Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

гуфт: «Худои таъоло бар худ набиштааст, пеш аз он ки халқро биёфарид, ки: раҳмати ман бар хашми ман ғалаба дорад». Ва гуфт: «Ҳар кӣ ло илоҳа иллаллоҳ бигуфт, дар биҳишт шавад ва ҳар кӣ охир калимаи вай ин буд, оташ вайро набинад ва ҳар кӣ бе ширк дар он ҷаҳон равад, дар оташ нашавад». Ва гуфт: «Агар шумо гуноҳ накардед, Худои таъоло халқе дигар биёфаридӣ, то гуноҳ кунанд, то бар эшон раҳмат кунад». Ва гуфт: «Худои таъоло бар банда раҳимтар аз он аст, ки модари мушфиқ бар фарзанд».
Ва гуфт: «Худои таъоло чандон раҳмат изҳор кунад рӯзи қиёмат, ки ҳаргиз дар дил нагузаштаст, то ба ҷое, ки иблис гардан барафрозад умеди раҳматро». Ва гуфт: «Худойро таъоло сад раҳмат аст. Наваду нӯҳ ниҳодааст қиёматро ва як раҳмат беш изҳор накардааст дар ин олам, ҳама дилҳо бад-он як раҳмати раҳим аст, то раҳмати модар бар фарзанд ва устур бар бачча ҳам аз он раҳмат аст ва рӯзи қиёмат ин раҳмат боз он наваду нӯҳҷамъ кунанд ва бар халқ бигустаранд ҳар раҳмат чанд итбоқ1 осмону замин ва дар он рӯз ҳеч кас ҳалок нашавад, магар он ки андар азал ҳалок бувад». Ва гуфт: «Шафоати хеш ниҳодаам аҳли кабоирро аз уммати хеш, пиндоред, ки барои мутеъон ва парҳезгорон аст, балки барои олудагон ва мухаллатон аст». Саъд ибни Билол гуфт: «Ду мардро аз дӯзах берун оваранд, Худои таъоло гӯяд он чи дидед аз феъли хеш дидед, ки ман зулм накунам бар бандагон ва бифармояд, то эшонро ба дӯзах баранд, яке ба шитоб биравад ба салосил ва иғлол ва дигар бозпас меистад, ҳар дуро бозоваранд ва пурсанд, ки чаро чунин кардед? Он ки шитоб карда бошад гӯяд, вуболи нофармонӣ ва тақсир чашидам, акнун аз он битарсидам ва дигар гӯяд, гумони некӯ бурдам, умед доштам, ки чун берун овардӣ, боз дӯзах бознафиристӣ, пас ҳар дуро ба биҳишт фиристанд». Ва расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Мунодии рӯзи қиёмат нидо кунад, ки ё уммати Муҳаммад, ман ҳаққи хешро дар кори шумо кардам ва ҳуқуқи шумо бар якдигар бимонад, дар кори якдигар кунед ва ҳама ба биҳишт шавед». Ва гуфт: «Якеро аз уммати ман ҳозир кунанд рӯзи қиёмат бар сари халоиқ ва наваду нӯҳ сиҷил2 — ҳар яке чандон ки чашм бикашад — ҳама гуноҳон бар вай арза кунанд ва гӯянд, аз ин ҳама ҳеч инкор мекунӣ, фариштагон аз навиштани инҳо ҳеч зулм кардаанд?»
Гӯяд: «На, ё раб». Бозгӯянд: «Ҳеч узр дорӣ?» Гӯяд: «На, ё раб» ва дил ба дӯзах ниҳад, Худои таъоло гӯяд: «Туро назди ман ҳасанате ҳаст, бар ту зулм накунам», пас руқъате биёварданд ва бар он навишта: «Ашҳаду ан ло илоҳа иллалоҳу ва ашҳаду ан Муҳаммадан расулуллоҳи», банда гӯяд
1 Табақаҳо.
2 Имзои қозӣ бар пои санаде барои гувоҳии сиҳҳати он.
ин руқъат бо ин сиҷилот куҷо каффорат кунад, гӯяд бар ту зулм накунанд, он ҳама сиҷилот бар як каф ниҳанд ва он руқъа дар он дигар, руқъа ҳамаро аз ҷой баргирад ва аз ҳама гаронтар ояд, ки ҳеч дар муқобилаи тавҳиди Худои таъоло наёяд. Ва гуфт: «Худои таъоло фариштагонро фармояд, ки: ҳар кӣ дар дили вай як мисқол хайр аст, аз дӯзах берун оред, берун оварданд халқи бисёреро, пас гӯянд, ки ҳеч кас намонд; пас гӯяд: ҳар киро дар дил мисқоли1 як зарра хайр аст, аз дӯзах берун оред, берун оваранд ва гӯянд ҳеч кас намонд, ки як зарра хайр доштааст, гӯянд шафоати пайғомбарон ва шафоати мӯъминон ҳама бирасид ва иҷобат карда шуд, намонад, магар раҳмати арҳамар-роҳимин, як қабза аз дӯзах фаро гирад ва қавмеро берун оварад, ки ҳаргиз ҳеч хайре накарда бошанд, ба қадри як зарра ва ҳама чун ангишт шуда, эшонро дар ҷӯе афканад аз ҷӯйҳои биҳишт, ки онро наҳрулҳаёт хонанд, аз он ҷо берун оянд поку равшан, чунонки сабза аз миёни селоб берун ояд, ҳамчун марвориди равшани муҳрҳо дар гардан, ки аҳли биҳишт ҳама бишиносанд ва гӯянд инҳо озодкардангони Ҳақ таъолоанд, ки ҳаргиз ҳеч хайр накардаанд, пас гӯяд дар биҳишт шавед ва ҳар чиз, ки бинед, шуморост, гӯянд Бор Худоё, моро он додӣ, ки ҳеч касро надодӣ дар олам, гӯяд шуморо наздики ман аз ин бузургтар аст, гӯянд чӣ бошад аз ин бузургтар? Гӯяд ризои ман, ки аз шумо хушнуд бошам, ки ҳаргиз нохушнуд нашавам»; ва ин хабар дар «Саҳеҳи»–и Бухорӣ ва Муслим аст.
Ва Амр ибни Ҳайзам гӯяд, ки: «Се рӯз расул салавотуллоҳу алайҳи ғоиб мебуд, ки ҷуз ба намози фариза берун наёмадӣ, чун рӯзи чаҳорум буд, берун омаду гуфт: худои таъоло маро ваъда дод, ки ҳафтод ҳазор аз уммати ту бе ҳисоб биёмурзам ва дар биҳишт шаванд ва ман дар ин се рӯз зиёдат хостам, Худойро таъоло кариму бузургвор ёфтам, ба ҳар яке аз ин ҳафтод ҳазори дигар дод маро, гуфтам: Бор Худоё, уммати ман чандон бошанд?!» Гуфт: «Ин адад тамом кунам аз ҷумлаи аъроб». Ва ривоят кардаанд, ки кӯдакеро дар баъзе аз ғазавот асир гирифта буданд ва дар ман язид2 ниҳода дар рӯзи гарми бағоят, занеро аз хайма чашм бар вай афтод, медавид ва аҳли он хайма аз паси вай медавиданд, то кӯдакро бигирифт ва ба синаи хеш бозниҳод ва хештанро соябони вай кард, то гармо ба кӯдак нарасад ва мегуфт: «Ин писари ман аст, мардумон бигиристанд, ки ин бидиданд ва даст аз корҳо бидоштанд аз атиме шафқат бар вай, пас расул салавотуллоҳу алайҳи он ҷо фаро расид ва қисса бо вай бигуфтанд ва шод шуд аз раҳимдилии эшон ва аз гиристани
1 Ба сангинӣ.
2 Музоида.
эшон барои кӯдак ва гуфт: аҷаб омад шуморо аз шафқат ва раҳмати ин зан?» Гуфтанд: «Оре». Гуфт: «Ҳақ таъоло бар ҳамагони шумо раҳимтар аст, аз он ки ин зан бар писари хеш» ва мусулмонон аз он ҷо пароканда шуданд ба шодии тамом, ки мисли он набуда буд. Ва Иброҳим ибни Адҳам — раҳматуллоҳи алайҳи — гуфт: «Шабе дар тавоф холӣ бимондам ва борон меомад, гуфтам бор Худоё маро аз гуноҳ нигоҳ дор, то ҳеч маъсият накунам, овозе шунидам аз хонаи Каъба, ки: ту исмат мехоҳӣ ва ҳама бандагон ҳамин хоҳанд, агар ҳамаро аз гуноҳ нигоҳ дорам, фазлу раҳмати хеш бар кӣ ошкор кунам?»
Ва бидон, ки чунин ахбор бисёр аст ва касе, ки хавф бар вай ғолиб бувад, ин шифои вай аст ва касе, ки ғафлат бар вай ғолиб бувад, бояд ки бидонад, бо ин ҳама ахбор, ки маълум аст, ки баъзе аз мӯъминон дар дӯзах хоҳанд шуд ва бозпасин кас он бувад, ки пас аз ҳафт ҳазор сол берун ояд ва агар ҳама як кас беш, дар дӯзах нахоҳад шуд, чун дар ҳаққи ҳар касе мумкин аст, ки он вай бошад, бояд ки роҳи ҳазм ва эҳтиёт гирад ва он чи битавонад кард, аз ҷаҳд бикунад, то вай он кас набошад, ки агар ҳама лаззоти дунё бибояд гузошт, то як шаб дар дӯзах набояд буд, ҷои он бошад, то ба ҳафт ҳазор сола чи расад! Ва дар ҷумла бояд, ки хавф ва риҷо мӯътадил бувад, чунон ки Умар разийаллоҳу анҳу гуфт: «Агар мунодӣ кунанд, ки ҳеч кас дар биҳишт нахоҳад шуд, магар як кас, гумон барам, ки он ман бошам ва агар гӯянд, ки ҳеч кас дар дӯзах нахоҳад шуд, магар як кас тарсам, ки он ман бошам».
Пайдо кардани фазилати хавф ва ҳақиқат ва ақсоми он Бидон, ки хавф аз мақомоти бузург аст; ва фазилати вай дархури асбоб ва самароти вай аст: аммо сабаби вай илму маърифат аст, — чунон ки шарҳ карда ояд — ва барои ин гуфт Ҳақ таъоло: «Иннамо йихшаллоҳа мин ъибодиҳи-л-ъуламоу»1 ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Раъсу-лҳикмати махофатуллоҳи»2 ва аммо самароти вай иффат асту вараъ ва тақво ва ин ҳама тухми саодат аст: ки бе тарки шаҳавот ва сабр аз он роҳи охират натавон ёфт ва ҳеч чиз шаҳватро чунон насӯзад, ки хавф ва барои ин аст, ки Ҳақ таъоло хоифонро ҳадде ва раҳмату илм ва ризвон3ҷамъ карда дар се оят ва гуфт: «Ҳудан ва раҳматун лиллазина ҳум лираббиҳим йарҳабуна — ва иннамо йахшаллоҳа мин ъибодиҳи-л-ъуламоу —
1 Аз Худо донишмандони бандагонаш метарсанд.
2 Сирри ҳикмат ва доноӣ тарс аз Худост.
3 Ризоят, хурсандӣ.
разийаллоҳу анҳу ва разу ъанҳу золика лиман хашийа раббаҳу». Ва тақво, ки самарати хавф аст Ҳақ таъоло бо худ изофат карду гуфт: «Ва локин йанолаҳу-т-тақво минкум»1. Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Он рӯз, ки халқро дар саиди2қиёмат ҷамъ кунанд, мунодӣ фармояд эшонро ба овозе, чунон ки дуру наздик бишунаванд ва гӯяд: ё мардумон, сухани шумо ҳама бишунидам, аз он рӯз шуморо офаридам, то имрӯз сухани ман бишунавед ва гӯш доред, ки корҳои шумо дар пеши шумо хоҳам ниҳод ё мардумон, насабе шумо ниҳодед ва насабе ман, насаби хеш баркашидед ва насаби ман фурӯ ниҳодед, гуфтам: инна акрамакум ъиндаллоҳи атқокум
— бузургтарини шумо он аст, ки парҳезкортар аст. Шумо гуфтед на, ки бузург он аст, ки фулон ибни фулон аст, имрӯз насаби хеш бармекашам ва насаби шумо фурӯ ниҳам, айнал-муттақуна — куҷоанд парҳезгорон? Пас, илме ба пой кунанд ва дар пеш мебаранд ва парҳезгорон паси он мераванд, то ҷумла беҳисоб дар биҳишт шаванд». Ва бад-ин сабаб аст, ки савоби хоифон музоаф аст, ки гуфт: «Ва лиман хофа мақома раббиҳи ҷаннатони»3. Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт, ки: «Худои таъоло мегӯяд: ба иззати ман, ки ду хавф ва ду амн дар як банда ҷамъ накунам:
агар аз ман тарсад дар дунё, дар охират эмин дорамаш ва агар эмин бошад, дар охират дар хавф дорамаш». Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Ҳар кӣ аз Худой тарсад, ҳама чизе аз вай тарсад ва ҳар кӣ аз Худой натарсад, вайро ба ҳама чизе битарсонанд». Ва гуфт: «Тамоми ақлтарини шумо тарсандатарини шумост аз Худои таъоло». Ва гуфт: «Ҳеч мӯъмин нест, ки як қатра ашк аз чашми вай биёяд — агар ҳама чанд пари магасе бошад, ки он бар рӯи вай расад, ки на рӯи вай бар оташ ҳаром шавад». Ва гуфт: «Чун бандаро аз бими Худои таъоло мӯе ба тан бархезад ва барандешад, гуноҳони вай ҳамчунон фурӯ резад, ки барг аз дарахт». Ва гуфт: «Ҳар кас, ки вай аз бими Ҳақ таъоло бигирист, дар оташ нашавад, то шир, ки аз эшон берун омада бошад, дар пистон нашавад». Ва Оиша разийаллоҳу анҳо гӯяд, ки: Мустафоро салавотуллоҳу алайҳи гуфтам: «Ҳеч кас аз уммати ту дар биҳишт шавад бе ҳисоб?» Гуфт: «Шавад, он ки аз гуноҳи хеш ёд орад ва бигиряд». Ва гуфт расул — салавотуллоҳу алайҳи, ки: «Ҳеч қатра назди Худои таъоло дӯсттар аз қатраи ашк набувад аз бими Худои таъоло ва аз қатраи хун, ки дар роҳи Ҳақ таъоло бирезад». Ва гуфт:
«Ҳафт кас дар сояи Худои таъоло бошанд. Яке он кас бувад, ки Худойро
1 Парҳезгории шумо дар он (қурбонӣ кардан) насиби Худост. (дар сураи Ҳаҷ аст, ки вақте қурбонӣ кунед, гӯшту хуни ин ба Худо намерасад, балки парҳезгории қурбоникунанда ба Худо мерасад).
2 Замини баланд.
3 Онро ки аз парвардигораш битарсад дар биҳишт аст.
таъоло дар хилват ёд кунад ва об аз чашми вай бирезад». Ва Ҳанзала мегӯяд, ки наздики расул салавотуллоҳу алайҳи будам ва моро панд медод, чунон ки дилҳо танг шуда ва об аз чашмҳо равон гашт, пас ба хона омадам, аҳл бо ман дар ҳадис омад ва ба ҳадиси дунё фурӯ афтодем, пас маро он сухани расул салавотуллоҳу алайҳи ёд омад ва аз гиристани худ берун омадам ва фарёд ҳамекардам, ки оҳҲанзала мунофиқ шуд, Абӯбакр маро пеш омад, гуфт на мунофиқ шудӣ дар наздики расул — алайҳиссалом — рафтам ва гуфтам: Ҳанзала мунофиқ шуд. Гуфт: «Калло лам йунофиқҲанзалаҳу»1, пас Ҳанзала гӯяд ин ҳол вайро ҳикоят кардам, гуфт:
«Ё Ҳанзала, агар бар он ки дар пеши мо ёфтӣ, бимондӣ, фариштагони осмон бо шумо мусофиҳа кардандӣ дар роҳҳо ва дар хонаҳо, валекин Ҳанзала соате ва соате».2
Осор Шиблӣ мегӯяд — раҳматуллоҳи алайҳи: «Ҳеч рӯз набуд, ки хавф бар ман ғолиб шуд, ки на он рӯз даре аз ҳикмат ва ибрат бар дили ман кушода шуд». Яҳё ибни Муоз — раҳматуллоҳи алайҳи — гӯяд: «Гуноҳи мӯъмин миёни биму уқубат ва умеди раҳмат чун рӯбоҳе бувад миёни ду шер». Ва ҳам вай гуфт: «Мискин одаме, агар аз дӯзах чунон битарсидӣ, ки аз дарвеше, дар биҳишт шудӣ!» Вайро гуфтанд: фардо кӣ эминтар? Гуфт:
«Он ки имрӯз тарсонтар». Яке Ҳасанро гуфт: «Чӣ гӯӣ дар маҷлиси қавме, ки моро чандин метарсонанд, ки дилҳои мо пора мешавад?» Гуфт: «Имрӯз бо қавме сӯҳбат кунед, ки шуморо битарсонанд ва фардо бо ман расед беҳтар аз он ки сӯҳбати қавме сӯҳбат кунед, ки шуморо эмин доранд ва фардо ба хавф расед». Абӯсулаймони Доронӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — мегӯяд — ҳеч дил аз хавф холӣ нашуд, ки на вайрон шуд. Ва Оиша разийаллоҳу анҳо гуфт, ки расулро салавотуллоҳу алайҳи гуфтам ин чист, ки дар Қуръон мегӯяд, ки: «Мекунанд ва метарсанд — Ва-л-лазина йуътуна мо атав ав қулубуҳум ва ҷилатун», ин дуздӣ ва зиност? Гуфт: «На, намозу рӯза ва садақа мекунанд ва метарсанд, ки напазиранд». Ва Муҳаммад ибнулМункадир чун бигиристӣ, ашк дар рӯй молидӣ ва гуфтӣ: шунидам, ки ҳар куҷо ашк ба вай расад, ҳаргиз насӯзад. Ва Сиддиқ мегӯяд: «Бигирйед ва агар натавонед, хештан гирён созед». Ва Каъбулахбор гӯяд, ки: «Ба Худой, ки бигирям чандон, ки об ба рӯи ман фурӯ резад, дӯсттар дорам аз он ки ба миқдори кӯҳе садақа бидиҳам ва Абдурраҳмони Умар гӯяд:
«Қатрае аз ашк, ки аз бими Худои таъоло фурӯ резад, дӯсттар дорам аз ҳазор динор садақа».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё