Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар намозе, ки дил дар вай ҳозир набувад, Худои таъоло дар он намоз нанигарад». Ва Халил салавотуллоҳи алайҳи чун намоз кардӣ, ҷӯши дили вай аз ду мил бишунидандӣ. Ва Алӣ разийаллоҳу анҳу чун дар намоз хостӣ шуд, ларза бар рӯи вай афтодӣ ва гуна бар вай бигаштӣ ва гуфтӣ: «Омад вақти амонате, ки бар ҳафт осмон ва замин арза карданд ва эшон тоқати он надоштанд». Ва Суфёни Саврӣ мегӯяд, ки: «Ҳар ки дар намоз хошеъ набувад, намози вай дуруст набу-
1 Тарсе, ки аз бузургиву азамати шахсе фароҳам ояд.
вад». Ҳасани Басрӣ мегӯяд: «Ҳар намозе, ки дил дар вай ҳозир набувад, ба уқубат наздиктар бувад». Ва Муоз ибни Ҷабал гӯяд: «Ҳар ки дар намоз ба амд нигоҳ кунад, то бидонад, ки бар росту чапи вай кист истода, варо намоз набувад». Ва Абӯҳанифа ва Шофеӣ раҳматуллоҳи алайҳимо ва бештари уламо агарчи гуфтаанд, ки намоз дуруст бувад, чун вақти такбир дил ҳозир омад: ин фатво ба сабаби зарурат кардаанд, ки ғафлат бар халқғолиб аст ва маънии дурустии вай он бошад, ки шамшер аз вай бархост, аммо зоди охиратро нашояд. Ва зоди охират бад-он миқдор шояд, ки дил ҳозир бувад. Ва дар ҷумла чун намоз кунад – ва дил ба вақти такбир беш ҳозир надорад – умед бошад, ки ҳоли вай беҳтар бувад аз ҳоли касе, ки намоз накунад асло, валекин бими он бувад низ, ки ҳоли вай батар бувад, чи касе, ки ба тавоҳун1 ба хидмате ҳозир ояд, бошад ки ташдид бар вай беш бувад аз касе, ки асло наёяд. Ва аз ин сабаб мегӯяд Ҳасани Басрӣ раҳматуллоҳи алайҳи, ки ин намоз ба уқубат наздиктар, балки дар хабар аст, ки: «Ҳар киро намоз аз фаҳшо ва мункар бознадорад, он намоз вайро ҳеч фоида набувад, магар дурӣ аз Ҳақ таъоло!»
Пас, аз ин ҷумла донистӣ, ки намози тамомрӯҳ он бувад, ки дил ҳама ҳозир бувад. Ва он ки ҷуз ба вақти такбир ҳозир бувад, вайро аз рӯҳҷуз рамақе2 беш набувад: чун зиндае, ки дар вай нафас задане беш набошад.
Пайдо кардани ҳақиқати рӯҳи аъмоли намоз Бидон, ки аввал чизе, ки ба ту расад, бонги намоз аст. Дар вақте, ки бишунавӣ бояд ки муаллақ3 гардӣ ба дил. Ва дар ҳар кор, ки бошӣ, даст бидорӣ, ки салаф4 чунин будаанд, ки чун бонги намоз шунидандӣ, он ки оҳангар будӣ, агар путк дар ҳаво доштӣ, фурӯ нагузоштӣ ва кафшгар агар дирафш фурӯ бурда будӣ, барнаёвардӣ ва аз ҷой биҷастӣ, барои он ки аз ин мунодии нидои рӯзи қиёмат ҷуз нидои башорат ба вай нарасад.
Агар дили хеш ба шодӣ ва рағбат оганда бинӣ, бад-ин мунодо, бидон, ки дар он мунодо ҳамчунин бошӣ.
Таҳорат
Ва сирри таҳорат он аст, ки бидонӣ, ки покии ҷомаву пӯст покии ғилоф аст ва рӯҳи ин таҳорат покии дил аст – ба тавба ва пушаймонӣ ва
1 Сустию беҳолӣ.
2 Мухтасаре аз зиндагӣ, нафасе.
3 Алоқаманд.
4 Пешиниён.
дурӣ аз ахлоқи нописандида, ки назаргоҳи Ҳақ аст ва ҷои ҳақиқати намоз дил аст ва тан ҷои сурати намоз аст.
Аврат пӯшидан
Маънии вай он аст, ки он чи аз зоҳири ту зишт аст, аз чашми халқ бипӯшӣ ва рӯҳу сирри вай он аст, ки он чи аз ботини ту зишт бувад, аз назари Ҳақ таъоло бипӯшонӣ ва донӣ, ки ҳеч чиз аз вай пӯшида натавон кард, ҷуз он ки ботин аз он пок кунӣ. Ва пок бад-он шавад, ки бар гузашта пушаймонӣ хӯрӣ ва азм кунӣ, ки бад-он бознагардӣ, ки: «Ат-тоибу мина-з-занби ка ман ло занба лаҳу» – тавба гуноҳро ночиз кунад. Агар натавонӣ, боре аз хиҷлат ва биму шарм пардае созӣ ва бар рӯи он аврот1 фурӯ гузорӣ ва шикастадил ва шармсор пеши Ҳақ таъоло биистӣ, чун бандаи гурехтаи гуноҳкор, ки бо дили пурташвир пеши Худованди хеш ояд ва сар аз пеш барнаёрад аз фазиҳатии хеш.
Истиқболи қибла
Ва маънии вай он аст, ки рӯи зоҳир аз ҳама ҷиҳат бигардонад ва якҷиҳат шавад ва сирри вай он аст, ки рӯи дил аз ҳар чи дар ду олам аст, бигардонад ва ба Ҳақ таъоло машғул гардонад, то яксифат шавад. Ва чунон ки қиблаи зоҳир яке аст, қиблаи дил ҳам яке аст ва он Ҳақ таъолост.
Ва чун дил дар водии андешаҳо равон бошад? Ҳамчунон бошад, ки рӯи зоҳир аз ҷавониб гардон бувад. Ва чунон ки ин сурати намоз набувад, ин ҳақиқати намоз набувад ва барои ин гуфт расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки: «Ҳар ки дар намоз истад ва ҳаво ва рӯю дили вай бо Ҳақ таъоло бошад, аз намоз бозгардад, чунон ки гӯӣ аз модар зодааст, яъне пок аз ҳама гуноҳон». Ва ба ҳақиқат бидон, ки чунон ки рӯи зоҳир аз қибла баргардонидан сурати намозро ботил кунад, рӯи дил аз Ҳақ гардонидан ва андешаҳои дигар бурдан ҳақиқати рӯҳи намозро ботил кунад, чи зоҳир ғилофи ботин аст ва кор ҳама он дорад, ки дар ғилоф аст, ба ғилофро бас қадре нест.
Қиём
Зоҳири вай он аст, ки ба шахс пеши Худои таъоло истӣ – сар пеш афканда бандавор; ва сирри вай он аст, ки дил аз ҳама ҳаракот ва саканот фурӯ истад ва мулозими хидмат бошад – бар сабили таъзим ва инкисор.
Ва андар ин вақт бояд ки аз мақоми хеш дар қиёмат пеши Ҳақ таъоло ёд кунад – дар он вақт, ки ҳама асрори вай ошкоро кунанд ва бар вай арза
1 Чизҳои пӯшонданӣ.
кунад; ва бидонад, ки он ҳама асрор дар ин вақт Ҳақ таъолоро ошкорост:
ҳар чи дар дили вай будаасту ҳаст, мебинад ва медонад ва бар ботину зоҳири вай мутталеъ аст.
Ва аҷаб он ки агар аз аҳли салоҳ дар ин вақт дар вай назора мекунад, то намоз чун кунад, ҳама аъзои худ ба адаб дорад ва аз ҳеч ҷониб нанигарад ва шарм дорад аз вай, ки андар намоз шитоб кунад ё илтифот кунад ва медонад, ки Ҳақ таъоло ба вай менигарад ва он гоҳ аз вай шарм надорад! Ва чи ҷаҳл бошад беш аз ин, ки аз бандаи бечора, ки ба дасти вай ҳеч чиз нест, шарм дорад ва ба сабаби назари вай баадаб бошад ва ба назари Маликулмулук бок надорад ва осон фаро гирад?!
Ва барои ин буд, ки Абуҳурайра гуфт разийаллоҳу анҳу: «Ё расулуллоҳ, шарм аз Худои таъоло чӣ гуна бояд дошт?» Гуфт: «Чунон ки аз муслиҳе1 аз аҳли байти хеш шарм дорӣ, аз Вай шарм дорӣ». Ва ба сабаби ин таъзим аст, ки гурӯҳе аз саҳоба чунон сокин будандӣ дар намоз, ки мурғ аз эшон нагурехтӣ: пиндоштӣ, ки ҷамод аст. Ва ҳар киро азамати Ҳақ таъоло дар дил қарор гирифт ва медонад, ки нозир аст ба вай, ҳама атрофи вай хошеъ гардад. Ва аз ин буд, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам касеро дид, даст дар маҳосин мекард дар намоз, гуфт: «Агар дар дили вай хушӯъ будӣ, дасти вай низ ба сифати дил будӣ!»
Рукӯъ ва суҷуд
Бидон, ки зоҳири вай тавозӯъ аст ба тан; ва мақсуди вай тавозӯъи дил аст. Ва он ки бидонад, ки рӯй бар замин ниҳодан тамкини азизтарин аъзо аст бар хок, ки он хортарин чизҳост, то бидонад, ки асли вай аз хок аст ва марҷаъи вай ба хок хоҳад буд: такаббур дархури асли хеш кунад ва нокасиву бечорагии худ бишиносад.
Ва ҳамчунин дар ҳар коре сирреву ҳақиқате аст, ки чун аз он ғофил бошад, аз он кор ҷуз сурат насиби вай наёмада бошад.
Пайдо кардани ҳақиқати қироат ва аркони намоз Бидон, ки ҳар калиматеро, ки дар намоз бибояд гуфтан, ҳақиқате аст, ки бояд маълум бувад ва бояд ки гӯянда бад-он сифат бошад, то содиқ бувад.
Масалан, маънии «Аллоҳу акбар» он аст, ки: «Вай бузургтар», агар ин маънӣ надонад, ҷоҳил бошад ва агар донад – валекин дар дили вай чизест бузургтар аз Ҳақ таъоло, содиқ набошад, вайро гӯянд: «Ин сухан
1 Аҳли тақво ва салоҳ, некӯкор.
рост аст ва ту дурӯғ мегӯӣ!» Ва ҳар гаҳ ки чизи дигарро мутеътар бошад, аз он ки Ҳақ таъолоро, он чиз наздики вай бузургтар аст ва маъбуду илоҳи вай он аст, ки вай мутеъи ӯст, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «А фа раайта мани-ттахаза илоҳаҳу ҳавоҳу»1; ва чун гуфт: «Ваҷҷаҳту ваҷҳӣ»2 маънӣ он аст, ки рӯи дил аз ҳама олам бигардонидам ва ба Ҳақ таъоло овардам. Агар дили вай дар ин вақт ба ҳеч чизи дигар нигарон аст, ин сухани вай дурӯғ аст. Ва чун аввали сухан дар муноҷот бо Ҳақ таъоло дурӯғ бувад, хатари он маълум бошад.
Ва чун гуфт: «Ҳанифан муслиман»3, даъвои мусалмонӣ кард ва расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Мусалмон он кас аст, ки мусалмонон аз дасту забони вай саломат ёбанд». Бояд ки бад-ин сифат бувад, ё азм кунад, ки чунин кунад.
Ва чун: «Ал-ҳамду лиллоҳ» гӯяд, бояд ки неъматҳои Ҳақ таъоло бар дил тоза гардонад ва ҳама дили вай ба сифати шукр гардад, ки ин калимаи шукр аст ва шукр ба дил бувад. Ва чун: «Иййока наъбуду» гӯяд, бояд ки ҳақиқати ихлос бар дили вай тоза шавад. Ва чун: «Иҳдино» гӯяд, бояд ки дили вай ба сифати тазаррӯъ ва зорӣ шавад, ки суоли ҳидоят мекунад.
Ва ҳар калимате аз тасбеҳ4 ва таҳлил5 ва қироат ҳамчунин бояд ки бошад, чунон ки медонад ва дили вай ба сифати он маънӣ мегардад; ва шарҳи он дароз бошад.
Агар мебояд, ки аз ҳақиқати намоз насиб ёбад, чунин бояд ки бошад, агар на, ба сурати бемаънӣқаноат карда бошад.
Пайдо кардани илоҷи дил, то ҳозир шавад Бидон, ки ғафлати дил дар намоз аз ду сабаб бувад: яке аз зоҳир бувад ва яке аз ботин. Аммо он чи зоҳир бувад, он бошад, ки намоз ҷое кунад, ки чизе мебинад ё мешунавад, ки дил бад-он машғул мебошад; ва дил табаъи чашму гӯш бувад. Илоҷи вай он бувад, ки намоз ҷое кунад, ки ҳеч овоз нашунавад ва агар ҷое торик бувад, беҳтар бошад, то чашм бар ҳам ниҳад. Ва бештари обидон ибодатро хонае сохта бошанд хурду торик, ки дар ҷои фарох дил парокандатар бошад. Ва Ибни Умар разийаллоҳу анҳумо ҳар гаҳ ки намоз кардӣ, шамшеру китоб ва ҳар қумоше, ки будӣ,
1 Оё дидӣ касеро, ки хоҳиши худро худованди худ сохтааст?
2 Рӯи худро мутаваҷҷеҳ сохтам (ба тарафи Худованд).
3 Дар ҳоле ки мусалмон ва устувор дар мусалмонӣ ҳастам.
4 «Субҳоналлоҳ» гуфтан.
5 «Ло илоҳа иллаллоҳ» гуфтан.
аз пеш баргирифтӣ, то чашм бад-он машғул нашавад.
Ва сабаби дуввум аз ботин бувад ва он андешаву хавотири пароканда бувад ва ин душвортар ва саъбтар аст. Ва ин аз ду гуна бувад:
Яке аз коре бувад, ки вақте дил бад-он машғул шавад ва тадбир он бувад, ки нахуст он кор тамом кунад ва дил фориғ гардонад, он гоҳ намоз кунад ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом: «Изо ҳазара-л-ъашоу ва-лъишоу фа-бдау би-л-ъашои» – «Чун таом пеш ояд ва намоз, нахуст таом бихӯред». Ва ҳамчунин агар бо касе сухане дорад, бояд ки нахуст сухан бигӯяд ва дил аз он андеша фориғ кунад.
Дигар навъ андешаи коре бошад, ки ба як соат тамом нашавад, ё худ андешаи пароканда бошад, ки бар дил ғолиб шуда бошад ба одат. Ва илоҷи ин он бувад, ки дил ба маонӣ – зикру Қуръон хондан, машғул медорад ва маънии он меандешад, то бад-ин андеша онро дафъ кунад. Ва ин таскин кунад андешаеро, ки ғолиб набувад ва шаҳвати он кор қавӣ набошад. Аммо агар шаҳват қавӣ бошад, андешаи он низ дафъ наюфтад, тадбири он кунад, то мусҳиле хӯрад, то моддаи он иллат аз ботин қамъ1 кунад. Ва мусҳили ин он бувад, ки ба тарки он чиз, ки андеша аз он аст, бигӯяд, то бираҳад. Ва агар натавонад, ҳаргиз аз он андеша нараҳад ва намози вай ҳамеша омехта бувад бо ҳадиси нафс. Ва масали вай чун касе бувад, ки дар зери дарахте бинишинад ва хоҳад, ки машғалаи гунҷишгон нашунавад, чӯбе бигирад ва эшонро меронад ва дарҳол бозмеоянд. Агар хоҳад, ки бираҳад, тадбир он бувад, ки дарахт аз асл барканад, то дарахт мебошад, он машғала ҳамчунон мебошад. Ҳамчунин, то шаҳвати коре бар вай муставлӣ мебошад, андешаи пароканда ва ба зарурат бо вай мебувад.

пешина
аз 176
навбатӣ