Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

2 Хушо ба ҳоли ту, ки бар ҳаёти некӯкоронӣ.
эшон». Ва Исо алайҳиссалом гуфт: «Тавонгар ба сахтӣ — тамом дар биҳишт шавад ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: худои таъоло бандаеро, ки дӯст дорад, вайро ба мубтало гардонад ва агар дӯстии тамомтар бувад, иқтино1 кунад». Гуфтанд: «Ё расулуллоҳ, иқтино чӣ бошад?» Гуфт: «Он ки вайро на мол гузорад ва на аҳл». Ва Мӯсо — алайҳиссалом — гуфт: «Бор Худоё, дӯстони ту аз халқ кистанд, то эшонро ба дӯстӣ гирам?» Гуфт: «Ҳар куҷо дарвеше ҳаст, дарвеш, яъне дар дарвешии тамом». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Дарвешеро рӯзи қиёмат биёварданд ва чунон ки мардумон аз якдигар узр хоҳанд, Худои таъоло аз вай узр хоҳад: ва гӯяд: бандаи ман, на аз хории ту буд, ки дунё аз ту боздоштам, валекин аз он то хилъатҳо ва кароматҳои ман биёбӣ, миёни сафи халоиқ даррав ва ҳар кӣ туро барои ман таоме дод ё ҷомае дод, дасти вай гир, ки вайро дар кори ту кардам, халқ он рӯз дар арақғарқ бошанд — дар шавад ва ҳар кӣ бо вай некӯӣ кардааст, дасти вай гирад ва берун оварад». Ва гуфт алайҳиссалом: «Бо дарвешон ошноӣ гиред ва бо эшон некӯӣ кунед, ки эшонро давлат дар роҳ аст», гуфтанд: он чист? Гуфт: «Рӯзи қиёмат эшонро гӯянд, ҳар кӣ шуморо порае нон дод ва хирқае дод ва шарбате об дод, дасти эшон гиред ва дар биҳишт баред ва амирулмӯъминин Алӣ разийаллоҳу анҳу ривоят кунад аз расул — салавотуллоҳу алайҳи, ки: ҳар гоҳ ки халқ рӯй ба ҷамъи дунё ва иморати он оваранд ва дарвешонро душман доранд, Худои таъоло эшонро ба чаҳор хислат мубтало кунад: қаҳти замон ва ҷаври султон ва хиёнати қозиён, шавкат ва қуввати кофирон ва душманон». Ва ибни Аббос разийаллоҳу анҳу гӯяд: малъун аст касе, ки ба сабаби дарвешии касе хор дод ва ба сабаби тавонгарӣ, азиз. Ва гӯянд: тавонгар дар ҳеч маҷлис хортар набудӣ, ки дар маҷлиси Сӯфиёни Саврӣ, эшонро фаро пеш нагузоштӣ, дар пастарин саф будандӣ ва дарвешро наздик нишондӣ. Ва Луқмон писарро гуфт: «Ё писар, бидон, ки касе ҷомаи куҳан дорад, вайро ҳақир мадор, ки Худои ту ва они вай, ҳар ду яке аст». Ва Яҳё ибни Муоз — гӯяд: мискин одаме, агар аз дӯзах чунон тарсидӣ, ки аз дарвеше, аз ҳар ду эмин будӣ ва агар талаби биҳишт чунон кардӣ, ки талаби дунё, ба ҳар ду бирасидӣ ва агар дар ботин аз Худои таъоло чунон тарсидӣ, ки дар зоҳир аз халқ, дар ҳар ду сарой некбахт будӣ ва яке даҳҳазор дирам пеши Иброҳим ибни Адҳам овард, наситад, илҳоҳи бисёр кард, гуфт: «Мехоҳӣ, ки бад-ин номи хеш аз девони дарвешон бияфканам, ҳаргиз ин накунам» ва расул салавотуллоҳу алайҳи Оишаро гуфт: «Агар хоҳӣ, ки маро дарёбӣ, дарвешвор зиндагӣ кун ва аз нишаст бо тавонгарон дур бош ва ҳеч
1 Бениёз кардан.
пироҳан берун макун, то пора барнадӯзӣ».
(Фазилати дарвеши хурсанд)
Расул гуфт — салавотуллоҳу алайҳи: «Хунук он кас, ки вайро ба салом роҳ намуданд ва қадри кифоят ба вай доданд ва бад-он қаноат кард». Ва гуфт: «Ё дарвешон, аз миёни дил ба дарвешӣ ризо диҳед, то савоби фақр ёбед ва агар на, наёбед». Ва ин ишорат аст, ки дарвеши ҳарисро савоб набувад, валекин ахбори дигар сареҳ аст, дар он ки вайро савоб бувад ва гуфт: «Ҳар чизеро калиде аст ва калиди биҳишт дӯстии дарвешони собир аст, ки эшон рӯзи қиёмат ҳамнишинони Ҳақ таъолоанд». Ва гуфт:
«Дӯсттарин бандагон назди Ҳақ таъоло дарвеше аст, ки бад-он чи дорад, қонеъ аст ва аз Худои таъоло дар рӯзие, ки медиҳад, розӣ аст». Ва гуфт:
«Фардо дар қиёмат ҳеч тавонгар ва дарвеш набошад, ки на вайро орзу кунад, ки дар дунё беш аз қувват наёфтӣ». Ва Худои таъоло ваҳй фиристод ба Исмоил алайҳиссалом, ки: «Маро наздики шикастадилон ҷӯй». Гуфт: «Он киёянд?» Гуфт: «Дарвешони содиқ» ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ҳақ таъоло гӯяд хоссагон ва бузургон ва баргузидагони ман, аз халқ дар биҳишт баред, фариштагон гӯянд, малако киянд? Гӯяд: дарвешони мусулмонон, ки ба атои ман розӣ буданд, ҳамаро ба биҳишт бибаранд ва ҳанӯз ҳама халқ дар ҳисоб бошанд». Ва Абӯддардо мегӯяд, ки: ҳеч кас нест, ки на дар ақли вай нуқсон аст, ки ба дунё зиёдат шавад, шод шавад ва ба умр, ки бардавом камтар мешавад, андӯҳгин нашавад, эй субҳоналлоҳ! Чи хайр бошад дар дунё, ки зиёдат ҳамешавад ва умр камтар мешавад. Ва яке ба Омир ибни Абди Қайс бигузашт, нон ва тара мехӯрд, гуфт: «Ё Омир, аз дунё бад-ин қаноат кардӣ?!» Ӯ гуфт: «Ман кас донам, ки ба камтар ва батар аз ин қаноат кардааст». Ва як рӯз Бӯзар нишаста буд бо мардумон, ҳадис мекард, зани вай биёмад ва гуфт: «Ту ин ҷо нишастаӣ ва ба Худой, ки дар хона ҳеч чиз нест», гуфт: «Ё зан, дар пеши мо ақабае тунд аст, аз вай нагузарад, илло касе, ки сабукбор бувад», зан хушнуд шуд ва бозгашт.
– ФАСЛ –
Дарвеши собир фозилтар ё тавонгари шокир Бидон, ки хилоф кардаанд, ки дарвеши собир фозилтар ё тавонгари шокир ва дуруст он аст, ки дарвеши собир фозилтар аз тавонгари шокир ва ин ахбор ҷумла далели он аст. Аммо агар хоҳӣ, ки сирри кор бидонӣ, ҳақиқат он аст, ки ҳар чӣ аз зикри муҳаббати Ҳақ таъоло монеъ аст, он мазмум бувад: кас бошад, ки монеъи дарвеше бувад: ва кас бошад, ки монеъи вай тавонгаре бувад; ва тафзили ин он аст, ки дар миқдор кифоят будан авлотар, чи ин қадар аз дунё чора нест ва зоди роҳи охират аст ва аз ин гуфт расул — салавотуллоҳу алайҳи, ки: «Ё раб, қуввати оли Муҳаммад қадри кифоят кун», аммо ҳар чӣ зиёдат аз он аст, нобудан авлотар, чун дар ҳирс ва қаноат ҳол ҳар ду баробар бошад: чи фақири ҳарис ва чи тавонагри ҳарис ҳар ду овехтаи моланд ва бад-он машғуланд; аммо дарвешро сифоти башарият гуфта ҳамешавад ва ба ранҷе, ки мебинад, аз дунё нуфур мешавад ва чун дунё зиндони вай шавад — агарчи вай кореҳи он бувад — ба вақти марг дили вай бо дунё кам илтифот кунад ва тавонгар бархурдорӣ баргирифт аз дунё ва бо он унс гирифт ва фироқи он бар вай душхортар шуд ва дар вақти марг бисёр фарқ бошад миёни ин ду дил, балки дар вақти ибодат ва муноҷот ҳамчунин, ки он лаззат, ки дарвеш ёбад, ҳаргиз тавонгар наёбад ва то дил асиру кӯфта нашавад ва дар андӯҳу ранҷ гудохта нагардад, лаззати зикр дар ботин фурӯ наёяд; ва ҳамчунин, агар ҳар ду дар қаноат баробар бошанд, ҳам дарвеш фозилтар, аммо агар дарвеш ҳарис бошад ва тавонгар шокир ва қонеъ бувад ва агар он мол аз вай ҷудо шавад, чандон ранҷур нашавад ва ба шукри он қиём ҳамекунад ва дили вай ба шукру қаноат таҳорат меёбад ва дили дарвеши ҳарис ба ҳирс олуда ҳамешавад, валекин ба кӯфтагии ранҷу андӯҳ таҳорат меёбад, ин ба якдигар наздиктар афтад ва ба ҳақиқат дурии ҳар яке ва наздикӣ ба Ҳақ таъоло ба қадри гусастагии дил ва овехтагии он бошад ба дунё, аммо агар тавонгаре чунон бувад, ки вайро будан ва нобудани мол ҳар ду яке бувад ва дили вай аз он хориҷ бувад ва он чи дорад, барои ҳоҷати халқ дорад, — чунон ки Оиша разийаллоҳу анҳо як рӯз сад ҳазор дирам харҷ кард ва хештанро ба як дирам гӯшт нахарид, ки рӯза гушояд
— ин дараҷа аз дараҷаи дарвешӣ, ки дили вай бад-ин сифат набувад, авлотар, аммо чун аҳвол баробари тақдир кунӣ, дарвеш фозилтар: ки бештари кори тавонгар он бувад, ки садақа диҳад ва хайр кунад. Ва дар хабар аст, ки: дарвешон гила карданд ва расуле ба наздики расул салавотуллоҳу алайҳи фиристоданд, ки тавонгарон хайри дунё ва охират бибурданд, ки садақа ва закот медиҳанд ва ҳаҷҷу ғазо мекунанд ва мо наметавонем, расул салавотуллоҳу алайҳи расули эшонро бинавохту гуфт: «Марҳабан бика ва биман ҷиъта мин ъиндиҳим»1, аз наздики қавме омадӣ, ки ман эшонро дӯст дорам, эшонро бигӯй, ки ҳар кӣ ба дарвешӣ сабр кунад барои Худои таъоло вайро се хислат бувад, ки ҳаргиз
1 Хушо бар ту ва бар касоне, ки паёми эшонро овардӣ.
тавонгаронро набувад: яке он ки дар биҳишт кӯшкҳое бошад, ки аҳли биҳишт онро чунон бинанд, ки аҳли дунё ситораро ва он нест, илло пайғомбари дарвешро ё шаҳиди дарвешро ё мӯъмини дарвешро ва дигар он ки ба понсад сол пештар дар биҳишт шаванд ва саввум он ки чун дарвеш як бор бигӯяд: «Субҳоналлоҳи валҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбару» ва тавонгар ҳам чунон бигӯяд, ҳаргиз ба дараҷаи вай нарасад, агарчи даҳҳазор дирам садақа бо он бидиҳад, пас дарвешон гуфтанд, разино: хушнуд шудем ва ин аз он гуфт, ки зикр тухме аст, ки чун дил фориғ аз дунё ва андӯҳгин ва шикаста ёбад, дар вай асари азим кунад; ва аз дили тавонгар, ки шод бошад ба дунё ҳам чунон бозҷаҳад, ки об аз санги сахт. Пас, чун ҳар яке ба қадри наздики дили вай аст ба Ҳақ таъоло ва машғулӣ ба зикр ва муҳаббат ва он машғулӣ ба қадри фароғат бувад аз унс ба чизи дигаре ва дили тавонгар аз унс холӣ набошад ҳаргиз кай баробар бошад?! Аммо бувад, ки тавонгар хештан гумон