Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

1 Ҳаргиз Ҳанзала мунофиқ нашуд.
2 Ҳар соате ба ҳоле.
(Ҳақиқати хавф)
Бидон, ки хавф ҳолатест аз аҳволи дил ва он оташ дур нест, ки андар дил падид ояд ва онро сабабе аст ва самарае: аммо сабаби вай илм ва маърифат аст, бад-он ки хатари кори охират бинад ва асбоби ҳалоки хеш ҳозир ва ғолиб бинад, лобуд ин оташ дар миёни ҷони вай падид ояд ва ин аз ду маърифат хезад, яке он ки худро ва уюбу гуноҳони худро ва офати тоат ва хабосати ахлоқи худро ба ҳақиқат бибинад ва бо ин тақсирҳо неъмати Ҳақ таъоло бар хештан бинад; масали вай чун касе бувад, ки аз подшоҳе неъмат ва хилъати бисёр ёфта бувад, он гоҳ дар ҳарам ва хизонаи вай хиёнатҳо кунад, пас ногоҳ бидонад, ки подшоҳ вайро дар он хиёнатҳо медидааст ва донад, ки малик ғаюр аст ва мунтақим аст ва бебок ва худро наздики вай ҳеч шафеъ надонад ва ҳес василат ва қурбат надорад, лобуд оташ дар миёни ҷони вай падид ояд, чун хатари кори хеш бинад. Аммо маърифати дуввум –- он бувад, ки сифати вай нахезад, лекин аз бебокӣ ва қудрати он хезад, ки аз вай метарсад: чунон ки касе дар чанголи шер афтад ва тарсад на аз гуноҳи хеш, лекин аз он ки сифати шер медонад, ки табъи вай ҳалок кардани вай аст ва он ки ба вай ва заифии вай ҳеч бок надорад ва ин хавф тамомтар ва фозилтар. Ва ҳар кӣ сифоти Ҳақ таъоло шинохт ва ҷалолу бузургии вай ва тавоноиву бебокии вай бидонист, ки агар ҳама оламро ҳалок кунад ва ҷовид дар дӯзах дорад, як зарра мамлакати вай кам нашавад ва он чи онро риққат ва шафқат гӯянд, аз ҳақиқати он зоти вай муназзаҳ аст, ҷои он бувад, ки тарсад ва ин хавф анбиёро бошад, агарчи донад, ки аз маъосӣ маъсуманд; ва ҳар кӣ ба Худои таъоло орифтар бувад, тарсонтар бувад ва расул салавотуллоҳу алайҳи аз ин гуфт: «Орифтарини шумоам ва тарсонтарин». Ва аз ин гуфт:
«Иннамо йахшаллоҳа мин ибодиҳи-л-ъуламоу». Ва ҳар кӣҷоҳилтар бувад, эминтар бувад. Ва ба Довуд алайҳиссалом ваҳй омад, ки: «Ё Довуд, аз ман чунон тарс, ки аз шери хашмгин тарсӣ».
Сабаби хавф ин аст, аммо самараи вай дар дасту дар тан ва дар ҷавореҳ:
аммо дар дил он ки шаҳавоти дунё мунағғас кунад ва парвои он бибарад, ки агар касеро шаҳвати зане ё таоме бошад, чун дар чангол асир афтод, ё дар зиндони султон қоҳир афтод, вайро парвои шаҳват намонад; бал ҳоли дил дар хавфи ҳама хузӯъ ва хушӯъ бувад ва ҳама муроқибат ва муҳосибат бувад ва назар дар оқибат бувад, на кин монад, на ҳасад ва на шарру на дунё ва на ғафлат. Аммо самарати вай дар тани вай шикастагӣ ва низориву зардӣ бувад. Ва самарати вай ҷавореҳ пок доштан бувад аз маъосӣ ва ба адаб доштан дар тоот.
Ва дараҷоти хавф мутафовит бувад: агар аз шаҳавот боздорад, номи вай иффат бувад ва агар аз ҳаром боздорад, номи вай вараъ бувад; ва агар аз шубуҳот боздорад ва ё аз ҳалол боздорад, ки аз вай бими ҳаром бувад, номи вай тақво бувад ва агар аз ҳар чӣҷуз зоди роҳ аст, боздорад, номи вай сидқ бувад ва номи он кас сиддиқ бувад ва иффату вараъ дар зери тақво ояд ва ин ҳама дар зери сидқ ояд. Хавф ба ҳақиқат ин бошад, аммо он ки ашке фуруд оварда ва бисутурад. Ва гӯяд: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-ъалийу-л-ъазим». Ва бо сар ғафлат шавад, инро тангдилии занон гӯянд, ин хавф набошад, ки ҳар кӣ аз чизе тарсад, аз он бигурезад ва касе чизе дар остин дорад ва нигоҳ кунад море бошад, мумкин набувад, ки бар «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи» иқтисор кунад, балки бияндозад. Ва Зуннунро гуфтанд: «Бандаи хоиф ки бошад?
Гуфт: он ки хештанро бемор мебинад, ки аз ҳама шаҳавот ҳазар мекунад аз бими марг».
(Дараҷоти хавф)
Бидон, ки хавфро се дараҷа аст: заиф ва қавӣ ва мӯътадил ва маҳмуд аз вай мӯътадил аст ва заиф он бувад, ки фаро кор надорад, чун риққати занон ва қавӣ он бувад, ки аз вай бими навмедӣ ва қунут бувад ва бими беморӣ ва беҳушӣ ва марг бувад ва ин ҳар ду мазмум аст, ки хавфро дар нафс камоле нест ва на чун тавҳид ва маърифат ва муҳаббат аст ва барои ин аст, ки ин дар сифоти Худои таъоло раво набувад, ки хавф бе ҷаҳл ва бе аҷз набувад, ки то оқибат маҷҳул набувад ва аз ҳазар кардан аз хатари аҷз набувад, хавф набувад, лекин хавф камоле аст ба изофат бо ҳоли ғофилон, ки ин ҳамчун тозиёна аст, ки кӯдакро фаро таълим дорад ва сутурро фаро роҳ, чун чунон заиф бувад, ки дарде накунад, фаро таълим надорад ва бар роҳ надорад ва агар чунон қавӣ бувад, ки кӯдакро ва сутурро ҷое афгор кунад ё бишиканад, ин ҳар ду ноқис бувад, балки бояд ки мӯътадил бошад, то аз маъосӣ боздорад ва бар тоат ҳарис кунад; ва ҳар кӣ олимтар бувад, хавфи вай мӯътадилтар бувад, ки чун ба ифрот расад, аз асбоби риҷо бозандешад ва чун заиф шавад, аз хатари кор бознаяндешад ва ҳар кӣ хоиф набувад ва хештанро олим ном кунад, он аст, ки он чи омӯхта, беҳуда аст на илм, ҳамчун фолгӯи бозор, ки хештанро ҳаким ном кунад ва аз ҳикмат ҳеч хабар надорад, ки аввали ҳама маърифатҳо он аст, ки худро ва Худойро таъоло бишиносад, худро ба айбу тақсир ва Худойро ба ҷалол ва азамат ва бок надоштан ба ҳалоки илм ва аз ин ду маърифат ҷуз хавф зояд ва барои ин гуфт — салавотуллоҳу алайҳи: «Аввалу-л-ъилми маърифату-л-ҷаббори ва охиру-л-ъилми тафвизу-л-амри алайҳи», гуфт:
«Аввали илм он аст, ки Худойро таъоло ба ҷабборӣ ва қаҳҳор бишиносӣ ва охирин он ки бандавор кор ба вай тафвиз кунӣ ва бидонӣ, ки ту ҳеч чиз наӣ ва ба ту ҳеч нест». Ва чӣ гуна мумкин гардад, ки касе ин донад ва натарсад.
(Пайдо кардани анвоъи хавф)
Бидон, ки хавф аз маърифати хатар хезад ва ҳар касеро дар пеш хатари дигаре ояд: кас бувад, ки дӯзах дар пеши вай ояд ва хавфи вай аз он бувад ва кас бувад, ки чизе, ки роҳи дӯзах аст, дар пеши вай ояд, чунон ки тарсад, ки пеш аз ту бимирад, ё тарсад, ки боз дар маъсият афтад ё дили вайро ғафлат ва қасват1 падид ояд, ё одат вайро бо сари маъсият барад, ё батар бар вай ғолиб шавад ба сабаби неъмат, ё дар қиёмат ба мазолим гирифтор шавад ё фазоеҳи ӯ ошкоро гардад ва расво шавад, ё тарсад, ки бар андешаи вай чизе равад, ки Худои таъоло мебинад ва он нописандида бувад. Ва фоидаи ҳар яке он бувад, ки бад-он машғул шавад, ки аз он метарсад: чун аз одат тарсад, ки вайро бо сари маъсият барад, аз роҳи одат мегурезад ва чун аз иттилоъи Ҳақ таъоло тарсад, бар дил, вай пок дорад ва ҳамчунин ва ғолибтарин бар бештарини хоифон бими хотимат бувад, ки набояд, ки ислом ба саломат набарад ва тамомтар аз ин хавфи собиқ аст, то дар азал ҳукм чи кардаанд, дар саодат ва шақовати вай, ки хотимати фаръи собиқ аст ва асл он аст, ки расул салавотуллоҳу алайҳи бар минбар гуфт, ки: «Худои таъоло китобе набиштааст ва номи аҳли биҳишт дар вай». Ва дасти рост фароз кард ва гуфт: «Китобе дигар набиштааст ва номи аҳли дӯзах ва нишону насаби эшон дар вай». Ва дасти чап фароз кард ва гуфт, ки: «Андар ин наяфзояд ва бинакоҳад». Ва гуфт: «Аҳли саодат бошад, ки амали аҳли шақоват мекунад, то ҳама гӯянд, ки вай он аст, пас Худои таъоло вайро пеш аз марг, — агар ҳама соате бувад, — аз он роҳ баргардонад ва бо роҳи саодат барад». Ва гуфт:
«Саъид он аст, ки дар қазои азалӣ саъид аст ва шақӣ он аст, ки дар қазои азалӣ шақӣ аст». Ва кори хотимат дорад, пас сабаби хавфи аҳли басират аз ин аст ва ин тамомтар аст, чунон ки хавф аз Худои таъоло ба сабаби сифати ҷалоли вай тамомтар аст аз хавф ба сабаби гуноҳи хеш, ки он хавф ҳаргиз барнахезад ва чун аз гуноҳ тарсад, бошад ки ғарра шавад ва гӯяд:
гуноҳ даст бидоштам, чаро тарсам?!
Ва дар ҷумла ҳар кӣ бишиносад, ки расул салавотуллоҳу алайҳи дар аълои дараҷот хоҳад буд ва Бӯҷаҳл дар дарки асфал ва ҳар ду пеш аз
1 Сахтдилӣ.
офариниш василате ва ҷинояте надоштанд ва чун биёфарид, роҳи маърифат ва тоат расул алайҳиссаломро муяссар кард бе сабабе аз ҷиҳати ӯ ва ин ба илзом буд, ки доъияи вай бад-он сарф кард ва натавонистӣ, ки он чи, ки донист, ки заҳри қотил аст, аз он дур набошад ва Абӯҷаҳл, ки роҳи дидор бар вай бибастанд, натавонист, ки бибинад ва чун бидид, натавонист, ки шаҳавот даст бидорад, бе он ки офати он бишиносад, пас ҳар ду музтар буданд, лекин чунон ки хост бе сабабе ба шақовати яке ҳукм кард ва вайро метохт, то ба дӯзах ва якеро ба саодат ҳукм кард ва мебурд, то аълои илиййин ба силсилаи қаҳр ва ҳар кӣҳукм чунон кунад, ки худ хоҳад ва аз ту бок надорад, аз вай тарсидан лобуд бошад ва аз ин гуфт Довудро алайҳиссалом, ки: аз ман чунон битарс, ки шери ғуррон тарсӣ, ки шер, агар ҳалок кунад, бок надорад ва на ба сабаби ҷинояти ту кунад, валекин султонии шерии вай ҳукм кунад ва агар даст бидорад на аз шафқат ва ғаробат бувад, ки бо ту дорад, валекин аз бевазнии ту бошад наздики вай ва ҳар кӣ ин сифот аз Ҳақ таъоло бидонист, мумкин набувад, ки аз хавфе холӣ бувад.
(Пайдо кардани суъи хотимат)
Бидон, ки бештари хоифон аз хотимат тарсидаанд, барои он ки дили одамӣ гардон аст ва вақти марг вақте азим аст ва натавон донист, ки дил ба чи қарор гирад дар он вақт, то яке аз орифон мегӯяд: агар касеро панҷоҳ сол ба тавҳид бидониста бошам, чун чандон аз ман ғоиб шуд, ки аз паси деворе шуд, гувоҳие надиҳам вайро ба тавҳид, ки ҳоли дил гардон аст, надонам ба чи гардад?! Ва дигаре мегӯяд: агар гӯянд, ки шаҳодат1 бар дари сарое дӯсттар дорӣ ё марг бар мусулмонӣ бар дари ҳуҷра? Гӯям:
«Марг бар дари ҳуҷра, ки надонам, то ба дари сарои ислом монад ё на».
Ва Абӯддардо савганд хӯрдӣ, ки: ҳеч кас эмин набошад аз он ки имони вай ба вақти марг бозситонанд. Ва Саҳли Тустарӣ мегӯяд: «Сиддиқон дар ҳар нафасе аз сӯи хотимат метарсанд». Ва Суфён — раҳматуллоҳи алайҳи
— ба вақти марг ҷазаъ мекард ва мегирист, гуфтанд: магирӣ, ки авфи Худои таъоло аз гуноҳи ту азимтар аст, гуфт: «Агар донаме, ки бар тавҳид бимирам, бок надорам, агар чанд кӯҳҳо гуноҳ дораме». Ва яке аз бузургон васият кард ва чизе, ки дошт, касеро доду гуфт: «Нишони он ки бар тавҳид бимирам, фулон чиз аст, агар он нишон бинед, бад-ин мол шукр ва мағзи бодом бар хар ва бар кӯдакони шаҳр афшон ва бигӯй, ки ин ирси фулон аст, ки ба саломат биҷаст ва агар ин набинӣ, мардумонро бигӯй, то
1 Мақсуд шаҳид шудан аст.
бар ман намоз накунанд ва ғарра нашаванд ба ман, то пас аз марг боре муроъӣ набошам». Ва Саҳли Тустарӣ гӯяд, ки: мурид аз он тарсад, ки дар маъсият афтад ва ориф аз он ки дар куффор афтад. Абӯзайд гӯяд: «Чун ба масҷиде шавам, бар миёни хеш зунноре бинам, ки тарсам, ки маро ба калисо барад: то он гоҳ, ки дар масҷид равам; ва ҳар рӯз панҷ бор ҳамчунин бошам». Ва Исо алайҳиссалом ҳавориёнро гуфт: «Шумо аз маъсият тарсед ва мо пайғомбарон аз куфр тарсем». Ва яке аз пайғомбарон ба гуруснагиву ташнагӣ ва бараҳнагиву меҳнати бисёр мубтало буд солҳои бисёр, пас ба Худои таъоло бинолид, ҳақ гуфт:
«Дилат аз куфр нигоҳ медорам бад-ин хурсанд наӣ, ки дунё мехоҳӣ?»

пешина
аз 176
навбатӣ