Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Асли сеюм
Он ки маърифати Ҳақ таъоло аз ҳама маърифатҳои дигар хуштар аст Чун бидонистӣ, ки илму маърифат хуш аст, шак нест, ки баъзе аз улум хуштар аст, ки ҳарчанд маълум бузургтар ва шарифтар илми вай хуштар:
ки илми ниҳодани шатранҷ аз илми бохтани шатранҷ хуштар ва илми сиёсати мамлакат ва вазорат аз илми дарзӣ ва барзгарӣ хуштар, пас илми маъонии шаръ ва асрори он аз илми наҳв ва луғат хуштар ва асрори кори вазир дар вазорат бидонистан аз донистани корҳои аҳли бозор хуштар ва асрори султон донистан аз асрори вазир донистан хуштар, пас ҳарчанд маълум шарифтар илми вай лазизтар ва хуштар; пас нигоҳ кун, ки дар вуҷуди ҳеч чиз шарифтар ва бокамолтар ва боҷамолтар аз худованди олам, ки офаридгори ҳама камолҳо ва ҷамолҳо вай аст, ҳаст? Ва тадбири ҳеч султон дар нигоҳдошти мамлакати худ чун тадбири вай дар малакути осмону замин ва низоми кори ин ҷаҳон? Ва ҳеч ҳазрат некӯтар ва бокамолтар аз ҳазрати Илоҳият ҳаст?! Пас, чӣ гуна мумкин бувад, ки назораи чиз хуштар аз назораи ин ҳазрат бошад — агар касеро чашми он бошад — ё донистани асрори мамлакате хуштар аз донистани асрор ин мамлакат бошад?
Пас, бад-ин маълум шуд, ки маърифати Ҳақ таъоло ва маърифати сифоти вай ва маърифати малакут ва мамлакати вай маърифати асрори вай аз ҳамаи маърифатҳо хуштар, ки маълуми ин маърифат аз ҳама шарифтар ва ин гуфтан лаҳн1 аст ва хато, ки ҳеч чизи дигарро чун бо вай изофат кунӣ, истиҳқоқи он намонад, ки шариф гӯӣ ё тавонӣ гуфтан, ки ин
1 Хато, ғалат.
шарифтар, пас ориф дар ин ҷаҳон ҳамеша дар биҳиште бошад, ки «ъарзуҳо каъарзи-с-самовоти ва-л-арзи»1, балки бештар бувад, ки паҳнои осмону замин мутаноҳӣ аст ва майдони маърифат мутаноҳӣ нест ва бӯстоне, ки тамошогоҳи орифон аст, канора надорад ва осмону замин канора дорад ва меваҳои ин бӯстон на мақтуъ бувад ва на мамнӯъ, балки бардавом: ва «қутуфуҳо дониятун»2 бувад, ки наздиктар аз чизе, ки ҳам аз зоти вай бувад чи бошад? Ва музоҳимат ва ғал ва ҳасадро бад-ин роҳ набувад, ки ҳарчанд ориф бештар бувад, унс бештар бошад ва чунин биҳишт бувад, ки ба бисёрии аҳли вай танг нашавад, балки фарохтар шавад.
