Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

«Башорат деҳ гуноҳкоронро, ки агар тавба кунанд, бипазирам ва битарсон сиддиқонро, ки агар ба адл бо эшон кор кунам, ҳамаро уқубат кунам». Талқ ибни Ҳабиб — раҳматуллоҳи алайҳи — ҳамегӯяд: ҳуқуқи Худои таъоло азимтар аст аз он ки бад-он қиём тавон кард, ҳаме бомдод бар тавба бархезад ва шомгоҳ бар тавба хусбад. Ҳабиб ибни Сабут — раҳматуллоҳи алайҳи — ҳамегӯяд, ки: гуноҳон бар банда арз кунанд, фаро гуноҳе расад, гӯяд оҳҳамеша аз ту метарсем, он гуноҳ андар кори вай кунанд бад-он сабаб, ки аз он тарсида бошад. Ва андар бани Исроил яке гуноҳи бисёр дошт, хост, ки тавба кунад ва надонист, ки пазирад ё на, вайро нишон доданд ба обидтарини рӯзгор, аз вай бипурсид, ки гуноҳ бисёр дорам, наваду нӯҳ касро куштаам, маро тавба бувад? Гуфт: «На».
Вайро низ бикушт, сади тамом шуд, пас вайро нишон доданд ба олимтарини рӯзгор, рафт ва аз вай бипурсид, гуфт: «Маро тавба бувад, ки сад касро куштаам?» Гуфт: «Бувад, валекин бояд ки аз замини хеш ба ҷои дигар шавӣ, ки ин ҷой фасод аст, ба фулон ҷой рав, ки он ҷой салоҳ аст».
Вай бирафт ва андар миёни роҳ фармон ёфт, фариштагон азоб ва раҳмат андар ӯ хилоф карданд ва ҳар яке гуфт: «Аз вилояти ман аст». Ҳақ таъоло фармон дод, то он заминро бипаймуданд, вайро ба замини салоҳ наздиктар ёфтанд, як ба дасти фариштагони раҳмат ҷони вай бибурданд ва бад-ин маълум шуд, ки шарт нест, ки каффаи саййиъот холӣ бувад аз гуноҳ. Лекин бояд ки каффаи ҳасанот зиёдат бувад, агар ҳама ба миқдори андак бошад, ки бад-он наҷот ҳосил ояд.
Пайдо кардани гуноҳи сағоир ва кабоир Бидон, ки тавба аз гуноҳ бувад ва гуноҳҳарчанд сағиратар бошад, саҳлтар бувад, чун асрор накунад ва андар хабар аст, ки намозҳои фариза каффорати ҳамаи гуноҳон аст, магар кабоир ва намози ҷумъа каффорат аст ҳама гуноҳонро, то ба ҷумъа, магар кабоир. Ва Ҳақ таъоло гуфтааст:
«Ин таҷтанибу кабоира мо тунҳавна ъанҳу нукаффира ъанкум саййиъотикум,— агар кабоир даст бидоред, сағоир афв кунам». Пас, фариза аст ба донистан, ки кабоир кадом аст ва саҳобаро дар ин хилоф аст: баъзе гуфтаанд, ки ҳафт аст ва баъзе гуфтаанд, ки бештар аст ва баъзе гуфтаанд, ки камтар. Ва Ибни Аббос бишунид, ки Ибни Умар ҳамегӯяд разийаллоҳу анҳум, ки: «Кабоир ҳафт аст». Гуфт: «Ба ҳафтод наздиктар аст аз он ки ба ҳафт». Ва Бӯтолиб, ки қувватулқулуб кардааст, ҳамегӯяд:
«Аз ҷумлаи ахбор ва ақволи саҳоба ҷамъ кардаам ҳафдаҳ кабира аст, чаҳор андар дил: куфр ва азми исрор кардан бар маъсият, агарчи сағира бувад — чунон ки касе кори бад ҳамекунад ва андар дил надорад, ки ҳаргиз тавба кунад — ва дигар навмедӣ аз раҳмат, ки онро қунут гӯянд ва дигар эминӣ аз макри Худои таъоло, чунон ки сокин шавад, ки ман худ эмин шудаам; ва чаҳор андар забон: яке гувоҳии зур1, ки ҳаққе андар он ботил шавад, дигарқазафи2 сареҳ, чунон ки ҳад андар он воҷиб ояд, саввум савганд ба дурӯғ, ки бад-он моле ё ҳаққе аз касе бибарад, чаҳорумҷодуӣ, ки он низ ба калимоте бошад, ки бар забон биравад; ва се андар шикам: яке хӯрдани ҳар чӣ мастӣ оварад ва дигар моли ятим хӯрдан, саввум рибо хӯрдан ва додан; ва ду андар фарҷ: зино ва лавота ва ду андар даст, куштан ва дуздӣ кардан бар ваҷҳе, ки ҳад воҷиб ояд ва яке андар по ва он гурехтан аст аз сафи кофирон, чунон ки яке аз ду бигурезад ва даҳ аз бист, аммо чун зиёдат шаванд, гурехтан раво бувад ва яке андар ҷумлаи тан: ва он ҳуқуқи модару падар аст».
Ва бидон, ки ин бад-он бидонистаанд, ки баъзе андар вай ҳад воҷиб аст ва баъзе ба он ки андар Қуръон андар вай таҳдиди азим аст ва андар тафсили он тасарруфе ҳаст, ки андар китоби «Эҳё» бигуфтаем ва ин онро эҳтимол накунад ва мақсуд аз бидонистани ин он аст, то андар ин китоб эҳтиёти бештар равад. Ва бибояд донистан, ки асрор бар сағира кабира бувад ва агарчи гӯем, ки фароиз каффорат бувад сағоирро, хилоф нест, ки агар донге мазлима андар гардан дорад, каффорат накунад, то аз ӯҳда берун наёяд ва бознадиҳад. Ва бар ҷумла ҳар маъсият, ки ба Ҳақ таъоло тааллуқ дорад ба афв наздиктар аст аз он ки ба мазолими халқ тааллуқ дорад. Ва дар хабар аст, ки девони гуноҳон се аст: девоне, ки наёмурзанд ва он ширк аст ва девоне, ки биёмурзанд ва он гуноҳ бувад, ки миёни банда ва Ҳақ таъоло бувад ва девоне, ки фурӯ нагузоранд ва он девони мазолими бандагон аст ва бидон, ки ҳар чӣ бад-он ранҷи мусулмоне ҳосил ояд, андар ин ҷумла бошад, агар дар нафс бувад ва агар андар мол бувад ва агар андар мурувват бувад ва агар андар ҳишмат ва агар андар дин, чунон ки касе халқро даъват кунад ба бидъат, то дини эшон бибарад ва ё касе, ки маҷлис кунад ва суханҳо гӯяд, ки халқ бар маъсият дилер шавад.
– ФАСЛ –
Пайдо кардани он чи сағоир бад-он кабоир шавад Бидон, ки сағира умедвор бувад, ки авфи вайро дарёбад, валекин ба
1 Ботил.
2 Касеро, ки ба зино муттаҳам кардан.
баъзе аз асбоб азимтар гардад ва хатари он низ саъб бувад ва он шаш аст:
Аввал он ки исрор кунад: чун касе, ки пайваста ғайбат кунад ва ҷомаи абрешимин дорад ё самоъ бар малоҳӣ кунад: ки чун маъсияте бардавом равад, асари он дар торикии дил азим бувад, ҳамчунон ки тоате, ки бардавом равад, асари он андар равшанӣ азим бувад. Ва барои ин бувад, ки расул алайҳиссалом гуфт: «Беҳтарин корҳо он аст, ки пайваста бувад, агарчи андак бувад»; ва масали ин чун қатраи об бошад, ки мутавотир бар санге ҳамеояд, лобуд санг сӯрох шавад. Ва агар он ба як бор бар вай рехтандӣ, он асар накардӣ, пас ҳар кӣ ба сағирае мубтало шавад, бояд ки истиғфор ҳамекунад ва пушаймонӣҳамехӯрад ва азм ҳамекунад, ки низ накунад, то гуфтаанд, ки: кабираи ба истиғфор сағира аст ва сағираи ба исрор кабира.
Дуввум он ки гуноҳро хурд дорад ва ба чашми ҳақорат ба вай ҳаменигарад, гуноҳ бад-ин бузург шавад ва чун гуноҳро азим дорад, хурд гардад, чи азим доштан аз имон ва хавф хезад ва ин дилро ҳимоят кунад аз зулмати гуноҳ, то пас асаре накунад ва хурд доштан аз ғафлат ва улфат гирифтан бувад бо гуноҳ ва ин далели он кунад, ки бо дил муносибат гирифтааст ва мақсуд аз ҳама дил аст: ҳар чӣ дар дил асари беш кунад, он азимтар аст. Ва андар хабар аст, ки: «Мӯъмин гуноҳи хешро чун кӯҳе бинад, ки бар забари вай бошад ва ҳаметарсад, ки бар вай афтад ва мунофиқ чун магасе бинад, ки бар бинӣ нишинад ва бипарад». Ва гуфтаанд: гуноҳе, ки наёмурзанд, он аст, ки банда гӯяд ин саҳл аст, кошкӣҳама гуноҳи ман чунин будӣ. Ва ваҳй омад ба баъзе аз анбиё, ки:
«Ба хурдии гуноҳ манигаред, ба бузургии он нигаред, ки фармони ӯро хилоф ҳамекунед». Ва ҳар банда, ки ба ҷалоли Ҳақ таъоло орифтар, хатари ин гуноҳ наздики вай азимтар. Яке аз саҳоба ҳамегӯяд: шумо корҳо ҳамекунед, ки он чун мӯй донед ва мо ҳар яке он чанд кӯҳе донистеме. Ва бар ҷумла сахати Ҳақ таъоло андар маъосӣ пинҳон аст ва мумкин аст, ки андар он аст, ки ту онро осонтар ҳамебинӣ, чунон ки гуфт: «Ва таҳсабунаҳу ҳаййинан ва ҳува ъиндаллоҳи ъазимун».
Саввум он ки шод шавад ба гуноҳ ва онро ғанимате ва футӯҳе донад ва бад-он фахр оварад ва бошад, ки ба борнома бигӯяд, ки фулонро бифирефтам ва моли вай бибурдам ва вайро бимолидам ва дашном додам ва хиҷил кардам ва андар мунозира вайро ташвир додам ва амсоли ин; ва ҳар кӣ ба сабаби ҳалоки худ шод шавад ва фахр кунад, далел он бувад, ки дили вай сиёҳ шудааст ва ҳалок аз он бувад.
Чаҳорум он ки чун парда бар гуноҳи вай нигоҳ дорад, пиндорад, ки ин худ иноят аст андар ҳаққи вай, натарсанд аз он, ки ин амҳол ва истидроҷ1 бувад, то ба тамомӣҳалок шавад.
Панҷум он ки изҳори маъсият кунад ва сатри Ҳақ таъоло аз хештан баргирад ва бошад, ки дигаре ба сабаби вай низ рағбат кунад ва вайро вуболи рағбат ва маъсияти дигарон ҳосил ояд ва агар сареҳ касеро тарғиб кунад ва асбоби он бисозад, то андар вай омӯзад, вуболи музоаф гардад.
Ва салаф гуфтаанд: ҳеч хиёнат нест бар мусулмон, беш аз он ки маъсият андар чашми вай осон кунӣ.
Шашум он ки гуноҳ касе кунад, олим бувад ва муқтадӣ бувад ва ба сабаби кирдори вай дигарон далер шаванд ва гӯянд, агар набоистӣ кардӣ, вай накардӣ: чунон ки олим ҳама абрешим пӯшад ва ба наздики султон шавад ва моли вай бистионад ва андар мунозира забони сафоҳат итлоқ кунад ва андар ақрони хеш таъна занад ва ба касрати молу ҷоҳ фахр кунад, ҳама шогирдон ба вай иқтидо кунанд ва бад-эшон низ чун устод шаванд, шогирдони дигар иқтидо кунанд ва аз ҳар яке ноҳияте табоҳ шавад, ки аҳли ҳар шаҳре ба яке аз эшон бигараванд, ночор вуболи ҳама андар девон муқтадӣ бошад ва барои ин гуфтаанд: хунук он кас, ки бимирад, гуноҳи вай низ бимирад ва ҳар кӣ чунин гардад, гуноҳи вай бошад, ки ҳазор сол пас аз марги вай бимонад. Яке аз уламои бани Исроил тавба бикард, ваҳй омад ба расули он рӯзгор, ки вайро бигӯй, ки агар гуноҳ миёни ману ту будӣ, биёмурзидаме, акнун ту худ тавба кардӣ, он қавмро, ки аз роҳ бурдӣ ва чунин бимонданд, онро чӣ кунӣ? Ва барои ин аст, ки уламо андар хатаранд, ки гуноҳи эшон яке ҳазор бувад ва тоати эшон яке ба ҳазор, ки эшонро савоби касоне низ, ки бад-эшон иқтидо кунанд, ҳосил ояд ва бад-ин сабаб воҷиб ояд бар олим, ки маъсият накунад ва чун кунад, пинҳон дорад, балки агар худ мубоҳе бошад, ки халқ бад-он далер шаванд бар ғафлат, аз он ҳазар кунад. Заҳарӣҳамегӯяд:
мо аз пеш ҳамехандидеме, акнун муқтадо гаштем, моро табассум раво нест. Ва ҷинояте бузург бувад, ки касе зиллати олим ҳикоят кунад, ки бадон сабаб халқ бисёр аз роҳ бияфтанд ва далер шаванд, пас зиллати ҳама халқ воҷиб аст пӯшидан ва аз они олим воҷибтар.
– ФАСЛ –
Дар баёни тавбаи дуруст ва аломати он Бидон, ки асли тавба пушаймонӣ аст ва натиҷаи он иродате аст, ки падид ояд: аммо пушаймониро аломат он аст, ки бардавом андар андӯҳва
1 Оҳиста оҳиста боло рафтан.
ҳасрат бувад ва кори вай гиристан ва зориву тазаррӯъ бувад, чи касе, ки хештанро бар шараф ҳалок бинад аз ҳасрату андӯҳ чӣ гуна холӣ бошад?
Ва агар ӯро фарзанд бемор бувад, табибе тарсо гӯяд, ки ин бемории пурхатар аст ва бими ҳалок аст, маълум аст, ки чи оташи андӯҳ ва бим андар миёни ҷони падар афтад ва маълум аст, ки нафси вай бар вай азизтар аст аз фарзанд ва Ҳақ таъоло ва расул алайҳиссалом содиқтар аз табиби тарсо ва бими ҳалоки охират азимтар аз бемории марг ва далолати маъсият бар сахати Ҳақ таъоло зоҳиртар аз далолати беморӣ бар марг, пас агар аз ин хавф ва ҳасрат нахезад, он бувад, ки имон ҳанӯз аз офати маъсият падид наёмадааст ва ҳарчанд, ки ин оташ сӯзонтар бувад, асари вай андар такфири1 гуноҳон азимтар бувад, чи он зангори зулмат, ки бар дил нишаста бувад аз маъсият, ҷуз оташи ҳасрату пушаймонӣ онро нагузорад ва андар ин сӯзи дил софӣ ва рақиқ шудан гирад — ва андар хабар аст, ки: бо тоибон нишинад, ки дили эшон рақиқтар бувад — ва ҳарчанд, ки дил софитар ҳамешавад аз маъсият нуфуртар ҳамешавад ва ҳаловати маъсият андар дил ба талхӣ бадал ҳамешавад. Ва яке аз анбиё шафоат кард андар қабули тавбаи яке аз бани Исроил: ваҳй омад, ки: «Ба иззати ман, ки агар аҳли осмонҳо андар ҳаққи вай шафоат кунанд, напазирам, то ҳаловати он гуноҳ андар дили вай ҳамемонад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё