Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

маъсияту гуноҳ, нафсро дар он ҳеч насиб нест ва чашмҳои халқ бар он наюфтад, ки он назорагоҳи Ҳақ аст, на назорагоҳи халқ, бад-ин сабаб ҳар касе дар он рағбат накунад.
– ФАСЛ –
[Эҳтиёт ба чӣ шароите равост] Ин таҳорати зоҳир агарчи дараҷаи бозпасин аст, фазли вай низ бузург аст. Валекин ба шарти он ки адаби вай нигоҳ дорад ва васвасаву исрофро бад-он роҳ надиҳад, чун ба ҳадди васвасаву исроф расад, макрӯҳ ва нописандида бувад ва бошад, ки базаҳкор (гуноҳкор) гардад. Ва ин эҳтиётҳо, ки одати сӯфиён аст аз ҷӯраб (ҷӯроб) доштан ва эзор ба сар даргирифтан1 ва оби пок ба яқин талаб кардан ва офтоба нигоҳ доштан, то касе даст бар вай фаро накунад, ҳама некӯст. Ва касоне, ки аз фуқаҳо ва дигарон, ки он нигоҳ надоранд, раво нест, ки бар эшон эътирозе кунанд, илло ба шарте ва эшонро низ (раво) нест, ки бар фуқаҳо ва дигарон, ки эҳтиёт накунанд, эътироз кардан аслан, чи он эҳтиётҳо некӯст, валекин ба шаш шарт:
Шарти аввал – он ки ба сабаби рӯзгор бурдан бад-он, аз коре фозилтар аз он бознамонад, чи агар касеро қудрати он бошад, ки ба омӯхтани илме машғул шавад, ё ба фикрате машғул шавад, ки он зиёдати кашфе бошад, ё ба касбе машғул шавад, ки он кифояти иёли вай бувад, то ӯро аз халқ суол набояд кардан ва аз дасти мардумон набояд хӯрдан ва рӯзгор бурдан ба эҳтиёти таҳорат вайро боздорад аз ин, нашояд, ки бадин эҳтиётҳо машғул шавад, ки ин ҳама муҳимтар аст аз эҳтиёти таҳорат.
Ва ба чунин сабаб буд, ки ҳаргиз саҳоба ба чунин эҳтиётҳо машғул нашуданд, ки эшон ба ҷиҳод ва касбу талаби илм ва ба корҳои муҳимтар аз ин машғул буданд; ва барои ин буд, ки пойбараҳна бирафтандӣ ва бар замин намоз кардандӣ ва бар хок нишастандӣ ва таом хӯрдандӣ ва даст бар кафи пой молидандӣ ва аз арақи сутурон ҳазар накардандӣ ва ҷаҳди бештар дар покии дил кардандӣ, на дар покии тану ҷома. Пас агар касе бад-ин сифат бувад, сӯфиёнро бар вай эътироз нарасад. Ва касе, ки ба коҳилӣ аз эҳтиёт даст бидорад, вайро нашояд, ки бар аҳли эҳтиёт эътироз кунад, ки кардани эҳтиёт аз нокардан фозилтар аст.
Шарти дуввум – он ки хештан аз риё ва руунат нигоҳ дорад, ки ҳар ки эҳтиёт кунад, аз сар то пои вай мунодо мекунад, ки: «Ман порсоам, ки
1 Худро дар пӯшише пӯшондан, ки гарду ғубор ба сару рӯй нарасад.
хештан чунин пок медорам»; ва вайро аз он шарафе падид ояд. Агар пой бар замин ниҳад, ё аз офтобаи дигаре таҳорат кунад, тарсад, ки аз чашми мардумон бияфтад. Бояд ки хештанро дар ин биёзмояд ва дар пеши мардумон пой бар замин ниҳад ва роҳи рухсат сипарад ва дар сар тадоруки эҳтиёт бикунад: агар нафси вай дар ин мунозиате кунад, бидонад, ки офати риё ба вай роҳ ёфтааст, акнун бар вай воҷиб бувад, ки пои бараҳна равад ва бар замин намоз кунад ва аз эҳтиёт даст бидорад, ки риё ҳаром аст ва эҳтиёт суннат; чун аз ҳаром ҳазар натавонад, илло ба тарки эҳтиёт, бар вай воҷиб бувад тарки эҳтиёт гуфтан.
Шарти сеюм – он ки гоҳ-гоҳ низ роҳи рухсат меравад ва эҳтиёт бар хештан фарз нагардонад, чунон ки расул саллаллоҳу алайҳи аз митҳараи (офтобаи) мушрике таҳорат кардааст; ва Умар разийаллоҳу анҳу аз сабӯи зане тарсо таҳорат кардааст; ва эшон дар бештари аҳвол бар хок намоз кардаанд; ва касе, ки дар хуфтан миёни хеш ва миёни хок ҳеч ҳиҷоб накардӣ, вайро бузургтар доштандӣ. Пас чун сирати эшонро маҳҷур (дур) кунад ва ношоист дорад ва нафси вай мусомиҳат накунад (раво надорад) мувофиқати эшонро, далели он бошад, ки нафс дар ин эҳтиёт шарафе ёфтааст; муҳим бошад, ки даст аз ин бидорад.
Шарти чаҳорум – он ки ҳар эҳтиёте, ки дар он ранҷи мусалмоне бошад, даст бидорад, ки ранҷондани дили халқҳаром аст ва тарки эҳтиёт ҳаром нест. Чунон ки касе қасди он кунад, ки дасти вай бигирад дар салом, ё муониқа (якдигарро дар оғӯш гирифтан) кунад ва дасту рӯи вай арақ дорад, вай хештан бозкашад, ин ҳаром бошад! Балки хулқи некӯ ва тақарруб намудан бад-он мусалмон дар ин вақт аз ҳазор эҳтиёт муборактар бувад ва фозилтар. Ва ҳамчунин агар касе пой бар саҷҷодаи вай ниҳад, аз офтобаи вай таҳорат кунад ва аз кӯзаи вай об хӯрад, нашояд, ки манъ кунад ва кароҳият (нафрат) изҳор кунад, ки расул – саллаллоҳу алайҳи – оби Замзам хост, Аббос разийаллоҳу анҳу гуфт: «Дастҳои бисёр дар об кардаанд ва шӯрида карда, то туро далве хос талаб кунам ва об баркашам». Гуфт: «Не! Ман баракати дасти мусалмонон дӯсттар дорам».
Ва бештари қурроони (қориёни) ҷоҳил ин дақоиқ нашиносанд ва хеш андарчинанд (канор гиранд) аз касе, ки эҳтиёт накунад ва вайро биранҷонанд ва бошад, ки бо падару модар ва рафиқу бародар суханҳои дурушт гӯянд, чун даст ба офтоба ва ҷомаи эшон дароз карда бошанд. Ва ин ҳама ҳаром аст: чӣ гуна раво бошад ба сабаби эҳтиёте, ки воҷиб нест – ва бештар он бошад, ки қавме, ки ин кунанд, такаббуре дар сари эшон падид ояд, ки миннат бар мардумон ниҳанд, ки мо худ чунин мекунем ва ба ғанимат доранд, ки хештан аз касе фароҳам гиранд, то вайро биранҷонанд ва покии хеш арза кунанд ва фахри хеш падид оранд ва дигаронро наҷас ном кунанд бад-он ки чунон ки саҳоба осон фаро гирифта бошанд, фаро гирад; ва агар касе дар истинҷо (пок кардани наҷосат аз худ) ба санг иқтисор (басанда) кунад, ин худ аз кабоир шиносанд. Ва ин ҳама аз хабоиси ахлоқ аст ва далели наҷосати ботин аст ва дил пок доштан аз ин хабосат фариза аст. Ин ҳама сабаби ҳалок аст ва эҳтиёт даст бидоштан сабаби ҳалок нест.
Шарти панҷум – он ки ҳамин эҳтиёт дар хӯрданиву пӯшиданӣ ва гуфтанӣ нигоҳ дорад, ки он муҳимтар аст. Чун муҳимтар даст надорад, далели он бувад, ки ин эҳтиёт барои руунат ё барои одат мекунад. Чунон ки касе, ки таом хӯрад дар вақте, ки гуруснагии вай ба зарурат набошад, он гоҳ то дасту даҳон нашӯяд, намоз накунад ва ин миқдор надонад, ки ҳар чи наҷас аст, бе зарурат чаро мехӯрад? Ва агар пок аст, даст чаро мешӯяд? Пас бар ҷомае, ки оммиён шуста бошанд, намоз менакунад ва таоме, ки дар хонаи авом пухта бошанд, чаро мехӯрад? Ва эҳтиёт дар покии луқма муҳимтар аст. Ва бештари ин қавм дар хонаи бозориён таоми пухта хӯранд ва бар ҷомаи эшон намоз накунанд! Ва ин на нишони сидқ бошад дар ин кор.
Шарти шашум – он ки ин эҳтиёт ба мункарот ва манҳиёт адо накунад:
чунон ки бар се бор зиёдат кунад дар таҳорат, ки бори чаҳорум наҳй аст, ё таҳорат дароз бикашад ва мусалмоне дар интизори вай мебошад, ки ин нашояд; ё оби бисёр бирезад, ё намоз аз аввали вақт таъхир кунад; ё имом бошад, аҳли ҷамоат дар интизор дорад; ё мусалмонеро ваъда дода бошад ба коре ва он дер мешавад, ё ба сабаби он рӯзгор касби вай мебишавад ва иёли вай зоеъ мемонад, ки ин чунин корҳо ба сабаби эҳтиёте, ки фаризае нест, мубоҳ нагардад; ё саҷҷода фарох фурӯ афканад дар масҷид, то касе ҷома ба вай боз назанад, ки аз ин се чиз мункар бувад: яке он ки порае аз масҷид ғасб карда бошад аз мусалмонон ва ҳаққи вай беш аз он нест, ки вай суҷуд кунад; ва дуввум он ки чунин саф пайваста натавон доштан ва суннат он аст, ки китф ба китф, бародарвору пайваста; саввум он ки аз мусалмоне ҳазар мекунад, чунон ки аз саг ва наҷосатҳо ҳазар кунанд ва ин нашояд. Ва ҳамчунин мункароти бисёр, ки басе қуррои ҷоҳил ба сабаби эҳтиёт иртикоб кунанд ва надонанд.
– ФАСЛ –
[Ақсоми таҳорати зоҳир] Чун донистӣ, ки таҳорати зоҳир ҷудо аст аз таҳорати ботин ва таҳорати ботин се аст: яке – таҳорати ҷавориҳ аз маосӣ; дуввум – таҳорати дил аз ахлоқи бад; саввум – таҳорати сирр аз ҳар чи ҷуз Ҳақ аст.
Бидон, ки таҳорати зоҳир низ се қисм аст: яке – таҳорат аз наҷосат; дуввум – аз ҳадасу ҷанобат; саввум – аз афзунии тан чун нохуну мӯй ва шӯх (чирк) ва ғайри он.
ҚИСМИ АВВАЛ
Таҳорат аз наҷосат
Бидон, ки ҳар чи Ҳақ таъоло офаридааст аз ҷамодот, ҳама пок аст, магар шаробе, ки мастӣ орад, ки андаку бисёри вай палид (наҷас) аст. Ва ҳар чи ҷонвар аст, ҳама пок аст, илло сагу хук. Ҳар ҷонваре, ки бимирад, палид аст, магар чаҳор: одамиву моҳӣ ва малаху ҳар чи дар тани вай хун равон нест, чун магасу занбӯр ва каждуму кирм, ки дар таом афтад. Ва ҳар чи дар ботини ҷонварон мустаҳил ва гардида шавад, ҳама палид аст, магар он чи асли ҷонварон аст, чун манӣ ва хояи мурғу кирми абрешим ва ҳар чи гардида набошад, чун арақу ашк, пок бувад. Ва ҳар чи палид аст, бо он намоз нашояд кард, магар панҷ навъ, ки аз он афв кардаанд ба сабаби душворӣ. Яке – асари истинҷо, ки се санг ба кор доштӣ, бимонад, ба шарти он ки аз ҷойгоҳи хеш фаротар нашуда бошад. Дуввум – гили шоҳроҳ, агарчи дар вай наҷосат ба яқин мебинад, лекин он миқдор, ки хештан аз он нигоҳ натавон дошт, маъфу (бахшидашуда) бувад, магар касе, ки бияфтад ё сутуре ҷомаи вай табоҳ кунад, ки он нодир бошад ва маъфу набувад. Саввум – наҷосат, ки бар мӯза шавад, он қадар, ки аз он ҳазар натавон кард, маъфу бувад; чун бо мӯза намоз кунад, он гоҳ, ки мӯза дар замин молад. Чаҳорум – хуни кайки андак ва бисёри он аз ҷомаи ту ва ҷомаи дигаре маъфу бувад, агарчи бо он арақ карда бошад.
Панҷум – хуноб, ки аз басарот (доначаҳои пӯсти бадан) берун ояд, ки пӯсти одамӣ аз он холӣ набошад; ва ҳамчунин рутубате равшан, ки аз басароти ҷараб берун ояд, магар он ки бузург бошад ва аз вай риме берун ояд, он ҳамчун думмал бошад ва нодир бувад ва шустани он воҷиб бувад, агар асаре пас аз шустан бимонад, умедворем, ки маъфу бувад. Аммо агар касе раг зада бошад, ё ҷароҳате расида бошад, бибояд шуст хуни онро, пас агар асаре бимонад ва хатар бувад дар шустан, намоз қазо бояд кард, ки ин узре нодир бошад.
– ФАСЛ –
[Обҳои пок ва нопок] Ҳар ҷое, ки наҷас бошад, як бор об бар ӯ бигузорад, пок шавад, магар ки айни наҷосат бар вай бимонад, он гоҳ мебояд шуст, то айни наҷосат бишавад ва агар бишусту бимолид ва ба нохун боре ду бирандид ва боз ҳам он ранг ё бӯй бимонд, пок шуд.
Ва ҳар об, ки Худои таъоло офаридааст, пок аст ва поккунанда аст, магар чаҳор об. Яке он, ки як бор дар ҳадас ба кор доштӣ, ки он пок аст, поккунанда нест. Дуввум он, ки дар наҷосат ба кор доштӣ, ки он поккунанда нест, аммо агар бӯй ва рангу таъми вай нагардидааст ба сабаби наҷосат, пок аст. Саввум он, ки камтар аз дувисту панҷоҳ ман бошад ва палидӣ дар вай афтод, агарчи мутағаййир нашуд, палид аст – ба мазҳаби Шофиӣ. Аммо агар дувисту панҷоҳ ман беш бошад, то мутағаййир нагардад ба наҷосате, ки дар вай афтад, палид нашавад.
Чаҳорум обе, ки бӯй ва рангу таъми вай бигардид ба чизе пок, ки обро аз он нигоҳ натавон дошт, чун заъфарон ва собуну ушнон ва орд ва ғайри он, ки пок аст, на поккунанда, аммо агар тағйири вай камтар бувад, поккунанда бошад.

пешина
аз 176
навбатӣ