Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

(Пайдо кардани сакароти марг ва шиддати ҷон кандан) Бидон, ки агар одамиро ҳеч чизе фаро пеш нест, магар сакароти марг ва ҷон кандан ва шиддати он, боистӣ, агар ақл доштӣ, аз бими он аз дунё ҳеч лаззат наёфтӣ: ки агар тарсад, ки турке аз дари хона дархоҳад омад, ки
1 Омода бошед барои кӯч кардан.
вайро як дабус1 бизанад, аз хӯрдану хуфтан лаззат наёбад аз бими он ва бошад, ки худ наёяд ва омадани малакулмавт ва ҷон ситадан яқин аст ва ин ҳамоно ҳавлтар аст аз дабуси туркон, валекин, то нарасидан аз ин аз ғафлат аст. Ва ранҷи ҷон кандан, чунон аст, ки ҳама иттифоқ кардаанд, ки саъбтар аз он бошад, ки касеро ба шамшер пора кунанд ё ӯро аз миён ба ду ним кунанд, барои он ки дарди ҷароҳат аз он аст, ки он ҷо, ки ҷароҳат расад, огоҳӣ ба рӯҳ диҳад ва пайдо бувад, ки чи миқдор рӯҳро бинад шамшер дар маҳалли ҷароҳат ва дарди оташ аз он зиёдат бувад, ки вай ба ҳама аҷзо даршавад ва ҷон кандан дардест, ки дар нафси рӯҳ падидор ояд, ки ҳама аҷзои вай дар он мустағриқ шавад ва хомӯшии он кас аз бетоқатӣ бувад: ки забон аз саъбии он гунг шавад ва ақл мадҳуш гардад; валекин касе донад, ки чашида бошад ё ба нури нубувват пеш аз чашидан бибинад, чунон ки Исо мегӯяд: ё ҳавориён, дуо кунед, то худои субҳонаҳу ва таъоло ҷон кандан бар ман осон кунад, ки чандон аз марг метарсам, ки аз бими марг бимирам ва расули мо салавотуллоҳу алайҳи дар он вақт мегуфт: «Аллоҳумма ҳаввин ъало Муҳаммадин сакароти-л-мавти»2. Ва Оиша мегӯяд: «ҷон кандан осон бувад, бад-он ҳеч умед надорам, аз саъбии ҷон кандани расул салавотуллоҳу алайҳи, ки дидам ва дар он вақт мегуфт:
ин рӯҳ аз миёни устухон ва пайи ман берун оварӣ, бар ман осон гардон ин ранҷро ва расул салавотуллоҳу алайҳи сифати дарди он ҳамекард ва мегуфт: «Ҳамчун сесад зарбат аст ба шамшер, ҳар ҷон кандане». Ва гуфт:
«Осонтарин марг ҳамчун хасак3 аст, ки дар пашм овезад, ки мумкин набувад, ки ба осонӣ аз вай берун ояд» ва расули мо салавотуллоҳу алайҳи дар пеши беморе шуд ва бемор дар назъ буд, гуфт: «Ман донам, ки вай дар чист: ҳеч раг нест бар тани вай, ки на дар вай ҷудогона дардест». Ва Алӣ мегӯяд: «Ҷанг кунед, то кушта шавед, ки ҳазор зарбати шамшер, бар ман осонтар аз ҷон кандан». Ва гурӯҳе аз анбиёи бани Исроил ба гӯристоне бигузаштанд, дуо карданд, то якеро Худои таъоло зинда кард, бархост ва гуфт: «Ё мардумон, чи хостед аз ман панҷоҳ сол аст, то мурдаам ва ҳанӯз талхии ҷон кандан бо ман аст!» Ва дар асар аст, ки мӯъминро, ки дараҷот монда бошад, ки ба амали хеш бад-он нарасида бошад, ҷон кандан бар вай душхор кунанд, то бад-он расад ва кофир, ки некӯие карда бошад, ба ивази он ҷон кандан бар вай осон кунанд, то ҳеч ҳоҷате намонад вайро ва дар хабар аст, ки: чун Мусоро алайҳиссалом вафот расид, Ҳақ бо вай гуфт: «Хештан дар марг чун ёфтӣ?» Гуфт: «Мурғи
1 Гурз — чумоқ.
2 Худоё сахтии ҷон канданро бар Муҳаммад осон фармо.
3 Хор.
зинда, ки бирён кунанд, на битавонад парид ва на бимирад, чунон ки шохе пурхор даруни ҷомаи касе кунанд ва ҳар хоре дар раге овезад ва марде қавӣ он хор мекашад».
(Доҳияҳои ҷон кандан)
Бидон, ки берун аз ин ранҷ се доҳияи ҳавл1 дар пеш аст: яке он ки сурати малакулмавт бибинад; ва дар хабар аст, ки: Иброҳим алайҳиссалом малакулмавтро гуфт: «Хоҳам, ки дар он сурат, ки ҷони гуноҳкорон биситонӣ, туро бибинам», гуфт: «Тоқат надорӣ?» Гуфт:
«Лобуд аст», хештан бад-он сурат ба вай намуд: шахсе дид сиёҳ ва гунда, мӯйҳо барпой хоста ва ҷомаҳои сиёҳпӯшида ва дуду оташ аз биниву даҳони вай берун ояд, Иброҳим аз ҳуш бишуд ва бияфтод, чун бо ақл омад, бо сурати хеш шуда буд, гуфт: «Ё малакулмавт, агар осӣ пеш аз сурати ту нахоҳад дид, басанда аст!» Ва бидон, ки мутеъон аз ин ҳавл раста бошанд, вайро бар некӯтарин сурате бинанд, чунон ки агар ҳеч роҳат нахоҳад дид, магар ҷамоли сурати вай кифоят бувад.
Ва Сулаймон ибни Довуд алайҳиссалом гуфт малакулмавтро, ки: «Чаро миёни мардумон адл накунӣ, яке ба зудӣ мебарӣ ва якеро бисёр мегузорӣ?» Гуфт: «Ин ба дасти ман нест, бар номи ҳар яке саҳифае ба дасти ман диҳанд, чунон ки фармоянд, мекунам» Ваҳб ибни Мунаббаҳ гӯяд: «Подшоҳе як рӯз бархост, нишаст2, ҷома медарпӯшид, сад гуна ҷома беёварданд, ҳеч написандид, то он чи некӯтар буд, дарпӯшид ва чанд асб биёварданд, то он чи некӯтар буд, барнишаст, пас дар мавкабе азим берун омад ва аз кибр ба ҳеч кас наменигарид, малакулмавт бар сурати дарвеше шӯхгинҷома пеши вай омад ва бар вай салом кард, ҷавоб надод, лигоми асби вай баргирифт, гуфт: даст бидор, магар намедонӣ чӣ мекунӣ?» Гуфт:
«Маро ҳоҷате аст», гуфт: «Сабр кун, то фуруд оям», гуфт: «На акнун».
Гуфт: «Бигӯй». Сар фаро гӯши вай бурд ва гуфт: «Манам малакулмавт, омадаам, то ҳамин соат ҷонат биситонам». Подшоҳро ранг аз рӯй бишуд, гуфт: «Чандон бигузор, то бо хона шавам ва зану фарзандро видоъе кунам», мӯҳлат надод ва дар ҳол ҷонаш биситад ва аз асб бияфтод; ва малакулмавт алайҳиссалом аз он ҷо бирафт, мӯъминеро дид, гуфт: «Бо ту розе дорам», гуфт: «Чист?» Гуфт: «Манам малакулмавт», гуфт: «Марҳабо, дерест дар интизори туам ва ҳеч кас азизтар аз ту наздики ман нахост омадан, ҳин ҷон баргир», гуфт: «Аввал ҳоҷате ва коре, ки дорӣ, бигузор»,
1 Мусибат ва балои бузург ва тарснок.
2 Барнишастан: савор шудан.
гуфт: «Ман ҳеч кори муҳимтар аз ин надорам, ки худованди хешро бинам, акнун бар он ҳол, ки ту хоҳӣ, ҷони ман баргир ва гуфт: сабр кун, то таҳорат кунам ва намоз кунам дар суҷуд ҷони ман баргир», чунон кард.
Ваҳб ибни Мунаббаҳ гуфт, ки: дар замин подшоҳе буд, ки аз вай бузургтар набуд, малакулмавт ҷони вай биситад, чун ба осмон расид, фариштагон гуфтанд: туро ҳаргиз бар касе раҳмат омад, ки ҷони вай биситадӣ? Гуфт: «Зане дар биёбоне обастан буд, кӯдак биниҳод, маро фармуданд, ки ҷони вай баргир, ҷони модар биситадам ва он кӯдакро зоеъ бигузоштам, бар он модар раҳмат омад аз ғурбати вай ва бар он кӯдак аз танҳоӣ ва зоеъе, ки бимонд», ӯро гуфтанд: «Ин подшоҳ дидӣ, ки дар рӯи замин чун ӯ кас набуд?» Гуфт: «Дидам». Гуфтанд: «Он кӯдак буд, ки дар биёбон бигузоштӣ», гуфт: «Субҳоналлоҳи латифун лимо йашоъу»
дар асар аст, ки шаби нимаи шаъбон саҳифае ба дасти малакулмавт диҳанд, ҳар киро дар он сол ҷон барбояд гирифт, номи вай набишта дар вай, яке ибодат мекунад ва яке арӯсӣ мекунад ва яке хусумат мекунад ва номҳои эшон дар он ҷо набишта. Ва Аъмаш гӯяд, ки: малакулмавт дар пеши Сулаймон шуд, тез дар яке нигарид аз надимони вай, чун берун шуд он надим гуфт: «Он кӣ буд, ки чунон тез дар ман нигарид?» Гуфт:
«Малакулмавт», гуфт магар ҷонам бихоҳад ситадан, бодро бифармой, то маро ба замини Ҳиндустон барад, чун бозояд маро набинад, бифармуд то чунон кард, пас чун малакулмавт бозомад, Сулаймон алайҳиссалом гуфт:
«Дар он надими ман тез менигаридӣ, чи сабаб буд?» Гуфт: «Маро фармудаанд, ки ин соат ба Ҳиндустон ҷони вай баргир, вай ин ҷо буд, гуфтам: дар як соат ба Ҳиндустон чун хоҳад шуд? Чун он ҷо шудам, вайро он ҷо дидам, аҷаб доштам» ва мақсуд аз ин ҳикоят он аст, ки аз дидори малакулмавт чора нест.
Доҳияи дигар — дидори ин ду фаришта аст, ки бар ҳар касе муваккаланд: ки дар хабар аст, ки ба охири марг ҳар ду дар дидори вай оянд, агар мутеъ бошад, гӯянд: ҷазокаллоҳу хайран1 бисёр тоат дар пеши мо бикардӣ ва роҳат ба мо расонидӣ ва агар осӣ бувад, гӯянд: ло ҷазокаллоҳу хайран, бисёр фазоеҳ ва маъосӣ, ки дар пеши мо бикардӣ, дар ин вақт буд, ки чашми мурда ба ҳаво бимонда бошад, ки низ барҳам назанад.
Доҳияи сеюм — он ки ҷойгоҳи хеш дар биҳишту дӯзах бинад, ки малакулмавт мутеъро гӯяд ё дӯсти Худои таъоло туро башорат бод ба биҳишт ва гуноҳкорро гӯяд: эй душмани Худои таъоло, башорат бодат ба дӯзах, пас ранҷи он бар ранҷи ҷон кандан бозгардад ва аёзубиллоҳ, ин
1 Худо туро подоши нек диҳад.
аҳвол аст, ки дар дунё бинад ва ин мухтасар аст дар он чи дар гӯр бинад ва пас аз он.
(Пайдо кардани сухани гӯр бо мурда) Расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Дар он вақт, ки мурдаро дар гӯр ниҳанд, гӯр гӯяд: вай ҳака ё бан одама, ба чӣғарра шудӣ ба ман, надонистӣ, ки ман хонаи меҳнатам ва хонаи зулматам ва хонаи танҳоиам ва хонаи карамам, ба чӣ фирефта шудӣ, ки бар ман мегузаштӣ мутаҳайирвор, як пой пеш мениҳодӣ ва яке пас? Агар мусаллаҳ бувад касе аз вай ҷавоб диҳад ва чӣ гӯӣ ё гӯр? Ки вай ба салоҳ бувад ва амри маъруф ва наҳйи мункар кард, гӯяд лоҷарам бар вай бӯстон кардам сабз, он гоҳ тани вай нуре гардад ва рӯҳи вай ба осмон шавад». Ва дар асар аст, ки: мурдаро дар гӯр ниҳанд ва азоб кунанд, ҳамсоягони вай овоз диҳанд, ки ё мутахаллиф, ту боре бозпас монда ва мо пеш бимондем, чаро ба мо ибрат нагирифтӣ, надидӣ ки мо биёмадем ва аъмоли мо мунқатеъ шуд ва ту мӯҳлат ёфтӣ, чаро он чи моро фавт шуд, ту тадорук накардӣ? Ва ҳамчунин ҳама гӯшаҳои замин нидо кунанд, ки эй фирефтаи дунё, чаро ибрат нагирифтӣ ба касоне, ки аз пеши ту бирафтанд ва ҳамчун ту фирефта шуда буданд? Ва дар хабар аст, ки: «Бандаи шоистаро чун дар гӯр ниҳанд, кирдорҳои некӯ гирд бар гирд фурӯ гиранд ва вайро нигоҳ медоранд, чун малоикаи азоб аз ҷониби пой дароянд, намоз пеш ояд ва гӯяд: бисёре бар пой истодааст, барои Худой ва чун аз ҷониби сар дароянд рӯза гӯяд: на бисёре ташнагӣ кашидааст дар дунё ва чун аз ҷониби тан дарояд, ҳаҷ ва ғазо гӯянд: на ранҷ бисёр кашидааст ба тан ва чун аз ҷониби даст дарояд садақа гӯяд: даст аз вай бидоред, ки бад-ин даст садақае бисёр додааст, малоика гӯянд, хушу муборак бод, бозгарданд ва малоикаи раҳмат биёянд, вайро фарше аз биҳишт биёваранд ва бияфкананд ва гӯр бар вай фарох кунанд, чандон ки чашм бирасад ва қандиле аз биҳишт биёваранд, то дар нури он мебуд, то рӯзи қиёмат».
Ва Абдуллоҳ ибни Убайд гӯяд, ки: «Расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт, ки: мурдаро дар гӯр ниҳанд, овози пои мардумон мешунавад, ки аз паси ҷаноза фаро омада бошанд ва ҳеч кас бо вай сухан нагӯяд, магар гӯр гӯяд:
на бисёр бо ту бигуфта буданд, аз сифат ва ҳавли тангии ман, чӣ сохтаӣ барои ман?».
(Суоли Мункар ва Накир)
Расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Чун банда бимирад, ду фаришта биёянд бар вай, сиёҳ ва ба чашм азрақ, якеро ном Мункар ва якеро Накир, гӯянд: чӣ мегуфтӣ дар пайғомбар? Агар мӯъмин бувад, гӯяд:
банда ва расули Худой бувад, гувоҳӣ диҳам, ки Худой якест ва Муҳаммад расули вай аст, ҳафтод арш1 дар ҳафтод арш гӯр бар вай фарох кунанд ва равшану пурнур ва гӯянд бихусб, хуфтане арӯсвор, чунон ки ҳеч чиз туро бедор накунад, магар он ки дӯсттар дорӣ ва агар мунофиқ бувад, гӯяд:
надонам, мешунидам аз мардумон, ки чизе мегуфтанд, ман низ мегуфтам? Пас, заминро гӯянд, то бар вай танг фароҳам ояд, чунон ки паҳлӯҳо ба ҳам расанд ва ҳамчунон дар азоб мебуд». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи Умарро гуфт, ки: «Ё Умар, чи гуна бинӣ хештанро, ки чун бимирӣ ва туро гӯре чаҳор газ дар як газ бикунанд, он гоҳ туро бишӯянд ва дар кафан ва дар гӯр ниҳанд ва хок бар сар кунанд, то пур шавад ва бозгарданд ва он гоҳ Мункар ва Накир биёянд, овози эшон чун раъд ва чашмҳои эшон чун барқ, мӯйҳо дар замин мекашанд ва ба дандон хоки гӯр мешӯранд2 ва туро фаро ҷунбонанд?» Гуфт: «Ё расулуллоҳ, ақл бо ман бошад?» Гуфт: «Бошад», гуфт: «Пас бок надорам ва эшонро кифоят кунам». Ва дар хабар аст, ки: ду ҷонвар бар кофир мусаллат бикунанд дар гӯр, ҳар ду кӯр ва кар ва дар дасти ҳар яке амуде аз оҳан, ситаброи3ӯ чун далв, ки уштуронро бад-он об медиҳанд, мезананд вайро то қиёмат на чашм доранд, ки вайро бибинанд, то раҳмат кунанд ва на гӯш доранд, ки овози вай бишунаванд. Ва Оиша мегӯяд, ки: расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт, ки: гӯрро афшордане аст, ки мурдаро бияфшорад ва агар ҳеч кас аз он бирастӣ, Саъд ибни Муоз бирастӣ. Ва Анас гӯяд, ки: Зайнаб духтари Мустафо салавотуллоҳу алайҳи фармон ёфт, вайро дар гӯр ниҳод ва рӯи вай зард шуд азим, чун берун омад ва ранги вай боз ҷой шуд, гуфтам: ё расулуллоҳ, ин чи ҳол буд? Гуфт: «Аз афшурдани гӯр ва азоби он ёд кардам, маро хабар доданд, ки бар вай осон бикарданд ва боз ин фишордане бияфшорид гӯри вайро, ки бонги вай ҳама ҷаҳон бишуниданд». Расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Азоби кофир дар гӯр он бувад, ки наваду нӯҳ аждаҳо бар вай гуморанд, донӣ, ки аждаҳо чӣ бувад, наваду нӯҳ мор бувад, ки ҳар яке нӯҳ сар дорад, вайро мегазанд ва мелесанд ва дар вай медаманд, то рӯзи қиёмат». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Гӯр аввали манзили охират аст, агар осон бувад, он чи аз паси он бувад, осонтар ва агар душхор бувад, он чи аз паси
1 Заръ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё