Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

баландӣчунон хурд намояд, чун ситора чунин бувад, фалак қиёс кун, ки чанд бувад. Ин ҳама бо ин ҳама бузургӣ дар чашми ту бад-ин хӯрдӣ сурат кардаанд, то бад-ин азамат ва подшоҳии офаридгор бишиносӣ. Пас, дар ситора ҳикмате аст ва дар ранги вай ва дар рафтани вай ва руҷуъ ва истиқомати вай ва тулӯъу ғуруби вай ҳикмате аст ва он чи равшантар аст, ҳикмати офтоб аст, ки фалак вайро майле додаанд аз фалаки меҳин, то дар баъзе аз сол ба миёни сар наздик бувад ва дар баъзе дур бувад, то аз вай ҳаво мухталиф шавад, гоҳ сард бувад ва гоҳ гарму гоҳ мӯътадил ва сабаб ин аст, ки шабу рӯз мухталиф бувад, гоҳ дарозтар ва гоҳ кӯтоҳтар ва кайфияти он, агар шарҳ кунем, дароз шавад ва он чи Эзади таъоло моро аз ин илмҳо рӯзӣ кардаст, дар ин умри мухтасар, агар шарҳ диҳем, рӯзҳои дароз дархоҳад ва ҳар чӣ мо донем, ҳақиру мухтасар аст дар ҷанби он ки ҷумла уламо ва авлиёро маълум будааст ва илми ҳамаи уламо ва авлиё мухтасар бувад дар ҷанби илми анбиё ба тафсили офариниш ва илми анбиё мухтасар бувад дар ҷанби илми фариштагони муқарраб ва илми ин ҳама, агар изофат кунанд бо илми Ҳақ таъоло худ он наарзад, ки онро илм гӯӣ! Субҳон он Худое, ки халқро чандин илм бидод ва он гоҳҳамаро доғи нодонӣ барниҳоду гуфт: «Ва мо автитум мина-л-ъилми илло қалилан»1
.
Ин қудрати намудгорӣ аз маҷории фикрат гуфта омад, то ғафлати хеш бишиносӣ, ки он гӯӣ ва тааҷҷуб кунӣ ва ҳамеша дар хонаи Худой ҳеч тааҷҷуб накунӣ?! Ва ин олами аҷсом хонаи Худой аст ва фарши вай замин аст, валекин сақфе бесутун ва ин аҷабтар аст ва хизонаи вай кӯҳҳост ва ганҷинаи вай дарёҳо ва ханур ва авонии ин хона ҳайвонот ва наботҳост ва чароғи вай моҳ аст ва шӯълаи вай офтоб ва қандилҳои вай ситорагон ва машъаладорони вай фариштагон ва ту аз аҷоиби ин ғофил, ки хона бас бузург аст ва чашми ту бас мухтасар ва дар вай намегунҷад; ва масали ту чун мӯрчае аст, ки дар қасри малике сӯрохӣ дорад, ҷуз аз сӯрохи хеш ва ғизои хеш ва ёрони хеш, ҳеч хабар надорад, аммо аз ҷамоли сурати қаср ва бисёрии ғуломон ва сарири малик ва подшоҳии вай ҳеч хабар надорад, агар хоҳӣ, ки ба дараҷаи мӯрча қаноат кунӣ, мебош ва агар на роҳат додаанд, то дар бӯстони маърифати Ҳақ таъоло тамошо кунӣ ва берун оӣ, чашм боз кун, то аҷоиб бинӣ, ки мадҳушу мутаҳаййир шавӣ, вассалом.
АСЛИ ҲАШТУМ
(Дар тавҳид ва таваккул)
1 Ба шумо андаке илм омӯхта.
Бидон, ки таваккул аз ҷумлаи мақомоти муқаррабон аст ва дараҷаи вай бузург, валекин илми вай дар нафси хеш борик ва мушкил аст, амали вай душхор аст ва ишколи вай аз он аст, ки ҳар кӣҳеч чизро ҷуз Ҳақ таъоло дар корҳо асаре бинад, дар тавҳиди вай нуқсон аст ва агар ҷумлаи асбоб низ аз миён баргирад, дар шариат таън карда бошад ва агар асбобро низ мусаббабе набинад, бо ақли хеш мукобира1 карда бошад ва чун бинад, бошад ки ба чизе аз асбоб таваккул кунад ва дар тавҳид нуқсон афтад. Пас, шарҳи таваккул, чунон ки ақлу тавҳид ва шаръ дар ҳам бигӯяд ва миёни ҳама ҷамъ кунад, илме ғомиз аст ва ҳар касе нашиносад ва мо аввал фазилати таваккул бигӯем, он гоҳҳақиқати вай, он гоҳ аҳвол ва аъмоли вай.
(Фазилати таваккул)
Бидон, ки Худои таъоло ҳамаро ба таваккул фармуд ва он шарт имон кард ва гуфт: «Ва ъалаллоҳи фа таваккалу ин кунтум муъминина». Ва гуфт: «Худои таъоло мутаваккилонро дӯст дорад — Инналлоҳа йуҳиббул-мутаваккилина». Ва гуфт: «Ҳар кӣ бар вай таваккул кунад, басанда аст — ва ман йатаваккал ъалаллоҳи фаҳува ҳасбуҳу». Ва гуфт: «Ба Худой басанда аст бандаи худро? — А лайсаллоҳа бикофин ъабдаҳу» ва чунин оёт бисёр аст ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Умматҳоро ба ман намуданд, уммати хешро дидам, ки кӯҳу биёбон аз эшон пур буд, аҷаб доштам аз бисёрии эшон ва шод шудам, маро гуфтанд: хушнуд шудӣ? Гуфтам:
шудам. Гуфтанд: бо ин ба ҳам ҳафтод ҳазор дар биҳишт шаванд беҳисоб
— гуфтанд2: он кунед? — Гуфт: онҳо, ки корҳоро бар афсун ва доғ ва фол накунанд, валекин ҷуз бар Худои таъоло эътимод ва таваккул накунанд».
Пас, Укоша бархосту гуфт: «Ё расулуллоҳ, дуо кун, то маро аз эшон кунад», гуфт: «Бор Худоё, вайро аз эшон кун», дигаре бар пой хост ва ҳамин дуо хост, гуфт: «Сабақака биҳо Укошаҳ», яъне Укоша сабақ бурд ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Агар чунон ки ҳақ таваккул аст, шумо бар Худои таъоло таваккул кунед, рӯзӣ ба шумо расонад, чунон ки ба мурғон мерасонад: ки бомдод бираванд, ҳама шикамҳо тиҳӣ ва гурусна ва шабонгоҳ бозоянд, шикамҳо пуру сер»; ва гуфт: «Ҳар кӣ паноҳ ба Худои таъоло диҳад, Худой ҳама маунатҳои вайро кифоят кунад ва рӯзии вай аз ҷое, ки умед надорад, ба вай расонад. Ва ҳар кӣ паноҳ бо дунё диҳад, Худои таъоло вайро бо дунё гузорад». Ва чун Халилро салавотуллоҳу
1 Хилоф ва душманӣ кардан.
2 Мақсуд ин аст, ки асҳоби пайғамбар (с) гуфтанд.
алайҳи бигирифтанд, то дар манҷаниқ ниҳанд ва ба оташ андозанд, гуфт:
«Ҳасбиллоҳу ва неъма-л-вакилу», чун дар ҳаво буд, Ҷабраил алайҳиссалом — гуфт: «Ҳеч ҳоҷат дорӣ?» Гуфт: «Аммо илайка фало — яъне ба ту на». То вафо карда бошад, бад-ин ки гуфт: «Ҳасбийаллоҳу ва бад-ин сабаб вайро ба вафо сифат карда». Ва гуфт: «Ва Иброҳима-л-лазӣ ва фи». Ва ба Довуд алайҳиссалом ваҳй омад, ки бо Довуд ҳеч банда нест, ки аз миёни ҳама даст дар ман занад, ки агар ҳама осмону замин ба кайду макр бо вай бархезад, на вайро аз он фарҷ диҳам. Саид ибни Ҷабир мегӯяд: «Маро каждуме бизад, модар савганд дод, ки даст бидеҳ, то афсун кунанд, он дасти дигар, ки ба саломат буд ба афсунгар додам ва ин барои он кард, ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфтааст: «Мутаваккил набошад касе, ки афсуну доғ кунад». Ва Иброҳими Адҳам руҳбонеро дид, пурсид, ки: «Қут аз куҷо мехӯрӣ?» Гуфт: «Аз ӯ пурс, ки рӯзӣ медиҳад, ки аз куҷо мефиристад, ки ин илм маро нест». Ва якеро гуфтанд: ҳамеша дар ибодат бошӣ, қут аз куҷо хӯрӣ? Ишорат кард ба дандону гуфт: «Он ки осиё биёфарид, бор мефиристад». Ва Ҳурм ибни Ҳаййон Увайсро гуфт: «Куҷо фармоӣ, ки мақом кунам?» Гуфт: «Он ҷо маишат чун бошад?» Увайс гуфт:
«Уффин лиҳозиҳи-л-қулуби, қад холатаҳо-ш-шакку фало танфаъуҳо-лмавъизату — шак бар ин дилҳо ғолиб шудааст, панд напазирад».
Ҳақиқати тавҳид, ки бинои таваккул бар вай аст Бидон, ки таваккул ҳолатест аз аҳволи дил ва он самараи имон аст ва имонро абвоби бисёр аст, валекин таваккул аз ҷумлаи он барад ва имон биност. Яке имон ба тавҳид ва дигар имон ба камоли лутф ва раҳмати Ҳақ таъоло, аммо шарҳи тавҳид дароз аст ва илми вай ниҳояти ҳама илмҳост, лекин мо он миқдор, ки бинои таваккул бар он аст, ишорат кунем:
Бояд ки бидонӣ, ки тавҳид бар чаҳор дараҷа аст: вайро мағзе аст ва он мағзро мағзе аст ва вайро пӯсте аст ва он пӯстро пӯсте, пас ду мағз дораду ду пӯст дар масал вай чун гавзитар бувад, ки мағз ва ду пӯсти вай маълум аст ва равғани мағз мағзи вай аст.
Дараҷаи аввал — он аст, ки ба забон ло илоҳа иллаллоҳ бигӯяд ва ба дил эътиқод надорад ва ин тавҳиди мунофиқ аст. Дараҷаи дуввум — он ки маънии ин ба дил эътиқод кунад — чун омӣ — ё ба навъе аз далел, чун мутакаллим; дараҷаи саввум — он ки ба мушоҳида бибинад, ки ҳама аз як асл меравад ва фоъил яке беш нест ва ҳеч каси дигарро феъл нест ва ин нуре бувад, ки дар дил пайдо ояд дар он нур ин мушоҳида ҳосил ояд ва ин на чун эътиқоди омӣ ва мутакаллим бувад, ки эътиқоди эшон банде бошад, ки бар дил афкананд ба ҳилати тақлид ё ба ҳилати далел ва ин мушоҳида шарҳи дил бувад ва банд ҳама баргирад. Ва фарқ бувад миёни касе, ки хештанро бар он дорад ва ё эътиқод кунад, ки фулон хоҷа дар сарое аст, ба сабаби он ки фулон кас мегӯяд, ки дар сароӣ аст — ва ин тақлиди омӣ бувад, ки аз модару падар шунида бошад — ва миёни он ки истидлол кунад, ки вай дар сароӣ аст, ба далели он ки асбу ғулом бар дари сарой аст — ва ин назири эътиқоди мутакаллим бувад — ва миёни он ки вайро дар сарой ба мушоҳида бибинад — ва ин мисли тавҳиди орифон аст; ва ин тавҳид, агарчи ба дараҷа бузург аст, валекин дар вай халқро мебинад ва холиқро мебинад ва медонад, пас дар ин бисёр касрат ҳаст, то ду мебинад, дар тафриқа бошад ва ҷамъ набувад; ва камоли тавҳид дараҷаи чаҳорум аст, ки ҷуз якеро набинад ва ҳамаро худ яке бинад ва яке шиносад ва тафриқаро бад-ин ҳеч роз набувад ва инро суфиён фано гӯянд, дар тавҳид, чунон ки Ҳусайни Ҳаллоҷ Хавосро дид, ки дар биёбон мегардид, гуфт: «Чи мекунӣ?» Гуфт: «Қадами хеш др таваккул дуруст мекунам». Гуфт: «Ҳама умр дар ободонии ботин бигузоштӣ, пас дар тавҳид кай расӣ?»
Пас, ин чаҳор мақом аст: аввал тавҳиди мунофиқ аст ва он пӯсти пӯст аст, чунон ки пӯсти беруни гавз, агар бихурӣ, нохуш бувад ва агар дар ботини вай нигарӣ, зишт бувад, агарчи зоҳираш сабз бувад; ва агар бисӯзӣ, дуд кунад ва оташ бикушад ва агар дар хона биниҳӣ, ба кор наёяд ва ҷойгоҳ танг дорад; ва ҳеч корро нашояд, магар он ки рӯзе чанд бигузорад, то пӯсти даруниро тоза медорад ва аз офат нигоҳ медорад:
тавфиқи мунофиқ низ ҳеч корро нашояд, магар он ки пӯсти вайро нигоҳ медорад аз шамшер ва пӯсти вай колбади вай аст ва бад-ин сабаб аз шамшер халос ёфт ва аммо чун колбад бишуд ва ҷон бимонд, он тавҳид ҳеч суд надорад ва чунон ки пӯсти дарунии гавз сӯхтанро шояд ва онро шояд, ки бар мағз бигузоранд, то мағз ҳамеша дар хонаи вай бошад ва табоҳ нашавад, валекин дар ҷанби мағз мухтасар бувад, тавҳиди омӣ ва мутакаллим низ онро шояд, ки мағз вайро — ва он ҷони вай аст — аз оташи дӯзах нигоҳ медорад, валекин агарчи ин кор бикунад аз латофати мағз ва равған холӣ бошад; ва чунон ки мағзи гавз мақсуд аст ва азиз аст, валекин чун бо равған изофат кунӣ, аз гунҷодае1 холӣ нест ва дар нафси хеш ба камоли сафо нарасидааст, дараҷаи сеюм дар тавҳид низ аз тафриқа ва касрату зиёдӣ холӣ нест, балки софӣ ба камоли тавҳиди чаҳорум аст, ки андар он ҳамаро ҳақ донад ва бас ва ҷуз якеро набинад ва худро низ фаромӯш кунад ва дар Ҳақи дидори худ нест шавад, чунон ки
1 Сақал — туфола.
дигар чизҳо нест шуд дар дидори вай.
– ФАСЛ –
(Одамӣ дар нафси ихтиёри хеш музтар аст) Ҳамоно, ки гӯӣ, ки: ин дараҷоти тавҳид бар ман мушкил аст, инро шарҳ бояд кардан, то бидонам, ки ҳама аз яке чун бинанд? Ва асбоби бисёр мебинам ҳамаро яке чун бинанд? Ва осмону замин ва халқро мебинад ва ин ҳама яке нест! Бидон, ки тавҳиди мунофиқон ба забон аст ва тавҳиди ом ба эътиқод ва тавҳиди мутакаллим ба далел, ин се фаҳм тавонӣ кард, ишкол дар ин тавҳиди бозпасин аст. Аммо тавҳиди чаҳорум таваккулро бад-он ҳоҷат нест ва таваккулро тавҳиди сеюм кифоят аст ва ин тавҳиди чаҳорум дар иборат овардан ва шарҳ кардан касеро, ки бад-он нарасида бошад, душхор бувад, аммо дар ҷумла ин миқдор бад-он ки раво бошад, ки чизҳои бисёр бошад, лекин он чизҳоро ба якдигар навъе аз иртибот бувад, ки бад-он иртибот чун як чиз шавад ва чун дар дидори ориф он ваҷҳ ояд, яке дида бошад ва бисёре надида бошад, чунон ки дар мардум чизҳои бисёр аст аз гӯшту пӯст ва сару пой ва меъдаву ҷигар ва ғайри он, валекин дар маънии мардум як чиз аст, то бошад, ки касе мардумеро донад ва аз тафосили аҷзои вай бо ёд наёварад, агар вайро гӯянд чӣ дидӣ, гӯяд як чиз беш надидам, мардуме дидам ва агар гӯянд аз чи меандешӣ, гӯяд аз як чиз беш намеяндешам, аз маъшуқи хеш меандешам. Пас, ҳамагии вай маъшуқи вай гардад ва он як чиз бувад. Пас, бидон, ки мақоме аст дар маърифат, ки касе, ки бад-он расад, ба ҳақиқат бибинад, ки ҳар чӣ дар вуҷуд аст, ба якдигар муртабит аст ва ҷумла чун як ҳайвон аст ва нсбати аҷзои олам чун осмону замин ва ситорагон бо якдигар чун нисбати андомҳои як ҳайвон аст бо якдигар ва нисбати олам бо мудаббири он — аз ваҷҳе на аз ҳама вуҷуҳ, чун нисбати мамлакат тани ҳайвон аст бо рӯҳи вай, ки мудаббири он аст ва то касе ин нашиносад, ки инналлоҳа таъоло халақа одама суратиҳи ин дар фаҳми вай наёяд ва дар унвон ба чизе аз ин ишорат кардаем ва сухан кӯтоҳ кардан дар ин авлотар: ки ин силсилаи девонагонро биҷунбонад ва касе тоқати фаҳми ин надорад.

пешина
аз 176
навбатӣ