Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ҳақиқати риҷо
Бидон, киҳар кӣ дар мустақбал некӯӣ чашм дорад, ин чашм доштан вайро бошад, ки риҷо гӯянд ва бошад, ки таманно гӯянд ва бошад, ки ғурур гӯянд ва аҳмақону аблаҳон, инҳо аз якдигар бознадонанд ва пиндоранд, ки ин ҳама умед аст ва риҷои маҳмуд аст ва ин на чунон аст, балки агар касе тухме нек талаб кунад ва дар замини нарм афканад ва
1 Маҳал, истгоҳ.
хору гиёҳ пок кунад ва ба вақт об диҳад ва чашм дорад, ки иртифоъ1 бардорад, чун Худои таъоло савоиқ нигоҳ дорад ва офат дафъ кунад, ин чашм доштанро умед гӯянд ва агар тухми некӯ талаб накунад ва дар замини нарм наафканад ва аз хору гиёҳ пок накунад ва об надиҳад ва аз иртифоъ чашм дорад, инро ғурур гӯянд ва ҳамоқат на риҷо ва агар тухми нек дар замини пок афканад ва замин аз хору гиёҳ пок кунад, валекин об надорад ва чашм медорад, ки борон ояд — ҷое, ки борон он ҷо ғолиб набошад, валекин муҳол низ набошад, инро таманно гӯянд, ҳамчунин ҳар кӣ тухми имон дуруст дар саҳрои сина биниҳад ва сина аз хори ахлоқи бад пок бикунад ва ба мувозибат бар тоат дарахти имонро об диҳад ва чашм дорад аз фазли Худои таъоло, то офот дур дорад, то ба вақти марг ҳамчунин бимонад ва имон ба саломат бибарад, инро умед гӯянд ва нишони ин он бувад, ки дар мустақбал ба ҳар чӣ мумкин бувад, ҳеч тақсир накунад ва тааҳҳуд боз нагирад, ки фурӯ гузошт, тааҳҳуд гашт аз навмедӣ бувад на аз умед, аммо агар тухми имон пӯсида бувад, яъне яқин дуруст набуд ё дуруст буд, лекин сина аз ахлоқи бад пок накунад ва ба тоот об надиҳад, чашм доштани раҳмат аз ҳамоқат бувад на аз умед, чунон ки расул саллаллоҳу алайҳи — гуфт: «Алаҳмақу мин-аттабаъи нафсаҳу ҳува аммо ва таманно ъалаллоҳи азза ва ҷалла — аҳмақ он бувад, ки ҳар чӣ хоҳад кунад ва раҳмат чашм медорад», ки Ҳақ таъоло мегӯяд:
«Фа халлафа мин баъдиҳим халафун варису-л-китоба йаъхузуна ъараза ҳаза-л-адно ва йақулуна сайуғфару лано — мазаммат кард касонеро, ки пас аз анбиё илм ба эшон расид, валекин ба дунё машғул шуданд». Ва гуфтанд: «Чашм дорем, ки Худои таъоло бар мо раҳмат кунад». Пас, ҳар чӣ асбоб аст аз он чи ба ихтиёри банда тааллуқ дорад, чун тамом шуд, самарат чашм доштан риҷо бошад ва чун асбоб вайрон бошад, чашм доштан ҳамоқат бувад ва ғурур ва агар на вайрон бувад ва на ободон орзу бошад ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Лайса-д-дину би-т-таманни
— кори дин ба орзу рост наёяд». Пас, ҳар кӣ тавба кунад, бояд ки умед қабул дорад ва ҳар кӣ тавба накард, лекин ба сабаби маъсияти худ андӯҳгин ва ранҷур бувад ва чашм медорад, ки Худои таъоло вайро тавба диҳад ин риҷост, ки ранҷурии вай сабаби он аст, ки ба тавба кашад, аммо агар ранҷур набувад ва тавба чашм дорад, ғурур бувад, агарчи аблаҳон умед ном кунанд, Худои таъоло мегӯяд: «Ва-л-лазина ҳоҷиру ва ҷоҳиду ило фи сабилиллоҳи увлайка йарҷуна раҳматиллоҳи — касоне, ки имон оварданд ва орзуи хеш дар шаҳр ва сарои хеш бигузоштанд ва ғурбат ихтиёр карданд ва бо куффор ҷиҳод намуданд, эшонро ҷои умед аст ба
1 Маҳсул, фоида.
раҳмати мо». Яҳё ибни Маоз гӯяд: «Ҳеч ҳамоқат нест беш аз он ки тухми оташ мепароканад ва биҳишт чашм медорад ва сарои мутеъон меҷӯяд ва кори осиён мекунад». Ва амали нокардаро савоб мебиюсад ва яке бувад, ки вайро Зайдулхел гуфтандӣ, расулро салавотуллоҳу алайҳи гуфт:
«Омадаам, то аз ту бипурсам, ки нишони он, ки Худои таъоло ба вай шар хоста бошад, чист? Ва нишони он ки ба вай хайр хоҳад, чист?» Ва гуфт:
«Ҳар рӯзе бархезӣ, ба чӣ сифат бошӣ?» Гуфт: «Чунон ки хайрро ва аҳли хайрро дӯст дорам ва агар хайре падид ояд, ба зудӣ бикунам ва савоби он ба яқин бишиносам ва агар аз ман фавт шавад, андӯҳгин бошам ва дар орзуи он бимонам». Гуфт: «Ин аст нишони он, ки ба ту хайр хостааст ва агар коре дигар хостӣ, туро бад-он машғул кардӣ ва он гоҳ бок надоштӣ, ки дар кадом водӣ аз водиҳои дунё туро ҳалок кардӣ.
Илоҷи ҳосил кардани риҷо
Бидон, ки бад-ин дору ҳеч касро ҳоҷат нест, магар ду беморро: яке он ки аз бисёрии гуноҳ навмед шудааст ва тавба намекунад ва мегӯяд напазиранд ва дигар он, ки аз бисёрии ҷаҳд ва тоат хештан ҳалок мекунад ва ранҷ бисёр мекашад, ки тоқат надорад. Ин ду беморро бад-ин дору ҳоҷат аст, аммо аҳли ғафлатро ин дору набувад, балки заҳри қотил бувад.
Ва умеди ғолиб ба ду сабаб шавад: аввал эътибор1 аст, ки андеша кунад дар аҷоиби дунё ва офариниши набот ва ҳайвон ва анвои неъмат — чунон ки дар китоби «Шукр» гуфтем — то раҳмате бинад ва инояте ва лутфе, ки варои он натавонад буд: ки агар дар хештан нигарад ҳар чӣ вайро мебоист, чӣ гуна офаридааст, то он чи ба зарурат бувад, чун сару дил, ё ҳоҷат бувад бе зарурат чун дасту пой ва ороиш бувад бе ҳоҷат, чун сурхии лабу кажжии абрӯ ва сиёҳиву ростии мижаи чашм, чун офаридааст ва ин раҳмат бо ҳайвонот ҳама бикардаст, то бар занбӯре чандон илтифоти сунъ аст дар таносуби шукри вай ва дар некӯии нақши вай ва дар ҳидоят, ки вайро додааст, то хонаи хеш бино кунад ва асал дар вай ҷамъ оварад ва тоати подшоҳи хеш чун дорад ва подшоҳ сиёсати эшон чун кунад, ҳар кӣ дар чунин аҷоиб дар зоҳир ва ботини хеш офариниш тааммул кунад, донад ки раҳмат азимтар аз он аст, ки навмедиро ҷой бувад ва ё бояд ки хавф ғолиб бувад, балки бояд ки хавф ва риҷо баробар бувад, пас агар риҷо ғолиб бошад, ҷои он ҳаст ва боз лутф ва раҳмати Ҳақ таъоло дар офариниш ниҳоят надорад, то яке аз бузургон мегӯяд: ҳеч оят дар Қуръон
1 Ибрат гирифтан.
умедвортар аз ояти мадоинат1 нест, ки Ҳақ таъоло дарозтарин ояте дар Қуръон фурӯ фиристодааст, то мол чун нигоҳ доранд ва чӣ гуна бо вом диҳанд, ки зоеъ нашавад, чӣ гуна мумкин гардад бо чунин инояте аз омурзиши мо қосир бувад, то ҳама ба дӯзах равем? Ин як илоҷ бувад ҳосил кардани риҷоро ва сахт азим ва бениҳоят аст ва ҳар касе бад-ин дараҷа нарасад. Сабаби дуввум тааммул аст дар оёт ва ахбори риҷо, ки он низ аз ҳад берун аст, чунон ки дар Қуръон аст, ки ҳамегӯяд: «Ҳеч кас аз раҳмати ман навмед машавед — Ло тақнату мин раҳматиллоҳи»; «Фариштагон омурзиши шумо мехоҳанд — Йастағфируна лиман фи-лъарзи». Ва «Дӯзах барои он аст, то куффорро он ҷо фурӯ оранд, аммо шуморо бад-он тарсонанд — Золика йухаввифуллоҳу биҳи ъибодиҳи». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи, ҳаргиз аз омурзиш хостани уммати хеш наёсуд, то ин оят фуруд омад: «Ва инна раббака лаз ва мағфиратин ли-нноси ъало зулмиҳим»2 ва чун ин оят фуруд омад, ки: «Ва ласаввфа йуътика фатарзо»3. Гуфт: «Муҳаммад розӣ набошад, то аз уммати вай дар дӯзах як тан бувад ва чунин оёт бисёр аст ва аммо ахбор он аст», ки расул салавотуллоҳу алайҳи мегӯяд: «Уммати ман уммати марҳум аст, азоби эшон дар дунё бошад — фитна ва зилзила — ва чун рӯзи қиёмат ояд, ба дасти ҳар яке кофире боздиҳанд ва гӯянд ин фидои туст аз дӯзах». Ва гуфт: «Таб аз ҷуши дӯзах аст ва насиби мӯъмин аз дӯзах он аст». Ва Анис мегӯяд, ки: «Расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: бор Худоё, ҳисоби уммати ман ба ман кун, то касе масовии4 эшон набинад». Гуфт: «Эшон уммати туад ва бандагони мананд ва ман бар эшон раҳимтарам, нахоҳам, ки масовии эшон касе бинад, на ту ва на дигаре». Ва гуфт саллаллоҳу алайҳи, ки: «Ҳаёти ман хайри шумост, агар зинда бошам, шариат ба шумо меомузам ва агар мурда бошам, аъмоли шумо бар ман арза мекунанд, он чи нек бувад, ҳамду шукр мекунам ва он чи бад бувад, омурзиш мехоҳам». Ва як рӯз расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ё каримулафв».
Ҷабраил гуфт: «Донӣ, ки маънии ин чӣ бувад? Он ки зиштӣ афв кунад ва ба некӯӣ бадал кунад». Ва гуфт: «Чун банда гуноҳ кунад ва истиғфор кунад, Худои таъоло гӯяд: эй фариштагон нигоҳ кунед, ки бандаи ман гуноҳе кард ва донист, ки вайро Худовандест, ки ба гуноҳ бигирад ва ба
1 Мадоинат: вом додан ва гирифтан — мақсуд ин аст, ки он бузург гуфтааст, ки дар бузургтарин ояи Қуръон (сураи бақара ояи 282) Худованд роҳи нигоҳ доштани мол ва вом доданро ба тафсил ба бандагон омӯхта ва то ин андоза дар андешаи онон будааст, чӣ гуна тавонад буд, ки роҳати омми ӯ шомили бандагон нашавад ба сабаби туғёни мустаҳаққи азоб ва оташи дӯзах шаванд.
2 Парвардигори ту дар баробари ситамгарии мардумон барои эшон омурзиш дорад.
3 Худованд он қадар ба ту бибахшад, ки розӣ мешавӣ.
4 Бадиҳо — бадкориҳо.
истиғфор биёмурзад, гувоҳ гирифтам шуморо, ки вайро биёмурзидам».
Ва гуфт: «Худои таъоло мегӯяд: агар бандаи ман гуноҳ кунад, ба парии осмон, чун истиғфор мекунад, умед медорад, вайро меомурзам». Ва гуфт:
«Агар банда ба парии замин гуноҳ дорад: ман ба парии замин барои ӯ раҳмат дорам». Ва гуфт: «Фаришта гуноҳи банда нанависад, то шаш соат, агар гуноҳро истиғфор кунад, асло нанависад ва чун тавба накунад ва тоат накунад, фариштаи дасти рост гӯяд он дигарро, ки: гуноҳ аз девони вай бияфкан, то ман низ як ҳасанат бияфканам ивази он ва ҳар ҳасанати ба даҳ саййиъа бувад, на вайро бимонад». Ва гуфт: «Чун банда гуноҳ кунад, бар вай нависанд, аъробие гуфт: «Агар тавба кунад?» Гуфт: «Маҳв кунанд». «Агар бо сар шавад?» Гуфт: «Бинависанд». Гуфт: «Агар тавба кунад?» Гуфт: «Маҳв кунанд», гуфт: «То кай?» Гуфт: «То истиғфор мекунад». Худои таъолоро аз омурзиш малол нагирад, то бандаро аз истиғфор малол нагирад. Ва чун қасди некӣ кунад, фаришта ҳасанат бинавишта, ҳасанат бинависад, пеш аз он ки бикунад, агар бикунад, ба даҳ бинависад ва он гоҳ зиёдат ҳамекунад, то ба ҳафтсад; ва чунки қасди маъсият кунад, нанависад, агар бикунад, яке бинависад ва вайро афви Худой бувад. Ва марде расулро салавотуллоҳу алайҳи гуфт, ки: «Ман моҳи рамазон рӯза дораму бас ва панҷ намоз кунам ва бар ин наяфзоям ва Худойро таъоло бар ман закот ва ҳаҷ нест, ки мол надорам, фардо куҷо бошам?» Расул салавотуллоҳу алайҳи бихандид ва гуфт: «Бо ман бошӣ, агар дил аз ду чиз нигоҳ дорӣ, аз ғиллу1ҳасад ва забон аз ду чиз нигоҳ дорӣ, ғайбату дурӯғ ва чашм аз ду чиз нигоҳ дорӣ, ба номаҳрам нигаридан ва ба халқи Худой ба чашми ҳақорат нигоҳ кардан, бо ман дар биҳишт ба ҳам бошӣ, бар ин кафи дасти худ азизат дорам» ва аъробие расулро салавотуллоҳу алайҳи гуфт, ки: «Ҳисоби халқ фардо, кӣ кунад?»
Гуфт: «Худои таъоло». Гуфт: «Ба худии худ?» Гуфт: «Оре». Аъробӣ бихандид, расул саллаллоҳу алайҳи — гуфт: «Эй аъробӣ, бихандидӣ?»
Гуфт: «Оре, карим чун даст биёбад, афв кунад ва чун ҳисоб кунад, мусомеҳат кунад», расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Рост гуфт, ҳеч кас каримтар аз Худой нест, пас гуфт: Ин аъробӣ фақеҳ аст, пас гуфт, ки:
Худои Каъбаро шариф ва бузург кардааст, агар бандае онро вайрон кунад ва санг аз санг ҷудо гардонад ва бисӯзад, ҷурми вай бад-он дараҷа набувад, ки ба валие аз авлиёи Худой истихфоф намояд». Аъробӣ гуфт: «Авлиёи Худой киёнанд?» Гуфт: «Ҳама мӯъминон авлиёи ваянд, нашунидаӣ ин оят «Аллоҳу валийу-л-лазина оману». Ва гуфт: «Худой мегӯяд: халқро барои он офаридаам, то бар ман суд кунанд, на то ман бар эшон суд кунам». Ва
1 Хиёнат ва дурӯӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё