Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

(Одоби ситодани ато)
Аммо одоби ситадани ато он аст, ки ҳар чӣ аз шубҳат бувад, наситонад ва ҳар чӣ зиёдат аз ҳоҷати вай бувад, талаб накунад ва наситонад, магар ки ба хидмати дарвешон машғул бувад, пас агар дар мало биситонад ва дар сирр бидиҳад, ин дараҷаи сиддиқон аст ва агар тоқати ин надорад, ки худ бидиҳад бо Худованд бигӯяд, то ба мустаҳақ расонад; аммо муҳим аст нияти диҳанда гӯш доштан, ки он ба ҳадя бувад ё ба садақа ё ба риё: аммо он чи ба ҳадя бувад, қабул кардан суннат аст, чун аз миннат холӣ бошад ва агар донад, ки баъзе аз миннат холӣ бошад ва баъзе не, он қадар беш наситонад, ки дар вай миннат набувад. Ва яке расулро салавотуллоҳу алайҳи равған овард ва гӯсфанде, гӯсфанд боздод ва равған қабул кард ва яке Фатҳи Мусалиро панҷоҳ дирам овард, гуфт: «Андар хабар аст, ки ҳар кӣ вайро бе суол чизе диҳанд ва рад кунад, бар Худой рад карда бошад».
Як дирам баргирифт ва боқӣ боздод ва Ҳасани Басрӣҳам ин ҳадисро ривоят кард, валекин марде як рӯз як киса сими бисёр ва ҷомаи некӯ наздики вай бурд, қабул накард ва гуфт: «Ҳар кӣ маҷлис кунад ва аз мардумон чизе хоҳад, рӯзи қиёмат чун Худойро бинад, вайро наздики вай ҳеч насиб набувад ва ин аз он қабул накарда бошад, ки нияти вай аз маҷлис савоб буда бошад ва дониста бувад, ки ин ба сабаби маҷлис аст, нахост ки ихлос ботил шавад». Яке дарвешеро чизе дод, гуфт: «Бигузор ва нигоҳ кун, агар қадри ман дар дили ту бештар хоҳад шуд, ки қабул кунам, то қабул кунам». Суфён аз касе чизе наситадӣ ва гуфтӣ: «Агар донаме, ки бознагӯяд биситонаме, яъне ки лоф занад ва миннат ниҳад». Ва кас будӣ, ки аз дӯстони хос биситадӣ ва аз дигарон наситадӣ ва ҳама аз миннат ҳазар кардандӣ, Бушри Ҳофӣ мегӯяд, ки аз ҳеч кас суол накардам, магар аз Сарии Сақатӣ, ки зӯҳди вай дониста будам, ки бад-он шод шавад, ки чизе аз дасти вай берун шавад. Аммо агар бар нияти риё диҳанд, наситадан авлотар. Ва яке аз бузургон чизе рад кард. Ба вай итоб карданд, гуфт: «Шафқате бувад, ки бар эшон бурдам: ки эшонро гӯянд: мол бишавад ва музд бишавад, аммо агар ба қасди садақа бидиҳанд, агар аҳли он набошад, наситонад ва агар мӯҳтоҷ бошад, рад кардан нашояд», дар хабар аст, ки: «Ҳар кӣ бе суол вайро чизе доданд, он ризқе аст, ки Худои таъоло фиристодааст». Ва гуфтаанд, ки: ҳар кӣ диҳандаш ва наситонад, мубтало шавад бад-он, ки хоҳад ва надиҳанд. Сарӣ ба ҳар вақте чизе фиристодӣ Аҳмад ибни Ҳанбалро, наситадӣ, гуфтӣ: «Ё Аҳмад, ҳазар кун аз офати рад кардан». Гуфт: «Дигар бор бигӯ». Бигуфт, тааммул кард ва пас гуфт: «Як моҳро кифоят дорам, ин нигоҳ дор бар сад биситонам».
(Пайдо кардани он ки суоли безарурат ҳаром аст) Бидон, ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Суол аз фавоҳиш аст ва фавоҳиш ҷуз ба зарурат ҳалол нашавад»; ва сабаби он ки аз фавоҳиш аст, он аст, ки дар он се кор бад аст: яке он ки изҳори дарвешӣ шикоят аст аз Ҳақ таъоло ва агар ғуломи касе аз каси дигаре чизе биситонад ё хоҳад, дар хоҷа таън кардааст ва каффорати ин он аст, ки ҷуз ба зарурат нагӯяд ва бар сабили шикоят нагӯяд; дигар он ки худро хор карда бошад ва нест мӯъминро, ки хештанро ҷуз пеши Ҳақ таъоло хор кунад ва халос аз ин бад-он — ёбад, ки то тавонад суол бар дӯстӣ ва хешовандӣ ва фарохдилӣ ва касе кунад, ки ба чашми ҳақорат ба вай нанигарад ва пеши вай залил нашавад ва чун натавонад, ҷуз ба зарурат нагӯяд; саввум он ки дар вай ранҷонидани он кас бошад, ки бувад, ки он чи диҳад, аз шарм диҳад ва ба риё диҳад, ки аз маломат тарсад, пас агар диҳад, ранҷур шавад ва аз дил надиҳад ва агар надиҳад, дар ранҷи шарми маломат афтад ва халос аз ин бад-он бувад, ки сареҳ нагӯяд, муориза1 кунад, чунон ки агар он кас хоҳад, хештан ғофил тавонад сохт ва чун сареҳ гӯяд, таъйин накунад, бар ҷумла гӯяд, магар ки як кас ҳозир бошад, ки тавонгар бувад, ки ҳама чашм ба вай доранд ва агар надиҳад, маломат кунанд, ки ин низ чун таъйин бувад, аммо агар барои каси дигар хоҳад, ки мустаҳаққи закот бувад ва донад, ки ба он кас закот воҷиб аст, раво бувад, агарчи ранҷ расадаш ва чун худ мустаҳаққи закот бувад ҳамчунин, аммо он чи аз бими маломат ё аз шарм диҳад, ҳаром бувад ситадани он, ки он ҳам чун мусодира бувад ва дар фатво дар зоҳири забон нагиранд, аммо ин дар ин ҷаҳон ба кор ояд ва дар он ҷаҳон дар фатвои дил эътимод кунанд, чун гувоҳӣ медиҳад, ки ба кароҳият медиҳад, ҳаром бувад.
Пас, аз ин ҷумла маълум шуд, ки суол ҳаром аст, илло ба зарурат ё ба ҳоҷате муҳим, аммо барои зиёдати таҷаммул ё барои хуш хӯрдан ё ҷомаи некӯ ба даст овардан, ин нашояд ва касеро шояд, ки оҷиз бувад ва ҳеч чиз надорад ва ҳеч касб натавонад кард ё агар касб тавонад кард, ба талаби илм машғул аст ва ба касб аз он бозмонад, аммо агар ба ибодат машғул бошад, нашояд суол кардан, балки касб воҷиб ояд ва агар ба қут ҳоҷат ояд, валекин дар хона китобе дорад ва бад-он мӯҳтоҷ нест ё саҷҷодаи зиёдате дорад ё мураққаъи афзун ё фӯтапорае дорад ё мисли ин ва бад-он мӯҳтоҷ нест, ин суол ҳаром бувад ва бояд ки бештари ин харҷ кунад.
Аммо агар суол барои он кунад, то кӯдаконро ва хештанро таҷаммул созад, ин ҳаром бувад ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ҳар кӣ чизе дорад ва хоҳад, рӯзи қиёмат ҳамеояд ва рӯи ӯҳама устухон бувад ва гӯшт аз ӯ шуда». Ва гуфт: «Ҳар кӣ хоҳад ва дорад, он оташи дӯзах аст, ки меситонад, хоҳад бисёр ситонад ва хоҳад андак». Аз расул саллаллоҳу алайҳи — пурсиданд, ки: чанд бояд то суол нашояд? Дар як хабар аст, ки шому чошт ва дар як хабар панҷоҳ дирам, аммо ин ки панҷоҳ дирам гуфтааст, маънии ин панҷоҳ дирам нуқра бошад касеро, ки танҳо бувад, ки ин кифояти яксола бувад, чун ин қадар надорад ва мавсими садақот як вақт бувад ва агар нахоҳад, ҷумла сол зоеъ монад, ин миқдор суол раво бувад, аммо чошту шом дар ҳаққи касе гуфта бошад, ки ҳар рӯз суол метавонад кард, ки рӯз дар ҳаққи вай чун сол бувад дар ҳаққи они дигар; ва ин дар ҳаққи муддат аст, аммо ҷинси ҳоҷат, асли вай се аст, нон аст ва ҷома ва маскан. Расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ибни Одамро дар дунё ҳеч ҳақ нест, магар дар се чиз: таоме, ки вай рост дорад ва ҷомае, ки аврати вай бипӯшад ва маскане, ки он ҷо мақом созад», аммо он чи дар хона лобуд бувад аз матоъи хона ҳам дар ин маънӣ бувад, аммо агар
1 Ба таъриз ва киноя гуфтан.
намаду ҳасир дорад ва барои зилу суол кунад, нашояд ва агар сафолина дорад ва барои офтоба суол кунад, нашояд ва муҳимот мутафовит аст ва дар тақдир наёяд, валекин бояд ки бе ҳоҷати муҳим чизе, ки фоҳиш аст, накунад.
– ФАСЛ –
(Дараҷоти дарвешон)
Бидон, ки дараҷоти дарвешон мутафовут аст. Бушри Ҳофӣ мегӯяд, ки эшон бар се дараҷаанд: яке он ки нахоҳанд ва агар диҳанд, наситонанд ва ин қавм бо рӯҳониён дар илиййин бошанд; дигар он ки нахоҳанд ва агар диҳанд, биситонад ва ин бо муқаррабон дир фирдавс бошад ва саввум он ки хоҳад, валекин ба зарурат хоҳад ва ин аз асҳобулямин бошанд.
Иброҳими Адҳам аз Шақиқ пурсид, ки: «Фуқарроро дар шаҳри хеш чун гузоштӣ?» Гуфт: «Бар некӯтарин ҳол; агар ёбанд, хӯранд ва агар наёбанд, сабр кунанд». Иброҳим гуфт: «Сагони мо ба Балх ҳам чунин кунанд».
Шақиқ гуфт: «Дарвешони шумо чи гуна кунанд?» Гуфт: «Агар наёбанд, шукр кунанд ва агар ёбанд, исор кунанд». Шақиқ гуфт: «Ҳақиқат ин аст»
ва бӯса бар сари вай дод. Ва яке Абулҳасани Нуриро дид, даст фаро дошта ва суол мекард, он касро аҷаб омад, ба Ҷунайд бигуфт: «Ҷунайд мапиндор, ки вай даст фаро доштааст, аз халқ чизе мехоҳад, балки аз ҳақ аз баҳри эшон савоб ва некӯӣ мехоҳад ва эшонро нек афтад, вайро он зиён надорад, пас Ҷунайд гуфт: тарозу биёвар, биёвардам, сад дирам ба сахат ва он гоҳ кафе сими дигар бар вай рехт ва гуфт: ин ба наздики Нурӣ бар, маро аҷаб омад, ки вазн барои он бувад, то миқдори маълум шавад, чаро чизе ба газоф бар он ҷо кард: ва гуфт: наздики Нурӣ бурдам, тарозу бихост ва сад дирам бар сахат ва гуфт ин бо вай деҳ ва боқӣ баргирифт; ва гуфт: оре, Ҷунайд марде ҳаким аст, мехоҳад, ки расан аз ҳар ду сӯ нигоҳ дорад, гуфтам: ин аҷабтар, ба наздики Ҷунайд бурдам ва ҳикоят кардам».
Гуфт: «Валлоҳулмустаъони: он ки вайро бувад баргирифт ва он чи моро бувад, боздод, пурсидам, ки ин чист?» Гуфт: «Он сад дирам барои савоби охират буд ва он чи ба газоф буд, барои Худои таъоло буд, он чи лилллоҳ бувад, қабул кард ва он чи барои худ додем, боздод» — дарвешон дар он рӯзгор чунин буданд — лоҷарам дилҳои эшон чунон софӣ бувад, ки бетарҷумони1 забон аз андешаҳои якдигар хабар меёфтанд — агар касе бад-ин сифат набувад, боре камтар аз он набувад, ки дар орзуи ин бувад ва агар ин набувад, боре ба дин имон дорад.
1 Мутарҷим, мутарҷимӣ.
(Пайдо кардани зӯҳд ва ҳақиқат ва фазилати он) Бидон, киҳар кӣ ях дорад, вақти гармо бар он ҳарис бувад, то чун ташна шавад, об бад-он сард кунад, ба касе биёяд, ки баробари зар бихарад, он ҳирси вай бишавад дар ишқи зар ва гӯяд як рӯз оби гарм хӯрам ва сабр кунам ва ин зар, ки ҳама умр бо ман бимонад, биситонам авлотар аз он, ки ин ях нигоҳ дорам, ки худ намонад ва шабонгоҳ бигудохта бувад, ин нохост яхро дар муқобилаи чизе, ки беҳтар аз он аст, онро зӯҳд гӯянд дар ях, ҳоли ориф андар дунё ҳам чунин бошад, ки бибинад, ки дунё даргузар аст, ки бардавом ҳамегузарад ва ҳамегудозад ва дар вақти марг тамом бирасад, чун охират бинад боқӣ ва софӣ, ки ҳаргиз набирасад ва бинамефурӯшад илло ба тарки дунё, дунё андар чашми вай ҳақир шавад ва даст аз он бидорад, дар ивази охират, ки беҳтар аст аз он, ин ҳолатро зӯҳд гӯянд, ба шарти он, ки ин зӯҳд дар мубоҳоти дунё бошад ва аммо маҳзурот1 худ фариза бувад, дигар он ки бо қудрат бошад, аммо он ки бар дунё қодир набувад, бар сурат набандад зӯҳд аз вай, магар чунон ки агар ба вай диҳанд, наситонад, валекин ин то наёзмоянд, натавон донистан, ки чун қудрат падид ояд, нафс ба сифати дигар мешавад ва он ишва, ки дода бошад, биравад ва дигар шарт он ки мол аз даст бидиҳад ва нигоҳ надорад ва ҷоҳ низ аз даст бидиҳад, ки зоҳиди мутлақ он бувад, ки ҳама лаззатҳои дунё дар боқӣ кунад ва бо лаззати охират иваз кунад; ва ин муомилате ва байъе бошад, валекин дар ин байъ суд бисёр аст, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Инналлоҳа иштаро мина-л-муъминина анфуссаҳум ва амволаҳум биинна лаҳуму-л-ҷанната». Он гоҳ гуфт: «Фа-стабширу бибайъикуму-л-лази бойаътум биҳи», мегӯяд, ки: «Худои таъоло аз мӯъминон тан ва мол бихарид ба биҳишт». Ва гуфт: «Муборак бод ин байъ бар шумо ва шод бошед ба тадайюн, ки суд бисёр доред дар ин».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё