Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Пас, мисоли ҳасрати фавт шудани неъмати биҳишт ва дидори Ҳақ азза ва ҷалла ин аст. Ва ин ҷавоҳир мисоли тоатҳост. Ва ин торикӣ мисоли дунёст. Ва касоне, ки ҷавоҳири тоат барнадоштанд, ки гуфтанд: «Дар ҳол ранҷи нақд чаро кашем барои неъмати нася, ки дар шак аст?» Фардо фарёд ҳамекунанд: «Афизу ъалайно мина-л-мои...» Ва чаро ҳасрат набаранд, ки фардо чандоне анвои саодат ва неъмати Эзад азза ва ало бар аҳли маърифату тоат резад, ки ҳама неъматҳои дунё дар муқобилаи як соати он набошад. Балки охир касеро, ки аз дӯзах берун оваранд, чандон ба вай диҳанд, ки даҳ бор мисли ин дунё бувад. Ва ин мумосилат на ба масоҳат ва миқдор бувад, балки дар рӯҳи неъмат бувад ва он шодии лаззат аст, чунон ки гӯянд: «гавҳаре мисли даҳ динор аст» – дар қимат ва рӯҳ, на дар молият ва вазну масоҳат.
1 Бирезед бар мо аз об ё аз он чи Худо шуморо рӯзӣ кардааст, гӯянд: Ҳароина Худо онҳоро бар кофирон ҳаром кардааст. (Муколамаи дӯзахиён ва биҳиштиён).
2 Агар моро истеҳзо мекунед, пас, ҳароина мо низ шуморо истеҳзо хоҳем кард, чунон ки шумо моро истеҳзо мекардед..
ФАСЛИ (СЕЗДАҲУМ)
[Оташи рӯҳонӣ дардноктар аз оташи ҷисмонӣ аст] Ин се навъ аз оташи рӯҳонӣ бишинохтӣ. Акнун бидон, ки ин оташ азимтар аз он бошад, ки бар колбад бувад. Ва колбадро аз дард огаҳӣ набувад, то асаре ба ҷон нарасад. Пас дарди он колбад ба ҷон расад ва бадон азим гардад. Пас оташ ва дарде, ки аз миёни ҷон берун ояд, лобуд азимтар бувад. Ва ин оташ аз миёни ҷон бархезад, аз берун дарнаёяд.
Ва иллати ҳама дардҳо аз он бувад, ки чизе, ки муқтазои табъи вай бувад, зидди вай бар вай муставлӣ шавад. Ва муқтазои табъи колбад он аст, ки ин таркиб бо вай бимонад ва аҷзои вай муҷтамаъ бошад; ва чун ба ҷароҳат аз якдигар ҷудо шавад, зидди вай падид ояд ва дардманд шавад.
Ва ҷароҳат як ҷойро аз якдигар ҷудо кунад ва оташ дар миёни ҳама аҷзоъ даршавад ва аз якдигар ҷудо кунад. Пас, аз ҳар ҷузве дарде дигар ёбад ва бад-ин сабаб дарди оташ саъбтар бувад. Пас, он чизе, ки муқтазои табъи дил бувад, чун зидди вай мутамаккин шавад, дарди он дар миёни ҷон азимтар бошад.
Ва муқтазои табъи дил маърифати Ҳақ аст ва дидори Вай. Ва чун нобиноӣ, ки зидди он аст, аз вай мутамаккин шавад, дарди онро ниҳоят набошад. Ва агар на ин астӣ, ки дилҳо дар ин олам бемор шавад, пеш аз марг ҳам, дар ин дарди нобиноӣ биёфтӣ. Валекин чунон ки дасту пой тосида шавад ва хадаре дар вай падидор ояд, то агар оташ ба вай расад, дарҳол бинадонад, чун хадар аз вай бишавад ва дар оташ бувад, ба як роҳ дарде азим биёбад, ҳамчунин дилҳо дар дунё тосида бошад ва ин хадар ба марг бишавад, ба як роҳ ин оташ аз миёни ҷон барояд. Ва ин аз ҷои дигар наёяд; худ бо хештан бурдааст ва дар даруни вай бувад. Валекин чун илмуляқин надошт, вайро надид, акнун, ки айнуляқин1 шуд, бидонист: «Калло лав таъламуна ъилма-л-йақин, ла таравунна-л-ҷаҳим»2 ин бувад.
Ва сабаби он ки шариат дӯзаху биҳишти ҷисмониро шарҳу сифати беш кард, он бувад, ки он ҳама халқ бишиносанд ва фаҳм кунанд. Аммо ин сухан фаро ҳар ки бигӯӣ, онро ҳақир донад ва саъбиву азамати он дарнаёбад. Чунон ки агар кӯдакро гӯӣ: «Чизе биёмӯз; агар наёмӯзӣ, вилоят ва риёсати падари ту бар ту намонад ва аз он саодат дур монӣ!» Ин
1 Илмуляқин – донише аст, ки яқин ва бовар оварад ва айнуляқин – боваре аст, ки аз дидан ва мушоҳидаву мукошифа ҳосил ояд.
2 Чунин нест, ки агар дониши яқин доштед, ҳароина дӯзахро медидед.
худ фаҳм накунад ва дар дили вай азим наёяд; аммо агар гӯӣ: «Устод гӯши ту бимолад!» Аз ин битарсад, ки он фаҳм кунад. Ва чунон ки гӯшмоли устод ҳақ аст ва оташи бозмондан аз риёсати падар ҳақ аст кӯдакеро, ки адаб омӯзад, ҳамчунин дӯзахи ҷисмонӣҳақ аст ва оташи маҳрум мондан аз ҷамоли ҳазрати Илоҳият ҳақ аст. Ва дӯзахи ҷисмонӣ дар ҷанби ин дӯзахи маҳрум мондан, чун гӯшмоле беш нест, дар ҷанби боз мондан аз вилоят ва риёсат.
ФАСЛИ (ЧАҲОРДАҲУМ)
[Манозили сайру сафари рӯҳ дар дунё] Ҳамоно ки гӯӣ, ки ин шарҳ ва ин тафсил мухолифи он аст, ки ҳама уламо мегӯянд ва дар кутуб овардаанд, ки эшон гуфтаанд, ки ин корҳо ҷуз ба тақлиду самоъ натавон донистан ва басиратро бад-он роҳ набошад.
Бидон, ки узри эшон аз пеш пайдо карда омад, ки чист. Ва ин сухан мухолифи он нест, ки ҳар чи эшон гуфтаанд дар шарҳи охират, дуруст аст. Валекин аз шарҳи маҳсусот берун нашудаанд: ё рӯҳониётро надонистаанд ва ё он, ки бидонистааст, шарҳ накардааст, ки бештари халқ дарнаёбанд.
Ва ҳар чи ҷисмонӣ аст, ҷуз ба самоъу тақлид аз соҳиби шарҳ маълум нашавад. Аммо ин дигар қисми фаръи маърифати ҳақиқати рӯҳ аст ва бидонистани вай роҳе аст – аз тариқи басират ва мушоҳидаи ботин. Ва бад-ин касе расад, ки аз ватани хеш муфориқат кунад: он ҷо, ки мавлид ва масқатурраъси вай аст, бинаистад ва сафари роҳи дин фаропеш гирад. Ва бад-ин «ватан» на шаҳру хона мехоҳем, ки он «ватан» қолаб аст ва сафари қолабро қадре нест. Лекин он рӯҳ, ки ҳақиқат ва сирри одамӣ аст, вайро қароргоҳе аст, ки аз он ҷо падид омадааст. Ва ватани вай он аст ва аз ин ҷо вайро сафаре аст ва вайро дар роҳ манозил аст ва ҳар манзили оламе дигар. Ва ватану қароргоҳи вай аввал маҳсусот аст; он гаҳ мутахаййилот; он гаҳ мавҳумот; он гаҳ маъқулот. Ва маъқулот манзили чаҳоруми вай аст ва аз ҳақиқати худ дар ин олами чаҳорум хабар ёбад ва беш аз ин хабар надорад.
Ва ин оламҳо ба мисоле фаҳм тавон кард: ва он он аст, ки то одамӣ дар олами маҳсусот бувад, дараҷаи вай чун дараҷаи фароша (парвона) бувад, ки хештанро бар чароғ мезанад, ки вайро ҳисси чашм ҳаст, валекин хаёлу ҳифз нест, ки вай аз зулмат бигурезад ва равзан талаб кунад. Пиндорад, ки чароғ равзане аст, хештан бар вай ҳамезанад. Чун дарди оташ биёбад, он дард дар ҳифзи вай бинамонад ва дар хаёли вай бинаистад, ки вайро хаёлу ҳифз нест ва бад-он дараҷа нарасидааст. Аз он сабаб дигар бор хештанро мезанад бар чароғ, то ҳалок шавад. Ва агар вайро қуввати хаёлу ҳифзи мутахаййилот будӣ, чун як роҳ дарднок шудӣ, муовадат накардӣ, ки ҳайвоноти дигарро як роҳ бизананд, чун чӯб бинад, бигурезанд, ки хаёли он дард дар ҳифзи эшон бимонда бошад. Пас, маҳсусот манзили аввал аст.
Манзили дуввум мутахаййилот аст. Ва то одамӣ дар ин дараҷа бувад, бо баҳима (чаҳорпоён) баробар бувад: то аз чизе ранҷур нашавад, надонад, ки аз вай бибояд гурехт, валекин чун як бор ранҷур шавад, дигар бор бигурезад.
Манзили саввум мавҳумот аст. Ва чун бад-он дараҷа расад, бо гӯсфанду асб баробар аст, ки бошад, ки аз ранҷи нодида бигурезад ва бидонад, ки душман аст ва ранҷ хоҳад буд, ки гӯсфанд, ки ҳаргиз гург надида бошад ва асб, ки ҳаргиз шер надида бошад, чун гургу шерро бинанд, бигурезанд ва бидонанд, ки душман аст, агарчи аз гову пил ва уштур, ки ба шакл азимтар ояд, нагурезанд. Ва ин дидоре аст, ки дар ботини вай ниҳода аст, ки бад-он душмани хешро бибинад ва бо ин ҳама аз чизе, ки фардо хоҳад буд, ҳазар натавонад кардан, ки ин дар манзили чаҳорум бошад.
Ва ин манзил маъқулот аст. Чун одамӣ ин ҷо расад, аз ҷумлаи баҳоим даргузарад. То ин ҷо баҳоим бо вай ҳамроҳ буданд. Ва ин ҷо ба ҳақиқат ба аввали олами инсоният расад ва чизҳо мебинад, ки ҳиссу тахйилу ваҳмро бад-он роҳ набошад; ва аз корҳо, ки дар мустақбал хоҳад буд, ҳазар кунад ва рӯҳу ҳақиқати корҳо аз сурат берун кунад ва дарёбад ва ҳудуди ҳақиқати ҳар чизе, ки ҷумлаи суратҳои он чизро шомил бувад, дарёбад. Ва чизҳо, ки дар ин олам тавон дид, бениҳоят набувад, чи ҳар чи маҳсус бувад, ҷуз дар аҷсом набувад ва аҷсом ҷуз мутаноҳӣ натавонад буд.
Ва тараддуд (омаду рафт) ва равиши вай дар олами маҳсусот ҳамчун рафтан аст бар замин, ки ҳама касе тавонад. Ва равиши вай дар олами чаҳорум – дар маҳзи арвоҳу ҳақоиқи корҳо, чун рафтан аст бар об. Ва тараддуди вай бар мавҳумот, чун будан аст дар киштӣ, ки дараҷаи вай миёни обу хок аст. Ва варои дараҷаи маъқулот мақоме аст, ки он мақоми анбиёву авлиё ва аҳли тасаввуф аст, ки масали он чун рафтан аст дар ҳаво. Ва барои он буд, ки расулро алайҳиссалом гуфтанд, ки: «Исо алайҳиссалом бар об бирафт». Гуфт: «Ва лави-здода йақинан ламашо фӣ-л-ҳавои» – «Агар дараҷаи яқини вай зиёдат шудӣ, дар ҳаво бирафтӣ».
Пас манозили сафари одамӣ дар оламҳои идрокот бувад ва ба охир манозили хеш бошад, ки ба дараҷаи малоика расад. Пас, аз охири дараҷаи баҳоим то аъло дараҷоти малоика манозили меъроҷи одамӣ аст ва нишебу болои кори вай аст. Ва вай дар хатар аст, ки бо асфалу-с-софилин фурӯ шавад ё ба аъло иллиййин расад. Ва иборат аз ин хатар чунин омад: «Инно ъаразно-л-амоната ъала-с-самовоти ва-л-арзи ва-л-ҷиболи, фа абайна ан йаҳмилнаҳо ва ашфақна минҳо ва ҳамалаҳо-л-инсону, иннаҳу кона залуман ҷаҳуло»1
.
Ҳар чи ҷамод аст, дараҷаи вай бинагардад (тағйир накунад) ва вай бехабар бувад, пас бехатар бувад. Ва малоика дар иллиййинанд ва эшонро берун аз дараҷаи худ роҳ нест, балки дараҷаи ҳар касе бар вай вақф аст, чунон ки гуфтанд: «Ва мо минно илло лаҳу мақомун маълумун»2. Ва баҳоим дар асфалу-с-софилинанд ва эшонро ба тараққӣ роҳ нест. Ва одамӣ дар васати ҳар ду аст ва дар хатаргоҳ аст ва вайро мумкин аст, ки ба тараққӣ ба дараҷаи малоика расад ва ба таназзул ба дараҷаи баҳоим ояд. Ва маънии таҳаммули амонат тақлиди3ӯҳдаи хатар бошад, пас, ҷуз одамиро худ мумкин нест, ки бори амонат кашад.
Ва мақсуд он аст, ки гуфтӣ, ки бештар ин суханҳо нагуфтаанд ва то бидонӣ, ки ин аҷаб нест, ки мусофир ҳамеша мухолифи муқимон бошад ва бештари халқ муқим бошанд, мусофир нодир бувад! Ва касе, ки аз маҳсусоту мутахаййилот, ки манзилгоҳи аввал аст, ватан ва мустақарри хеш сохт, ҳаргиз вайро ҳақоиқ ва арвоҳи корҳо макшуф нагардад ва рӯҳонӣ нашавад ва аҳкоми рӯҳониён бинадонад. Бад-он сабаб бувад, ки шарҳи ин дар китобҳо камтар шавад, пас бад-ин миқдор иқтисор кунем аз шарҳи маърифати охират, ки афҳом беш аз ин эҳтимол накунад, балки бештари афҳом ин миқдорро худ эҳтимол накунад.
ФАСЛИ (ПОНЗДАҲУМ)
[Ба гумони заиф ҳам инкори охират раво нест] Гурӯҳе аз аблаҳон, ки эшонро на қуввати он аст, ки корҳо ба басирати хеш бишиносанд ва на тавфиқ ёбанд, ки аз шариат қабул кунанд, дар
1 Ҳароина пешниҳод кардем амонатро бар осмонҳо ва замину кӯҳҳо, пас худдорӣ карданд, ки онро бардоранд ва аз он тарсиданд ва инсон онро бардошт. Ба дурустӣ ки ӯ ситамгор ва нодон аст.
2 Ва нест аз о магар ин ки барои ӯст пояи маълуме.
3 Чун қилода бар гардан гирифтан.

пешина
аз 176
навбатӣ