Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва бидон, ки абвоби маориф имони бисёр аст: аввал тақдис аст, ки бидонӣ, ки Худованди олам аз сифоти ҳама офаридагон ва аз ҳар чӣ дар
1 Фармон, ҳукм.
ваҳму хаёл ояд, пок ва муназзаҳ аст ва иборат аз вай субҳоналлоҳи аст; дуввум — он ки бидонӣ, ки бо ин покӣ ягона аст ва бо вай ҳеч шарик нест ва иборат аз вай ло илоҳа илаллоҳу аст ва саввум он ки бидонӣ, ки ҳар чӣҳаст, ҳама аз ӯст ва неъмати вай аст ва иборат аз ин ҳолат алҳамду лиллоҳи бошад ва ин ва раъйи он ҳар ду аст ва он ҳар ду маърифат дар таҳти вай дарояд; ва барои ин гуфт расул салавотуллоҳу алайҳи:
«Субҳоналлоҳи даҳҳасанат аст, ло илоҳа илаллоҳу бист ҳасанат ва алҳамду лиллоҳи сӣҳасанат», ин ҳасанот на ҳаракоти забон аст бад-ин калимот, балки он маърифатҳост, ки ин калимот аз он аст. Ин аст маънии илми шукр.
Аммо ҳоли шукр он фараҳ аст, ки андар дил падид ояд аз ин маърифат: ки ҳар кӣ аз касе неъмате бинад, ба вай шод шавад; валекин ин шодӣ аз се ваҷҳ тавонад буд: ки агар малике ба сафаре хоҳад шуд, чокаре аз они хешро асбе диҳад, агар ин чокар шод шавад ба сабаби асб, ки вайро ба асбе ҳоҷаб бувад, биёфт — ин шодӣ на шукри малик бувад: агар ин асб дар саҳро ёфтӣ, худ ҳамчунин шод шудӣ; дигар он ки шод бад-он шавад, ки бад-ин инояти малик дар ҳаққи худ бишиносад ва вайро умеди неъматҳои дигар афтад, ин шодист ба неъмат, лекин на аз барои мунъим, балки барои умед ва инъоми вай, ин ҷумла шукр аст, валекин ноқис аст; дараҷаи саввум он ки шод бад-он бувад, ки ин асб бартавонад нишаст, то ба хидмати малик равад ва вайро мебинад, ки аз вай худ ҷуз вай чизе дигар намехоҳад, ин шодӣ ба малик бошад ва ин тамом шукр бувад.
Ҳамчунин касе, ки Худои таъоло вайро неъмате диҳад ва бад-он неъмат шод шавад, на ба неъмат, ин на шукр бувад ва агар ба неъмат шод шавад, валекин бар он ки далели ризо ва иноят гардад, ин шукр бувад, валекин ноқис бувад; ва агар аз он бувад, то ин неъмат сабаби фароғати дин шавад, то ба ибодат ва илм пардозад ва талаби қурб кунад ба ҳазрати вай, ин камоли шукр бувад; ва нишони ин он бувад, ки ҳар дунё, ки вайро аз вай машғул кунад бад-он андӯҳгин шавад ва он неъмат нашиносад, балки норасидани он неъмат шиносад ва бар он шукр кунад, пас ба ҳеч чиз, ки ёвари вай набошад дар роҳи дин, бад-он шод нашавад. Ва барои ин гуфт Шиблӣ — алайҳирраҳма, ки: шукр он бувад, ки неъматро набинӣ, мунъимро бинӣ; ва ҳар киро лаззат ҷуз дар маҳсусот набувад, чун шаҳвати шикам ва чашм ва фарҷ, аз вай ин шукр мумкин нашавад, пас камтар аз он набувад, ки андар дараҷаи дуввум бувад, ки аввал дараҷаи он ҷумлаи шукр нест; Ва аммо амали шукр ба дил бувад ва ба забон ва ба тан: аммо ба дил он бувад, ки ҳама халқро хайр хоҳад ва дар неъмат бар ҳеч кас ҳасад накунад; ва аммо ба забон он, ки шукр мекунад ва алҳамду лиллоҳ мегӯяд ва дар ҳама аҳвол ва шодӣ ба неъмат изҳор мекунад. Ва расул салавотуллоҳу алайҳи якеро гуфт: «Чи гунаӣ?» Гуфт: «Бахайр валҳамду лиллоҳ». Гуфт:
«Ин меҷустам». Ва ғарази салаф, ки якдигарро гуфтандӣ чи гунаӣ, ин будӣ, то ҷавоб ба шукр будӣ ва ҳам гӯянда ва ҳам пурсанда дар савоб шарик будандӣ. Ва ҳар кӣ шикоят кунад, базаҳкор бошад, агарчи дар бало бувад, ваҷҳи зишттар аз он ки аз Худованди ҳама олам гила кунад ба мудбире, ки ба дасти вай ҳеч чиз набувад! Балки ба бало шукр бояд кард, ки бошад, ки он сабаби саодати вай бувад ва агар натавонад, боре сабр кунад. Ва аммо амал ба тан он аст, ки ҳама аъзо неъмат аст аз ҷиҳати вай, андар он ба кор дорӣ, ки барои он офаридааст; ва ҳамаро барои охират офаридааст ва маҳбуби вай аз ту он аст, ки бад-он машғул бошӣ, чун неъмати вай дар маҳбуби вай сарф кардӣ, шукр гузоридӣ, боз он ки ӯро дар он ҳеҷҳаззу насиб нест: ки вай аз ин муназзаҳ аст, лекин масали ин чунон аст, ки подшоҳеро дар ҳаққи ғуломе инояте бошад ва он ғулом аз вай дур бувад, вайро асб фиристад ва зоди роҳ фиристад, то ба наздики вай ояд ва ба сабаби наздикӣ ба ҳазрати вай мӯҳташам шавад ва дараҷаи баланд ёбад ва подшоҳро дурии вай ва наздикӣ дар ҳаққи хеш ҳар ду яке бувад, ки дар мамлакат вайро аз вай чизе наяфзояд ва накоҳад, лекин аз барои ғулом хоҳад, то вайро нек афтад, ки чун малик карим бувад, нек афтод. Ҳама халқро хоҳон бувад барои эшон на барои хеш; пас агар он ғулом ба рост нишинад ва рӯй ба ҳазрати малик оварад ва зод дар роҳ ба кор барад, шукри неъмати асб ва зод гузорад, бувад ва агар барнишинад ва пушт бар ҳазрати малик кунад, то дуртар афтад, каффорати неъмат оварда бошад ва агар маътал бигузорад ва на наздиктар шавад ва на дуртар, ҳам куфри он бувад, агарчи бад-он дараҷа набувад. Ҳамчунин чун банда неъмати Худои таъоло дар тоати вай ба кор дорад, то бад-он дараҷаи қурбат ёбад ба ҳазрати Илоҳият шокир бувад ва агар дар маъсият харҷ кунад, то дуртар шавад, куфри он бувад ва агар маътал бигузорад ё андар танаъъум мубоҳ кунад, ҳам куфри он бувад, агарчи бадон дараҷа набувад ва чун маълум шуд, ки шукри ҳар неъмате бад-он бошад, ки дар маҳбуби Ҳақ таъоло сарф кунад, ин натавонад, илло касе, ки маҳбуби Ҳақ таъоло аз макруҳ бозшиносад ва ин илме дақиқ аст ва борик, то ҳикмати офариниш дар ҳар чизе нашиносад, ин маънӣ маълум нашавад ва мо ба мисоле чанд мухтасар дар ин китоб ишорат кунем, агар касе зиёдате хоҳад аз китоби «Эҳё» талаб кунад, ки ин китоб беш аз ин эҳтимол накунад.
Пайдо кардан он ки куфрони ҳар неъмате он бошад, ки вайро аз роҳи ҳикмати вай бигардонанд ва дар он ваҷҳ, ки вайро барои он офаридаанд, сарф накунанд Бидон, ки сарф кардани неъмати Худои таъоло дар маҳбуби Худой шукр аст ва дар макруҳ куфрон аст ва маҳбуб аз макруҳ ба тафсили тамом ҷуз ба шарт натавон донист, пас шарт он аст, ки неъмат дар тоат сарф кунад, чунон ки фармон аст. Аммо аҳли басиратро роҳест, ки дар он ҳикмати корҳо ба назар ва истидлол ва бар сабили илҳом бишиносад, чи мумкин аст, ки 1 касе бишиносад, ки ҳикмат дар офариниши меғ борон аст ва дар офариниши борон набот аст ва дар офариниши набот ғизои ҷонварон аст ва ҳикмат дар офариниши офтоб, падид омадани шабу рӯз аст, то шаб сукунро бувад ва рӯз маишатро; Ин ва амсоли ин равшан аст, ки ҳама касе бишиносад, аммо дар офтоб бисёр ҳикматҳост, беруни ин ки ҳар касе нашиносад ва бар осмон ситорае бисёр аст, ки ҳар касе надонад, ки ҳикмати офариниши он чист, чунон ки ҳар касе бидонад, аз аъзои хеш, ки даст барои гирифтан аст ва пой барои рафтан ва чашм барои дидан ва бошад, ки надонад, ки ҷигар ва супурз барои чист ва надонад, ки чашм аз даҳ табақа офаридаанд. Пас, ин ҳикматҳо баъзе бориктар бувад, ки ҷуз хавос онро надонанд ва шарҳи ин дароз бувад ва аммо ин миқдор лобуд аст, ки бибояд донистан, ки одамиро барои охират офаридаанд, на барои дунё ва ҳар чӣ одамиро аз он насиб аст дар дунё, барои он офаридаанд, то зоди вай бошад ба охират ва гумон набояд бурд, ки ҳама чизе барои вай офаридаанд, то чун дар чизе худро фоидае набинад, гӯяд, ин чаро офаридаанд? То гӯяд, ба масал, ки мурча ва магасро чаро офаридаанд? Бояд ки мурча низ тааҷҷуб мекунад, то туро чаро офаридаанд, то ба ҳар роҳ пой бар ваӣ мениҳӣ ва мекушӣ! Ва тааҷҷуби ту ҳамчун тааҷҷуби вай аст; балки аз камоли ҷуди илоҳият лозим аст, ки ҳар чӣ мумкин аст, ки дар вуҷуд ояд, бар некӯтарин ваҷҳе дар вуҷуд ояд аз ҳама аҷнос ва анвоъ аз ҳайвонот ва наботот ва аз маодин ва ғайри он ва он гоҳҳар якеро дархури зарурати вай ва дараҷоти вай аз зинат ва оростагии вай дар вуҷуд ояд, ки он ҷо манъ ва бухл нест ва ҳар чӣ дар вуҷуд наёяд, аз камол ва зинат аз он бувад, ки маҳал қобили он набувад, ки ба зидди он сифат машғул бувад ва
1 Ҳамон гуна, ки дар муқаддима ёдовар шудем нусхае, ки ин китобро аз рӯи он ба чоп мерасад нусхаи комил нест ва то ин ҷо ба поён мерасад. Хушбахтона шунида шуд дар китобхонаи устоди ҷаноби Оқои Алӣ Асғари Ҳикмат нусхаи бисёр гаронбаҳое аз ин китоб мавҷуд аст, Пас аз мароҷиа хоҳиши мусаҳеҳро бо камоли кушодарӯӣ қабул фармуда нусхаи мазбурро ба ихтиёраш гузоштанд, бинобар ин лозим медонад ниҳоят ташаккур ва итминони худро хидмати ҷаноби муаззамлаҳу тақдим дорад.
бошад, ки он зид низ мақсуд бувад, барои кори дигар: ки оташро мумкин нест, ки сардӣ ва латофати об қабул кунад, ки гарм сардӣ напазирад, ки зидди вай аст ва гармӣ низ мақсуд аст аз вай азолат кардан, нуқсоне бувад. Ва ба ҳақиқат он рутубат, ки магас аз вай офариданд, магас аз он рутубат комилтар аст ва он рутубат қобили ин камол бувад, аз вай бознадоштанд, ки он манъи бухл бошад ва аз он комилтар аст, ки дар вай ҳаёт ва қудрат ва ҳис ва ҳаракат ва ашколи аъзои ғариб аст, ки дар он рутубат нест ва аз он одамӣ аз вай наёфариданд, ки боргоҳи офариниш одамӣ надошт ва қобили он набуд, ки дар вай сифоте бувад, ки зидди он сифот бувад, ки шарти офариниш одамӣ аст, аммо ҳар чӣ бад-он магасро ҳоҷат бувад, аз вай бознадошт, аз парру бол ва дасту пой ва чашму даҳон ва сару шикам ва ҷое, ки ғизо дар шавад ва ҷое, ки ғизо дар вай қарор гирад, то ҳазм афтад ва ҷое, ки боз берун ояд ва ҳар чӣ тани вайро бибоист, аз тангӣ ва латифӣ ва сабукӣ, аз вай бознадошт ва чун вайро ба дидор ҳоҷат бувад ва сари вай хурд бувад, ки чашме, ки пилк дорад, эҳтимол накунад, вайро ду нигина офарид бе пилк чун оина то суратҳо дар вай бинамояд ва бибинад, чун пилк барои он бувад, то гарде, ки бар чашм нишинад аз вай месутурад ва чун масқалаи1 оина бошад ва вайро пилк набувад, ба дили он ду даст зиёдат биёфариданд ва вайро то ҳар соат бад-он ду даст он ду нигинаро пок мекунад ва он гоҳ ду даст дар ҳам мемолад, то гард аз дасти вай бишавад; ва мақсуд аз гуфтани ин он аст, то бидонӣ, ки раҳмат ва лутфу инояти илоҳӣ омм аст ва ба одамӣ махсус нест, ки ҳар кирме ва сорхакеро он чи мебоист, ҳама ба камол бидодаанд, то ба решае ҳамон сурат бикардаанд, ки бар пиле ва ин на барои одамӣ офаридаанд, ки вайро барои худ офаридаанд, чунон ки туро барои ту офаридаанд, ки на пеш аз офариниш василате ва қаробате доштӣ, ки бадон мустаҳаққи офариниш будӣ, ки дигарон надоштанд, валекин баҳри Илоҳият он вақт муҳит буд, ки дар вай ҳама чизе буд ва яке аз чизҳо туӣ ва яке мӯрча аст ва яке магас ва яке пил ва яке мурғ ва ҳамчунин; ва агарчи аз ин ҷумла он чи ноқис аст, фидои комил кардаанд ва одамӣ комилтарин аст, лоҷарам чизҳо фидои вай аст, аммо дар зери замин, дар қаъри дарё бисёре чизҳост, ки одамиро дар вай ҳеч насиб нест ва бо вай ҳамон лутф кардаанд дар охир пеши зоҳир ва ботини вай ва бошад, ки чандон нақшу нигор бар зоҳири вай карда бошанд, ки одамиён аз он оҷиз оянд ва акнун ин ба дарёҳои улум тааллуқ дорад, ки уламо аз он оҷиз бошанд ва шарҳи он дароз бувад.

пешина
аз 176
навбатӣ