Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Сабаби чаҳорум он аст, ки касеро барои ҷамол дӯст дорад, яъне барои ҷамоли маъонӣ, чунон ки шофеъиро ва Алиро дӯст дорад ва дигаре Абӯбакр ва Умарро дӯст дорад ва дигаре ҳамаро дӯст дорад, балки пайғамбаронро дӯст дорад ва сабаби ин дӯстии ҷамоли маъонӣ ва сифоти зоти эшон аст ва ҳосили он чун нигоҳ кунӣ, то се ҷузъ ояд: яке ҷамоли илм, ки илм ва олим маҳбуб аст аз он ки некӯтар ва шариф аст, ҳарчанд илм бештар ва маълуми шарифтари он ҷамол бештар ва шарифтарини илмҳо маърифати Худои таъоло аст ва маърифати ҳазрати Илоҳият, ки муштамил аст бар малоика ва кутуб ва расул ва шароеъ ва анбиё ва тадбири мулук ва малакут ва дунёву охират ва сиддиқон ва анбиё маҳбуб аз онанд, ки эшонро дар ин маълум камоле ҳаст, дуввум бо қудрат ояд, чун қудрати эшон бар ислоҳи нафси худ ва ислоҳи бандагони Худои таъоло ва сиёсати эшон ва ба низом доштани мамлакати дунё ва низоми ҳақиқати дин, сеюм бо танзиҳ ояд ва покӣ аз айб ва нуқс ва хабоиси ахлоқи ботин ва маҳбуб аз эшон ин сифот аст, на афъоли эшон, ки ҳар феъл, ки на ба сабаби ин сифот бувад, он маҳдуд набувад: чун феъле, ки ба нифоқ бувад ё ба ғафлат бувад, пас ҳар кӣ бад-ин сифот ба камолтар бувад, дӯстии вай зиёдат бувад ва аз ин аст, ки масалан сиддиқро аз шофеъӣ дӯсттар дорад ва пайғомбарро аз сиддиқ дӯсттар дорад. Ва акнун дар ин се сифат нигоҳ кун, то Худои таъоло мустаҳаққи ин дӯстӣҳаст ва вайро ин сифот ҳаст: ҳеч салимдил нест, ки на ин миқдор донад, ки илм аввалин ва охирин аз одамиён ва фариштагон дар ҷанби илми Ҳақ таъоло, то чиз аст ва ҳамаро гуфтааст: «Ва мо автитум мина-л-ъилми илло қалилан», балки ҳамаи олим, агар фароҳам оянд, то аҷоиби ҳикмати вай дар офариниши мӯрча бадонанд, натавонанд: ва он қадар, ки донанд аз вай донанд, ки дар эшон биёфарид, чунон ки гуфт: «Халақа-л-инсона ъалламаҳу-л-байона»1 ва он гоҳ улуми халқ мутаноҳӣ аст ва илми вай бениҳоят, бо он чӣ изофат гирад? Ва илми халқ аз вай аст, пас ҳама илм вай аст ва илми вай аз халқ нест, аммо агар дар қудрат нигарӣ, қудрат низ маҳбуб аст ва бад-ин сабаб шуҷоати Алиро дӯст доранд ва сиёсати Умарро, ки он навъе аз қудрат аст ва қудрати ҳамаи халқ дар ҷанби қудрати Ҳақ таъоло чи бошад, балки ҳама оҷизанд, илло он қадар, ки вай эшонро қудрат дод ва чун ҳамаро аз он оҷиз кард, ки агар магасе аз эшон чизе бирабояд, бознатавонанд ситад, ҳама оҷиз бошанд, пас қудрати вай бениҳоят аст, ки осмону замин ва ҳар чӣ дар миёни он аст, аз ҷинну инс ва ҳайвон ва набот, ҳама аз қудрати вай аст ва бар амсоли ин илм ғайри ниҳоят қодир аст, пас чӣ гуна раво бувад, ки ба сабаби қудрат дигареро ҷуз вай дӯст доранд? Аммо сифати танзиҳ ва покӣ аз уюб, одамиро камоли ин куҷо тавонад буд? Ва аввал нуқсони вай он аст, ки банда аст ва ҳастии вай ба вай нест, балки офаридааст ва чӣ нуқс бувад беш аз ин ва он гоҳҷоҳил аст ба ботини хеш, то ба чизе дигар чи расад, агар як рагро дар димоғи вай халал расад, девона шавад ва надонад, ки сабаб чист ва бошад, ки илоҷи он пеши вай бувад ва надонад ва аҷзи вай ва ҷаҳли вай, чун ҳисоб баргирӣ, ки чанд аст, илм ва қудрати вай дар он мухтасар гардад, агарчи Сиддиқ аст ва агарчи пайғомбар аст, пас пок аз уюб он аст, ки
1 Одамиро офарид ва сухан гуфтанро ба вай омӯхт.
илми вай бениҳоят аст, ки кудурати ҷаҳлро ба вай роҳ нест ва қудрати вай ба камол аз он аст, ки ҳафт осмону замин дар қабзаи қудрати вай аст ва агар ҳамаро ҳалок кунад, дар бузургӣ ва подшоҳии вай ҳеч нуқсон набувад ва агар сад ҳазор олами дигарро дар як лаҳза биёфаринад, тавонад ва як зарра бар азамати вай зиёдат нашавад, ки зиёдатро бад-он роҳ нест, балки нуқсон худ дар ҳаққи вай мумкин нест, пас ҳар кӣ вайро дӯст надорад, балки дигареро дӯсттар дорад, аз ғояти ҷаҳл аст ва ин дӯстӣ ба камолтар аз он, ки ба сабаби эҳсон бувад: ки он ба зиёдат ва нуқсони неъмат меафзояд ва мекоҳонад ва чун сабаб ин бувад, дар ҳама аҳвол ишқи вай ба камол бувад ва барои ин бувад, ки ба Довуд алайҳиссалом ваҳй омад, ки дӯсттарини бандагони ман касе аст, ки маро на барои бим ва тамаъ парастад, валекин то ҳақ рубубияти ман гузорда бошад: ва дар Забур аст, ки: кист золимтар аз он ки маро барои биҳишту дӯзах парастад, агар биҳишту дӯзах наёфаридаме, мустаҳаққи тоат набудаме?
Сабаби панҷум дар дӯстии муносиб аст ва одамиро низ бо Ҳақ таъоло муносибате хос ҳаст, ки «қули-р-руҳу мин амри рабби» ишорат бад-он аст ва инналлоҳа халақа Одама ъало суратиҳи, ишорат бад-он аст ва ин, ки гуфт: «Бандаи ман ба ман тақарруб мекунад, то вайро дӯст гирам, чун ӯро дӯст гирифтам, самъи вай бошам ва басару забони вай бошам» ва ин, ки гуфт: «Маризту фалам таъидни» ё Мӯсо, бемор шудам, ба аёдат наёмадӣ, гуфт: «Ту худованди оламӣ, чи гуна бемор шавӣ?» Гуфт: «Фулон банда бемор буд, агар вайро аёдат кардӣ, маро аёдат карда будӣ». Ва ҳадиси муносибати сурати Одам бо ҳазрати Илоҳият дар унвони китоб баъзе шарҳ карда омадааст ва он дигар маъонӣ дар кутуб шарҳ натавон кард, ки афҳоми халқ тоқати он надорад, ки зиракон бисёр дар ин ба сар даромадаанд: баъзе ба ташбеҳ афтодаанд, ки пиндоштаанд сурат ҷуз сурати зоҳир набошад ва баъзе ба ҳулул ва иттиҳод афтодаанд ва фаҳми он ҳама душхор бувад.
Ва мақсуд он аст, ки чун асбоби дӯстӣ донистӣ, бидонӣ, ки ҳар дӯстӣ, ки ҷуз дӯстии Ҳақ таъоло аст, аз ҷаҳл аст ва бад-ин салимдилӣ он мутакаллим бишиносӣ, ки гуфт: «Ҷуз ҷинси худро дӯст натавон дошт, чун вай ҷинси мо нест, дӯстӣ мумкин нест». Пас, маънии дӯстӣ фармонбардорӣ бувад, ки ин бечораи аблаҳ аз дӯстӣҷуз шаҳват, ки занонро ба дӯст доранд, фаҳм накардааст ва шак нест, ки ин шаҳват муҷонисат хоҳад, аммо ин дӯстӣ, ки мо шарҳ кардем, ҷамолу камоли маъонӣ аст, на муҷонисат дар сурат, ки он ки пайғомбарро дӯст дорад, на бад-он дорад, ки вай низ ҳамчун вай сару рӯй ва дасту пой дорад, балки аз он ки дар маъонӣ муносибат дорад, ки вай низ ҳамчун вай ҳай ва олим ва мурид ва мутакаллим ва самеъ ва басир аст ва ин сифот дар вай ба камол аст ва асли ин муносибат ин ҷо низ ҳаст, валекин тафовут дар камоли сифот бениҳоят аст ва ҳар табоуд ва дурӣ, ки аз зиёдати камол хезад, дӯстӣ кунад, аммо асли дӯстиро, ки бинобар муносибат бувад, мунқатеъ накунад ва ҳама кас бад-ин қадар муносибат муқаррар оянд ва бишиносанд, агарчи он, ки сирр ва ҳақиқати муносибат аст, ки инналлоҳа таъоло халақа Одама ъало суратиҳи нашиносанд.
(Пайдо кардани он ки ҳеч лаззат чун лаззати дидори Ҳақ таъоло нест) Бидон, ки ин мазҳаби ҳама мусулмонон аст ба забон, валекин агар аз хештан таҳқиқи ин ҷӯянд, то дидор чизе, ки ба ҷиҳат1 набувад ва шаклу лавн надорад, чи лаззат дорад, ин надонанд, валекин забон иқрор медиҳанд аз бими он ки дар шаръ омадааст, валекин дар ботини вай ҳеч шавқ набувад, бад-он ки он чи надонад, бад-он муштоқ чун бошад? Ва ҳарчанд таҳқиқи ин сирр дар китоб душхор бувад, лекин мо ба ишорате мухтасар таъриф кунем: бидон, ки ин бар чаҳор асл аст: яке он ки бидонӣ, ки дидори Худои таъоло аз дидори ҳар чӣҷуз вай аст, хуштар ва дуввум он ки бидонӣ, ки маърифати Худои таъоло аз маърифати ҳар чӣҷуз вай аст, хуштар ва сеюм он ки бидонӣ, ки дилро дар илм ва маърифат роҳат ва хушӣ аст, бе он ки танро ва чашмро дар он насиб бувад, чаҳорум он ки бидонӣ, ки хушӣ, ки аз хосияти дил бувад, аз ҳар хушие, ки аз чашму гӯш ва ҳавосро бошад, ғолибтар ва қавитар, чун ин ҳама бидонӣ, ба зарурат маълум шавад, ки мумкин нест, ки хуштар аз дидори Ҳақ таъоло чизе бувад.
Асли аввал
(Он ки роҳати дил дар маърифат бишиносӣ, ки вайро андар он лаззате аст бетан) Бидон, ки дар одамӣқувватҳо ниҳодаанд ва ҳар якеро барои коре офаридаанд ва муқтазои табъ, ки вайро андар он лаззати вай аст ва лаззати вай дар муқтазои табъи вай аст: чунон ки қуввати хашмро барои ғалаба ва интиқом офардиааст ва лаззати вай дар он аст ва қуввати самъ ва басар ва дигарро бад-ин қиёс кун, ки ин ҳар яке лаззате дорад ва ин
1 Тараф, макон.
лаззот мухталифанд, ки лаззати мубошират мухолифи лаззати хашм рондан аст ва низ тафовут аст дар қувват, ки баъзе қавитар аст, ки лаззати чашм аз суратҳо, некӯғолибтар аст аз лаззати бинӣ аз бӯйҳо хуш; ва дар дили одамӣ низ қуввате офаридаанд, ки онро ақл гӯянд ва нур гӯянд ва онро барои маърифат ва илм чизҳо офаридаанд, ки дар хаёл ва ҳис наёяд ва табъи вай низ он аст ва лаззати вай дар он аст, то бад-он бидонад, ки ин олам офаридааст ва вайро ба мудаббире ҳаким ва қодир ҳоҷат аст ва ҳамеша ба ӯқоим аст ва ҳамчунин сифоти сонеъ ва ҳикмати вай дар офариниш бидонад ва ин ҳама дар ҳиссу хаёл наёяд, балки санъатҳои борик бад-ин қувват бидонад ва истинбот кунад, чун ниҳодани асли сухан ва ниҳодани китобат ва ниҳодани ҳандаса ва уламои дигари борик, вайро дар ин ҳама лаззат бувад, то агар бар вай сано кунанд, ба илми чизе андак ва ҳақир шод шавад ва агар гӯянд, надонад, ранҷур шавад, ки илми камоли худ шиносад, балки агар бар сари шатранҷ бинишинад, вайро гӯянд, ки таълим макун ва бо вай шартҳо бисёр биравад, тоқати он надорад, ки аз шодӣ ва лаззати он миқдор илм хасис бетоқат бувад ва хоҳад, ки бад-он тафохур кунад ва чӣ гуна илм хуш набошад ва илм бадон тафохур накунад? Ва илм сифати Ҳақ таъоло аст — ва чӣ чиз бошад наздики одамӣ хуштар аз камоли вай? Ва чи камол бувад азимтар аз камоле, ки ба сифати Ҳақ таъоло ҳосил ояд? Пас, бад-ин асл бидонистӣ, ки дар ҷумла дилро аз маърифат лаззатест, ки чашмро ва танро дар он насиб набошад.
Асли дуввум
(Он ки лаззати илм ва маърифат, ки ба дил бувад аз лаззати маҳсусот ва лаззати шаҳват қавитар бувад) Бидон, киҳар кӣ шатранҷ мебозад ва ҳама рӯз нон нахӯрда, вайро гӯянд, нон мехӯрад, нахӯрад ва ҳамчунон мебозад, то бидонем, ки лаззати вай дар шатанҷқавитар ва беҳтар аст аз нон хӯрдан ва бад-ин сабаб онро тақдим кард, пас қуввати лаззат бад-он шиносем, ки чун ҳар ду фароҳам оянд, якеро тақдим кунад. Чун ин бидонистӣ, бидон, ки ҳар кӣ оқилтар лаззати қувватҳои ботин бар вай муставлитар: чи агар оқилро мухаййар кунанд миёни он, ки лавзина ва мурғбирён хӯрад ё коре бикунад, ки дар он душмане мағлуб шавад ва раёсате вайро мусаллам гардад, албатта раёсат ва ғалаба ихтиёр кунад, магар ки ҳанӯз назари вай тамом нашуда бошад, чун кӯдак, ки мард нашуда ё маътуҳ1, пас он касро, ки ҳам
1 Сафеҳ, беақл.
шаҳвати таом бошад ва ҳам шаҳвати ҷоҳу раёсат ва талаби ҷоҳ фаро пеш дорад, бидонем, ки ин лаззат қавитар аст; ҳамчунин олимро, ки илми ҳисоб хонад ё ҳандаса ё тиб ё илми шариат ё он чи бошад, вайро дар он лаззате бошад, чун ноқис набувад ва ба камол бувад, он бар ҳама тақдим кунад, магар ки дар илм ноқис бувад ва лаззати он тамом наёфта, пас бадин маълум шуд, ки лаззати илм ва маърифат аз ҳама лаззатҳои дигар ғолибтар аст, лекин касеро, ки ноқис набувад ва ҳар ду шаҳват дар вай офарида бошанд. Ки агарчи кӯдак лаззати гавз бохтан бар лаззати мубошират ва лаззати раёсат тақдим кунад, мо дар шак наюфтем, ки ин аз нуқсони вай аст, ки вайро он шаҳват нест, ба далели он ки чун ҳар ду шаҳват фароҳам ояд, он тақдими кунад, ки назди ӯ беҳтар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё