Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Гуфт: «Маъшуқҳозир буд, менигарид», гуфтам: «Агар маъшуқи меҳинро бидидӣ, чи кардӣ?» Як наъра бизаду ҷон бидод. Бушр мегӯяд: «Дар бидояти иродат ба Ибодон мешудам, мардеро дидам, маҷзуми девона бар замин афтода ва мӯрчагон гӯшти вай мехӯрданд, сари вай бар канор гирифтам ва бар вай раҳмат кардам, чун бо ҳуш омад, гуфт: ин кадом фузуле аст, ки хештан дар миёни ман ва худованди ман афканад?» Ва дар Қуръон маълум аст, ки он занон, ки дар Юсуф менигариданд, аз азамату ҷамоли вай даст бибуриданд ва хабар надоштанд. Ва дар Миср қаҳт буд, чун гурусна шудандӣ, ба дидори Юсуф рафтандӣ, гуруснагӣ фаромӯш кардандӣ, ин асари ҷамоли махлуқист, агар ҷамоли холиқ касеро макшуф шавад, чи аҷаб, агар аз балое бехабар шавад? Марде буд дар бодия, ки ҳар чӣ Худои таъоло ҳукм кардӣ, гуфтӣ: хайр дар он аст, саге дошт, ки посбони раҳли вай буд ва харе, ки бор дар вай ниҳодӣ ва хӯрӯсе, ки эшонро бедор кардӣ, гурге биёмаду шиками хар бидарид, гуфт:
хайрат ва саг хӯрӯсро бикушт, гуфт: хайрат ва саг низ ба сабаби дигар ҳалок шуд, гуфт: хайрат. Аҳли вай андӯҳгин шуданд ва гуфтанд: ҳар чӣ мебошад, ту гӯӣ, хайрат, ин чи хайрат бошад, ки дасту пои мо ин буд, ки ҳалок шуд? Гуфт: «Бошад, ки хайрат дар ин бошад», пас дигар рӯз бархостанд, ҳар кӣ гирди эшон дар буд, ҳамаро дуздон кушта буданд ва коло бурда, ба сабаби овози хару хӯрӯс ва саг ва эшонро бознаёфта буданд, гуфт: «Дидӣ, ки хайрати Худои таъоло касе надонад?!» Ва Исо алайҳиссалом ба марде бигузашт нобино ва маҷзум ва ҳар ду ҷониби вай мафлуҷ ва дасту пой на ва мегуфт: «Шукри он Худое, ки маро офият додааст, аз он бало, ки халқи бисёр дар он мубталоянд, Исо гуфт: «Чӣ мондааст, ки туро аз он офият додааст?» Гуфт: «Ба офияттарам аз касе, ки дар дили вай он маърифат наёфарид, ки дар дили ман», пас даст ба вай фуруд овард, то дурусту некӯрӯй шуд ва бо Исо ба ҳам сӯҳбат кард муддате ва ибодат мекард бо вай. Ва Шиблиро дар бемористон боздошта буданд, ки девона аст, қавме дар наздики вай шуданд, гуфт: «Шумо кистед?» Гуфтанд: дӯстдорони ту, санг дар эшон андохтан гирифт, бигурехтанд, гуфт: «Дурӯғ гуфтед, агар дӯст будед, бар балои ман сабр кардед».
– ФАСЛ –
(Дуо муноқизи ризо нест)
Гурӯҳе гуфтаанд, ки: шарти ризо он аст, ки дуо накунӣ ва ҳар чӣ нест аз Худой нахоҳед ва бад-он чи ҳаст, розӣ бошед ва бар маъсият ва фисқ инкор накунед, ки он низ қазои Худои таъоло аст ва дар шаҳре, ки маъсият ғолиб бошад ё вабо ва бало, нагурезед, ки ин гурехтан бувад аз қазо ва ин ҳама хатост: аммо дуо расул салавотуллоҳу алайҳи кардааст ва гуфта, ки: «Дуо мухи ибодат аст». Ва ба ҳақиқати он сабаб аст, ки дар дил риққат ва шикастагӣ ва тазаррӯъ ва аҷз ва тавозӯъ ва илтиҷо ба Ҳақ таъоло падид ояд ва ин ҳама сифоти маҳмуд аст ва чунон ки хӯрдани об, то ташна нашавад ва хӯрдани нон, то гурусна нашавад ва пӯшидани ҷома, то сармо дафъ кунад, хилофи ризо набувад, пас дуо кардан, то бало биравад, ҳамин бошад, балки ҳар чӣ онро сабабе сохтанд ва бад-он фармуд, мухолифи он фармон бар хилофи ризо бувад, ба ҳукми вай, аммо ризо додан ба маъсият чӣ гуна раво бувад ва аз он наҳй омадааст ва гуфта, ки: ҳар кӣ бад-он ризо диҳад, андар он шарик бувад?! Ва гуфтааст:
агар бандаеро ба машриқ бикушанд, касе ба мағриб бад-он ризо диҳад, андар он шарик аст. Пас, ҳарчанд, ки маъсият қазои Худои таъоло аст, валекин вайро ду рӯй аст: яке то банда донад, ки ин ба ихтиёри вай аст ва нишон он аст, ки вай мамқути1ҳақ аст ва яке то бидонад, ки ба қазо ва тақдири Ҳақ таъоло аст, пас бад-он ваҷҳ, ки қазо кардааст, ки олам аз маъсият ва куфр холӣ набошад, бад-ин ризо бояд дод, аммо бад-он ваҷҳ, ки ихтиёри бандааст ва сифати вай аст ва нишон он аст, ки Худои таъоло вайро душман дорад, бад-ин ризо набояд дод ва ин мутаноқиз набувад, ки агар касеро душмане бимирад, ки низ душмани душмани ӯ бувад, ҳам андӯҳгин шавад ва ҳам шод, валекин ба ваҷҳе андӯҳгин шавад ва ба ваҷҳе дигар андӯҳгин нашавад ва мутаноқиз он вақт бувад, ки ҳар ду аз як ваҷҳ бувад ва ҳамчунин аз ҷое, ки маъсият ғолиб бувад, муҳим аст гурехтан, чунон ки гуфт: «Ахриҷно мин ҳозиҳи-л-қарйати-з-золими аҳлуҳо»2 ва ҳамеша салаф аз чунин шаҳр, ки маъсият кунад ва агар накунад, уқубати он сироят кунад, чунон ки гуфт: «Ва аттақу фитнатан ло тусийабанна-ллазина заламу минкум хосатан»3 гурехтаанд ва агар касе ҷое бувад, ки чашми вай ба номаҳраме афтад, аз он ҷо бигурезад, ин мухолифати ризо набувад ва агар дар шаҳр қаҳт бувад ва тангӣ. Раво бувад, ки бишавад, магар ки тоъун бувад, ки аз он наҳй аст, ки агар тандурустон бишаванд, беморон зоеъ монанд, аммо дигар балоҳо чунон нест, балки асбоб чунон ки ниҳодааст, ба ҷое мебояд овард, бар вифқи фармон ва бад-он чи ҳукми вай бувад, пас аз он ки фармон ба ҷой овардӣ, розӣ мебояд буд ва мебояд донист, ки хайрат дар он аст.
АСЛИ ДАҲУМ
(Ёд кардани марг)
Бидон, киҳар кӣ бишинохт, ки охири кори вай ба ҳама ҳол марг аст ва қароргоҳи вай гӯр аст ва муваккали вай Мункар ва Накир ва мавъиди вай қиёмат ва мавриди вай биҳишт аст ё дӯзах, ҳеч андеша вайро муҳимтар аз
1 Душман дошта.
2 (Худоё) моро аз ин қария, ки мардумаш ситамгаранд берун бар.
3 Битарсед аз балое, ки танҳо домангири касоне аз шумо, ки ситам карданд, нахоҳад шуд.
андешаи марг набувад ва ҳеч тадбире олитар аз тадбири марг набувад — агар оқил бувад — чунон ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Алкаййису ман дона нафсаҳу ва ъамила лимо баъда-л-мавти»1 ва ҳар кӣ ёди марг кунад, ночор ба сохтани зоди он машғул бошад ва гӯри равзае ёбад аз равзаҳои биҳишт ва ҳар кӣ маргро фаромӯш кунад ва ҳиммати вай ҳама дунё бошад ва аз зоди охират ғофил монад, гӯрғоре ёбад аз ғорҳои дӯзах. Ва бад-ин сабаб, ки ёд кард, марг фазле бузург аст, ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Аксиру мин зикри ҳодими-л-лаззоти» эй касоне, ки ба лаззати дунё машғулед, ёд кунед аз он ки ҳама лаззатҳоро ғорат кунад; ва гуфт: «Агар устурон2 аз ҳадиси марг он бидонандӣ, ки шумо донед, ҳаргиз гӯшти фарбеҳ нахӯрдетон». Ва Оиша гуфт: «Ё расулуллоҳ, ҳеч кас дар дараҷаи шаҳидон бошад?» Гуфт: «Бошад, касе, ки дар рӯзе бист бор аз марг ёд кунад». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи қавмеро дид, ки овози хандаи эшон баланд шуда буд, гуфт: «Ин унси хеш омехта бикунед ба ёд кардани тиракунандаи ҳамаи лаззатҳо», гуфтанд: он чист? Гуфт: «Марг». Ва Анас мегӯяд, ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт:
«Ёди марг бисёр кун, ки он туро дар дунё зоҳид гардонад ва гуноҳони туро каффорат бувад?» Ва гуфт: «Кафо би-л-мавти воъизан –- марг басанда аст, ки халқро панд диҳад». Ва саҳоба бар яке сано бисёр гуфтанд, гуфт: «Ҳадиси марг бар дили вай чун буд?» Гуфтанд: нашунидаем сухани марг аз вай, гуфт: «Пас на чунон аст, ки шумо мепиндоред». Ва ибни Умар гӯяд: «Ман бо даҳ кас наздики расул салавотуллоҳу алайҳи будем, яке аз ансор гуфт: зирактарин ва каримтарини мардумон кист?» Гуфт:
«Он ки аз марг бештар ёд кунад ва дар сохтани зоди он, ҷаҳон ба шукул3 бошад, эшонанд зиракон, ки шарафи дунё ва каромати охират бибурданд». Иброҳими Тимӣ гӯяд, ки ду чиз аст, ки роҳати дунё аз дили ман бабарад: яке зикри марг ва яке хавфи истодан пеши Ҳақ таъоло. Ва Умар ибни Абдулазиз ҳар шаб фуқаҳоро гирд кардӣ ва ҳадиси маргу қиёматро музокира мекардӣ, то чандон бигиристандӣ, ки касоне, ки ҷаноза дар пеши эшон бошад. Ва сухани Ҳасани Басрӣ, ки нишастӣ, ҳама аз марг будӣ ва аз охират ва аз дӯзах. Ва зане пеши Оиша гила кард аз сахтдилии хеш, гуфт: «Маргро бисёр ёд кун, то тангдил шавӣ, ҳамчунон кард, он қасоват аз вай бишуд, бозомад ва шукр кард». Ва Рабеъ ибни Хасим дар сарои хеш гӯре канда буд, ҳар рӯз чанд бор дар он хуфтӣ, то марг бар дили вай тоза кунад ва гуфтӣ: «Агар як соат марг бар дил
1 Зирак касе аст, ки нафси худро дар фармон овард ва барои Пас аз марг — кор кард.
2 Мақсуд аз сутур дар он ҷо гов ва гӯспанд аст.
3 Шукул бар вазни духул, чобукӣ, ҷалдӣ.
фаромӯш кунам, дилам сиёҳ шавад». Ва Умар ибни Абдулазиз якеро гуфт: «Ёди марг бисёр кун, агар дар меҳнат бошӣ, он салват бувад, агар дар неъмат бошӣ, он бар ту мунағғас кунад». Ва Абусулаймони Доронӣ гуфт, ки: «Умми Ҳарунро гуфтам: маргро дӯст дорӣ?» Гуфт: «На». Гуфтам:
«Чаро?» Гуфт: «Агар дар одамие осӣ шавам, дидори вай нахоҳам, ки бинам, пас дидори Ҳақ чун хоҳам бо ин маъсияти бисёр?!»
– ФАСЛ –
(Ёдкарди марг бар се ваҷҳ аст)
Бидон, ки ёд кардани марг бар се ваҷҳ аст: яке ёдкарди ғофил ба дунё, ки машғул бувад, ёд кунад ва онро кореҳ бувад аз бими он ки аз шаҳвати дунё бозмонад, пас маргро бинакӯҳад ва гӯяд ин бад корест, ки дар пеш аст ва дареғо, ки ин дунё бад-ин хушӣ мебибояд гузошт ва ин зикр бад-ин ваҷҳ вайро аз худои азза ва ҷалла дуртар мекунад, валекин агар ҳеч гуна дунё бар вай мунағғас шавад ва дили вай аз дунё нуфур гардад аз фоида холӣ набошад; дуввум ёдкарди тоиб, ки барои он кунад, то хавф бар вай ғолибтар шавад ва дар тавба собиттар бошад ва дар тадорук гузашта мавлеътар1 бувад ва дар шукр баҷаҳдтар бошад ва савоби ин бузург бувад ва тоиб маргро кореҳ набошад, лекин таъҷил маргро кореҳ бошад, аз бими он ки носохта набояд рафт ва кароҳият бад-ин ваҷҳ зиён надорад; сеюм ёд кардани ориф, ки аз он бувад, ки ваъдаи дидор пас аз марг аст ва ваъдагоҳи дӯст фаромӯш нашавад, ҳамеша чашм бар он дорад, балки дар орзуи он бошад, чунон ки Ҳазифа дар вақти марг гуфт: «Ҳабибу ҷоа ъало фофатин» дӯст омад ва ба вақти ҳоҷат омад; ва гуфт: «Бор худоё, агар донӣ, дарвешӣ дӯсттар дорам аз тавонгарӣ ва беморӣ дӯсттар дорам аз тандурустӣ ва марг дӯсттар дорам аз зиндагонӣ, марг бар ман осон кун, то ба дидори ту биёсоям». Ва варои ин дараҷа дараҷаи дигар аст бузургтар аз ин: ки маргро на кореҳ бошад ва на толиб ва на таъҷили он хоҳад на таъхир, балки он дӯсттар дорад, ки худованд ҳукм кардааст ва тасарруф ва боисти вай дар боқӣ шуда бошад ва ба мақоми ризо ва таслим расида; ва ин он вақт бувад, ки марг бо ёди вай ояд ва дар бештари аҳвол аз марг наяндешад, ки худ дар ин ҷаҳон дар мушоҳида бошад ва зикри вай бар дили вай ғолиб ва марг ва зиндагонӣ наздики вай яке бувад: ки дар ҳама аҳвол мустағриқ хоҳад буд ба зикр ва дӯстии Ҳақ таъоло.
(Илоҷи асар кардани зикри марг дар дил)
1 Ҳаристар.
Бидон, ки марг коре азим аст ва хатаре бузург ва халқ аз он ғофиланд ва агар ёд кунанд, дар дили эшон бас асаре накунад: ки дил ба машғалаи дунё чунон мустағриқ бошад, ки чизе дигарро ҷой намонда бошад ва аз ин бувад, ки аз зикр ва тасбеҳ низ лаззат наёбад. Пас, илоҷ он бувад, ки хилвате талаб кунад ва як соат дил ин корро фориғ кунад — чунон ки касе, ки дар бодия бихоҳад шуд, тадбири онро дил аз дигар чизҳо фориғ кунад — ва бо хештан гӯяд, ки: марг наздик расид ва бошад, ки имрӯз бувад; ва агар туро гӯянд, ки дар болоне1 торик шав, ки надонӣ, ки дар он даҳлез чоҳест ё саге дар роҳ аст ё ҳеч халал нест, заҳраи ту бишавад, охир пӯшида нест, ки кори ту пас аз марг ва хатари ту дар гӯр камтар аз ин нест, ғафлат аз ин ба чи далерӣ аст?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё