Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Гуфт: «Бор Худоё, тавба кардам ва хурсанд шудам ва хок бар сар кард аз ташвири суоли хеш». Ва яке аз далоил суихотимати нифоқ буд ва аз ин буд, ки саҳоба ҳамеша бар хештан метарсиданд аз нифоқ. Ва Ҳасани Басрӣ гӯяд: «Агар бидонаме, ки дар ман нифоқ нест, аз ҳар чӣ дар рӯи замин аст, дӯсттар дораме»; ва гуфт: «Ихтилофи ботину зоҳир ва дилу забон аз нифоқ аст».
– ФАСЛ –
(Асбоби суихотимат)
Бидон, ки маънии суихотимат, ки ҳама аз он тарсанд, он аст, ки имони вай бозситонанд ба вақти рафтан ва инро асбоб бисёр аст ва илми ин пӯшидааст, валекин он чи андар ин китоб битавон гуфт, он аст, ки ин аз ду сабаб хезад: яке он ки касе бидъате ботил эътиқод кунад ва умр бар он бигузорад ва гумон набарад, ки он худ хато тавонад буд, дар наздикии марг корҳо кашф афтад, бошад, ки вайро хатои вай кашф кунанд ва бад-он сабаб дар дигар эътиқодҳо, ки доштааст, низ ба шак афтад, ки эътимод бархезад аз эътиқоди хеш ва бар ин шак биравад ва ин хатар мубтадеъро бувад ва касеро, ки роҳи калом ва далел сипарад, агарчи бо вараъ ва порсо бошад; аммо аблаҳон ва аҳли саломат, ки мусулмонӣ ба зоҳир — чунон ки дар Қуръон ва ахбор аст — бигирифта бошанд, аз ин эмин бошанд ва аз ин гуфт расул — салавотуллоҳу алайҳи: «алайкум бидини-л-аҷоъизи»1 ва:
«Аксару аҳлу-л-ҷаннати-л-балҳу»2 ва салаф бад-ин сабаб бувад, ки аз калом ва баҳс ва ҷустуҷӯи ҳақиқат корҳо манъ кардандӣ, ки донистандӣ, ки ҳар касе тоқати он надорад ва дар бидъате афтад. Сабаби дигар он бувад, ки имон дар асл заиф бошад ва дӯстии дунё ғолиб ва дӯстии Худои таъоло
1 Бар шумо бод бад-ин пирзанон.
2 Бештари аҳли биҳишт аблаҳонанд.
заиф бошад, ба вақти марг чун бинад, ки ҳама шаҳватҳои вай аз вай бозмеситонанд ва аз дунё вайро берун мебаранд ва ҷое мебаранд, ки намехоҳад, бошад, ки бад-ин сабаб кароҳияте аз он ки бо вай ин мекунад, бо вай бозгардад ва он дӯстии заиф низ ботил шавад, чун касе, ки фарзандеро дӯст дорад, валекин дӯстии заиф, чун фарзанд чизеро, ки маъшуқи вай ва аз фарзанд дӯсттар дорад, аз вай бозситонад, фарзандро душман гирад ва он миқдор дӯстӣ, ки бувад, ботил шавад ва барои ин аст, ки дараҷаи шаҳодат азим аст, ки дар он вақт дунё аз пеш бархоста бошад ва ҳубби Худои таъоло ғолиб шуда ва дил бар марг ниҳода, дар чунин ҳол марг даррасад ва донад ғанимате бузург бувад, чи ин чунин ҳол зуд бигардад ва дил бар он сифат намонад. Пас, ҳар киро дӯстии Ҳақ таъоло ғолибтар шавад, аз ҳар чизе, лобуд вайро аз он боздошта бошад, ки ҳамагии хеш ба дунё диҳад, вай аз ин хатар эминтар бувад ва чун ба вақти марг расад ва донад, ки вақти дидори дӯст омад, маргро кореҳ набошад ва дӯстии Ҳақ таъоло ғолибтар шавад ва дӯстии дунё ботил ва нопайдо шавад, ин нишони ҳусни хотимат бувад; пас ҳар кӣ хоҳад, ки аз ин хатар дур бошад, бояд ки аз бидъат дур гардад ва бад-он чи дар Қуръон ва ахбор аст, имон оварад ва ҳар чӣ бидонад, қабул кунад ва ҳар чӣ надонад, таслим кунад ва ба ҷумла имон оварад ва ҷаҳди он кунад, то дӯстии Худои таъоло бар вай ғолиб шавад ва дӯстии дунё заиф шавад ва ин ба он заиф шавад, ки ҳудуди шаръ нигоҳ медорад, то дунё бар вай мунағғас шавад ва аз вай нафрат гирад ва дӯстии Худои таъоло дар дил қавӣ гардад, ки ҳамеша зикри вай ҳамекунад ва сӯҳбати вай дорад на бо дӯстони дунё; пас агар дӯстии дунё ғолибтар бувад, кор дар хатар бувад, чунон ки дар Қуръон гуфт, ки: «Агар падару модар ва молу неъмат дӯсттар доред аз Худой, сохта бошед, то фармони Худои таъоло даррасад — Фатараббасу ҳатто йаътиллоҳу биамриҳи».
(Илоҷи хавфи ба даст овардан)
Бидон, ки аввал мақом аз мақомоти дин яқин аст ва маърифат, пас аз маърифат хавф хезад ва аз хавф зӯҳд ва сабру тавба ва сидқу ихлос ва мувозибат бар зикр ва фикри бардавом падид ояд ва аз он унсу муҳаббат хезад ва ин ниҳояти мақомот аст ва ризо ва тафвиз ва шавқ ин ҳама худ табъи муҳаббат бошад; пас кимиёи саодат пас аз яқин ва маърифат, ки худро ва Худоро бишинохт — хавф аст! Ва ҳар чӣ пас аз он аст, бе вай рост наёяд ва ин ба се тариқ ба даст ояд:
Яке ба илм ва маърифат, ки чун худро ва Ҳақ таъолоро бишинохт, ба зарурат батар аст, ки ҳар кӣ дар чанголи шер афтод ва шерро бишиносад, ӯро ба ҳеч илоҷу ҳила ҳоҷат набошад, то битарсад, балки айни хавф гардад; ва ҳар кӣ Худои таъоло ба камол ва ҷалолу қудрат ва бениёзӣ аз халқ бишинохт ва худро ба бечорагӣ ва дармондагӣ бишинохт, хештанро ба ҳақиқат дар чанголи шер бидид, балки ҳар кӣҳукми Худои таъоло бишинохт, ки ҳар чӣ хоҳад буд, то ба қиёмат ҳукм бикардааст, баъзеро саодат бе василате ва баъзеро шақоват беҷинояте, балки чунон ки хост ва он ҳаргиз бинагардад, лобуд тарсад. Ва барои ин гуфт расул салавотуллоҳу алайҳи ки: «Мусо алайҳиссалом бо Одам алайҳиссалом ҳуҷҷат овард, Одам Мусоро низ овард, Мӯсо гуфт: худой туро дар биҳишт фуруд овард ва бо ту чунин ва чунин кард, чаро осӣ шудӣ, то худро ва моро дар бало афкандӣ?» Одам гуфт: «Он маъсият бар ман набишта буд дар аввал, ҳукми вайро хилоф натавонистам кард, фаҳҳоҷи Одам, Мӯсо — сухани Мӯсо дар дасти Одам мунқатеъ шуд ва ҷавоб надошт». Ва абвоби маърифат, ки аз он хавф хезад, бисёр аст ва ҳар кӣ орифтар хоифтар, то дар ривоят аст, ки ҷабраил ва расул — алайҳимоссалоту вассалом — ҳар ду мегиристанд, ваҳй омад, ки чаро мегирйед ва шуморо эмин кардаам?
Гуфтанд: бор Худоё, аз макри ту эмин наем, гуфт: «Ҳамчунин мебошед»; ва аз камоли маърифати эшон буд, ки гуфтанд: набояд, ки он чи моро гуфтаанд, ки эмин бошед, озмоише бошад ва дар таҳти вай сирре бошад, ки мо аз дарёфти он оҷиз бошем ва дар рӯзи бадр ибтидоушшукри мусулмонон заиф шуданд, расул алайҳиссалом тарсид, гуфт: «Бор Худоё, агар ин мусулмонон ҳалок шаванд, бар рӯи замин касе намонад, ки туро бипурсад». Сиддиқ гуфт: «Савганд бар Худои таъоло, чи диҳӣ, ки туро ба нусрат ваъда додааст, лобуд ваъдаи худ рост кунад»: мақоми Сиддиқ дар ин вақт эътимод буд бар ваъдаву ба карам ва мақоми расул салавотуллоҳу алайҳи хавф буд аз макр; ва ин тамомтар бувад, ки донист, ки касе асрори корҳои илоҳӣ ва таъбияи1 вай дар тадбири мамлакат ва сарриштаи тақдири вай бознаёбад; Тариқи дуввум — он аст, ки чун аз маърифат оҷиз ояд, сӯҳбат бо аҳли хавф кунад, то хавфи эшон ба вай сироят кунад ва аз аҳли ғафлат дур бошад ва аз ин хавф ҳосил ояд, агарчи ба тақлид бувад, чун хавфи кӯдак аз мор, ки падарро дида бошад, ки аз он мегурезад, вай низ битарсад ва бигурезад, агарчи сифати мор надонад; ва ин заифтар бувад аз хавфи ориф: ки агар кӯдак боре чанд муаззимро бинад, ки даст ба мор мебарад, чунон ки ба тақлид тарсад, ҳам ба тақлид эмин шавад ва даст бад-он барад ва он ки сифати мор донад, аз ин эмин бувад, пас бояд ки муқаллид
1 Васоили кореро фароҳам сохтан.
дар хавф аз сӯҳбати аҳли амн ва ғафлат ҳазар кунад, хосса аз касе, ки ба сурати аҳли илм бошад.
Тариқи саввум — он ки чун ин қавм наёбад, ки бо эшон сӯҳбат кунад, ки дар ин рӯзгор камтар мондаанд — ҳоли эшон бишунавад ва кутуби эшон бархонад ва мо бад-ин сабаб баъзе аз аҳволи анбиё ва авлиё дар хавф ҳикоят кунем, то ҳар кӣ андак моя хирад дорад, бидонад, ки эшон оқилтарин ва орифтарини халқ буданд ва чунон тарсиданд, дигаронро авлотар бувад, ки битарсанд.
(Ҳикояти пайғомбарон ва малоика)
Ривоятест, ки чун иблис малъун шуд, Ҷабраил ва Микоил доим мегиристанд, Худои таъоло ба эшон ваҳй фиристод, чаро мегирйед?
Гуфтанд: аз макри ту эмин наем! Гуфт: «Чунин бояд, эмин мабошед». Ва Муҳаммад ибнулМункадир мегӯяд: «Чун дӯзах биёфарид, ҳама фариштагон бигиристанд, чун одамиёнро биёфарид он гоҳ хомӯш шуданд, донистанд, ки на барои эшон офарид». Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳаргиз Ҷабраил бар ман наёмад илло ларза бар вай аз бими Худои таъоло». Анас гӯяд, ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Аз Ҷабраил пурсидам, ки чаро Микоилро ҳаргиз хандон набинам?» Гуфт: «То оташро биёфаридааст ва ҳаргиз нахандидааст». Ва чун Халил алайҳиссалом дар намоз истодӣ, ҷӯши дили вай аз ду мил бишунидӣ. Муҷоҳид гӯяд, ки:
Довуд алайҳиссалом чиҳил рӯз мегирист сар бар суҷуд, то гиёҳ аз ашки вай бираст, нидо омад, ки: ё Довуд, чаро мегирйӣ? Агар гуруснаӣ, то нонат диҳам ва агар бараҳнаӣ, то ҷомаат фиристам, як нолиданӣ бинолид, ки оташи нафаси вай чӯбро бисӯхт, пас Худои таъоло тавбаи вай бипазируфт. Гуфт: «Бор Худоё, гуноҳи ман бар кафи дасти ман нақш кун, то гуноҳ фаромӯш накунам». Иҷобат кард, даст ба ҳеч таом ва шароб накардӣ, ки на он ба аввал бидидӣ ва бигиристӣ ва гоҳ будӣ, ки қадаҳи об ба вай додандӣ, пур набудӣ аз ашки вай пур шудӣ. Ва ривоят аст, ки Довуд салавотуллоҳу алайҳи чунон бигирист, ки тоқаташ намонд, гуфт:
«Бор Худоё, бар гиристани ман раҳмат накунӣ?» Ваҳй омад, ки ҳадиси гиристани ман кунӣ, магар гуноҳ фаромӯш кардӣ? Гуфт: «Бор Худоё, фаромӯш кунам ва1 пеш аз гуноҳ чун Забур хондамӣ, оби равон дар ҷӯй биистодӣ ва мурғон бар сари ман омадандӣ ва вуҳуши саҳро бар меҳроб омадандӣ, акнун аз ин ҳама ҳеч чиз нест, бор Худоё, ин чи ваҳшат аст?»
Гуфт: «Он аз унси тоат бувад ва ин ваҳшати маъсият аст, ё Довуд, Одам бандаи ман бувад, вайро бо қудрати худ офаридам ва рӯҳи худ дар вай
1 Ва ӯ ҳол аст, яъне ва ҳол он ки.
дамидам ва малоикаро суҷуди вай фармудам, хилъати каромат дар вай пӯшидам ва тоҷ бар сараш ниҳодам ва аз танҳоии худ гила кард Ҳаворо биёфаридам ва ҳар дуро дар биҳишт фуруд овардам, як гуноҳ кард хору бараҳна аз ҳазрати худ бирондам, ё Довуд бишунав ва ба ҳақ бишунав:
тоати мо доштӣ, тоати ту доштем ва он чи хостӣ, бидодем. Гуноҳ кардӣ, мӯҳлат додем, акнун бо ин ҳама ба мо бозгардӣ, қабул кунем». Яҳё ибни Абикасир гӯяд, ки: ривоятест, ки Довуд алайҳиссалом чун хостӣ, ки бар гуноҳи хеш навҳа кунад, ҳафт рӯз ҳеч нахӯрдӣ ва гирди занон нагаштӣ, пас ба саҳро омадӣ ва Сулаймонро бифармудӣ, то мунодӣ кардӣ, то халқи Худой ҳар кӣ хоҳад, ки навҳаи Довуд шунавад, биёяд, пас одамиён аз шаҳрҳо ва мурғон аз ошёнаҳо ва вуҳуш аз биёбонҳо ва кӯҳҳо рӯй бад-он ҷо ниҳодандӣ, вай ибтидо кардӣ ба санои Худои таъоло ва халқ фарёд ҳамекардандӣ, он гоҳ сифати биҳишту дӯзах бигуфтӣ, он гоҳ навҳаи гуноҳи хеш бикардӣ, то халқи бисёр бимурдандӣ аз хавфу ҳарос. Он гоҳ Сулаймон бар сари вай биистодӣ ва гуфтӣ: ё падар, бас, ки халқи бисёр ҳалок шуданд ва мунодӣ фармудӣ, то ҷанозаҳо биёвардандӣ ва ҳар кас мурдаи хеш баргирифтӣ, то як рӯз чиҳил ҳазор мард дар маҷлис буд, се ҳазор мурда буданд. Ва вайро ду канизак буд, кори эшон он будӣ, ки дар вақти хавф вайро фурӯ гирифтандӣ ва нигоҳ доштандӣ, то аъзои вай аз ҳам нашавад. Ва Яҳё ибни Закариё — алайҳимоссалом — дар Байтулмуқаддас ибодат кардӣ ва кӯдак буд, чун кӯдакон вайро ба бозӣ хондандӣ, гуфтӣ: маро барои бозӣ наёфаридаанд, чун понздаҳсола шуд, ба саҳро рафт ва аз миёни халқ дур шуд. Як рӯз падараш аз паси вай бирафт, вайро дид пой дар об ниҳода ва аз ташнагӣҳалок мешуд ва мегуфт: «Ба иззати ту, ки об нахӯрам, то надонам, ки ҷои ман ба наздики ту чист»; ва чандон гириста буд, ки бар рӯи вай гӯшт намонда буд ва дандонҳо пайдо омада ва пораи намад бар рӯй нишондӣ, то халқ набинанд; ва амсоли ин аҳвол дар ҳикояти пайғомбарон бисёр аст.

пешина
аз 176
навбатӣ