Асли чаҳорум
(Он ки лаззати назар аз лаззати маърифат бештар) Бидон, ки донистанӣ бар ду қисм аст: баъзе он аст, ки дар хаёл ояд, чун алвон ва ашкол ва баъзе ақл вайро дарёбад ва дар хаёл наёяд, чун Ҳақ таъоло ва сифоти вай, балки чун баъзе аз сифоти ту чун қудрат ва илму иродат ва ҳаёт, ки ин ҳамаро чӣ гунагӣ нест, дар хаёл наёяд, балки хашм ва ишқ ва шаҳват ва дарду роҳат ва ин ҳама чӣ гунагӣ надорад ва дар хаёл наёяд, ақл ҳамаро дарёбад; ва ҳар чӣ дар хаёл ояд, идроки ту онро бар ду дараҷа аст: яке он ки дар хаёл ҳозир ояд, чунон ки гӯӣ, ки дар вай менигарӣ ва ин ноқистар аст ва дигар он ки дар чашм ояд ва ин комилтар аст, лоҷарам лаззат дар дидори маъшуқ беш аз он аст, ки лаззат дар хаёли вай, на аз он ки дар дидор сурате дигар аст, мухолифи он ё некӯтар аз он, балки ҳамон аст, валекин равшантар аст, чунон ки аз маъшуқ ба вақти чоштгоҳ лаззат беш ёбӣ аз он ки ба вақти субҳ баромадан, на аз он ки сурат мегардад, валекин аз он ки равшантар шавад, ҳамчунин он чи дар хаёл наёяд ва ақл онро дарёбад, ду дараҷа дорад, якеро маърифат гӯянд ва раъйи ин дараҷае дигар аст, ки онро руъят ва мушоҳида гӯянд ва нисбати он бо маърифат дар камоли равшанӣҳамчун дидор аст бо хаёл, балки чашм ҳиҷоб аст аз дидор, ки на аз хаёл, то аз пеш барнахезад, он мушоҳида мумкин нагардад, ҳамчунин алоқаи одаме бо ин тан, ки мураккаб аст аз обу хок ва машғули вай ба шаҳавоти ин олам, ҳиҷоб аст аз мушоҳида на аз маърифат ва то ин ҳиҷоб барнахезад, мушоҳида мумкин нагардад ва аз ин гуфт Мусоро алайҳиссалом : «Лан таронӣ»3, пас чун
1 Биҳиште, ки паҳнои он чун паҳнои осмонҳо ва замин аст.
2 Меваҳои он дар дастрас аст.
3 Ҳаргиз маро нахоҳӣ дид.
мушоҳида тамомтар аст ва равшантар, лобуд лаззати он бештар, ҳамчунон, ки дар дидор ва хаёл.
Ва бидон, киҳақиқат он аст, ки ҳамин маърифат аст, ки дар он ҷаҳон ба сифате дигар шавад, ки бо аввал ҳеч наздикӣ надорад, чунон ки нутфа, ки мардуме шавад ва донаи хурмо, ки дарахте шавад ва ба камол расад ва бо ин гардиш бағоят равшан шавад ва онро мушоҳида ва назару дидор гӯянд: чи дидор иборат аст аз камоли идрок ва ин мушоҳида камоли ин идрок аст ва барои он аст, ки ин мушоҳида ҷиҳат1 иқтизо накунад, чунон ки маърифат дар ин ҷаҳон ҷиҳат иқтизо накард. Пас, тухм дидори маърифат аст ва ҳар киро маърифат нест, аз дидор маҳҷуб аст. Ҳиҷоби абадӣ, ки ҳар кӣ тухм надорад, заръ сурат набандад ва ҳар киро маърифат тамомтар, мушоҳида тамомтар, пас гумон мабар, ки ҳама халқ дар дидор ва лаззати дидор баробар бошанд, балки ҳар касеро бар қадри маърифати вай бувад ва «Инналлоҳа йатаҷалло ли-н-носи омматан ва ли- Абибакрин хоссатан»2 ин бувад, на он ки вай танҳо бинад ва дигарон набинанд, балки он ки вай бинад, дигарон худ набинад, ки он ҳосили вай бувад, ки тухми он маърифате бувад, ки дигарон надоштанд ва он ки гуфт: «Фазли Абӯбакр на ба намозу рӯза бисёр аст, валекин бад-он сирр, ки дар дили вай қарор гирифтаст», он сирр навъе аз маърифат аст ва тухми он дидор аст, ки хосагии вайро хоҳад буд. Пас, тафовути дидори халқ бо он ки дидори халқ якест, чун тафовути суратҳо бувад, ки дар оинаҳои мухталиф падидор ояд аз як сурат: ки баъзе кеҳ бувад ва баъзе меҳ ва баъзе равшантар ва баъзе ториктар ва баъзе кӯж ва баъзе рост, то бувад, ки дар кажжӣ ба ҷое расад, ки некӯ зишт намояд, чун сурати некӯ дар паҳно ва дарозии шамшер, ки боз он ки хуш бошад, низ нохуш ва кареҳ бувад ва ҳар кӣ оинаи дили хеш бад-он олам барад ва торик бувад ё каж, он чи роҳати дигарон бошад ҳам он ба айни сабаби ранҷи вай гардад; пас гумон мабар, ки он лаззат, ки пайғомбарон ёбанд, аз дидори дигарон биёбанд ва он чи олимон ёбанд, дигарон аз авом биёбанд ва он чи олимони муттақӣ ва муҳиб ёбанд, олимони дигар биёбанд ва тафовут миёни орифе, ки дӯстии Ҳақ таъоло бар вай ғолиб бувад ва миёни орифе, ки дӯстӣ бар вай чунон ғолиб набувад, дар лаззат бувад на дар дидор, ки ҳар ду яке бинанд, ки тухми дидор маърифат аст ва тухми ҳар ду баробар аст, валекин масали эшон чун ду кас бошад, ки дидори чашми эшон баробар бувад, некӯиро бинанд, валекин яке ошиқ бувад ва дигар набувад, лобуд лаззати ошиқ беш бувад ва агар яке ошиқтар бувад,
1 Ҷо ва макон.
2 Худованди таҷаллӣ барои мардум ба таври умум ва барои Абубакр ба шакли хос.
лаззати вай бештар бувад. Пас, маърифат дар камоли саодат кифоят нест, то муҳаббат бо он набувад ва муҳаббат бад-он ғолиб шавад, ки муҳаббати дунё аз дили вай пок шавад ва ин ҷуз ба зӯҳду тақво ҳосил наёяд, пас орифи зоҳидро лаззат комилтар бувад.
– ФАСЛ –
(Тафовути лаззати дидор бо лаззати маърифат) Ҳамоно, ки гӯӣ, ки агар лаззати дидор аз ҷинси маърифат аст, ин пас лаззате нест ва ин аз он гӯӣ, ки аз лаззоти маърифат худ хабар надорӣ, лекин бошад, ки сухане чанд ба ҳам бозниҳода бошӣ ва ёд гирифта бошӣ аз китобе ё аз касе биёмӯхта ва онро маърифат ном карда, ба ҳеч ҳол аз он лаззат наёбӣ ва бидон, ки касе таринаеро1 лавзинае ном кунад, вай аз он лаззати лавзинае наёбад. Аммо он ки ҳақиқати маърифат бичашад, дар он чандон лаззат ёбад, ки агар дар ин ҷаҳон биҳишт ба иваз вайро диҳанд, маърифат дӯсттар дорад, чунон ки оқил лаззати салтанат аз лаззти фарҷу шикам дӯсттар дорад, аммо агарчи лаззати маърифат азим аст, валекин бо лаззати дидори охират ҳеч наздикӣ надорад; ва ин худ ба мисоле фаҳм тавон кард: ошиқе тақдир кун, ки дар маъшуқ мениград ба вақти субҳ, ки ҳанӯз равшан нашудааст, ба вақте, ки ишқ бар вай заиф бувад ва шаҳват ноқис ва дар ҷомаи вай каждуму занбӯр бувад, вайро мегазад ва боз он низ ба корҳои дигар машғул бувад ва аз ҳар чизе меҳаросад, шак нест, ки лаззати вай заиф бувад, пас агар ногоҳ офтоб барояд ва бағоят равшан шавад ва шаҳвату ишқи вай бағоят қавӣ шавад ва машғалаву ҳарос аз дили вай бишавад ва аз дарди занбӯр халос ёбад, лаззате азим ёбад, ки боз он ки аз пеш бувад, ҳеч наздикӣ надорад, ҳоли ориф дар дунё чунин аст ва торикӣ мисоли заъфи маърифат аст дар ин ҷаҳон, ки гӯӣ, ки аз паси парда берун наменагардад ва заифии ишқ сабаби нуқсони одамист, ки то дар ин ҷаҳон бувад, ноқис бувад ва он ишқ ба камол нарасад ва каждуму занбӯр мисли шаҳавоти дунёст ва ғаму андӯҳ ва ранҷ, ки мебошад, ин ҳама мушавваши лаззати маърифат аст ва машғалаву ҳарос мисли андешаи зиндагонӣ ва маъшият ва ба даст овардани қувват ва амсоли ин аст ва ба марг ин ҳама бархезад ва шаҳвати дидор тамом шавад ва пӯшидагӣ ба кашф бадал шавад ва ғаму андӯҳу машғалаи дунё мунқатеъ шавад ва бад-ин сабаб он лаззат бағояти камол расад, агарчи бар қадри маърифат беш набувад ва чунон ки лаззате, ки гурусна ёбад аз бӯи таом бо лаззати хӯрдан муносибат надорад, лаззати маърифат бо
1 Хуроки фақиронае, ки аз нони хушке ва сабзӣ ва адвия ва сирка созанд.
дидор ҳамчунин бувад.
– ФАСЛ –
(Чашми охират на чун чашми дунё бувад) Ҳамоно гӯӣ, ки маърифат дар дил бувад ва дидор дар чашм, ин чӣ гуна бувад? Бидон, ки дидорро дидор аз он гуфтаанд, ки ба камол расидани хаёл бувад, на бад-он ки дар чашм бувад, ки агар дидор дар пешонӣ офаридандӣ, ҳам дидор будӣ, пас дар ҷои вай овехтан фузул бувад, балки чун лафзи дидор омадааст ва зоҳири он чашм аст, бояд ки эътиқод кунӣ, ки дар охират чашмро андар он насиб бувад ва бидонӣ, ки чашми охират на чун чашми дунё бувад: ки ин чашм ҷуз ба ҷиҳат набинад ва он чашм бе ҷиҳат бинад ва беш аз ин раво нест, оммиро, ки аз ин гӯяд ва баҳс кунад, ки ин бар қадри қуввати вай нест: ки дурудгарӣ кори бӯзина нест. Ва ҳар донишманд, ки ранҷ дар фиқҳу ҳадис ва тафсир бурдааст, дар ин маънӣҳам оммӣ аст ва ин на кори вай аст, балки он ки ранҷ дар калом бурдааст, ҳам дар ҳақиқати ин оммист, чи мутакаллими шаҳна ва бадрақаи оммист, то он ҷо оммӣ эътиқод кардааст, вай ба ҳадис бар вай нигоҳ дорад ва шарри мубтадеъ аз вай дафъ мекунад ва роҳи он дар ҷадал бидонад, аммо маърифат худ гӯӣ дигар аст ва аҳли он гурӯҳе дигаранд ва чунин сухан на дархӯри ин китоб аст, он авлотар, ки бад-ин иқтисор кунем.
– ФАСЛ –
(Лаззати маърифат ва дӯстии Худойро чи гуна метавон ба даст овард) Ҳамоно гӯӣ, ки лаззате, ки лаззати биҳишт дар он фаромӯш шавад, ҳеч гуна наздики ман сурат намебандад — ҳарчанд, ки сухан бисёр дар ин бигуфтаанд — тадбири ман чист, то агар он лаззат набувад, боре имон бад-он ҳосил ояд? Бидон, ки илоҷи ин чаҳор чиз аст:
Яке он, ки — ин ба суханҳо, ки гуфта омад, тааммул кунӣ ва дар вай бисёр андеша кунӣ, то магар маълум шавад, ки ба як роҳ, ки сухане дар гӯш бигузарад, дар дил фурӯ наёяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё