Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Аммо сифати аввал оташи фироқи шаҳавоти дунёст. Ва сабаби ин дар азобу-л-қабр гуфта омад, ки ишқу боист2 биҳишти дил аст ва дӯзахи дил:
биҳишт аст, то бо маъшуқ бувад ва дӯзах аст, чун бе маъшуқ бувад. Пас, ошиқи дунё бо дунё дар биҳишт аст: «Фа-д-дунйо ҷаннату-л-кофири»3
.
Ва дар охират дар дӯзах аст, ки маъшуқи вайро аз вай бозситаданд. Пас, як чиз ҳам сабаби лаззат аст ва ҳам сабаби ранҷ, валекин дар ду ҳоли мухталиф.
Ва мисоли ин оташ дар дунё он бувад, масалан, ки подшоҳе бувад, ки ҳама рӯи замин дар тоату фармони вай бувад ва ҳамеша ба таматтӯъи некӯрӯён машғул бувад аз канизакону ғуломону занон; ва ҳамеша дар тамошои боғҳо ва кӯшкҳои зебо. Пас, ногоҳ душмане биёяд ва вайро бигирад ва ба бандагӣ гирад ва дар пеши аҳли мамлакат вайро сагбонӣ фармояд ва дар пеши вай аҳлу канизакони вайро ба кор медорад ва ғуломони вайро мефармояд, то ба кор медоранд ва ҳар чи дар хизонаи вай бар вай азизтар бувад, ба душманони вай медиҳад. Нигоҳ кун, ин мардро бар тан ҳеч ранҷ бошад? Ва оташи фироқи зану фарзанду вилоят ва канизаку хизонаву неъмат дар миёни ҷони вай афтода, вайро месӯзад ва ӯ мехоҳадӣ, ки вайро ба як роҳҳалок кунандӣ, ё бисёрии азоб бар тани вай муваккал кунандӣ, то аз ин ранҷ бираҳадӣ.
Ин мисоли як оташ аст. Ва ҳарчанд неъмат бештар дошта бошад ва вилоят софитар ва муҳанно (гуворотар) буда бошад, ин оташ тезтар бувад. Пас ҳар киро ҳадди таматтӯъ дар дунё бештар бувад ва дунё вайро
1 Оташи афрӯхтаи Худой, ки тулӯъ мекунад бар дилҳо.
2 Чизе, ки муқтазои табъу ҳол бошад.
3 Пас дунё биҳишти кофир аст.
мусоидат бештар карда бошад, ишқи вай саъбтар бувад ва оташи фироқдар миёни ҷони вай сӯзонтар бувад. Ва мумкин нагардад, ки мисоли он оташ дар ин ҷаҳон тавон ёфт, ки ранҷи дил, ки дар ин ҷаҳон бувад, тамом аз дилу ҷон мутамаккин (ҷогирифта) нашавад, ки ҳавос ва машғалаи ин ҷаҳон дилро машғул медорад. Ва шуғл чун ҳиҷобе бувад дилро, то азоб дар вай мутамаккин нашавад. Ва барои он бошад, ки ин кас агар чашму гӯш ба чизе машғул бикунад, он ранҷ аз вай камтар шавад ва чун фориғ шавад зиёдат гардад. Ва бад-ин сабаб бувад, ки соҳиби мусибат, чун аз хоб дарояд, захми мусибат бар дили вай азимтар бувад, ки ҷон софӣ шуда бошад дар хоб, пеш аз он ки бо маҳсусот муовадат кунад, ҳар чи ба вай расад, асар беш кунад, то агар овози хуш шунавад, ки аз хоб дарояд, асар дар вай беш кунад. Ва сабаби он сафои дил бошад аз маҳсусот ва ҳаргиз тамом софӣ нагардад дар ин ҷаҳон; ва чун бимирад, муҷарраду софӣ шавад аз асари маҳсусот, он гоҳ ранҷу роҳати вай азим мутамаккин бошад дар вай, то гумон набарӣ, ки он оташ хоҳад буд, ки дар дунёст, балки ин оташро ба ҳафтод об бишустаанд, он гоҳ ба дунё фиристода.
Сифати оташи дуввум. Ва он оташи шарму ташвир бошад аз расвоиҳо. Ва мисоли ин оташ он бувад, ки подшоҳе марди ҳақиру хасисро баркашад ва баргузинад ва ниёбати мамлакати хеш бад-ӯ диҳад ва вайро дар ҳарими хеш роҳ диҳад, то ҳеч кас аз вай ҳиҷоб накунад ва хизонаи хеш бар вай супорад ва ба ҳама корҳо бар вай эътимод кунад. Пас, чун он неъматҳо биёбад, дар ботин ёғӣ (саркаш, нофармон) ва тоғӣ (ситамгар) шавад ва дар хизонаи вай тасарруф кунад ва бо аҳлу ҳарами вай хиёнат ва фасод мекунад ва ба зоҳир амонат фаро подшоҳ менамояд.
Пас, як рӯз дар миёни он фасод, ки бо ҳарами вай мекунад, нигоҳ кунад ва подшоҳро бибинад, ки аз равзане менигарад ва вайро мебинад; ва бидонад, ки ҳар рӯз ҳамчунин медидааст ва таъхир барои он кардааст, то хиёнати вай азимтар шавад, то вайро ба як роҳ наколе1 гардонад ва ҳалок кунад. Тақдир кун, ки андар ин ҳол чӣ оташи ташвир аз ин расвоӣ дар дилу ҷони мард ояд ва тани вай ба саломат, ки хоҳадӣ, ки андар ин ҳол ба замин фурӯ шавадӣ, то аз оташи ин ташвир ва хиҷлату фазиҳат бираҳадӣ!
Пас ҳамчунин ту дар ин олам корҳо мекунӣ – ба одат, ки зоҳири он некӯ намояд ва рӯҳу ҳақиқати он зишт ва расвост. Чун рӯҳу ҳақиқати он чиз дар қиёмат туро макшуф шавад ва расвоии ту ошкоро шавад, ту ба оташи ташвир сӯхта гардӣ. Масалан, имрӯз ғайбат мекунӣ ва фардо дар
1 Уқубату азобест, ки барои ибрати дигарон бар касе ворид месозанд.
қиёмат хештанро чунон бинӣ, ки касе дар ин ҷаҳон гӯшти хештан мехӯрад ва мепиндорад, ки мурғи бирён аст ва чун нигоҳ кунад, гӯшти бародари мурдаи вай бошад, ки мехӯрад. Бинигар, ки чӣ гуна расво гардад ва чи оташ ба дили вай расад. Ва рӯҳу ҳақиқати ғайбат ин аст ва ин рӯҳ аз ту пӯшида аст, фардо ошкоро шавад. Ва барои ин аст, ки касе ба хоб бинад, ки гӯшти мурда мехӯрад, таъбир ин аст, ки ғайбат кунад.
Ва агар ту имрӯз санге дар деворе меандозӣ, касе туро хабар диҳад, ки он санг аз девор ба хонаи ту меафтад ва чашми фарзандони туро кӯр мекунад, дар хона шавӣ, чашми фарзандони азиз бинӣ аз санги ту кӯр шуда, донӣ, ки чӣ оташ дар дили ту афтад ва чӣ гуна расво гардӣ. Касе, ки дар ин ҷаҳон мусалмонеро ҳасад кунад, дар қиёмат хештанро бар ин сифату сурат бинад, ки ҳақиқати ҳасад ва рӯҳи вай он аст, ки ту қасд мекунӣ ба душмане, ки вайро зиён намедорад ва зиён бо ту меояд ва дини ту ҳалок мекунад ва тоатҳои ту, ки нури чашми ту дар он хоҳад буд, бо девони (дафтар, номаи амал) вай нақл мекунанд, то ту бетоат бимонӣ.
Ва тоат туро фардо ба кор омадатар хоҳад буд аз чашми фарзандони ту имрӯз, ки он сабаби саодати туст ва фардо фарзандон сабаби саодати ту наанд. Пас фардо, ки суратҳо табаъи арвоҳ ва ҳақоиқ шавад, ҳар чизе, ки бибинанд, ба сурате бинанд, ки дархӯри маънии вай бошад. Фазиҳату ташвир он ҷо хоҳад буд.
Ва бад-он сабаб, ки хоб бад-он олам наздиктар аст, корҳо дар хоб ба сурате бошад мувофиқи маънӣ. Чунон ки яке наздики Ибни Сирин рафт, гуфт: «Ба хоб дидам, ки ангуштарӣ буд дар дасти ман ва мӯҳр бар фарҷи занон ва даҳони мардон мениҳодаме!» Гуфт: «Ту муаззинӣ, дар моҳи рамазон, пеш аз субҳ бонги намоз мекунӣ?» Гуфт: «Чунин аст». Акнун нигоҳ кун, ки дар хоб чӣ гуна рӯҳ ва ҳақиқати муомилаи вайро бар вай арза карданд, ки бонги намоз ба сурати овозе аст ва зикре аст ва дар моҳи рамазон рӯҳу ҳақиқати вай манъ кардан аст аз хӯрдан ва мубошират кардан. Ва аҷаб он, ки дар хоб ин ҳама намудгор аз қиёмат ба ту намудаанд ва туро аз ҳақиқати дунё ҳеч огоҳӣ нест.
Ва аз ин маонӣ аст, ки дар хабар чунин аст, ки «рӯзи қиёмат дунёро биёваранд ба сурати пирзане чунину чунин, ҳар ки вайро бибинад, гӯяд:
«Наъузу биллоҳи минка»1. Гӯянд: «Ин он дунёст, ки ту дар талаби вай хештанро ҳалок мекардӣ!». Чандон ташвир хӯранд – ҳар он ки вайро бинанд, ки хоҳанд, ки эшонро ба оташ баранд, то аз шарми он бираҳанд».
Ва мисоли ин расвоиҳо чунон аст, ки ҳикоят кунанд, ки яке аз мулук писари хешро зан дода буд. Писар он шаби пешин шароб хӯрда буд, чун
1 Паноҳ мебарем ба Худо аз ту.
маст шуд, ба талаби арӯс берун омад, қасди ҳуҷра кард, роҳғалат кард ва аз сарой берун афтод ва ҳамчунин мешуд, то ҷое расид, хонае дид ва чароғе пайдо омад, пиндошт, ки хонаи арӯс бозёфт. Чун даршуд, қавмеро дид хуфта, ҳарчанд овоз дод, касе ҷавоб надод; пиндошт, ки дар хобанд. Якеро дид чодари наве даркашида; гуфт: «Ин арӯс аст». Дар бари вай бихуфт ва чодар аз вай боз кард, бӯе хуш ба бинии вай расид, гуфт: «Бешак арӯс аст, ки бӯе хуш ба кор доштааст». То рӯз бо вай мубошират мекард ва забон дар даҳони вай мекард ва рутубатҳо аз вай ба вай мерасид, мепиндошт, ки вайро мардумӣ (лутфу марҳамат ва рафтори инсонӣ) мекунад ва гулоб бар вай мезанад. Чун рӯз баромад ва бо ҳуш омад, нигоҳ кард он гӯристони габракон буд. Ва он хуфтагон мурдагоне буданд ва он, ки чодари нав дошт, ки пиндошт, арӯс аст – пирзане буд зишт, ки дар он наздикӣ мурда буд ва ин бӯе хуш аз ҳанути (хушбӯие, ки ба бадани мурда мемоланд) вай меомад ва он рутубатҳо, ки бар вай падид мешуда буд, ҳама наҷосатҳои вай буд.
Ва чун нигоҳ кард ҳафт, андоми хеш дар наҷосат дид ва дар даҳони хеш ва гулӯ аз оби даҳони вай талхӣ ва нохушӣ ёфт, хост, ки аз ташвиру расвоӣ ва олудагии он ҳалок шавад ва тарсид, ки набошад (мабодо), ки подшоҳ ва лашкар вайро бибинанд. То дар он андеша буд, подшоҳ ва мӯҳташамони лашкар дар талаби вай биёмада буданд ва вайро дар миёни он фазиҳат бидиданд. Ва ӯ мехост, ки ба замин фурӯ шудӣ, то аз он фазиҳат бирастӣ.
Пас, фардо ҳама аҳли дунё, лаззатҳо ва шаҳватҳои дунё ҳам бар ин сифат бинанд. Ва асаре, ки аз мулобисати (пӯшидан, алоқа ва майли шадид доштан) шаҳавот дар дили эшон монда бошад, ҳамчун асари он наҷосатҳо ва талхиҳо бувад, ки дар гулӯ ва забону андоми вай монда бувад ва расвотару азимтар! Ки тамомӣ ва саъбии кори он ҷаҳон мисоле наёрад, валекин ин намудгоре андак аст шарҳи як оташро, ки дар дилу ҷон афтад ва колбад аз он бехабар, ки онро оташи шарму ташвир гӯянд.
Сифати оташи саввум ҳасрати маҳрум мондан бувад аз ҷамоли ҳазрати Илоҳият ва навмед шудан аз ёфтани он саодат. Ва сабаби он нобиноӣ ва ҷаҳл бошад, ки аз ин ҷаҳон бурда бувад, ки маърифат ҳосил накарда бувад, ба таълим ва муҷоҳида; ва низ дилро софӣ накарда бошад, то ҷамоли ҳазрати Илоҳият дар вай бинамояд, пас аз марг, чунон ки дар оинаи равшан намояд, ки зангори маъсият ва шаҳавоти дунё дили вайро торик гардонида бошад, то дар нобиноӣ бимонад.
Ва мисоли он оташ чунон бувад, ки тақдир кунӣ ту, ки бо қавме ба шаби торик ҷое расӣ, ки он ҷо сангреза бисёр бувад, ки лавни вай натавон дид. Ёрони ту гӯянд, ки: «Чандон ки тавонӣ, аз ин бардор, ки мо шунидаем, ки дар ин манфиати бисёр бувад». Ва ҳар кас аз эшон чандон ки тавонанд, баргиранд ва ту ҳеч барнагирӣ, гӯӣ: «Ҳамоқати тамом бошад, ки ба нақд ранҷ бар хештан ниҳам ва бори гарон мекашам ва худ надонам, ки фардо ин ба кор ояд ё на?» Пас эшон ин бор мекашанд ва аз он ҷо бираванд ва ту тиҳидаст бо эшон ҳамеравӣ ва бар эшон ҳамехандӣ ва эшонро ба аҳмақӣ гирифта, бар эшон афсӯс медорӣ ва мегӯӣ: «Ҳар киро ақл бувад ва зиракӣ бошад, осону осуда меравад, чунин ки ман меравам; ва ҳар ки аҳмақ бувад, аз хештан харе созад ва бор мекашад бар тамаъи муҳол». Чун ба рӯшноӣ расад, нигоҳ кунад, он ҳама гавҳару ёқути сурх бошад ва қимати ҳар яке аз он – сад ҳазор динор. Он қавм ҳасрат хӯранд, ки чаро бештар барнагирифтем ва ту аз ғабни (зиёни) он, ки ҳеч барнагирифтӣ, ҳалок шавӣ ва оташи он ҳасрат дар ҷони ту афтад. Пас, эшон он бифурӯшанд ва вилояти рӯи замин бад-он бигиранд ва неъматҳо, чунон ки мехоҳанд, мехӯранд ва он ҷо, ки мехоҳанд, мебошанд ва туро гуруснаву ташна ва бараҳна доранд ва ба бандагӣ гиранд ва кор мефармоянд. Ҳарчанд ту гӯӣ: «Аз ин неъмати хеш маро насибе кунед» – «Афизу ъалайно мина-л-мои ав миммо разақакумуллоҳу. Қолу инналлоҳа ҳаррамаҳумо ъала-л-кофирин»1, гӯянд: «ту дӯш на бар мо механдидӣ, мо имрӯз бар ту механдем» – «Ин тасхару минно фа инно насхару минкум камо тасхаруна»2
.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё