Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

ҚИСМИ ДУВВУМ
Таҳорати ҳадас аст
Ва андар вай панҷ чиз бибояд донист: адаби қазои ҳоҷат, истинҷо, вузӯ ва ғуслу таяммум.
ФАСЛИ АВВАЛ
Одоби қазои ҳоҷат
Бояд ки агар дар саҳро бувад, аз чашми халқ дур шавад ва агар тавонад, дар паси деворе шавад ва аврат пеш аз нишастан бараҳна накунад; ва рӯй сӯи офтобу моҳ накунад; ва қибларо паси пушт накунад; ва рӯй фаро қибла накунад, магар дар биное бошад, ки он раво бувад, валекин авлотар он бувад, ки қибла бар чапу рост бувад; ва ҷое, ки мардумон он ҷо гирд оянд, ҳадас накунад; ва дар оби истода бавл накунад; ва дар зери дарахти мевадор ҳадас накунад; ва дар ҳеч сӯрох ҳадасу бавл накунад; ва дар замини сахт ва дар баробари бод бавл накунад, то ба шанҷ ба вай бознаёяд; ва барпой истода бавл накунад, илло ба узре; ва дар нишастан эътимод бар пои чап кунад; ва ҷое, ки он ҷо вузӯ ва ғусл кунанд, бавл накунад. Ва чун дар таҳоратҷой шавад, пои чап дар пеш ниҳад ва чун берун ояд, пои рост. Ва ҳеч чиз ки номи Худои таъоло бар вай набишта бувад, бо худ надорад. Ва сари бараҳна ба қазои ҳоҷат нашавад. Ва чун даршавад, бигӯяд: «Аъузу биллоҳи мина-р-риҷси-н-наҷаси-л-хабиси-лмухбиси; мина-ш-шайтони-р-раҷим»1. Ва чун берун ояд, бигӯяд: «Алҳамду лиллоҳи-л-лазӣ азҳаба ъаннӣ мо йуъзунӣ ва абқо ъалаййа мо йанфаъанӣ»2
.
ФАСЛИ ДИГАР
Дар истинҷо
Бояд ки се кулӯх ё се санг рост карда бошад (бо худ дошта бошад) пеш аз қазои ҳоҷат, чун фориғ шавад, ба дасти чап бигирад ва бар ҷое ниҳад, ки палид набошад, он гоҳ меронад то ба мавзеи наҷосат ва он ҷо мегардонад ва наҷосат мерабояд, чунон ки фаротар набарад наҷосатро. Инчунин се санг ба кор дорад ва агар пок нашавад, ду дигар ба кор дорад, то тоқ бувад. Он гоҳ санге бузургтар ба дасти рост бигирад ва қазиб (олати бавл кардан) ба дасти чап бигирад ва бар он санг фароз оварад се бор, ё ба деворе фароз оварад се ҷой; ва дасти чап ҷунбонад, на дасти рост. Ва агар бад-ин қаноат кунад, кифоят кунад, лекин авлотар он бувад, ки ҷамъ кунад миёни обу санг. Ва чун об ба кор хоҳад дошт, аз ин ҷой бархезад дар ҷои дигар шавад, ки об бар вай набишанҷад (тарашшӯҳ накунад) ва ба дасти рост об мерезад ва ба дасти чап мемолад – ба кафи даст – чандон ки бидонад, ки ҳеч асар намонад; чун донист, об бисёр нарезад ва нерӯ накунад (фишор наёварад), то об ба ботин расад. Валекин ба вақти истинҷо хештан суст фурӯ гузорад. Ва ҳар чи бад-ин миқдор об ба вай нарасад, он аз ботин аст ва онро ҳукми наҷосат нест, то васвасаро ба худ роҳ надиҳад. Ва ҳамчунин дар истибро (пок кардани худ аз пешоб) се бор даст ба зери қазиб фурӯ оварад ва се бор биафшонад ва се гом фаро равад ва се бор танаҳнуҳ (сурфаи кӯтоҳ) кунад ва беш аз ин хештанро
1 Паноҳ мебарам ба Худо аз касофати палиди нопоки нопоккунанда, аз шайтони рондашуда.
2 Ситоиш Худоеро, ки он чи маро озор медод, аз ман дур кард ва он чи ба ман судманд аст, барои ман ба ҷо гузошт.
ранҷа надорад, ки васвос ба вай роҳ ёбад. Агар ин карда бошад ва ҳар замон мепиндорад, ки пас аз истинҷо тарӣ падид омад, об бар эзори пой резад, то гӯяд: аз он аст; ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам бадин фармудааст – барои васвосро.
Ва чун аз истинҷо фориғ шавад, даст ба девор дармолад ё бар замин, он гоҳ бишӯяд, то ҳеч бӯй намонад; ва бигӯяд дар вақти истинҷо:
«Аллоҳумма таҳҳир қалбӣ мина-н-нифоқи, ҳассин фарҷӣ мина-лфавоҳиши»1
.
Кайфияти вузӯ
Чун аз истинҷо фориғ шуд, мисвок кунад ва ибтидо ба ҷониби рост кунад – забар, он гоҳ зер, он гоҳ ба ҷониби чап – забар, он гоҳ зер, он гоҳ даруни дандон бар ҳамон тартиб, он гоҳ ба забону ком фароз оварад. Ва мисвок кардан муҳим донад, ки дар хабар аст, ки «Як намози бомисвок бо ҳафтод намози бемисвок баробар бувад». Ва ният кунад ба вақти мисвок, ки роҳи гузари зикри Ҳақ таъоло пок кунад.
Ва ба ҳеч вақт, ки ҳадас кунад, аз вузӯ даст бинадорад, ки расул алайҳиссалом, чунин кардӣ. Ва ба ҳар вақт, ки вузӯ кунад, мисвок бикунад ва агар вузӯ накунад ва донад, ки дар даҳон тағйир падид омадаст, ба сабаби он, ки хуфта буда бошад, ё бисёр даҳон бар ҳам ниҳода бошад, ё чизе бӯйдор хӯрда бошад, мисвок суннат бошад.
Пас чун фориғ шуд, бар болое нишинад – рӯй ба қибла – ва бигӯяд:
«Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим. Аъузу бика мин ҳамазоти-шшаётини. Ва аъузу бика Рабби ан йаҳзурунӣ»2 ва се бор ҳар ду даст бишӯяд ва бигӯяд: «Аллоҳумма иннӣ асъалука-л-йумна ва-л-бараката ва аъузу бика мина-ш-шуъми ва-л-ҳалакати»3. Ва нияти истибоҳати намоз кунад ё нияти рафъи ҳадас кунад ва нигоҳ дорад, то ба вақти рӯй шустан.
Он гоҳ об дар даҳон кунад – се бор ва об ба ком афканад, магар ки рӯза дорад – ва бигӯяд: «Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика ва шукрика ва тиловати Китобика»4. Он гоҳ се бор об дар бинӣ кунад ва бидамад ва бигӯяд: «Аллоҳумма ариҳнӣ роиҳата-л-ҷаннати ва Анта ъаннӣ розин»5
.
Пас се бор рӯй бишӯяд ва бигӯяд: «Аллоҳумма, баййиз ваҷҳӣ би нурика
1 Худоё, пок кун дили маро аз дурӯӣ ва нигоҳ дор аврати маро аз корҳои зишт.
2 Паноҳ мебарам ба Ту аз васвасаи шаётин. Ва паноҳ мебарам ба Ту – эй Парвардигори ман – аз ин ки ҳозир шаванд [дар вақти намоз].
3 Худоё, аз Ту мехоҳам хуҷастагӣ ва фаровониро ва паноҳ мебарам ба Ту аз бадбахтиву табоҳӣ.
4 Худоё, ёрӣ фармо маро бар ёд карданат ва бар сипос гузорданат ва бар хондани Китобат.
5 Худоё, бибӯён ба ман бӯи биҳиштро дар ҳолате, ки аз ман хушнуд бошӣ.
йавма табйаззу вуҷуҳу авлийоика»1. Ва ҳар мӯй, ки бар рӯй аст, об ба асли он расонад, магар мӯи маҳосине (риш), ки бисёр бошад ва касиф (анбӯҳ ва зиёд) бувад, об ба рӯи маҳосин фурӯ гузорад ва ангушт дар миёни мӯй кунад. Ва тахлил ин бошад. Ва ҳар чи аз ҷониби рӯй аст – аз сару гӯш то гӯшаи пешонӣ – дар ҳадди рӯй бошад. Ва ангушт ба гӯшаи чашм фароз кунад, то он чи дар даруни гӯшаи чашм бувад, аз асари куҳл (сурма) ва ғайри он, берун ояд. Пас, се бор дасти рост бишӯяд – то миёни бозу; ва ҳарчанд зери бозу наздиктар, авлотар ва бигӯяд: «Аллоҳумма аътинӣ китобӣ би йаминӣ ва ҳосибнӣҳисобан йасиран»2. Он гоҳ дасти чап ҳамчунин бишӯяд ва ангуштарӣ биҷунбонад, то об ба зери вай даршавад ва бигӯяд: «Аллоҳумма инни аъузу бика ан туътийанӣ китобӣ бишимолӣ ав мин варои заҳрӣ»3. Пас ҳар ду даст тар кунад ва сари ангуштон ба ҳам бозниҳад ва бар пеши сар ниҳад ва мебарад то ба қафо (пушти сар) ва он гоҳ ба ҷои хеш оварад, то ҳар ду рӯи мӯ тар шавад. Ва ин як бор бувад, се бор чунин кунад, чунон ки ҳама сар масҳ кунад ҳар боре ва бигӯяд: «Аллоҳумма ғашшинӣ бираҳматика ва анзил ъалаййа мин баракотика ва азлилнӣ таҳта Аршика йавма ло зилла, илло зиллука»4. Пас ҳар ду гӯш се бор масҳ кунад ва ангушт дар сурохи гӯш кунад ва ибҳом (сарангушт) ба пушти гӯш фароз оварад ва бигӯяд: «Аллоҳумаҷъалнӣ мина-л-лазина йастамиъуна-л-қавла фа йаттабиъуна аҳсанаҳу»5
.
Пас гардан ҷумла масҳ кунад ва бигӯяд: «Аллоҳума фукка рақабати мина-н-нори ва аъузу бика мина-с-салосили ва-л-ағлоли»6. Пас пои рост бишӯяд се бор то миёни соқ ва миёни ангуштон тахлил кунад ба ангушти кеҳини дасти чап аз зери ангуштон ва ибтидо ба кеҳини ангушти пои рост кунад ва хатм ба кеҳини пои чап ва бигӯяд: «Аллоҳумма саббит қадамаййа ъала-с-сироти йавма тазиллу ақдому-л-мунофиқина»7. Чун фориғ шавад, бигӯяд: «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу; ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Аллоҳуммаҷъалнӣ мина-т-тавобина ва-ҷъалнӣ мина-л-мутатаҳҳирина ва-ҷъалнӣ мин ибодика-с-солиҳина»8
.
1 Худоё, сафед фармо рӯи маро ба нури Худат рӯзе, ки рӯҳои дӯстонатро сафед мегардонӣ.
2 Худоё, китобу номаи амали маро ба дасти ростам бидеҳ ва ҳисоби маро ба осонӣ бикаш.
3 Худоё, паноҳ мебарам ба Ту аз ин, ки китобамро ба дасти чап ё аз пушти сарам ба ман бидиҳӣ.
4 Худоё, бипӯшон маро ба бахшоишат ва фурӯ рез бар ман аз баракотат ва маро дар сояи Аршат қарор деҳ он рӯзе, ки ҳеч сояе ҷуз сояи Ту ёфт намешавад.
5 Худоё, бигардон маро аз касоне, ки гуфторро мешунаванд ва аз некӯтари он пайравӣ мекунанд.
6 Худоё, раҳо кун гардани маро аз оташ ва паноҳ мебарам ба Ту аз занҷирҳо ва бандҳо
7 Худоё, устувор фармо гомҳои маро бар Сирот, дар он рӯзе, ки гомҳои дурӯён меларзад.
8 Гувоҳӣ медиҳам, ки нест парвардигоре ҷуз Худо ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст. Худоё, маро аз бозгашткунандагон ва покизагону бандагони некӯкорат қарор Ва бояд ки маънии ин дуоҳо маълум кунад касе, ки тозӣ надонад, то бидонад, ки чӣ мегӯяд. Ва дар хабар аст, ки: «Ҳар ки таҳорат кунад ва зикри Худои таъоло мекунад, ҷумлаи андомҳои вай пок шавад аз ҳама гуноҳон ва хатоҳо, ки бар вай рафта бошад. Ва чун зикр набувад, ҷуз он ҷо, ки об ба вай расида бошад, пок нашавад». Ва бояд, ки ҳар намозе таҳорат тоза кунад, агарчи ҳадас накарда бошад, чи дар хабар аст: «Ҳар ки таҳорат тоза кунад, Ҳақ таъоло имони вай тоза кунад». Ва чун таҳорат тамом бикунад, бояд ки бидонад, ки ин назорагоҳи халқ аст, ки пок кард ва назорагоҳи Ҳақ таъоло дил аст, чун вайро ба тавба аз ахлоқи нописандида пок накунад, масали вай чун масали касе бувад, ки подшоҳеро меҳмон хоҳад кардан, дари сарои берунӣ пок кунад ва пешгоҳи сарой, ки нишастгоҳи подшоҳ хоҳад буд, палид бигузорад.
– ФАСЛ –
[Дар вузӯ шаш чиз кароҳият аст] Бидон, ки дар вузӯ шаш чиз кароҳият аст: сухан гуфтан ва даст ба рӯй задан; ва даст барафшондан; ва аз обе, ки ба офтоб гарм карда бошад, таҳорат кардан; ва оби бисёр рехтан; ва бар се бор зиёдат кардан. Аммо рӯй хушк кардан бад-он ният, то гард нанишинад, ё даст бидоштан, то асари ибодат бештар бимонад, ҳар ду нақл кардаанд ва ҳар ду рухсат аст.
Ва чун ният ин бошад, ҳар ду фазилат аст. Ва аз ханӯри (зарф) сафолин таҳорат кардан авлотар ва ба тавозӯъ наздиктар аз офтобаву тос.
Кайфияти ғусл
Ҳар ки сӯҳбат кунад, ё манӣ аз вай ҷудо шавад – дар хоб ё дар бедорӣ – ғусл бар вай воҷиб шавад. Ва фаризаи вай он аст, ки ҳама тан бишӯяд ва об ба асли мӯйҳо расонад ва нияти рафъи ҷанобат кунад. Ва аммо суннат он аст, ки аввал «бисмиллоҳ» бигӯяд ва се бор даст бишӯяд. Ва ҳар ҷо, ки аз тани вай наҷас бувад, пок бишӯяд ва он гоҳ вузӯ – чунон ки гуфтем бо ҳама суннатҳо – бикунад ва пой шустан таъхир кунад, то аз ғусл фориғ шавад. Пас об се бор бар ҷониби рост резад ва ва се бор бар ҷониби чап ва се бор бар сар ва ҳар ҷо, ки даст ба вай расад бимолад – ба даст; ва ҷойҳое, ки бар ҳам нишаста бошад, ҷаҳд кунад, то об ба вай расад, ки ин фариза бошад ва даст аз аврат нигоҳ дорад.

пешина
аз 176
навбатӣ