зоҳиртар бувад ва бошад, ки андар ботин гуноҳе аст, ки ман аз он ғофилам, ки ҳама амал бад-он ҳабта шавад ва андар ботини вай хулқе некӯст, ки гуноҳони вай каффорат кунад, балки бошад, ки вай тавба кунад ва хотимати некӯ ёбад ва бар ман хато равад, ки имон ба дари марг андар хатар афтад. Ва андар ҷумла чун раво бошад, ки номи вай ба назди Ҳақ таъоло аз ашқиё бувад, такаббур кардан аз ҷаҳл аст ва аз ин сабаб аст, ки бузургон ва уламо ва машоих ҳамеша мутавозеъ будаанд.
Пайдо кардан уҷб ва офати он
Бидон, ки уҷб аз корҳои мазмум аст. Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Се чиз муҳлик аст: бухлу ҳаво ва уҷб». Ва гуфт: «Агар маъсият накунед, тарсам бар шумо аз чизе, ки батар аст аз гуноҳ ва маъсият ва он уҷб аст».
Ва Оишаро разийаллоҳу анҳо гуфтанд: «Мард кай бадкирдор бошад?»
Гуфт: «Чун пиндорад, ки некӯкирдор аст ва он пиндорад, уҷб бувад».

пешина
аз 176
навбатӣ