барад, ки вай дар миёни мол аз мол фориғ аст ва ин ғурур бошад ва нишони дурусти ин он бувад, ки Оиша кард, ки мол ҳама харҷ кард чун хок ва агар чунин будӣ, ки мумкин будӣ, дунё доштан бо фароғат аз он, пайғомбарон чандин ҳазар чаро кардандӣ ва чаро фармудандӣ? То расул салавотуллоҳу алайҳи мегуфт: «Дур аз ман, дур аз ман!» Ки дунё дар чашми вай омада буд ва хештан бар вай арза мекард. Исо — алайҳиссалом — мегӯяд: «Дар моли аҳли дунё манигаред, ки партави ҳаловати имон аз дили шумо бибарад». Ва ин аз он гуфт, ки чун он ҳаловат дар дил пайдо ояд, ҳаловати зикри Ҳақ таъолоро заҳмат кунад, ки ду ҳаловат дар як дил гирд наёянд ва дунё худ ду чиз беш нест: ҳақ аст ва ғайри ҳақ; чун дил дар ғайри ҳақ бастӣ, бад-он қадар аз ҳақ гусаста шавад ва бад-он қадар аз ғайри вай гусаста шуд ба Ҳақ таъоло наздиктар мешавад. Абӯсулаймони Доронӣ, гӯяд, ки: «Он як нафаси сард, ки аз дили дарвеш барояд, ба вақти орзуе, ки аз он ояд, фозилтар аз ҳазор тавонгаре». Бушри Ҳофиро гуфт: «Маро дуо кун, ки иёл дорам ва ҳеч чиз надорам». Гуфт: «Дар он вақт, ки иёл туро гӯяд нон нест ва орд ва ту аз он оҷиз бошӣ ва дарди он бо дили ту гардад, маро дар он вақти дуо кун, ки дуои ту дар он вақт аз дуои ман фозилтар бувад».
(Одоби дварвешӣ)
Бидон, ки одоби дарвешӣ дар ботин ризост ва дар зоҳир он ки гила накунад. Ва вайро ботин се ҳолат аст: яке он ки ба дарвешӣ шод бошаду шокир, кӣ донад, ки ин сирфи иноят аст аз таъоло, ки бо авлиёи хеш кунад. Дараҷаи саввум он ки агар шокир набувад, боре кореҳ набувад феъли Худойро таъоло агарчи дарвешеро кореҳ бувад, чунон ки касе ҳиҷомат кунад, кореҳ бувад дарди онро, валекин аз ҳаҷҷом нохушнуд набувад ва ин низ бузург аст; саввум он ки аз Худои таъоло кореҳ бувад ва ин ҳаром аст ва савоби фақрро ботил кунад; балки ба ҳама вақте воҷиб аст, ки эътиқод кунад, ки Ҳақ таъоло он кунад, ки бояд кард ва касеро бо вай кароҳияте ва инкоре нарасад. Аммо дар зоҳир бояд ки гила накунад ва пардаи таҳаммул нигоҳ дорад. Ва Алӣ разийаллоҳу анҳу мегӯяд, ки:
дарвеше бошад, ки уқубат бувад ва нишони он бадхӯӣ ва шикоят ва хашм бар қазои Худой бувад. Ва бошад, ки саодат бувад ва нишони он некӯхӯӣ ва гила нокардан ва шукр гузордан бувад ва дар хабар аст, ки: «Пинҳон доштани дарвешӣ аз ганҷҳои пур аст»; ва дигар он ки бо тавонгарон мухолитат накунад ва эшонро тавозӯъ нанамояд ва дар ҳаққи эшон мудоҳанат накунад. Суфён мегӯяд: «Чун дарвеш гирди тавонгар гардад, бидон, ки муроъӣ аст ва чун гирди султон гардад, бидон, ки дузд аст, дигар он ки баъзе аҳволи он чи тавонад ба садақа бидиҳад ва аз хештан бозгирад», расул салавотуллоҳу алайҳи мегӯяд, ки: «Як дирам бошад, ки пеши сад ҳазор дирами ӯ фитад». Гуфтанд: «Куҷо?» Гуфт: «Марде, ки беш аз ду дирам надорад, як дирам аз он бидиҳад, ин фозилтар аз он, ки моли бисёр дорад ва сад ҳазор дирам бидиҳад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё