Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Пайдо кардани он, ки тавба воҷиб аст бар ҳама кас ва андар ҳама вақт Аммо он, ки тавба воҷиб аст бар ҳама кас ва дар ҳама вақт бад-он шиносӣ, ки: ҳар кӣ болиғ шуд ва кофир аст, воҷиб аст бар вай, ки аз куфр тавба кунад ва агар мусулмон аст ва мусулмонӣ ба тақлиди модар ва падар аст ва бар забон ҳамегӯяд ва ба дил аз он ғофил аст, воҷиб бувад, ки аз он ғафлат тавба кунад ва чунон кунад, ки дили вай аз ҳақиқати имон огоҳ шавад ва хабар ёбад ва бад-ин на он далел мехоҳам, ки андар калом гӯянд, наёмурзанд, ки он воҷиб нест бар ҳамгинон, лекин он, ки султони имон бар дили вай ғолиб ва қоҳир гардад, то ҳукм вайро бошаду бас ва вайро ҳукм он вақт бувад, ки ҳар чӣ равад, андар мамлакати тани ҳама ба фармони имон бувад, на ба фамрони шайтон ва ҳар гаҳ, ки маъсият кунад, имон тамом набувад, чунон ки расул алайҳиссалом гуфт: «Кас зино накунад ва мӯъмин бувад андар вақти зино ва дуздӣ накунад ва мӯъмин бувад андар вақти дуздӣ». Ва аз ин на он мехоҳад, ки андар ин ҳол кофир аст, валекин имонро шаъб ва шохаҳои бисёр аст ва аз шохаҳои вай яке он бувад, ки бидонад, ки зино заҳри қотил аст ва ҳар кӣ донад, ки заҳр ҳамехӯрад, нахӯрад, пас андар он ҳол султони имон вайро аз он, ки зино муҳлик аст ва ҳазимат кардааст ё ба ғафлати он имон нопадид шудааст ё нури вай андар дуди шаҳват пӯшида бошад, пас бидонистӣ, ки аввал тавба воҷиб аст аз куфр ва агар кофир набувад, аз имон одате ва тақлиде, пас агар ин низ набувад, ғолиб он бувад, ки аз маъсияте холӣ набувад, аз он низ тавба воҷиб бувад ва агар ҳама зоҳир аз маъсият холӣ бикард ва ботини вай аз ҳасаду кибр ва риё ва амсоли ин муҳликот холӣ нест, ин ҳама ҷинояти дил аст ва усули маъосӣ аст ва аз ин ҳама тавба воҷиб аст, то ҳар яке аз ин бо ҳадди эътидол барад ва мар ин шаҳватро мутеъи ақлу шаръ гардонад ва ин муҷоҳидати дароз бувад ва агар аз ин низ холӣ бошад, аз васвос ва ҳадиси нафс ва андешаҳои нокарданӣ холӣ набувад ва аз ин ҳама тавба воҷиб аст ва агар аз ин низ холӣ бошад, ҳам аз ғафлат аз зикри Ҳақ таъоло андар баъзе аҳвол холӣ набувад ва асли ҳама нуқсонҳо фаромӯш кардани Ҳақ таъоло аст, агар ҳама андар як лаҳза бувад ва аз ин тавба кардан воҷиб аст, агар чунон шуд ба мисли ҳамеша бар сари зикру фикр аст ва холӣ нест, андар зикр ва фикр мақомот мутафовит аст, ки ҳар яке аз он дараҷот нақсонест ба изофат бо он ки фавқи он аст ва қаноат кардан ба дараҷаи нуқсон, бо он ки тамомтар аз он мумкин аст, айни хусрон аст ва тавба аз он воҷиб бувад; аз он бувад, ки расул алайҳиссалом гуфт: «Ман андар ҳар рӯз ҳафтод бор тавба кунам ва истиғфор кунам» ин буда бошад, ки кори меҳтар алайҳиссалом андар давом дар тараққӣ ва зиёдат бувад ва ба ҳар қадамгоҳ, ки расидӣ, камоле дидӣ, ки он қадамгоҳи пешин андар вай мухтасар будӣ, аз он қадамгоҳ гузашта тавба кардӣ ва истиғфор кардӣ, чи агар касе коре кунад, ки аз он дираме ба даст тавонад овард, чун ба даст оварад, шод шавад. Ва агар бидонад, ки диноре ба даст тавонад овард ва вай ба дираме қаноат карда, андӯҳгин шавад ва аз тақсири хеш ташвир хӯрад, то он гоҳ диноре ба даст оварад ва шод шавад, пиндорад, ки варои ин худ нест, чун бидонист, ки гавҳаре ба даст тавонист овард, ки ҳазор динор арзад, ҳам ташвир хӯрад ва аз тақсири хеш пушаймон гардад, тавба кунад ва барои ин гуфтаанд: «Ҳасаноту-л-аброри саййиъоту-л-муқаррабина» камоли порсоён андар ҳаққи бузургон нуқсон бувад, ки аз он истиғфор кунанд.
Суол: Агар касе гӯяд, аз куфр ва маъсият тавба кард, аз ғафлат ва тақсир андар ёфтани дараҷоти бузург тавба кардан аз фазоил аст на аз фароиз, чаро гуфтӣ, ки тавба аз он низ воҷиб аст?
Ҷавоб он аст, ки воҷиб ду қисм аст: яке андар фатвои зоҳир гӯем бар ҳад ва дараҷаи авоми халқ: он миқдор, ки агар бад-он машғул шаванд, олим вайрон нашавад ва ба маишати дунё пардозад ва ин он бувад, ки эшонро аз азоби дӯзах бираҳонад; ва воҷиби дуввум — он бувад, ки умуми халқ тоқат надоранд, ҳар кӣ бад-он қиём накунад, аз азоби дӯзах раста бошад, валекин аз азоби ҳасрати фавқи хеш раста набошад, чун андар охират қавме бинад, фавқи хеш, чунон ки ситора бинад андар осмон, он ғабну ҳасрат, ки бо вай гардад, ҳам азобе бошад, ин тавба, ки гуфтем воҷиб аст андар халос аз ин азоб ва чунон ки ҳамебинем андар ин ҷаҳон, ки чун якеро аз Қуръон зиёдат дараҷае ва ҷоҳе падид ояд, ҷаҳон бар он дигарон танг ва торик ҳамешавад ва аз ғабну ҳасрат оташе андар миёни ҷони вай афтад. Агарчи аз азоби чӯб задан ва даст буридан ва мусодира кардан растааст; ва бад-ин сабаб рӯзи қиёматро рӯзи тағобун хондааст, ки ҳеч кас аз ғабне холӣ набошад: он, ки тоат накард, то чаро накард ва он ки кард, то чаро бештар накард. Ва аз ин бувад, ки роҳи анбиё ва авлиё он будааст, ки ҳар чӣ тавонистаанд, аз тоат ҳеч бознагирифтаанд, то фардо ҳасрати тақсир набувад. Чи гӯӣ, расул алайҳиссалом хештанро гурусна ҳамедошт, намедонист, ки нон хӯрдан ҳаром нест? То Оиша разийаллоҳу анҳо ҳамегӯяд: «Даст ба шиками вай фуруд овардам, маро бар вай раҳмат омад ва бигиристам ва гуфтам: ҷони ман фидои ту бод, чи бувад агар аз ин таоми дунё сер бихӯрӣ?» Гуфт: «Ё Оиша, бародарони ман авлавулазм аз пеши ман бирафтанд ва кароматҳо ва дараҷатҳо ёфтанд, тарсам, ки аз дунё насиби дараҷаи ман камтар бошад аз они эшон. Рӯзе чанд сабр кунам, дӯсттар дорам аз он ки аз бародарони хеш бозмонам». Исо алайҳиссалом бихуфт, санге фаро зери сар гирифт, иблис гуфт вайро: «На ба тарки дунё гуфтаӣ, акнун пушаймон гаштӣ?» Гуфт: «Чӣ кардам?» Гуфт: «Санг зери сар ниҳодӣ ва танаъъум кардӣ, он санг бияндохт?» Гуфт: «Ин низ бо дунё ба ту бигузоштам». Ва расул алайҳиссалом широки наълайн нав карда буд, чун андар чашми вай мункир омад, бифармуд, то он кӯҳна бозоварданд. Ва Сиддиқ разийаллоҳу анҳу чун шир бихӯрд, бидонист, ки андар вай шубҳате буда, ангушт ба гулӯ фурӯ бурд, то бими он бувад, ки ҷон бо он ба ҳам барояд, чи гӯӣ, надонист, ки андар фатвои зоҳири омма ин воҷиб нест. Валекин фатвои омма дигар аст ва хатари кор, ки сиддиқон дида бошанд, дигар ва орифтарин халқи Худои таъоло ба Худой ва ба макри Худой эшонанд, гумон мабар, ки ба ҳарза ин ранҷҳо бар худ ниҳоданд, иқтидо бад-эшон кун ва андар фатвои омма маёмез, ки он ҳадисе дигар аст.
Пас, аз ин ҷумла бишинохтӣ, ки банда ба ҳеч ҳол аз тавба мустағнӣ нест ва аз ин аст, ки Бӯсулаймони Доронӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — ҳамегӯяд: «Агар банда бар ҳеч чиз нагиряд, магар бар он ки зоеъ кардааст аз рӯзгори хеш, то ин ғоят, худ ин андӯҳи тамом аст, то вақти марг, пас чи гӯӣ андар касе, ки мустақбал низ чун гузашта зоеъ ҳамекунад». Ва бидон, ки ҳар кӣ гавҳаре нафис дорад ва аз вай зоеъ шавад, вайро ҷое гиристан бошад ва агар бо он ки зоеъ шуд, низ сабаб уқубат ва балои вай гардад, гиристан зиёдат шавад, ҳар нафасе аз умр гувоҳе аст, ки бад-он саодати абад сайд тавон кард, чун касе андар маъсият кунад, то сабаби ҳалоки вай шавад, ҳоли вай чи гуна бувад, агар аз ин маъсият хабар ёбад?! Валекин ин маъсияте аст, ки хабар он вақт ёбад, ки ҳасрат суд надорад ва ин ки Ҳақ таъоло ҳамегӯяд: «Ва анфақу миммо разақнокум мин қабли ан йаъати аҳадакуму-л-мавту файақулу рабби лав ло аххартани илло аҷалин қарибин фа-ассаддақа ва акун мина-с-солеҳина». Гуфтаанд, ки: маънии он оят он аст, ки банда андар вақти марг малакулмавтро бинад ва бидонад, ки вақти рафтан аст, ҳасрате, бар дили вай фуруд ояд, ки онро ниҳоят набошад, бигӯяд: ё малакулмавт як рӯз маро мӯҳлат деҳ, то тавба кунам ва узр хоҳам, гӯяд: рӯзҳои бисёр пеши ту буд, кунун умр бирасид ва ҳеч намонд, гӯяд як соат мӯҳлат деҳ, гӯяд соатҳо бирасид, ҳеч соат намонд, чун аз тавба кардани он шарбати навмедӣ бичашид, асли имони вай андар изтироб афтод, агар ва-л-ийозу биллоҳ вайро андар азал шақовате ҳукм карда бошанд, имони вай бар хатар бувад бе шак ва бадбахт гардад ва агар ба саодат ҳукм карда бошанд, асли имони вай ба саломат бувад ва аз ин гуфт ҳақ азза ва ҷалла: «Ва лайсати-т-тавбату лиллазина йаъмалунас-саййиъоти ҳатто изо ҳазара аъадаҳуму-л-мавту қола инни тубту-л-она»1 ва чунин гуфтаанд, ки: Худойро таъоло бо ҳар бандае ду сирр аст: яке он вақт, ки аз модар андар вуҷуд ояд, гӯяд, туро биёфаридам пок ва ороста ва умр ба амонат ба ту супурдам, гӯш дор, то ба вақти марг бозсупорӣ ва дигар ба вақти марг гӯяд: бандаи ман андар амонат чӣ кардӣ? Агар нигоҳ доштӣ, ҷазои он биёбӣ ва агар зоеъ кардӣ, сохта бош, ки дӯзах андар интизор аст.
1 Тавба ба ҳоли касе судманд нахоҳад буд, ки дами марг кори бад мекунанд ва чун маргро бинанд гӯянд акнун ба Худой боз гашт кунам.
Пайдо кардани қабули тавба
Бидон, ки чун тавба ба шарти хеш бувад ба зарурат мақбул бувад, чун тавба бикардӣ, андар қабул ба шак мабош, андар он ба шак бош, то тавба ба шарт ҳаст ё на ва ҳар кӣҳақиқати дили одамӣ бишинохт, ки чист ва алоқаи вай бо тан бишинохт, ки бар чи ваҷҳ аст ва муносибати вай бо ҳазратулваҳият, ки чӣ гуна аст ва ҳиҷоби вай аз он ба чист, андар шак набошад, аз он ки гуноҳ сабаби ҳиҷоб аст ва тавба сабаби қабул: чи дили одамӣ андар асли хеш гавҳари пок аст, аз ҷинси гавҳари фариштагон ва чун оинаи ҳазрати Илоҳият андар вай бинамояд, чун аз ин олам берун шавад, зангор нагирифта ва ба ҳар маъсияте, ки мекунад, зулмате бар рӯи оина менишинад ва ба ҳар тоате, ки мекунад, нуре ба дил мепайвандад ва он зулмат маъсиятро аз дил дур мекунад ва он ҳама осори анвори тоат ва зулмати маъосӣ бар оинаи дил мутаоқиб ҳамебошад, чун зулмат бисёр шуд ва тавба кард, анвори тоот он зулматро ҳазимат кунад ва дил бо сафо ва покии хеш шавад, магар ки чандон асрор карда бошад, ки зангор ба ҷавҳари дил расида бошад ва андар вай ғавс карда, ки низ илоҷ напазирад, чун оинае, ки зангор андар ботини вай шуда бошад, аз чунин дил худ тавба кардан наёяд, магар ки забон гӯяд тавба кардам ва дил ҳеч хабар надорад ва дар вай ҳеч таъсир накунад ва ҳамчунон ки ҷомаи шухгин ба собун бишӯӣ, пок шавад, дил аз маъосии зулмат ба анвори тоат пок шавад ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом: «Аз паси ҳар зиштӣ некӯие кун, то онро маҳв кунад». Ва гуфт: «Агар чандон гуноҳ кунӣ, ки ба осмон расад, лекин тавба кунӣ, бипазирад». Ва гуфт: «Банда бошад, ки ба сабаби гуноҳ ба биҳишт шавад». Гуфтанд: «Чӣ гуна?» Гуфт: «Гуноҳе бикунад ва аз он пушаймон шавад ва он андар нафс ва чашми вай бимонад, то ба биҳишт шавад». Ва гуфт, ки: «Иблис гӯяд, кошкӣ ман вайро андар гуноҳ наяфкандаме». Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳасаноти саййиъотро чунон маҳв кунад, ки оби шух ҷомаро». Ва гуфт: «Чун иблис малъун шуд, гуфт ба иззати ту, ки аз дили одамӣ берун наёям, то ҷон андар тан бувад». Ҳақ таъоло гуфт: «Ба иззати ман, ки дар тавба бар ӯ набандам, то ҷон андар тани вай бувад». Ҳабаше пеши расул омад саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Бар ман фавоҳиш1 бисёр рафтааст, маро тавба пазирад?» Гуфт: «Пазирад». Чун бирафт, бозгашту гуфт: «Бадон вақт, ки он ҳамекардам, маро ҳамедид?» Гуфт: «Дид». Ҳабашӣ яке наъра бизаду бияфтод ва ҷон бидод. Фузайли Айёз — раҳматуллоҳи алайҳи — ҳамегӯяд, ки Ҳақ таъоло гуфтааст яке аз пайғамбаронро, ки:
1 Гуноҳон, корҳои зишт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё