Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Аммо тавҳиди сеюм, ки он тавҳид аст дар феъл, шарҳе дароз гуфтаем дар китоби «Эҳё», агар аҳли онӣ, аз он ҷо талаб кун ва он миқдор, ки дар асли шукр гуфтаем, ин ҷо кифоят аст: ки бидонӣ, ки офтобу моҳу ситорагон ва меғу бод ва ҳар чӣ аз асбоб донӣ, ҳама мусаххаранд, чун қалам дар дасти котиб ва ҳеч ба худ намебошанд, ки эшонро меҷунбонанд ба вақти хеш ва ба қадри хеш, чунон ки мебояд, пас ҳаволати корҳо бо эшон хатост, ҳамчун ҳаволати тавқеъи хилъат бо қаламу бо коғаз, аммо он чи дар маҳали назар аст, ихтиёри ҳайвонот аст, ки пиндорӣ, ки ба дасти одамӣ чизе аст ва ин хатост, ки одамӣ дар нафси ихтиёри хеш маҷбур ва музтар аст, чунон ки гуфтаем, ки кори вай банди қудрат аст ва қудрат мусаххари иродат аст, то он кунад, ки хоҳад, валекин чун хоҳад, хост биёфаринад, агар хоҳад ва агар нахоҳад! Пас, чун қудрат мусаххари иродат аст ва калиди иродат ба дасти вай нест, пас ҳеч чиз ба дасти вай набувад ва тамомии ин бад-он бишиносӣ, ки бидонӣ, ки феъле, ки ба одамӣҳаволат кунанд, бар се ваҷҳ аст: яке он ки масалан, агар пой бар об ниҳад, фурӯ шавад, гӯянд обро харқ бикард ва аз якдигар ҷудо кард, инро феъли табиӣ гӯянд ва дигар он ки гӯянд одамӣ нафас бизад ва инро феъли иродатӣ гӯянд; сеюм он ки гӯянд сухан гуфту бирафт ва инро феъли ихтиёрӣ гӯянд. Аммо он феъли табиӣ пӯшида нест, ки ба вай нест:
ки чун вай бар рӯи об ҳозир хоҳад омад, лобуд аст, ки аз гаронии вай об аз ҳам шикофта шавад ва ин на ба вай бувад, ки агар хоҳад, на чунин бувад; балки агар санге бар рӯи об ниҳӣ, ба об фурӯ шавад, фурӯ шудан на феъли санг аст; аммо феъли иродатӣ чун нафас задан аст, чун тааммул кунӣ, ҳамчунин аст, ки агар хоҳад, ки нафас бозгирад, натавонад, ки вайро чунон офаридаанд, ки иродати нафас дар вай падид меояд, агар хоҳад ва агар на; ва касе, ки қасд кунад, ки сӯзане дар чашми касе занад аз дур, ба зарурат он кас чашм бар ҳам задан гирад ва агар хоҳад, ки назанад, натавонад, ки вайро чунон офаридаанд, ки он иродат ба зарурат падид меояд дар вай, чунон ки вайро чунон офаридаанд, ки ба об фурӯ шавад, чун бар рӯи об истад, пас изтирори одамӣ дар ин ҳар ду маълум шуд, аммо феъли ихтиёрӣ чун рафтану гуфтан ишкол дар ин аст, ки агар хоҳад, кунад ва агар нахоҳад, накунад, валекин бояд ки бидонӣ, ки агар хоҳад, он вақт хоҳад, ки ақли вай ҳукм кунад, ки хайри ту дар ин аст, ин иродат ба зарурат падид ояд ва аъзоеро ҷунбонидан гирад, ҳамчун чашм бар ҳам задан ва вақте, ки сӯзан аз дур ояд, лекин чун илми он, ки сӯзан зарари чашм аст ва бар ҳам задан хайр аст, ҳамеша ҳозир аст ва бар бадеҳа маълум аст, онро ба андеша ҳоҷат набувад, ки бе андеша худ донист,ки он хайр аст, аз донистани хайр дар он иродат падид ояд ва аз он иродати қудрат ба зарурат даркор ояд, ин ҷо чун он андеша шуд, ҳам бад-он сифат гашт, ки он ҷо бувад ва ҳам он зарурат падид ояд, чи агар касе чӯбе баргирад ва касеро мезанад, ӯ мегурезад ба табъ, то агар ба канори боме расаду донад, ки ҷастан осонтар аз чӯб хӯрдан, биҷаҳад ва агар донад, ки он азимтар аст, ба зарурат пои вай биистад ва тоат надорад, ки ҳаракат кунад, ки ҳаракати пой дар банди иродат аст ва иродат дар банди он ки бидонад, ки он беҳтар аст; ва барои ин аст, ки касе хештанро натавонад кушт, агарчи даст дорад ва корд дорад: ки қудрати даст дар банди иродат аст ва иродат дар банди он ки ақл бигӯяд, ки ин хайри туст ва карданӣ аст. Ва ақл низ музтар аст, ки чун оинае аст, ки он чи шиносад дар вай сурати он падид ояд, чун куштани худ хайр набошад, ақл ҳукм накунад ва он иродат падид наёяд, магар вақте, ки дар балое бошад, ки тоқати он надорад, ки куштан аз он беҳтар набошад. Пас, инро феъли ихтиёрӣ аз он гуфтанд, ки хайри вай дар тамиз падид ояд, вагарна зарурати ин чун падид омад, ҳамчун зарурати нафас задан ва чашм бар ҳам задан аст ва зарурати он ҳамчун зарурати ба об фурӯ шудан аст.
Ва ин асбоб дар ҳам баста аст ва ҳалқаҳои силсилаҳои асбоб бисёр аст ва шарҳи он дар китоби «Эҳё» бигуфтаем, аммо қудрат, ки дар одамӣ офаридаанд, яке аз ҳалқаҳои он силсила аст, аз ин ҷо гумон барад, ки ба вай чизе аст ва он хатои маҳз аст: ки тааллуқи он ба вай беш аз ин нест, ки вай маҳали он аст ва роҳи гузари он аст, пас вай роҳи гузари ихтиёр аст, ки дар вай меофаринанд ва роҳи гузари қудрат ва иродат, ки дар вай меофаринанд. Пас, чун дарахт, ки аз бод меҷунбад ва дар вай қудрату иродат наёфариданд ва вайро маҳали он насохтанд, ба зарурат онро изтирори маҳз ном карданд, чун Эзади таъоло он чи кунад, қудрати вай дар банди ҳеч чиз нест, беруни вай онро ихтироъ гуфтанд ва чун одамӣ на чунин бувад ва на чунон, ки қудрату иродати вай ба асбоби дигар тааллуқ дорад, ки он на ба дасти вай бувад, феъли вай монанди феъли Худои таъоло набувад, то онро халқ ва ихтироъ гӯянд ва чун вай маҳалли қудрату иродат бувад, ки ба зарурат дар вай меофаринанд, монанди дарахт набувад, то феъли вайро изтирори маҳз гӯянд, бал қисмати дигар бувад, вайро номи дигар талаб кардан ва онро касб гуфтанд ва ин аз ҷумла маълум шуд, ки агарчи зоҳиран кори одамӣ ба ихтиёри вай аст, валекин худ дар нафс ихтиёри хеш мухтар аст — агар хоҳад ва агар нахоҳад — пас ба дасти вай чизе нест.
– ФАСЛ –
(Миёин шаръу ақл ва тавҳид ҳеч таноқуз нест) Ҳамоно ки гӯӣ, ки агар чунин аст, савоб ва иқоб чарост ва барои чист, ки ба дасти кас ҳеч чиз нест? Бидон, ки ин ҷойгоҳе аст, ки тавҳид дар шаръ гӯянд ва шаръ дар тавҳид ва дар миёни ин зуафои бисёр ғарқ шаванд ва аз ин муҳлика касе халос ёбад, ки агар бар рӯи об натавонад рафт, боре сабоҳат тавонад кард ва бештари халқ саломат аз он ёфтанд, ки худ дар ин дарё нанишастанд, то ғарқ нашуданд, авоми халқ бештар онанд, ки худ надонанд ва шафқат бар эшон он бувад, ки эшонро ба соҳили ин дарё нагузоранд, ки ногоҳғарқ шаванд ва касоне, ки дар дарёи тавҳид нишастанд, бештар ғарқ бад-он шуданд, ки сабоҳат нашинохтанд ва бувад низ, ки фаҳми он надоранд, ки биёмӯзанд ё худ ба хештан ғарра бошанд, талаб накунанд ва андар ин дарё ғарқ шаванд, ки ба дасти мо ҳеч чиз нест ва ҳама ӯ мекунад ва онро, ки шақоват ҳукм кардааст, ба ҷаҳд аз он бинагардад ва онро, ки саодат ҳукм кардааст, ба ҷаҳд ҳоҷат набувад ва ин ҳама ҷаҳл ва залолат аст ва сабаби ҳалок аст ва ҳақиқати ин корҳо шинохтан ҳарчанд, ки онро нашояд, ки дар кутуб бинависанд, лекин чун сухан бо ин ҷо кашид, шаммае гуфта ояд:
Бидон, ки ин ки гуфтӣ, ки савобу иқоб пас чарост, бидон, ки на аз он аст, ки ту коре зишт кардӣ, ки касе бо ту хашм гирифт ва туро ба интиқом уқубат мекунад ё аз ту шод шуд, туро ба мукофот хилъат медиҳад, ки ин аз сифоти илоҳият дур аст, лекин чунон ки хилт ё хун ё сафро ё дигаре дар ботини ту ғалаба кунад, аз он чизе тавлид кунад, ки онро беморӣ гӯянд ва чун дору ғалаба гирад, чизе аз он таваллуд кунад, ки онро тандурустӣ гӯянд, ҳамчунин чун шаҳвату хашм бар ту ғолиб шуд ва ту асири он шудӣ, аз он оташе таваллуд кунад, ки дар миёни ҷони ту афтад, ки сабаби ҳалоки ту бошад ва барои ин гуфт расул — салавотуллоҳу алайҳи: «Алғазабу қатъатун мина-н-нори», гуфт: «Он на хашм аст, ки ту онро бар хештан мусаллат кардаӣ, ки он порае оташ аст». Ва чунон ки нури ақл чун қувват гирад, оташи шаҳвату хашм фурӯ кашад, то гӯяд «ҷиз йо муъмину фаинна нурака атфаа нори»1, дӯзах аз имон фарёд кунад ва ҳадис дар миён на, балки чун тоқати нури вай надорад, ба ҳазимат шавад, чунон ки пашша аз бод ҳазимат шавад, нори шаҳват ҳам аз нури ақл ба ҳазимат шавад. Пас, аз ҷои дигар чизе нахоҳанд овард барои ту; ҳам аз они ту ба ту хоҳанд дод: «Иннамо ҳийа аъмолукум турадду илайкум».
Пас, оташи дӯзах шаҳват ва хашми туст ва ин бо ту дар даруни пӯсти туст ва агар илми яқин донӣ, мебинӣ, чунон ки гуфт: «Калло лав таъламуна ъилма-л-йақини латаравунна-л-ҷаҳима».
Пас, бидон, ки чунон ки заҳр одамиро ба беморӣ барад ва беморӣ вайро ба гӯристон барад ва хашму интиқом дар миён на — маъсияту шаҳвати дил туро бемор кунад ва он беморӣ оташи вай гардад ва он оташ аз ҷинси оташи дӯзах бошад, на аз ҷинси оташи ин ҷаҳон ва ба ҳукми муонисат, чунон ки миғнотис оҳан ба хештан кашад, дӯзах дӯзахиро ба
1 Эй мӯъмин бигузар, ки нури ту оташи маро хомӯш кард.
хештан кашид ва ҳеч хашм дар миён на. Ва ҷониби савоб низ ҳамчунин медон, ки шарҳ кардан дароз бувад. Ва ин ҷавоби он аст, ки гуфтӣ, ки:
савобу иқоб чарост, аммо он чи гуфтӣ: пас шариат ва фиристодани пайғомбарон чист? Бидон, ки он низ қаҳре аст, то халқро ба силсила1 ба биҳишт баранд, чунон ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ал-ъаҷабу мин қавмин буқодуна ила-л-ҷаннати би-с-салосили». Ва ба каманди қаҳр нигоҳ дорад, то ба дӯзах нашаванд, чунон ки гуфт: «Антум татаҳофатуна ъала-н-нори ва ъано охизун биҳуҷрикум — шумо чун парвона хештан бар оташ мезанед ва ман камари шумо гирифта намегузорам». Пас, бидон, ки яке аз ҳалқаи силсилаи ҷабборӣ сухани пайғомбарон аст, ки аз он фаҳми ту таваллуд кунад, то роҳ аз бероҳӣ бишиносӣ ва аз тахвифи вай ҳарос таваллуд кунад ва ин маърифат ва ҳарос ғубор аз рӯи оинаи ақл фурӯ шӯяд, то ин ҳукм, ки роҳи охират гирифтан беҳтар аз роҳи дунёст, дар вай бинамояд ва аз ин намудани иродат рафтани роҳ таваллуд кунад ва аз иродати аъзо дар кор афтад, ки мусаххар он аст — агар хоҳад ва агар на — ва бад-ин силсила туро ба қаҳр аз дӯзах бозмедоранд ва ба биҳишт медоранд. Ва анбиё чун шубонеанд, ки рамаи гӯспанд дорад, бар рости вай марғзоре сабз аст ва бар чапи вай ғоре, ки дар вай гурги бисёр аст, ин шубон бар канори ғор биистад ва чӯб меҷунбонад, то гӯспандон ба зарурат аз ҳароси чӯб бозпас мешаванд ва меҷаҳанд ва аз ҷониби ғор ба ҷониби марғзор меафтанд, маънии фиристодани пайғомбарон ин аст.
Аммо он чи гуфтӣ, ки: агар шақоват ҳукм кардааст, ҷаҳд чи суд дорад?
Сухане дуруст аст ва аз ваҷҳи ботил аст ва ин сухани дуруст сабаби ҳалоки туст, ки нишони он ки шақовати касе ҳукм кардааст он бувад, ки ин сухан дар дили вай афканад, то накунад ва накорад ва надаравад ва нишон он ки ба марги касе ҳукм карда бувад аз гуруснагӣ он бувад, ки ин сухан дар дили вай афканад, ки агар дар азал ҳукм кардаст, ки аз гуруснагӣ бимирам, маро нон чи суд дорад ва нон нахӯрад, то ба зарурат бимирад ва гӯянд, ки агар ба дарвеше ҳукм кардааст, дар тухм пошидан чӣ фоида бошад, накорад, то надаравад ва онро, ки саодат ҳукм кардааст, вайро фаро ҳиросату тиҷорат ва нон хӯрдан дорад, пас ин ҳукм ба ҳарза нест, балки асбоб аст ва ҳар касеро, ки кореро офаридаанд, асбоби он вайро муяссар мекунанд, он ки бесабаб бад-он кор мерасонанд ва барои ин гуфт:
«Аъмилу факуллун муйассарун лимо хулиқа лаҳу»2, ту аз аъмол ва аҳволи хеш, ки бар ту меронанд, ба қаҳр башорати оқибати хеш мебархон, чун ҷаҳд ва такрор ғолиб шуд бар ту, бидон, ки ин башорате аст, ки мебояд
1 Занҷир.

пешина
аз 176
навбатӣ