Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Пас, аз ин, ҷумла бидонистӣ, ки банда дар ҳеч ҳол аз сабр бениёз нест, балки агар аз ҳама шаҳавот халос ёбад ва узлат гирад, андар узлат сад ҳазор васваса ва андешаи мухталиф аз андаруни синаи вай сар бар кунад, ки он вайро аз зикри Ҳақ таъоло машғул кунад ва он андеша, агарчи андар мубоҳот бувад, чун вақт зоеъ кард ва умр, ки сармояи вай аст, ба
1 Ба ҳукми парвардигорат шикебо бош, ту дар баробари чашми мо ҳастӣ.
зиён овард, хусуроне тамом ҳосил шуд ва тадбир он аст, ки хештанро ба аврод машғул ҳамедорад ва агар андар намоз чунон бошад, бояд ки ҷаҳд кунад ва нараҳад, илло ба коре, ки дили вай қарор гирад. Ва андар хабар аст, ки Ҳақ таъоло ҷавони фориғро душман дорад, аз ин сабаб гуфт: «Ҳар ҷавоне, ки фориғ бинишинад, фориғ набувад аз васвасаи шайтон ва шайтон қарини вай бувад ва дили вай ошёнаи васвос бувад», ҷуз ба зикри Ҳақ таъоло онро дафъ натавонад кардан, бояд ки ба пешае машғул шавад ё ба хидмате ё ба коре, ки вайро фурӯ гирад ва нашояд чунин касро ба хилват нишастан, балки ҳар кӣ аз кори дил оҷиз бувад, бояд ки танро машғул медорад.
Пайдо кардани илоҷи сабр
Бидон, ки абвоби сабр яке нест ва сабр кардан аз ҳар яке душвории дигар дорад ва илоҷи вай дигар бувад, ҳарчанд ки ҷумла илоҷи вай маъҷуни илму амал аст ва ҳар чӣ андар рубъи муҳликот гуфтаем, ҳама доруи сабр аст ва ин ҷо бар сабили мисол, яке бигӯем, ки он намудгоре бошад, ки дигарҳо аз он ба қиёс бидонанд: бидон, ки гуфтем, ки маънии сабри субот, боиси дин аст, андар муқобилаи боиси шаҳват ва ин навъе аз ҷанг аст, миёни ду боис ва чун касе ду касро андар ҷанг афканад ва хоҳад, ки яке ғолиб ояд, тадбир он бувад, ки онро, ки ҳамебояд, ки ғолиб шавад, қуввату мадад ҳамедиҳад ва он дигарро заиф ҳамедорад ва мадад аз вай боз мегирад, акнун чун касеро шаҳвати мубошират ғолиб шуд ё фарҷ нигоҳ наметавонад дошт ва сабр наметавонад дошт ва агарчи хоҳад, чашм аз назар ва дил аз андеша нигоҳ наметавонад дошт ва сабр наметавонад кард, тадбир он бувад, ки аввал боиси шаҳватро заиф гардонем ва он ба се чиз бувад. Яке он ки донем, ки мадади вай аз ғизо ва таоми хуш хезад, пас мадад бозгирем ва рӯза фармоем, чунонки шабонгоҳ нони тиҳӣ хӯрад ва гӯшт ва таоми муқаввӣ албатта нахӯрад, дуввум он ки роҳи асбоб, ки ҳаяҷони шаҳавот аз он хезад, бибандем ва ҳаяҷон аз назар бувад ба сурати некӯ, пас бояд ки узлат кунад ва чашм нигоҳ дорад ва аз роҳи гузари занон ва кӯдакон бархезад, саввум он ки вайро таскин кунад ба мубоҳ, то бад-он аз шаҳавоти ҳаром бираҳад ва никоҳ кунад, ки шаҳватро бад-он таскин афтад ва бештар он бувад, ки бе никоҳ аз ин шаҳват нараҳад. Ва масали нафс, чун сутури саркаш аст, ки вайро риёзат бад-он диҳем, ки аввал алаф аз вай бозгирем, то ром шавад ва дигар он ки алаф аз вай дур дорем, то набинад ва дигар он ки қадре ба вай бидиҳем, ки сукун ёбад; ин ҳар се илоҷи шаҳват аст ва ин заиф кардан, боиси шаҳавот аст. Аммо қавӣ кардӣ, боиси дин ба ду чиз бувад: яке он ки вайро андар фоидаи мусораат1 бо шаҳват тамаъ афканӣ бад-он ахбор, ки андар савоби касе, ки аз ин сабр кунад, омадааст, чун аз ин қувват гирад, тааммул кунад, бад-он ки фоидаи шаҳват як соат хоҳад буд ва фоидаи сабр аз вай подшоҳии абад хоҳад, бувад, то боиси дин қувват гирад, бар қадри қуввати ин имон; ва дигар он ки вайро одат кунад ба мухолифати шаҳавот андак-андак, то далер шавад, чун касе, ки хоҳад, ки қавӣ шавад, бояд ки қувватро меозмояд ва корҳои қавӣ ба тадриҷ мекунад, то пора-пора фаротар ҳамешавад, чунон ки касе, ки гӯштӣ хоҳад гирифт, бо марде қавӣ, бояд ки аз пеш бо касоне, ки заифтар бошад, гӯштӣҳамегирад ва қувват ҳамеозмояд, ки аз он қувват зиёдат шавад ва барои ин бувад, ки қуввати касоне, ки кори сахт кунанд, беш бувад. Ва илоҷи сабр ба даст овардан, андар ҳама корҳо ин аст.
Пайдо кардани фазилати шукр ва ҳақиқати он Бидон, ки шукр мақоме азиз аст ва дараҷаи он баланд аст ва ҳар касе ба ҳақиқати он нарасад ва барои ин гуфт ҳақ азза ва ҷалла: «Ва қалилу мин ъибодийу-ш-шукури»2. Ва иблис таън кард одамирову гуфт: «Ва ло таҷадда аксаруҳум шокирина — бештари эшон шокир набошанд». Ва бидон, ки он сифот, ки онро мунҷиёт гуфтаем, ду қисм аст: як қисм аз муқаддамоти роҳи дин аст ва андар нафси хеш мақсуд нест, чун тавбаву сабр ва хавфу зӯҳд ва муҳосибату фақр, ки ин ҳама василат аст ба коре, ки варои ин аст ва дигар қисм мақосид ва ниҳоёт аст, ки андар нафси хеш мақсуд аст, на аз баҳри он, то василати коре дигар бошад, чун муҳаббат ва шавқу ризо ва тавҳиду таваккул ва шукр аз ин ҷумла аст ва ҳар чӣ мақсуд бувад, андар охират бимонад, чунон ки гуфт: «Ва охиру даъвоҳум ани-л-ҳамду лиллоҳи раббил-оламина»3, пас чунон воҷиб кардӣ, ки ба охири китоб гуфта омадӣ, лекин ба сабаби он ки сабр ба шукр тааллуқ дорад, ин ҷо гуфта омад ва нишони бузургии дараҷаи вай он аст, ки Ҳақ таъоло вайро ёд кард ва гуфт:
«Фазкуруни азкуркум ва ашкуру ила ва ло такфуруни»4 ва расул алайҳиссалом гуфт: «Дараҷаи он ки таом хӯрад, шокир бошад, ҳамчун дараҷаи он аст, ки рӯза дорад ва собир бошад». Ва гуфт: «Рӯзи қиёмат нидо кунанд, ки: «Лияқуми-л-ҳомидуна»5, ҳеч кас барнахезад, магар онки ҳақро азза ва ҷалла шукр бикарда бошад, андар ҳама аҳвол». Ва чун ин оят фуруд
1 Гӯштӣ гирифтан.
2 Андаке аз бандагон шукр гузоранд.
3 Охирин дуои эшон шукри парвардигори ин ҷаҳон аст.
4 Маро ёд оваред, то шуморо ёд кунам ва маро сипос гузоред ва куфрон накунед.
5 Шукргузорон бар пой хезанд.
омад, андар ниҳодани ганҷ ва наҳй аз он ки: «Валлазина йакнизуна-ззаҳаба вал физзата». Умар разийаллоҳу анҳу гуфт: «Ё расулуллоҳ, пас чӣҷамъ кунем аз мол?» Гуфт: «Забоне зокир ва диле шокир ва зане мӯъмина»: яъне, ки андар дунё бад-ин се қаноат кун, ки зане мӯъмина ёвар бошад, андар фароғат, ки бад-он зикр ва шукр ҳосил ояд. Ибни Масъуд разийаллоҳу анҳу ҳамегӯяд, ки: «Шукр як нимаи имон аст». Ато ҳамегӯяд:
«Андар наздики Оиша шудам разийаллоҳу анҳо ва гуфтам: аз аҷоиби аҳволи расул алайҳиссалом чизе ҳикоят кун, гуфт: чи бувад аз аҳволи вай, ки на аҷаб бувад, як шаб бо ман дар ҷомаи хоб даромад, чунон ки тани вай бараҳна ба тани ман расид. Пас, гуфт: ё Оиша бигузор, то биравам ва Худои хешро ибодат кунам, гуфтам: ман ин мехоҳам, ки ба ту наздиктар бошам, лекин бирав. Бархост ва аз машк об берун кард ва вузӯ сохт ва обе андак истеъмол кард, пас дар намоз истод ва намоз мекард ва мегирист, то он гоҳ, ки Билол биёмад, то ба намози бомдод равад, гуфтам: Худои таъоло гуноҳони ту омурзидааст, чаро мегирйӣ? Гуфт: пас на бандае шокир бошам, чаро нагирям, ки ин оят бар ман фуруд омадааст: инна фи халқи-ссамовоти ва-л-ъарзи ва ихтилофи-л-лайли ва-н-наҳори лиойотин лиувлил-боби-л-лазина йазкуруналлоҳа қиёман ва қуъудан — ал-ойа...». Яъне, ки:
авлавулалбоб хуфта ва нишаста ва бар пой ба зикри Ҳақ таъоло машғул бошанд ва дар аҷоиби малакути осмон назора мекунанд ва шукри он ки ин дараҷа ёфтанд, мегирянд, аз шодӣ ва аз бим, чунон ки ривоят кунанд, ки яке аз пайғамбарон ба санге хурд бигузашт, ки оби бисёр аз вай ҳамеомад, Худои таъоло онро ба сухан овард ва гуфт: то ин оят фуруд омадааст: «Ва қудуҳо-н-носа ва-л-ҳиҷорату — ки мардум ва санг ва алаф дӯзах хоҳанд буд», ман ҳамчунин ҳамегирям, гуфт: «Бор Худоё, вайро аз ин хавф эмин гардон», он аҷобат карданд, вақте дигар бигузашт, ҳамчунон об меомад, гуфт: «Акнун боре чаро мегирйӣ?» Гуфт: «Он гиристан хавф буд ва ин гиристан шукр аст ва ин масале аст, дили одамиро, ки аз санг сахттар аст:
бояд ки мегиряд, гоҳ аз андӯҳ ва гоҳ аз шодӣ, то нарм шавад».
Ҳақиқати шукр
Бидон, ки гуфтаем, ки ҳама мақомоти дин бо се асл ояд: илм ва ҳол ва амал, илм асл аст ва аз вай ҳол хезад ва аз ҳол амал хезад ва ҳамчунин илм шукри шинохти неъмат аст, аз Худованд ва ҳолати шодии дил аст, бад-он неъмат ва амал ба кор доштани неъмат аст, дар он чи муроди Худованд аст; ва он амал ҳам ба дил тааллуқ дорад ва ҳам ба забон ва ҳам ин; ва то ҷумлаи ин маълум нашвад, ҳақиқати шукр маълум нашавад:
Аммо илм он аст, ки бишиносӣ, ки ҳар неъмат, ки турост, аз Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло аст ва ҳеч касро бо вай андар он ширкат нест ва то касеро андар миёна асбоб мебинӣ ва менигарӣ ва аз вай чизе мебинӣ, ин маърифат ва ин шукр тамом набувад: ки чун малике туро хилъате диҳад ва чунон донӣ, ки он ба инояти вазир будааст, шукри ту маликро софӣ набошад, балки баъзе вазирро бувад ва шодии ту ҳама маликро набувад, аммо агарчи донӣ, ки хилъат ва тавқеъ1 ба ту расид ва тавқеъ ба қаламу коғаз бувад, ин нуқсон наёрад, ки донӣ, ки қаламу коғаз мусаххар бувад ва ба эшон чизе набувад, балки агар донӣ, ки хизонадор ба ту расонид, ҳам зиён надорад; ки донӣ, ки ба дасти хизонадор чизе набошад; вай мусаххар бошад, чун фармуданд хилоф натавонад кард — агар нафармояд, натавонад дод — вай низ чун қалам аст ва ҳамчунин агар неъмати рӯи замин аз борон бинӣ ва борон аз меғ бинӣ ва наҷоти киштӣ аз боди рост бинӣ, шукр аз ту дуруст наёяд, аммо чун бишиносӣ, ки борону меғу бод ва офтобу моҳ ва кавокиб ва ҳар чӣҳаст, ҳама дар қабзаи қудрати Худованд чунон мусаххаранд, ки қалам дар дасти котиб, ки қаламро ҳеч ҳукме набошад — ин дар шукр нуқсон наёварад; ва агар неъмате ба ту расад, ки одаме он ба ту диҳад ва он аз вай бинӣ, ин ҷаҳл бувад ва ҳиҷоб бувад аз мақоми шукр, бояд ки бидонӣ, ки вай аз он ба ту дод, ки Худои таъоло вайро муваккале фиристод, то ба илзом вайро бар он дорад, ки ҳарчанд хост, ки бо он муваккал хилоф кунад, натавонист ва агар тавонистӣ, як ҳубба ба ту надодӣ ва он муваккал доъияе аст, ки дар дили вай афканад ва фаро вай дошт, ки хайри ту дар дину дунё дар он аст, ки ин ба вай диҳӣ, то вай ба тамаъ он ки ба ғарази хеш расад дар ин ҷаҳон ё дар он ҷаҳон, он ба ту дод ва ба ҳақиқати вай на хештан дод, ки он василат сохт ба ғарази хештан, аммо Ҳақ таъоло ба ту дод, ки вайро чунин муваккале фиристод ва ҳақро ҳеч ғаразе нест дар ивази он, пас чун ба ҳақиқат бишиносӣ, ки ҳама одамиён ҳамчун хозини маликанд ва хозин ҳамчун қалам аст ва ба дасти ҳама ҳеҷ чиз нест, магар он ки эшонро ба илзом мефармоянд, он гоҳ шукр тавонӣ кард бар ин неъмат Ҳақ таъолоро, балки ин маърифат худ айни шукр аст, чунонки Мӯсо алайҳиссалом дар муноҷот гуфт: «Бор Худоё, Одамро ба дасти қудрати худ биёфаридӣ ва бо вай чунину чунин кардӣ, шукри ту чӣ гуна кард?»
Гуфт, ки: «Бидонист, ки он аз ҷиҳати ман аст, донистани вай шукри ман бувад».

пешина
аз 176
навбатӣ